Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа
«ШАРИФРО НАДИДААМ»
Касе Мушфиқиро дар кӯча дида, пурсупос кард:
— Аҳволи шариф, димоғи латиф чӣ тавр?
— Аз аҳволи Шариф хабар надорам, — гуфт Мушфиқӣ, — Латифатонро ҳам намешиносам.
БАЪД АЗ БИСТ СОЛ
— Дадаҷон, шумо аз ман чанд сол калон?
— Бист сол, писарам.
— Ман баъд аз бист сол бо шумо баробар мешавам-а?
ДАР ХОБ ДИДАМ
— Оҷа, ман имшаб шуморо дар хобам дидам. Шумо ҳам маро дар хобатон дидед?
— Не, надидаам.
— Маълум мешавад, ки хоби шумо набурдагӣ будааст.
«ҲА, ПИСАРАМ»
— Оҷа, вақто ки ман ва уком таваллуд шудем, аз куҷо донистед, ки номи ман Ҳасану номи вай Ҳусайн аст?
— Ҳа, писарам...
МАШИНАИ ГАПНОДАРО
Лолахони панҷсола дар кӯча троллейбусро аввалин бор дида, аз модараш пурсид:
— Оҷа, ин машина гапнодаро будааст, ки бо сим баста мондаанд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё