Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа
ЗИНДА МЕБАРОЯД Ё НЕ
Як бача филми «Чапаев»-ро чордаҳ бор дидааст.
— Барои чӣ ин филмро ин қадар бисёр дидӣ? — пурсидааст муаллим.
— То ягон бор бубинам, ки оё вай баъди тирборони душманон ба он тарафи соҳил зинда мебарояд ё не.
ХУНУК ДАСТУ ПОЙ ДОРАД?
— Ба кӯча набаро, ки хунук мезанад!
— Хунук ҳам дасту пой дорад?
МОҲОНА
— Дадаҷон, моҳонаро аз куҷо мегиред?
— Аз идора.
— Не, аз идора не, аз моҳ мегиред...
ИВАЗ МЕКУНЕМ
Модари Толибҷон аз таваллудхона бо духтарчаи навзодаш ба хона баргашт. Толибҷон аз модараш пурсид:
— Ин духтарчаро аз куҷо овардед?
— Аз магазин, писарам,— шӯхиомез гуфт модар.
— Биёед, ба магазин бурда медиҳем.
— Барои чӣ, Толибҷон?
— Ба писараш иваз мекунем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё