Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

— Хеле ғафс шуда истодаам, барои лоғар шудан чӣ бояд кард?
— Бисёртар пиёда гардед.
— Ман пиёда гардам, бо тарбияи бадан кӣ машғул мешавад?

ХУДАМ МЕМУРАМ

Мушфиқӣ аз гуруснагӣ беҳад бемадор шуд, ӯ гузораш ба қишлоқе афтод. Вай фаҳмид, ки сардори маҳалла бемор шудааст, ба назди ӯ рафт. Мушфиқӣ набзи беморро санҷида гуфт:
— Касалии ӯ маълум шуд. Фавран чорто нон ва як коса асал биёред.

Гуфтаҳои ӯро ҳозир намуданд. Мушфиқӣ саросемавор нонро гирифта, ба асал пора кард ва ҳар пораро се бор аз гирди сари бемор чарх занонда хӯрдан гирифт.

Дере нагузашта бемор мурд. Соҳибони мурда аз Мушфиқӣ пурсиданд:
— Шумо дирӯз ба бемор чӣ хел дору тайёр карда хӯрондед, ки вай имрӯз аз олам гузашт?
— Агар ин доруро худам мехӯрдам, аз вай пештар худам мемурдам.

ҚОЗИ ҲАМ ХОНДА НАМЕТАВОНАД

Мушфиқӣ қаламу коғаз гирифта, ба рӯи коғаз чала-чулпа қалам медавонд. Шахсе аз вай пурсид:
— Чӣ кор мекунед?
— Дида истодаед, ки мактуб менависам.
— Ба кӣ?
— Ба қозикалон.
— Савод надориву чӣ хел мактуб менависӣ?
— Ғам нахӯред, қозикалон ҳам савод надорад.

пешина
аз 144
навбатӣ