Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

• МАЙДА КАРДА МЕДИҲАМ •

Гадо ба роҳгузар муроҷиат кард:
— Илоҳӣ барака ёбед, ба мани бенаво ягон чиз садақа кунед.

Роҳгузар ҷайбашро кофта гуфт:
— Маъзур доред, пули майда надорам: ҳамааш садсӯмӣ.

— Зарар надорад, — гуфт гадо ҳамсёнашро бароварда. — Садсӯмиро бароред, худам майда карда медиҳам.

РӮЯТРО ПАНАҲ КУН

Зану шӯй телевизор тамошо мекарданд. Дар ҳамин вақт ба ҷои диктори зан диктори мард баромад. Шавҳар якбора аз ҷой хеста хитоб кард:
— Ҳой, занак! Тезтар рӯятро паноҳ кун, ки ба даруни телевизор одами номаҳрам баромад.

ТАКЛИФИ НАВ

Дар як идора хеле бисёр маҷлис мекарданд, ки ин ба кор зарбаи калон мерасонд. Дар маҷлиси навбатӣ садри маҷлис аз ҳозирон пурсид:
— Боз чӣ хел таклифҳо ҳаст?
— Таклиф мекунем, ки ба муносибати як соат кам карда шудани рӯзи корӣ маҷлисҳо ҳам як-ду соат кам карда шаванд.

БИСЁРТАР ПИЁДА ГАРДЕД

Сардори шӯъбаи физкултура ва спорти як ноҳия, ки бениҳоят фарбеҳ ва ғафс буд, ба назди духтур рафта шикоят кард:

пешина
аз 144
навбатӣ