Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа
АЗ РӮИ ЭҲТИЁТ
— Сардорат як маротиба атса доду чаро ту се маротиба «саломат бошед!» гуфтӣ?
— Охир, пагоҳ рӯзи истироҳат, — гуфт Хушомадхӯҷа, — мумкин аст дар хонаашон боз як чанд бор атса диҳанду ман бехабар монам.
«КОМИССИЯ МЕОМАДААСТ»
Колхозчизане ба дугонааш гуфт:
— Имрӯз ба колхози мо комиссия меомадааст.
— Аз куҷо медонӣ?
— Намебинӣ, ки занони раис, бригадир ва бухгалтер ба кор баромадаанд.
«ДАРСИ МЕҲНАТ МЕДИҲАМ»
Мудири як мактаб бачаҳоро ғайриқонунӣ дар иморати хонаи худ кор мефармуд. Падари яке аз бачаҳо аз мудир савол кард:
— Барои чӣ бачаҳоро имрӯз нахононда, кор мефармоед?
— Мебахшед, ман бо онҳо дарси меҳнат мегузаронам.
«ФОТИҲАРО ГАРДОНДАМ»
— Домоди нав муборак, Ҷӯрабой! — пурсиданд аз марде, ки ба қалингирӣ одат карда буд.
— Эй монед, нашуд.
— Барои чӣ?
— Ҳавливу «Волга» аз они худаш набудааст, фотиҳаро гардондам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё