Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

«БА КУҶО РАФТАНД?»

— Ҳамсоя, додои Савлатҷон бо ҷомадон ба куҷо рафтанд?
— Ба курорт.
— Қай меоянд?
— Баъд аз гузаштани хатнасури писарашон.

ДӮСТОНИ ОИНАИ ЯКДИГАРАНД

Ду нафар танбал дар лаби ҷӯй роҳат карда мехобиданд. Яке шикамашро молида гуфт:
— Мирчаток, ман-ку «касал шудам» гуфта баҳона мекунам, ту, каллаварам, чӣ мегуфта бошӣ?
— Ман акси калла ба шӯрбо зад мегӯям.

«ҒУБОРИ ДИЛАМРО БАРОРАМ»

Саттор-зоғча тӯрҳои бедонаашро бардошта аз кӯчаи паҳлӯи пахтазор мегузашт. Занаш аз ӯ пурсид:
— Ҳой мардак, боз ба куҷо меравед?
— Ту дар саҳро дар ҳавои тоза кайф карда мегардӣ. Дар хона аз бекорӣ дилакам бухс кард. Ба чойхона рафта чорта ғубори диламро барорам.

ПАНҶ РӮЗИ МЕҲНАТ

Дар таги дарахт бекорхӯҷаҳои як колхоз бо бригадири фориғбол кайфу сафо мекарданд. Шахсе, ки палов мепухт, ба бригадир гуфт:
— Ако, ошам нағз барояд, чӣ мукофот медиҳед?
— Агар ошат табъи дил барояд, панҷ рӯзи меҳнат кор кардам, гуфтан гир.

пешина
аз 144
навбатӣ