Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

ДАР СИРК

Дар сирк найрангбози чашмбанд аз даруни телпаки холӣ дар як сония 50—60 дона тухм баровард. Раиси колхоз, ки ин ҳолатро бо ҳайрат тамошо мекард, ба шарикаш гуфт:
— Ана, ин найрангбозро ба кори колхоз таклиф кунем-чӣ?
— Ба сарамон мезанем?
— Эй нодон! Мудири фермаи мурғпарварӣ таъин мекунему бо ҳамин аз ташвиши мурғу тухмсупорӣ халос мехӯрем.

«ОЁ МУМКИН АСТ?»

Дар Испания духтур ба беморе, ки бо дарди дандон ба назди ӯ омада буд, гуфт:
— Даҳонатонро калон кушоед!
— Ҷаноби духтур,— гуфт бемор бо ваҳм,— ба шумо чӣ шуд? Оё дар ин мамлакат озодона даҳон кушодан мумкин аст?

САБАБИ ЭҲТИРОМ

— Ба ин муаллим пеш дуқат шуда саломи қуюқ медодӣ. Ин вақтҳо салом додан он тараф истад, ҳатто нигоҳ намекунӣ?
— Аз имтиҳони он кас кайҳо сиҳат ва саломат гузаштам. Дигар ба салом додан эҳтиёҷе нест.

НАМАКАШ АЛОҲИДА

Муҳаррир ба муаллифе гуфт:
— Асаратон ҳеҷ намак надорад-ку?
Муаллиф ба халтае ишора карда гуфт:
— Ғам naxӯред: намакашро алоҳида овардам.

пешина
аз 144
навбатӣ