Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

ЧАНГ ШИНАД

— Идораи шӯъбаи хоҷагии коммуналӣ дар куҷо?— пурсид мусофире аз фарроши кӯча.
— Қамтар истед, чанг шинад, баъд нишон медиҳам.

РОҲИ ШАШМОҲА

— Падар! Аз ин ҷо то маркази ноҳия чӣ қадар роҳ? — пурсид як роҳгузар аз қаровули Шӯрои қишлоқ.
— Шашмоҳа роҳ.
— Наход ҳамин қадар дур бошад?
— Рост. Шаш моҳ аст, ки аз ноҳия ба ин ҷо касе наомадааст.

«ЯК ФОЛ БИНЕД»

Ҷавонмарде ба назди дуохон омад.
— Хуш, чӣ хизмат, писарам?
— Як фол бинед, маро дар сафи комсомол мемонанд ва ё «хурофотпараст» гуфта пеш мекунанд?

«БАЛЕТ МАЪҚУЛУ...»

Ду нафар дар театр нишаста балетро тамошо мекарданд. Дар ин вақт яке аз дигаре пурсид:
— Ба шумо балет маъқул?
— Балет маъқулу агар дар байнаш як-ду ашула мехонданд, боз беҳтар буд.

пешина
аз 144
навбатӣ