Сад дармони дардҳои шумо

Китоб оид ба роҳҳои табобат ва дармон бахшидан ба бемориҳои гуногун маълумот медиҳад. Дар он тавсияҳои муфид барои саломатӣ ва табобати мардумӣ пешниҳод шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 69 саҳифа
Табобати кимиявӣ ғадудҳоро ҷарроҳӣ карда мегиранд. Аз ҷарроҳӣ метарсидам, бинобар ин маро ба назди Муҳаммадрасул Иброҳимзода бурданд.
Ин табиби ҳозиқ аз рӯи дастурҳои Абӯалӣ ибни Сино бо истифода аз қаранфули гардан, орди ҷав, кучалаи покистонӣ, анҷир, ҷилмангуштак, зиф, ангури сагаки зард, оби гашниз, равғани гули сурх ва ғайра доруҳои хӯрданию нӯшиданӣ ва марҳам тайёр карданд. Баъди ду моҳи табобат шукри Худо пурра аз ин беморӣ шифо ёфтам. Қайкуниам ҳам аз байн рафт. Ба табиби ҳозиқ Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз номи аҳли хонавода ва тамоми наздикон изҳори сипос намуда, барояшон саодатмандии ду ҷаҳонро орзу мекунам.
Меҳрона Файзуллозода, сокини маҳаллаи Ситораи Сурхи ҷамоати Раҷаб Исмоилови шаҳри Ваҳдат
АРЗИ СИПОС (Ихлосмандони Иброҳимзода дар Ӯзбекистон низ зиёданд)
Шаш сол пеш як ҳамсояамон ба шаҳри Душанбе меҳмон шуду аз он ҷо бароимон ҳафтаномаҳои “Ёрии таъҷилӣ”, “Муҳаббат ва оила”-ро ҳадя овард. Дар ин нашрияҳо мусоҳиба бо донандаи тибби ниёгон – Ҳоҷӣ Муҳаммадрасул Иброҳимзода ва арзи миннатдории шифоёфтагон чоп шуда буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё