Зеҳн
Сад дармони дардҳои шумо

Китоб оид ба роҳҳои табобат ва дармон бахшидан ба бемориҳои гуногун маълумот медиҳад. Дар он тавсияҳои муфид барои саломатӣ ва табобати мардумӣ пешниҳод шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 69 саҳифа

ТибСаломатӣ
Аз аввал хондан

ХУДОВАНД БАЪДИ 11 СОЛ МАРО СОҲИБИ ФАРЗАНД КАРД

Бо мақсади соҳиби фарзанд шудан аз соли 2006 то соли 2016 дар якчанд беморхонаҳои ҷумҳурӣ табобат гирифтам. Бо вуҷуди такудавҳои зиёд ин орзуи деринаамон амалӣ намешуд. Рӯзе аз шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо» барномаеро дар бораи табиби мардумӣ ҳоҷӣ Муҳаммадрасул Иброҳимзода тамошо кардем. Дар диламон нури умед шуъла заду роҳи шаҳри Ваҳдатро пеш гирифтем. Пас аз гирифтани табобат ва риояи парҳезҳои тавсияшуда шукри Худованд соли 2017 соҳиби фарзанд шудем.

Аз Худованди Бузург сипогузорем, ки моро бо чунин табиби ҳозиқ рӯ ба рӯ кард. Ба хонандагони нашрия гуфтаниям, ки ҳеҷ гоҳ ноумед нашаванд. Зеро беҳуда нагуфтаанд: Аз ноумедиҳо басе умед аст, Поёни шаби сиёҳ сафед аст.

Некқадам Ниёзов, сокини деҳаи Дарги ҷамоати Шамтучи ноҳияи Айнӣ

АЗ САРАТОН ХАЛОС ШУДАМ

Чанд муддат аз сабаби беҳолу беқувват шудан ғизои хӯрдаамро қай мекардам. Дар зери китфам 7 ғадуд баромада буд. Духтурони саратоншинос саратон будани ғадудҳоро муайян карда, маслиҳат доданд, ки баъди гузаштани давраи

пешина
аз 69
навбатӣ