Сад дармони дардҳои шумо

Китоб оид ба роҳҳои табобат ва дармон бахшидан ба бемориҳои гуногун маълумот медиҳад. Дар он тавсияҳои муфид барои саломатӣ ва табобати мардумӣ пешниҳод шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 69 саҳифа
халқӣ бароям фармуданд, дармони ҷонам шуданд.
Мехоҳам ба воситаи нашрияи «Ёрии таъҷилӣ» ба ин табиби ҳамадон арзи сипос намуда, бароишон саодатмандию хонаободӣ таманно кунам.
Бедилхон Саъдиев, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, сокини шаҳри Самарқанд
БЕМОРИИ НИКРИСРО ФАРОМӮШ КАРДАМ
Солҳои зиёд бемории никрис (подагра) маро азоб медод. Нарангуштам варам намуда, сахт дард мекард. Дард аз як мавзеъ ба дигараш мегузашт. Дар бисёр беморхонаҳо табобат карда шифо наёфтам.
Бо тавсияи шиносон моҳи майи соли 2018 ба қабули Ҳоҷӣ Муҳаммадрасул Иброҳимзода рафтам. Он кас гуфтанд, ки никрис дар баъзе ҳолатҳо аз якҷоя тановул кардани асалу харбуза, ширу моҳӣ ва баъди ҳаммом нӯшидани оби хунук сар зада метавонад.
Табиб аз орди ҷав, баргу гулу решаи гули хайрӣ, кавар, тугмачагул, асал, пудинаи боғӣ, сиёҳдонаю равғани зайтун дорую марҳам тайёр карданд, ки баъзашонро истеъмол намуда, як қисмашонро ба ҷои дард молидам. Шукри Худо, ҳоло шифо ёфта, бемории деринаамро фаромӯш кардаам.
Муҳаммадӣ Ҳамроев, сокини деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ (тағои шоир Гулназар Келдӣ)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё