Зеҳн
Сад дармони дардҳои шумо

Китоб оид ба роҳҳои табобат ва дармон бахшидан ба бемориҳои гуногун маълумот медиҳад. Дар он тавсияҳои муфид барои саломатӣ ва табобати мардумӣ пешниҳод шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 69 саҳифа

ТибСаломатӣ
Аз аввал хондан

Рӯзномаро дастобадаст тамоми аҳли деҳа хонданд ва чанд нафар бемор тасмим гирифтанд, ки ба Тоҷикистон бираванд. Дар давоми шаш сол аз деҳаи мо ва гирду атроф чанд нафар беморони гирифтори ҷоғар, сафедпӯстӣ, дилу рагҳо, ҷигар, дарди гурда, тарбод, пӯст, бефарзандӣ ба шаҳри Ваҳдат ба қабули Иброҳимзода омада, шукри Худо сиҳат ёфтанд.

Шифоёфтагон дар бозгашт нашрияҳои “Ёрии таъҷилӣ”, “Муҳаббат ва оила”, “Дунё”, маҷалраи “Даво”, китоби “Офтоби паси абрҳо”, “Панди авлиё”, “Гулчин аз тибби Мавлавӣ”, “Моҷарои ишқи духтари курд”, “Аз Ромит то Бухорою Дарвоз” ва ғайраҳоро ҳадя оварданд.

Рӯзномаю маҷалла ва китобҳоро бонавбат тамоми аҳли деҳа мехонанд. Аз номи ҳамдиёрон ба Ҳоҷӣ Муҳаммадрасул Иброҳимзода, ки чароғи тибби ниёгонро равшан нигоҳ медорад, арзи сипос намуда, он касро ба 70-солагияшон табрик ва дар фаъолияташон комёбиҳо таманно мекунем.

Қумрихон Лутфуллоева (набераи Нусратулло Махсум), сокини деҳаи Лолазори ҷамоати Деҳқонободи ноҳияи Чарқурғони Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Телефонҳо: 919-35-52-91; 908-864-867.

пешина
аз 69
навбатӣ