Зеҳн
Сад дармони дардҳои шумо

Китоб оид ба роҳҳои табобат ва дармон бахшидан ба бемориҳои гуногун маълумот медиҳад. Дар он тавсияҳои муфид барои саломатӣ ва табобати мардумӣ пешниҳод шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 69 саҳифа

ТибСаломатӣ
Аз аввал хондан

Навиштам пас «Зи Ромит то Бухоро...».
Дар он кардам баён бо лутфи Маъбуд,
Зи таърихи ду марди миллати худ.

Ду марде, ки намуда қаҳрамонӣ,
Вале монда паси парда ниҳонӣ.

Навиштам ман зи дарди қалби огоҳ,
«Васияти пеш аз марг»-и ду гумроҳ.

Ду гумроҳи пушаймонгаштаи зор,
Даруни бистари маргу дилафгор.

Кунун навбат ба «Фарзандони Ватан» шуд,
Сифоти се бузурги илму фан шуд.

Ба шоми тира чун ахтар намоянд,
Дари розу ниёзҳое кушоянд.

Расид умрам қариби шасту се сол,
Намудам сарфи некиҳо ба ҳар ҳол.

Кунам шукронаҳо, ки умр дидам,
Ба умри Ҳазрати Аҳмад (с) расидам.

Зи нав мулки сухан бунёд кардам,
«Мизони давр»-ро эҷод кардам.

Давоми насри пешини ман аст он,
Чу коҳе андаруни гулшан аст он.

Бигуфта сад дуруде бар Муҳаммад (с),
Навиштам «Қатрае аз тибби...» Аҳмад (с).

пешина
аз 69
навбатӣ