Зеҳн
Сад дармони дардҳои шумо

Китоб оид ба роҳҳои табобат ва дармон бахшидан ба бемориҳои гуногун маълумот медиҳад. Дар он тавсияҳои муфид барои саломатӣ ва табобати мардумӣ пешниҳод шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 69 саҳифа

ТибСаломатӣ
Аз аввал хондан

ЁДНОМА

Азизон, кардам иншо бас китобе,
Ба қадри ҳимматам бурдам савобе.
Навиштам саргузаште аз ниёям,
Зи бобои табибу авлиёям.
На аз баҳри тафохур карда эҷод,
Ки дорам ман чунин ҷаддеву аҷдод.
Чу буд ин қарзи ман дар пеши таърих,
Навиштам сафҳаи дилреши таърих.
Дар ин роҳу равишу кору ҷода,
Кушодам розҳои нокушода.
Зи айёми пур аз зулму пур аз ҷабр,
Баён кардам ба «Офтоби паси абр».
Чу «Пандии авлиё» хуштар зи қанд аст,
Ба мардум бас китоби дилписанд аст.
Зи «Тибби Малавӣ» гулчин намудам,
Давоҷӯро ба он талқин намудам.
Навиштам «Моҷарои ишқи...» сӯзон,
Зи ишқи духтари курди биёбон.
Касе хонад, биёбад лаззати ишқ,
Бигирад баҳраҳо аз давлати ишқ.
Кунам аз таърихе огоҳ Шуморо,

пешина
аз 69
навбатӣ