Сад дармони дардҳои шумо

Китоб оид ба роҳҳои табобат ва дармон бахшидан ба бемориҳои гуногун маълумот медиҳад. Дар он тавсияҳои муфид барои саломатӣ ва табобати мардумӣ пешниҳод шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 69 саҳифа
ДАР БАЁНИ РЕХТАНИ МӮЙ (МӮЙИ САР) ВА ПЕШ АЗ ВАҚТ САФЕДШАВИИ ОН Даво:
-
Даҳ дона тухми мурғро гирифта, дар об ҷӯшонед, баъди пухтан зардии онро молиш дода, орд барин кунед ва дар зарфи хурди оҳанин дар болои оташ гузоред, то ки сӯхта, равғанаш ҷудо шавад ва он равғанро бардавом ба ҷойҳои рехтаи мӯй бимолед, иншоаллоҳ мӯйи нав мерӯяд.
-
Сирро бо меъёри муайян дар сиркои ангурӣ ҳал намоед ва доимо бо он мудовомат намоед, мӯйи сафедро резонда мӯйи сиёҳ мерӯяд.
-
Саргини чайраро бо равғани зайтун омехта, бар ҷойҳои рехтаи мӯй бимолед, иншоаллоҳ мӯйи нав мерӯяд.
-
Барг ва донаи мурудро дар об ҷӯшонда ва он обро бар сар бимолед, мӯйро қавӣ, сиёҳ ва дароз мекунад.
-
Барги тари кунҷидро кӯфта, обашро гирифта, онро ба сар бирезед, мӯйро дароз ва сиёҳ мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё