Сад дармони дардҳои шумо

Китоб оид ба роҳҳои табобат ва дармон бахшидан ба бемориҳои гуногун маълумот медиҳад. Дар он тавсияҳои муфид барои саломатӣ ва табобати мардумӣ пешниҳод шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 69 саҳифа
-
Даҳ рӯз, ҳар сабоҳ даҳ дирам зарпечакро дар ним ратл шири навдӯшида тар карда, онро бо понздаҳ мискол сиканҷабин бинӯшанд, хафақонро дафъ мекунад.
-
Гашнизи хушкро кӯфта, як каф бо ним пиёла оби ҷӯшомада биёшоманд, иншоаллоҳ шифо меёбанд.
-
Истеъмоли писта, анҷир ва мавизи сиёҳ барои тапидани дил давои хуб аст.
-
Истеъмоли панҷ дирам райҳон дар давоми ҳафта давои хубест барои дафъи хафақон.
-
Ҳар рӯз панҷ дона ҳалиларо шикаста, дар об тар намуда, рӯзи дигар он обро биёшоманд, шифо меёбанд.
Даво барои тапидани дил аз ғалабаи сардӣ:
-
Ҳар рӯз то ба даҳ рӯз ним мискол қаламфули гарданро кӯфта, бо об биёшоманд, хафақонро дафъ мекунад.
-
Ҳар рӯз то ба даҳ рӯз чаҳор дирам гули садбарги сафедро ҷӯз карда биёшоманд, иншоаллоҳ шифо ёбанд.
-
Ҳар рӯз ду дирам зираро кӯфта, бо сирко омехта биёшоманд, шифо ёбанд.
-
Аз навдаҳои ток мураббо тайёр карда, бо қанди сафед истеъмол намоянд, хафақони савдовиро дафъ мекунад.
-
Истеъмоли лиму бо шакар, набот, қанд ва ё асал давои хуб аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё