Зеҳн
Сад дармони дардҳои шумо

Китоб оид ба роҳҳои табобат ва дармон бахшидан ба бемориҳои гуногун маълумот медиҳад. Дар он тавсияҳои муфид барои саломатӣ ва табобати мардумӣ пешниҳод шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 69 саҳифа

ТибСаломатӣ
Аз аввал хондан

шавад, бояд ки хуни харгӯш маъа якҷоя бо шуши ӯ хушк карда, майда кӯфта бо равғани гул ё зайтун шофа кунад ва ҳам бар тан бимолад. Баъдаҳу ҷимоъ кунад, иншоаллоҳ бор гирад.

Агар авратеро роҳи заҳдони ӯ вайрон шуда бошад, фарзанд нашавад. Бояд, ки заҳраи мурғи обиро гирифта, бо бодом зам карда, ҳал карда, ба худ бардорад ва то ҳафт рӯз баъдаҳу ҷимоъ кунад. Агар Худо хоҳад, бор гирад.

Шукри беҳад Худои покро, ки бисёре аз бефарзандоне, ки зиёда аз 11 сол дар интизории фарзанд буданд, баъди тавсияи мо соҳиби фарзанд шуданд.

Усули табобат:

  1. Як қошуқи калон хокаи тухми зағирро дар 300 мл оби гарм, ним қошук мурч ва як қошуқи калон асали тоза омехта карда 7 саҳар мехӯрад.

  2. Рӯзе 4-5 дона зардии тухми нимпазро бо як қошуқча хокаи имбир ва ним қошуқи мурч омехта карда, 24 рӯз як бор мехӯрад.

  3. Ним пиёла маскаи говӣ, як қошуқи ошӣ орди тухми харбуза, як қошуқча орди кӯкӯтӣ ва як қошуқи калон асали тоза омехта карда, дар 3 рӯз як бор мехӯрад.

  4. Се қошуқи калон равғани зайтун, як қошуқ равғани сиёҳдонаро омехта карда, 10-15 рӯз дар шиками холӣ мехӯрад. Баъди 15 дақиқа, як қошуқча малҳами «Шаҳди шифо» ё асали тоза мехӯрад.

пешина
аз 69
навбатӣ