Зеҳн
Кӯзаи равған

Китоб аз латифаву ҳикоятҳои ҳаҷвии халқӣ иборат аст, ки бобҳо ва мазмуни хандовар доранд. Дар онҳо зиракӣ ва ҳозирҷавобии қаҳрамонон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 23 саҳифа

ЛатифаАдабиёт
Аз аввал хондан

Табиби кӯҳнаро ба сари болини бемор бурданд. Табиб ба ҳар тарафи ҳавлие, ки бемор дар он ҷо хобида буд, чашм дӯхт ва ғайр аз як тӯқуми ҳар чизи дигаре надид.

Вақте ки табиб ба пеши бемор нишаста, набзи ӯро гирифта, қадре нигоҳ карда истод, гуфт:

– Эй вой! Шумо чаро хар хӯрдаед, ин ба шумо бисёр зарар кардааст...

ДЕГАТОН ДУТА НЕ-МЙ?

Мулло Мушфиқиро касе ба меҳмонӣ хабар кард. Вақте ки Мушфиқӣ омад, соҳибхона пурсид:

– Барои шумо палав пазам ё шӯрбо?

– Дегатон дута-мӣ? – гуфт Мушфиқӣ дар ҷавоб.

Соҳибхона ночор ҳам палав ва ҳам шӯрбо пухта зиёфат кард.

Баъд аз палав ва шӯрбо соҳибхона ғайри чойи кабуд дигар чизи ташнагишикан набаровард.

Пас Мушфиқӣ тадбире фикр карда ба соҳибхона гуфт:

– Бародар, баъд аз хӯрдани харбуза ва тарбуз дар куҷо хоб мекунем?

Соҳибхона ночор харбузаву тарбуз ҳам овард ва тавба кард, ки баъд аз ин Мушфиқӣ ном касеро ба меҳмонӣ хабар накунад.

СИРКОИ ЧИЛСОЛА

Аз Афандӣ ҳамсояаш пурсид:

– Афандӣ, шумо сиркои чилсола доред?

– Дорам, – гуфт Афандӣ.

– Барои даво камтар диҳед.

– Намедиҳам.

Ҳамсояаш аз ин ҷавоб ҳайрон шуда пурсид:

– Барои чӣ намедиҳед?

– Агар ба ҳар кас додан мегирифтам, магар сиркои ман чилсола мешуд?!

пешина
аз 23