Зеҳн
Кӯзаи равған

Китоб аз латифаву ҳикоятҳои ҳаҷвии халқӣ иборат аст, ки бобҳо ва мазмуни хандовар доранд. Дар онҳо зиракӣ ва ҳозирҷавобии қаҳрамонон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 23 саҳифа

ЛатифаАдабиёт
Аз аввал хондан

– Ман ва модарам мунаҷчим мебошем ва гуфти мо ҳеҷ гоҳ хато

намебарояд.

Подшоҳ ин мунаҷчимони навро ба хизмат гирифт ва баъд аз чанд

рӯз ба шикор рафтани шуда, мунаҷчимони нави худро гуфт:

– Ман фардо мехоҳам ба шикор равам, шумо ба ман гӯед, фардо

борон меборад ё не?

Мунаҷчимписар гуфт:

– Фардо борон меборад.

Аммо модари ӯ гуфт:

– Фардо борон намеборад.

Подшоҳ оташин шуда гуфт:

– Шумо ба ман муайян карда гӯед, ки фардо борон меборад ё не? То

ман фардо фаҳмам, ки дар ҳукми шумо хато ҳаст ё не.

– Гуфти моро бе ҳеҷ шакку шубҳа бовар карда гиред, – гуфт

мунаҷчимписар, – албатта дар ҳукми мо хатое намешавад. Зеро фардо ё

борон меборад ё намеборад, агар борон борад, гуфти ман рост мебарояд

ва агар наборад, гуфти модарам.

ХАР ХӮРДААСТ

Табибе, ки чӣ чиз хӯрдани беморро пешакӣ фаҳмида, они бӯҳ ро даво

мекард, худ бемор шуд ва писарашро чеғ зада васият кард:

– Писарам, ту касби маро ёд гир. Ман аз илми табибӣ чизе

намедонам, аммо фақат бо тадбиру тахмин кордорӣ мекунам. Чунончи,

ба сари ҳар беморе, ки равам, ҳар тарафи хонаи беморро бо диққат аз назар

мегузаронам, дар он ҷо пӯчоқи харбуза ва ё пӯсти бодиринг хоида

партофтаро ки дидам, ба бемор мегӯям: шумо харбуза, тарбуз ё ин ки

гӯшт хӯрдаед. Инҳо ба шумо зарар доранд. Бо ин чуну чаро ман даво

медиҳам, шифо аз худост, аммо дардатон хазфнок аст.

Агар бемор саломатӣ ёбад, инро аз таъсири давои ман медонанд,

агар мурад ҳам, аҳли хонадони вай ба ман эълоси пайдо мекунанд ва

мегӯянд: «Чӣ хӯрдани беморро ёфт ва мурданашро ҳам пешакӣ хабар

дод», бинобар ин сарашон дард кунад ҳам, дабила пеши ман меоянд.

Агар ту ин тадбири маро ба кор бурда тавонӣ, баъд аз сари ман табибӣ

кардан гир, Худо ёрат шавад...

Табиб мурд. Баъд аз гӯру чӯби ӯ писараш ба ҳама маълум кард, ки ӯ

ба табибӣ аз падараш фотеҳа гирифта ҷонишин шудааст.

Рӯзе яке аз аҳолии он қишлоқ бемор шуд, табиби нав – писари

пешина
аз 23
навбатӣ