Зеҳн
Кӯзаи равған

Китоб аз латифаву ҳикоятҳои ҳаҷвии халқӣ иборат аст, ки бобҳо ва мазмуни хандовар доранд. Дар онҳо зиракӣ ва ҳозирҷавобии қаҳрамонон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 23 саҳифа

ЛатифаАдабиёт
Аз аввал хондан

Аҳли маҷлиси подшоҳ бо шунидани ин ҳикоят хандиданд ва дар

қатор подшоҳ ҳам хандид.

Баъд аз таскин ёфтани хандаи аҳли маҷлис подшоҳ аз

ҳикояткунанда пурсид:

— Оҳир ту дар домани худ чӣ чизро пинҳон карда будӣ, ки барои

дафъ тани он аҳмақи бечораро ин қадар саргардон кардӣ!

Ҳикояткунанда гуфт:

— Чӣ чиз будани чизҳои пинҳонкардаамро касе меёбад, ки чӣ чиз

будани тухми мурғро донад.

Аҳли маҷлис боз хандиданд. Аммо подшоҳ дар андеша фурӯ рафт,

ҳамоно фикр мекард, ки чӣ чиз будани тухми мурғро дарёбад.

ИН САЛЛАЮ ҶОМАИ МАН НЕ...

Мушфиқӣ шабе аз паскӯчаи Бухоро гузашта истода дид, ки дар

сари роҳ як маст чурт парида хобидааст. Мушфиқӣ он мастро ин тараф

ва он тараф ғалонда диду шинохт, ки раиси шаҳр будааст; ба даҳону

би니아ш боб карда се-чор лагад фуровард. Аммо маст хушёр нашуд.

Баъд Мушфиқӣ саллаю ҷомаи вайро кашида гирифту ба роҳаш рафт.

Саҳарӣ раис хушёр шуда, ба раисхона рафту ба муллозимонаш

гуфт:

— Имшаб аз хона саллаю ҷомаи маро дуздида рафтаанд. Шумоҳо

дар кӯчаю бозорҳо диққат карда гардед, ҳамин чизҳои маро дар даст ё

дар сару тани ягон кас дида шуносед, ҳамон одамро ба пеши ман

гирифта биёред!

Мулозимони раис дар кӯчаҳо гашта, баногоҳ чашмашон ба

Мушфиқӣ афтиду дар сару тани вай саллаю ҷомаи раисро шинохтанд ва

ӯро кашолаю пуштора карда ба раисхона бурданд. Раис Мушфиқиро

дида дарғазаб шуду ҷеғ зад:

— Саллаю ҷомаи ман аз куҷо ба туи муттаҳам расид?

Мушфиқӣ бо оромӣ ҷавоб дод:

— Тақсир, аввал пурсиш, баъд кушиш гуфтаанд. Ман дина шаб аз

фалон паскӯча гузашта истода, мастеро вохӯрдам, ки дар сари роҳ ба

хоку лой чӯлида хобидааст, се-чор лагад кӯфтам, хушёр нашуд. Оҳир

саллаю ҷомаашро кашида гирифтам. Агар ҳамон маст шумо бошед, ин

саллаю ҷома ҳам аз они шумо будагист, марҳамат карда гиред.

Раис дид, ки аз ин гап шарманда мешавад, телба шуда гуфт:

— Не, не ин саллаю ҷомаи ман набудааст, ба ғорат рафтан гир!

пешина
аз 23
навбатӣ