Зеҳн
Муомилоти пулӣ ва қарз

Шариф Раҳимзода. Китоби дарсӣ оид ба пайдоиш, вазифа ва муомилоти пул, қарз, таваррум ва муносибатҳои асъорию қарзии байналмилалӣ.

Барномасоз · 18 сентябри 2026 · 29 саҳифа

МолияТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Оқибатҳо ва танзими таваррум — идома 2

Меъёри захираҳои ҳатмӣ нишондиҳандаест, ки аз ҷониби бонки марказӣ муайян шуда, таъмини иҷрои он барои ҳамаи бонкҳои тиҷоратӣ ҳатмист. Масалан, ҳар як бонки тиҷоратии дар Тоҷикистон фаъолияткунанда вазифадор аст 12 фоизи маблағҳои дар суратҳисобҳои мизоҷонаш бударо ба ҳисоби алоҳидаи Бонки миллӣ гузаронад. Бонки тиҷоратӣ ҳуқуқи ба фоидаи худ истифода кардани ин маблағҳоро надорад. Зиёд кардани меъёри захираҳои ҳатмӣ маънои аз ихтиёри бонки тиҷоратӣ гирифтани захираҳои зиёдтари онро дорад.

Хулоса, аз як тараф, беқурбшавии пул арзиши воқеии захираҳои пулии бонкҳои тиҷоратиро кам кунад, аз ҷониби дигар, маҳдудкунии имкониятҳои онҳо самаранокӣ ва ё фоиданокии фаъолияташонро коҳиш медиҳад.

Дар чунин шароит сиёсати дурусти бонкдорӣ аз ҷониби роҳбарияти бонк метавонад муассисаро аз вазъи ногувори молиявӣ барорад.

Бонкҳо бо мақсади ҳимояи захираҳои пулиашон пайваста фоизи қарзро боло мебаранд, зеро танҳо фоизи мусбӣ (аз сатҳи таваррум зиёдтар) метавонад захираҳои пулии онҳоро аз беқурбшавӣ ҳифз намояд. Илова бар ин, бонкҳои тиҷоратӣ дарҳол аз қарздиҳиҳои дарозмуддат ба қарздиҳии кӯтоҳмуддат гузашта, кӯшиш мекунанд қарзҳои пешинаро, ки бо фоизи паст дода шудаанд, баргардонанд ва ё шартҳояшонро ба талаботи имрӯза мутобиқ созанд.

Ин чорабиниҳо зарари бонкҳои тиҷоратиро нисбатан кам кунанд ҳам, онро пурра пӯшонида наметавонанд, зеро қисме аз захираҳои пулиашон мутобиқи талаби бонки марказӣ дар шакли ликвидӣ (меъёри ликвиднокӣ) нигоҳ дошта мешавад (масалан, дар Тоҷикистон он 30 фоизро ташкил медиҳад), қисми дигараш дар ҳисоббаробаркуниҳои дар роҳ буда ва ғайра мебошад.

Кам кардани меъёри ликвиднокӣ ва барои қарздиҳӣ истифода бурдани ин маблағҳо яке аз роҳҳои кам кардани зарари бонкҳо аст, вале аз тарафи дигар, дар шароити таварруми тезпарвоз чунин сиёсат пардохтпазирии бонкро суст мекунад.

Дар ин давра мушкилоти қарзҳои барнагашта ва проблемавӣ низ зиёд шуда, вобаста ба он меъёри дар фонди эҳтиётӣ нигоҳ доштани пул низ меафзояд, ки захираҳои воқеии бонкҳоро боз ҳам камтар мекунад. Зарурати ҳар чӣ зиёдтар аз эътибор соқит донистани қарзҳо, маблағҳои иловагиро аз фоидаи бе ин ҳам камшудаи бонкҳо талаб менамояд. Дар натиҷа вазъи молиявии бонкҳо пайваста бад шуда, миқдори бонкҳои касодшуда (банкрот) зиёд мегардад.

Иқтисоддонҳо таъсири бади таваррумро ба фаъолияти бонкҳо бо таъсири маводи мухаддир ба бадани одам монанд мекунанд, ки дар аввал ҷавонон аз истифодааш роҳат карда, баъди чанде ба он вобаста ва ба марг рӯ ба рӯ мешаванд.

Таҳлили дурусти вазъи молиявии бонк ва вобаста ба он татбиқ намудани сиёсати оқилонаи пулию қарзӣ яке аз роҳҳои кам кардани таъсири бади таваррум ба фаъолияти бонкҳо мебошад. Зарур аст, ки ҳар ҳафта тавозуни бонк вобаста ба сатҳи таваррум ҳисоб карда шуда, ба муҳокимаи шӯрои бонк пешниҳод гардад ва вобаста ба он қарорҳои дахлдор қабул шаванд. Ҳукумат ва бонки марказӣ метавонанд бо роҳи додани кафолати қарзҳо ба соҳаҳои алоҳида ва кам кардани меъёри захираҳои ҳатмӣ сохтори бонкиро дастгирӣ намоянд.

пешина
аз 29
навбатӣ