Муомилоти пулӣ ва қарз

Шариф Раҳимзода. Китоби дарсӣ оид ба пайдоиш, вазифа ва муомилоти пул, қарз, таваррум ва муносибатҳои асъорию қарзии байналмилалӣ.
Барномасоз · 18 сентябри 2026 · 29 саҳифа
Таваррум ва заминаҳои он — идома 2
Азбаски қариб ҳамаи ҳукуматҳо бо Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкорӣ доранд, ҳангоми мавҷудияти нишонаҳои болоравии таваррум барномаи чорабиниҳои махсус оид ба аз бӯҳрони иқтисодӣ баровардани иқтисодиёти кишвар баҳри ба тартиб даровардани муомилоти молию пулӣ омода карда мешавад. Татбиқи саривақтию дурусти он имкон медиҳад, ки иқтисодиёт ба тадриҷ аз бӯҳрон бароварда шавад.
Дар адабиёти иқтисодӣ намудҳои дигари таваррум, ба монанди таварруми маъмурӣ, воридотӣ, новобаста ва қарзӣ низ маълуманд.
Таварруми маъмурӣ. Дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ нархҳо аз ҷониби ҳукумат ба таври маъмурӣ муайян шуда, талаботи бозор ба инобат гирифта намешуд. Мувофиқ набудани нархҳо ба арзиши аслии онҳо боиси аз паси парда (дар бозори сиёҳ) фурӯхтани қисми зиёди молҳо бо нархҳои қимат гашта буд. Албатта, ҳукумат ин амалро эътироф намекард, вале он дар асл вуҷуд дошт.
Таварруми воридотӣ ҳангоми ба мамлакат аз талабот зиёд ворид шудани асъори хориҷӣ ва боло рафтани нархи молҳои воридотӣ рӯй медиҳад. Воридоти барзиёди асъори хориҷӣ ва зарурати кам кардани таъсири он ба муомилот ва қурби пули миллӣ бонки марказиро маҷбур месозад, ки аз ҳисоби эмиссияи пул асъори хориҷиро бихарад. Дар натиҷа ҳаҷми пул дар муомилот зиёд шуда, боиси болоравии нархҳо мегардад. Болоравии нархҳои молҳои хориҷӣ талаботро ба молҳои истеҳсоли ватанӣ зиёд намуда, боиси болоравии нархҳои онҳо низ мегардад.
Таварруми новобаста. Баъзан таваррум ба зиёд шудани ҳаҷми пул дар муомилот вобаста набуда, ба боло бурдани нархи барқ, воситаҳои алоқа, хизматрасониҳои коммуналӣ ва нақлиёт вобаста аст, ки аз ҷониби сохторҳои ҳукуматӣ идора карда мешаванд. Масалан, дар Тоҷикистон солҳои 1998–2007 чандин маротиба бо қарори ҳукумат нархи барқ, нақлиёти мусофиркашонӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва ғайра зиёд карда шуд, ки боиси болоравии сатҳи таваррум гардид. Чунин тартиби болоравӣ ё болобарии нархҳоро таварруми новобаста номидаанд.
Таварруми қарзӣ, ки асоси он аз ҷониби бонки марказӣ додани қарзҳои барзиёд ба ҳукумат ва сохтори бонкӣ аст, хоси давраи гузариш аз иқтисоди нақшавӣ ба бозорӣ буд. Дар ин давра қисми зиёди касри буҷети Тоҷикистон аз ҳисоби қарзҳои Бонки миллии Тоҷикистон пӯшонида мешуд. Илова бар ин, ҳукумат бо мақсади ёрӣ ба корхонаҳои давлатӣ Бонки миллиро маҷбур месохт, ки ба воситаи бонкҳои тиҷоратӣ ба онҳо қарз диҳад. Ин амал то соли 1998 давом ёфта, боиси зиёдшавии ҳаҷми пул ва болоравии нархҳо гардида буд. Баъдан, бенатиҷагии бо ин роҳ пӯшонидани касри буҷет ва дастгирии сохторҳои давлатиро дарк намуда, ҳукумат қарзгириро аз Бонки миллӣ қатъ кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё