Ҷасурии писари ӯгай

Саидмурод Искандарӣ. Афсона дар бораи Бахтовар, сутуни тиллогин, рӯбоҳи заррин ва деги чилгӯша.
Барномасоз · 18 сентябри 2026 · 3 саҳифа
Рӯбоҳи заррин
Субҳи дигар Бахтовар либосҳои шоҳона ба бар карду аспро савор шуда, хизматгорони шоҳи париён сутуни тиллогинро болои зини асп, пеши ӯ гузоштанд. Паридухтар бошад, ба аспи дигаре савор шуд. Назди ғор тамоми дарбориёну хизматгорон ва волидони паридухтар онҳоро бо як тантана ва шукӯҳу шаҳомат гусел намуданд.
Паридухтар, ки фарзанди яккаву ягонаи ин хонадон буду волидон тамоми боигарии худро ба ӯ мерос гузошта буданд, акнун корвони аспу шутуру хар бо халтаҳои пури тангаву тилло ва тамоми рамаву галлаи шоҳи париён аз думболи ӯ равона гаштанд. Саҳро мисли дарё дар шино буд.
Бахтовар дид, ки тамоми боигарии шоҳи париён бо онҳо равона карда шудааст, ба ҳамсараш гуфт:
- Эй парӣ, ин қадар молу мулкро бурдан беинсофист. Баргард, ба қафо як назар андоз.
Тамоми молу мулки падарат бо ту равона аст.
Паридухтар ба сухани шавҳараш эътибор дода, баъди ҳар як-ду соат ба қафо назар меандохт. Ҳамин тавр, то ба мулки падари Бахтовар расидан, қариб нисфи галлаву рама ва корвони зару зевар ба қафо баргашт.
Дастаи Бахтовар наздики мулки падараш расида, дар як канори шаҳр маскан гирифта, хайма заданд. Зеро дар ин чанд соли набудани Бахтовар ӯ намедонист, ки дар ин мамлакат чӣ гапу чӣ кор аст. Оё шоҳ ва модари ӯ зиндаву соқу саломатанд? Хост, аввал инро муайян намояд. Як гӯшаи шаҳр, назди теппае қарор гирифта, баъд қосидонро ба шаҳр фиристод ва худ ба назди модараш баргашт.
Шоҳ хушхабарро шунида, супориш дод, ки писари ӯгай ва сутуни тиллогинро зуд ба дарбор биёранд. Овозаи овардани сутуни тиллогин дар як замон дар тамоми гӯшаву канори шаҳр ва давлатҳои ҳамсоя паҳн гардид. Одамон ба дидани сутуни тиллогин меомаданд ва он дар ҳақиқат, назир надошт. Сутуни кандакорикардашудаву рангобаранг. Чашмро мерабояд. Мавҷ мезанад. Ҳатто шабона сутун аз худ нур бароварда, атрофро чун рӯз мунаввар месозад. Бинандагон ба ҳайрат афтода, ба паҳлавон офарин хонда, ба сутуни сеҳрнок эътиқод пайдо менамуданд.
Бахтовар ҳамсари худро ба хонаи модар овард ва ҳамроҳонашро муддате дар ҳамон хайма боқӣ гузошт.
Паридухтар одате дошт. Ҳар ҳафта як бор сар мешуст ва ҳангоми оббозӣ аз ҷурғот истифода мебурд. Мӯйи дарозу зарду маҳини ӯ ҳамеша бо ҳамин усул шуста мешуд. Барои ҳамин, ӯ аз Бахтовар хоҳиш намуд, ки барояш як кӯза ҷурғот пайдо намояд. Модари ӯ ҷурғот надошт ва Бахтовар ноилоҷ ба дарбори шоҳ рафт ва як кӯза ҷурғот пурсид...
Шоҳ илтимоси ӯро ба ҷо овард, вале таваҷҷуҳи дарбориён ба он нигаронида шуд, ки Бахтовар ин қадар ҷурғотро чӣ кор мекарда бошад? Оё ҳамаи онро истеъмол мекарда бошад?
Ҷосусон аз думболи ӯ назора карданд. Вақте ки шаб фаро расиду паридухтар ба шустушӯйи сару бадан оғоз кард, онҳо диданд, ки писари ӯгай як ҷавондухтари нозанинеро овардааст, ки мӯйи сараш то ба замин мерасад. Худаш паричеҳра.
Ин хабар ба шоҳ ва фарзандони вай расонда мешавад ва писарони шоҳ ба ғазаб омада, назди падар мераванд ва даъво мекунанд:
- Падар, дидаву дониста, писари ӯгайро ба ҷойи хубе фиристодед. Бинед, ӯ соҳиби чӣ қадар боигарӣ ва ҳамсари нозанин гаштааст. Шумо оқибаташро медонистеду чаро ба мо қоил нашудед? Ё хостед, ки писари ӯгай соҳиби тахту тоҷ ва давлат гардад?
Фарзандони шоҳ аз бахилӣ ва кинаву адоват бо падар қариб даст ба гиребон шуданд ва талаб намуданд, ки ӯро боз ба ягон супориши хатарноке фиристонад. Агар ба ҳалокат расад, молу мулк ва занашро онҳо соҳибӣ хоҳанд кард.
Аз ин муомила ва талаби писарон, шоҳ хеле хаставу малӯл гардид, вале чӣ ҳам мекард. Ӯ, акнун ба пирӣ расида буду бояд идораи давлатро ба яке аз фарзандони боақлу тамизаш месупорид.
Вале фарзандон мувофиқи табъу завқи ӯ набуданд. Тарбияи дуруст нагирифта. Шоҳ ноилоҷ дарбориёну мушовирони худро гирд оварда, пайи маслиҳат нишаст. Вазир изҳор дошт, ки барои мулки шоҳаншоҳӣ, ки акнун соҳиби як сутуни сеҳрноки тиллогин гаштааст, боз як рӯбоҳи заррин лозим. Зеро ӯ боре аз як марди кӯҳансол шунида буд, ки дар як макони дурдаст, дар як биёбони касногузар оилаи рӯбоҳони заррин зиндагонӣ мекунанд. Рӯбоҳи заррин зебандаи ин тахту тоҷу давлати шоҳ буда метавонад.
Ниҳоят ин таклиф ба ҳама писанд омаду шоҳ писари ӯгайро боз ба дарбор даъват намуд.
Баъди меҳмондорӣ ва обу иззат, гуфт:
- Писарам, барои ман як рӯбоҳи заррин лозим. Он дар як биёбони хеле дур зиндагонӣ мекардааст. Агар ҳамонро барои ман муҳайё созӣ, шод мешавам ва туро ба дарбори шоҳаншоҳӣ сарлашкар таъин мекунам. Баъди иҷрои ҳамин супориш туро ба мурод мерасонам.
Писарони шоҳ, ки дар ҳамин нишаст иштирок доштанд, супориши падарашонро шунида, дар аввал рашк бурда, хостанд норозигие баён намоянд, вале баъд дарк карданд, ки ин супориш бехавфу хатар нест. Ба даст овардани рӯбоҳи заррин кори мушкил асту ин дафъа шояд Бахтовар дар сафар ба ҳалокат бирасад.
Бахтовар супориши шоҳро қабул намуда, назди модар баргашт. Пешниҳоди шоҳи кишвар, падари ӯгайро ба ӯ гуфт. Модар ношод гашт.
Вале зани ӯ - духтари шоҳи париён изҳор дошт, ки ӯ чунин биёбонро медонад, он ҷо танҳо ҳамин гуна ҷонвар гаштугузор мекунад. Макони тилисмот аст. Як нозукии кор дар он аст, ки рӯбоҳи заррин аз одам метарсад, вале тасодуфан агар ҳамон рӯбоҳи заррин аз таги пойи касе гузарад, хоҳ одам бошад, хоҳ ҳайвон, ҷо ба ҷо ба ҳалокат мерасад.
Бахтовар дигар имкони «не» гуфтан надошт.
Ӯ бояд як бори дигар супориши шоҳро ба анҷом мерасонд. Зеро ба тақдири хеш боварӣ дошт, ки ин дафъа ҳам бо муъҷизае рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
Модар ба хаёл рафт. Аз ғами дур рафтани фарзанд ва оқибати роҳи пурхавфу хатар зиқ гашта, чӣ кор карданашро намедонист. Бо маслиҳати модар ва паридухтар ҷавони паҳлавон - Бахтовар боз субҳи дигар омодаи сафар шуд.
Савори аспи девпайкар, ки хусураш ба ӯ туҳфа намуда буд, гашта, барои эҳтиёт тӯшаи роҳ ва шамшеру сипарашро ҳамроҳ гирифт. Даруни хӯрҷин халтаеро низ барои эҳтиёт ҷой намуд ва пас ба роҳ баромад. Модар аз паси фарзанд чанде нигариста, хавфу хатари роҳро эҳсос карда, як пораи синаи худро бурида, аз қафои ӯ партофт ва он пора бо амри Аллоҳ ба ҷонвари зебою чаққоне табдил ёфт. Номашро монд Гурҷин, ки он ба саги шикорӣ шабоҳат дошт. Роҳ дуру дароз буд. Бахтовар мерафту мерафт, Гурҷин аз пасаш.
Бахтовар дар хамгашти теппае дид, ки ҷонваре аз думболи ӯ меояд, ки ба саги хонагӣ монанд.
Шояд ягон саги дайду бошад? - аз дил гузаронд.
Аммо Гурҷин ӯро ҳеҷ вақт тарк накард, аз пасаш кашола шуда мерафт. Бахтовар чандин кӯҳу пушта, талу теппа ва дарёву марғзоронро гузашта, ниҳоят дар рӯзи дувоздаҳум ба як биёбон расид ва дид, ки он ҷо рӯбоҳони заррин гаштугузор доранд. Яке аз дигаре зеботар.
Рангашон мисли тилло ҷило дода, чашмро мерабояд. Ба назар чунин менамояд, ки онҳо рӯбоҳи зинда неву кадом як ҳайкали ба тилло монанд, вале давутози онҳо ин тасаввурро инкор мекард. Бахтовар чунин рӯбоҳро дар умраш надида буд ва акнун боварӣ ҳосил намуд, ки дар дунё ҳар гуна ҷонвар будааст. Баданашон мисли ҳамон сутуни тиллогин ялаққос мезанад.
Бахтовар аз паси шикори онҳо гашт. Ҳар лаҳзае аз пасу пеш рӯбоҳе ҷастухезкунон давида мегузашт. Бахтовар савори аспу Гурҷин, ҳамон ҳайвоне, ки ба саг монанд буд, аз пайи рӯбоҳи заррин ин сӯву он сӯ метохтанд, вале ҳеҷ ба даст дароварда наметавонистанд. Ногаҳон ҳангоми таку дав як рӯбоҳи заррин аз таги бағали асп давида гузашт ва аспи Бахтовар худи ҳамон лаҳза ба замин афтода мурд. Бахтовар лаҳзае ҳайрон шуда, акнун чӣ кор карданашро намедонист.
Ниҳоят хаста шудаву ташна монда, хост лаҳзае дам гирад. Дар хӯрҷини ӯ обу нон буд ва гӯшае нишаста, хастагию кӯфташро бароварда, каме тановул намуда, боз пайи дастгир намудани рӯбоҳи заррин гашт, аммо кораш ҳеҷ барор намегирифт. Қариби шом Гурҷинаки ӯ як рӯбоҳи зарринро дастгир намуда, ба соҳибаш дод.
Бахтовар ӯро ба халта андохта, даҳони халтаро маҳкам баст ва хӯрҷинро сари китф намуда, сӯйи зодгоҳ роҳ пеш гирифт. Ҳарчанд аспашро аз даст дода бошад ҳам, аз барор гирифтани кораш хурсанд шуд ва ба ҷонвари ҳоҷатбарораш изҳори миннатдорӣ намуд. Ҳарду шодона роҳ мегаштанд. Ва ниҳоят баъди як моҳ ҳарду ба мамлакат баргаштанд. Бахтовар нахуст аз ҳолу аҳволи модар ва ҳамсараш бохабар гашта, пас ба дарбори падари ӯгай омад. Рӯбоҳи зарринро ба шоҳ супорида, тамоми воқеоти сафарро ба ӯ қисса кард. Хабари баргаштани Бахтовар дар тамоми кишвар овозаву дарвоза шуд. Хешу ақрабои шоҳ ва фарзандони ӯ барои дидани рӯбоҳи заррин омаданд. Овардани рӯбоҳи заррин писарони шоҳро ба ғазаб овард. Онҳо боз аз гиребони падар гирифта, талаб мекарданд, ки писари ӯгайро дӯст медораду ба ӯ танҳо амалҳои осонро месупорад. Бахтовар нисбат ба онҳо торафт бою бадавлат гашта истодааст. Онҳо падарро боз мазаммат намуда, талаб намуданд, ки Бахтоварро боз ба ягон супориши ҷиддӣ фиристад, вагарна онҳо қасд ба ҷони шоҳ ва писари ӯгай хоҳанд кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё