Зеҳн
Ҷасурии писари ӯгай

Саидмурод Искандарӣ. Афсона дар бораи Бахтовар, сутуни тиллогин, рӯбоҳи заррин ва деги чилгӯша.

Барномасоз · 18 сентябри 2026 · 3 саҳифа

АфсонаКӯдаконАдабиёт

Сутуни тиллогин

Замоне дар маконе подшоҳе зиндагонӣ мекард, ки ду зан дошт. Аз зани якум се писар ва аз зани дуюмаш танҳо писари ӯгай дошту халос.

Зани якум дар дарбори шоҳаншоҳӣ бо фарзандонаш ҳаёт ба сар мебурду зани дуюмаш дар як гӯшаи шаҳр, ки ба деҳаи камбағалон наздик буд, бо писари яккаву ягонааш умр ба сар мебурд. Таъминоти зани нахустин шоҳона буд.

Аз чизе танқисӣ намекашид. Фарзандон низ серу пур. Писарон дар сояи давлати падарашон роҳат мекарданд. Аммо зиндагии зани дуюм ва писари вай он қадар хуб набуд. Подшоҳ аз бадрашкии зани аввал ба ӯ кам аҳамият медод. Писари яккаву ягонаи ин зан, ки акнун ба ҳаждаҳсолагӣ расида, як ҷавони баркамол ва тавоное гардида буд, моли аҳли деҳаро бонӣ карда, ба ивазаш нон меёфт ва рӯзгорашонро пеш мебурд.

Шоҳ барои қабули меҳмонони дигар кишварҳо ва баланд бардоштани шаъну шуҳрати худ бо маслиҳати вазирону мушовирон як қасри боҳашамате бино кард. Ҳангоми анҷоми қасри бузургу бошукӯҳ оқсақолони дарбор ба шоҳ маслиҳат доданд, ки барои мустаҳкамии қасри зебо ва тавоноию шуҳратёбии он як сутуни кандакорикардашудаи тиллогин зарур. Он вақт шуҳрати ин қасри шоҳ дар олам овоза шуда, мислу монандаш дар ин қаламрав пайдо намегардад.

Ин маслиҳат ба шоҳ хуш меояду аз пайи дарёфти сутуни тиллогин мешавад. Баъди суҳбату пурсуҷӯ марди солоре маслиҳат медиҳад, ки чунин сутуни кандакорикардашудаю гулкории тиллогин дар олам вуҷуд дорад. Он дар макони девон аст. Он ҷо ғоре ҳаст ва ин сутуни сеҳрноки тиллогинро, ки мислашро ёфтан амри маҳолу дар дунё беназир аст, дар ҳамон ғор пинҳон карда шудаасту онро аждаҳое посбонӣ дорад.

Шоҳ боз ба машварат бо аҳли дарбор нишаст. Касе аз дарбориён ба овардани сутуни тиллогин розигии худро надод. Ҳама метарсиданд. Шоҳ ноилоҷ писаронашро ба наздаш даъват намуд. Ҳарсеяшон назди падар ҳозир шуданд. Шоҳ ба писарон арзи матлаб кард ва фикрашро баён намуд. Овардани сутуни тиллогинро изҳор дошт, вале ягон писар ғайрат накард, ки ин кори мушкилро ба уҳда гирад. Шоҳ баъди андаке андеша, ноилоҷ роҳи хонаи зани дуюмашро пеш гирифт. Писари ӯгайро пайдо кард ва арзи матлаб намуд. Писари ӯгай «не» нагуфт, пешниҳоди шоҳро қабул кард ва барои ба сафар баромадан омода шуд.

Шоҳ аз хушнудӣ ба навкаронаш супориш дод, ки писари ӯгай - Бахтоварро ба шаҳр, ба дарбори подшоҳӣ даъват намуда, ба ҳаммом бурда хуб шустушӯяш намоянд. Сару либоси озодаи шоҳаншоҳӣ пӯшонида, неку меҳмондорӣ ва пас ӯро ба сафар равона намоянд.

Модар аз сафари пурхатари писараш огоҳ шуда, ба гиряву нола даромад:

- Он ҷо пурхатар аст, писарам. Нарав, боз ҳалок нашавӣ.

Вале Бахтовар гуфт:

- Модарҷон, то ба кай камбағалона зиндагонӣ мекунем. Бигузор, як маротиба тақдирамро санҷида бинам.

Модар дид, ки писар аз райъаш гаштанӣ нест, каме ба сукут рафту баъд хеста даруни сандуқи чӯбинашро кофт. Он ҷо муҳрае пинҳон будааст, ки он аз бобою бобокалон ва момою момокалонҳои ӯ даст ба даст то ба имрӯз расида буду кампир онро барои рӯзи мабодо эҳтиёт мекард.

- Писарам, ма инро гир, дар сафар туро ба кор ояд. Ҳар балову қазое пеш ояд, туро нигаҳбонӣ мекунад. Муҳраи сеҳрнок аст, - гуфт модар ва муҳраро ба писараш дод. Бахтовар роҳ ҷониби дарбори шоҳаншоҳӣ гирифт.

Хидматгорони дарбор гуфтаи шоҳро иҷро карда, Бахтоварро эҳтиромона ба дарбор оварда, баъди шустушӯйи сару гардан либоси тозаву озода пӯшонида, ӯро ба назди хони шоҳаншоҳӣ даъват намуданд. Субҳи дигар ба ӯ як асп, тӯшаи роҳ ва як шамшери сеҳрнок дода, барои овардани сутуни тиллогин равон карданд. Бахтовар таваккал ба Худои кариму раҳим намуда, ҷониби ҳамон ғори сеҳрнок равона шуд. Чандин шабу рӯз роҳ паймуда, аз чандин дашту биёбон ва ҷангалу дарё гузашта, ниҳоят шоми рӯзи ҳафтум ба назди ҳамон ғори афсонавӣ расид. Ва фарёд намуд: :

- Кист ин ҷо, ба ман ҷавоб гӯяд!

Фарёди паҳлавони ҷавон бе ҷавоб намонд.

Баъди дафъаи дуюм садо баровардан, аждаҳое лаби ғор пайдо шуда, ба Бахтовар назар андохт.

Бахтовар дар аввал тарсида монд, вале муҳраи додаи модар ва шамшери тезу бурро ба ӯ ҷасорат бахшиданд.

Аждаҳо мисли одам сухан оғоз кард:

- Ҳа ҷавон, чӣ мехоҳӣ? Аз ҷони ҷавонат натарсида боз ба ин ҷо омадӣ?

Бахтовар гуфт:

- Ман бо супориши шоҳи кишвари Чин омадаам. Ба ӯ сутуни тиллоӣ лозим будааст.

- Чунин сутун ҳаст, вале ман онро ба ту ҳамин хел бароварда намедиҳам. Ман шартҳои худро дорам. Агар хоҳӣ, аз паси ман биё, нахоҳӣ, чор тарафат қибла.

Аждаҳо чунин гуфту сар ба ғор зад. Бахтовар як лаҳза моту мабҳут монда, чӣ кор карданашро надониста, ба андеша рафт: чӣ кор кунад? Ба қафо баргашта асли воқеаро гӯяд? Не, ҳар чӣ бодо бод, ба тақдираш тан медиҳад. Ё супоришро адо мекунад, ё ҷон ба ҷонофарин месупорад.

Бахтовар бо ҳамин интихоб аз асп фаромада, пиёда гашт ва аспро этак карда, аз ақиби аждаҳо ба ғор даромад. Вақте ки Бахтовар вориди ғор шуд, ба ҳайрат омад. Майдонҳои сабзпӯши беканор, қасру кошонаҳо намудор шуданд.

Даруни ғор мисли олами афсона. Ҳама чӣ диданиву зебо ва он ҷо ҳаёт ҷӯш мезад. Аспро ба сарое баст ва аз қафои аждаҳо вориди ҳуҷрае шуд. Ҳуҷраи аждаҳо ҳам мисли қасрҳои шоҳи кишвари Чин зебову тозаву дилоро. Чашм аз тамошояш сер намешавад.

Аждаҳо гуфт, ин ҷо мамлакати ман қарор дорад ва ман шоҳи париён ҳастам. Ин минтақа ҳама дар хидмати ман ва зери дасти мананд.

Сутуни тиллогин ҳам моли ман аст ва танҳо ман метавонам онро ба касе бахшам. Вале чунин сутун дар шакли тайёр омода нест. Онро тибқи фармони ман устоҳои гулдасти кишварам месозанд.

Баъд гуфт:

- Ту ки барои дарёфти чунин сутун омада бошӣ, акнун ба шартҳои ман гӯш кун! Шарти нахустини ман ҳамин аст, ки тамоми майдони кишти маро, ки дар атроф мебинӣ, бо барзаговҳо шудгор карда, ғалла мекорӣ. Баъди пухта расиданаш дарав карда, кӯфта ба анборҳои ман ҷой менамоӣ, ана баъд ман шартҳои дигарамро мегӯям.

Бахтовар дигар имкони «не» гуфтан ҳам надошт, зеро аз ин ҷо баромаданаш мушкил буд ва ӯ пайи кор шуд. Хидматгорони аждаҳо ба ӯ як ҷуфт барзагов ва юғу испор доданд. Ӯ пайи кишту кор шуд. Ҳар рӯз машғулияти Бахтовар ҳамин буд. Аз субҳ то шом шудгор мекард, вале майдони кишти аждаҳо охир надошт. Ӯ меҳнат мекард ва ба ивазаш нону таомҳои лазизаш медоданд. Мехӯрд, мехуфт ва оҳиста-оҳиста ба ин муҳит одат кард. Ҳатто зодгоҳашро фаромӯш намуд. Бахтовар чандин моҳ кишт карда, ғалла мекориду боз чандин моҳи дигар ҳосили пухтарасидаро ҷамъоварӣ карда мегирифт.

Ҳамин тавр, солҳо гузаштанд. Аҳли дарбори подшоҳи Чин ва падару модари вай низ гумон карданд, ки Бахтовар ба ҳалокат расидааст ва ҳама аз ӯ дасту дил шустанд.

Бахтовар қариб ҳафт сол ба аждаҳо хидмат кард ва рӯзе аждаҳо Бахтоварро назди худ хонда, гуфт:

- Ту ҷавони хубу дидадаро ва паҳлавон будаӣ. Муддати ҳафт сол боз ба ман хидмат менамоӣ. Тавассути заҳмати ҳаққу ҳалоли ту имрӯз хазинаи ман пур ва ман бою бадавлат гаштаам, бинобар ин, барои заҳматҳои содиқонаат ман ба ту як некӣ мекунам. Духтари яккаву ягона ва соҳибҷамоле дорам, онро ба ту никоҳ карда медиҳам. Онро ба занӣ гир. Аждаҳо чунин гуфта, духтарашро ба наздаш даъват намуд. Морбачае ба ҳуҷра даромада, Бахтоварро ба ҳайрат андохт: «ман бо чунин мор чи тавр зиндагӣ мекарда бошам? Ё аждаҳо бо ҳамин баҳона қаҳри маро оварданию маро хӯрданӣ бошад?» - андешид. Вале чора надошт.

Сухани аждаҳоро инкор карда наметавонист ва ноилоҷ розӣ шуд. Аждаҳо духтараш - морбачаро никоҳ карда, ба Бахтовар дод. Ва ба онҳо як ҳуҷраи алоҳида низ бахшид. Вақте ки шом шуду шаб фаро расид, Бахтовар муъҷизаеро дид. Мор аз сару рӯй ва бадани хеш ниқобашро кашида, худ ба шакли одамӣ табдил ёфт. Ҳуҷраи торик аз ҷамоли зебову нозанини мордухтар равшан шуд.

Гӯё офтоб баромада бошад. Бахтовар чунин ҳусну малоҳат ва ҷамоли зеборо дар умраш надида буд. Духтар қоматбаланди сафедгун, мижгонсиёҳу абрукамон ва мӯйи сараш то ба замин мерасид. Бахтовар лаҳзае аз ҳуш рафт. Духтар ба сару рӯяш об пошида, ӯро ба ҳуш овард. Баъд ба шавҳараш баён дошт:

- Мо аз зоти париёнем. Ин мавзеъ макони париён аст ва мо худро дар ҳолати зарурӣ ба ҳар сурат дароварда метавонем.

Барои ҳамин, ту натарс, ҷавони хуб.

Акнун мордухтар рӯзона ба сурати мор гаштугузор мекард ва ҳамин ки шаб фаро мерасид, ба сурати одамӣ медаромад ва нозанине хонаи одамиро мунаввар мегардонд. Ҳамин тавр, Бахтовар бо паридухтар зиндагонӣ мекард. Боз чанд моҳи дигар гузашт. Шабе Бахтовар болои кӯрпа паҳлуи паридухтар ғелида, ҷавониашро, модару зодгоҳашро ба хотир оварда, оҳе аз дили пурдард кашид. Паридухтар ҳайрон шуда сабаб пурсид: ИЗ Заии - Чӣ шуд Бахтовар? Оё чунин зиндагонии шоҳона, серу пур ва тинҷ, чунин ҳамсари меҳрубону нозанин ба ту писанд нест?

- Не, ҷонакам. Гап сари ин нест. Медонӣ, ки ман ҳам ватан ва падару модар дорам. Модари пирам танҳо. Ҳоло ба чӣ кораст машғул намедонам. Маро ҳам ёд кардагист. Яъне ёди ватан дорам. Зиқии маро сабаб ҳамин аст.

Паридухтар баъди каме андеша иброз дошт:

- Майлаш, ба рафтанат ман розӣ, вале бояд аз падарам ҷавоб гирӣ. Агар иҷозат фармояд, ман ҳам ҳамроҳат меравам. Модаратро хабар мегирем ва агар хоҳӣ, боз пас мегардем, нахоҳӣ, не. Лекин ин ҷо як қоидае ҳаст, онро бояд риоя кунӣ! Падари ман ҳар пагоҳӣ намоз мегузорад.

Ту ҳам таҳорат намуда, рафта номаълумакак аз тарафи китфи чапаш мешинӣ. Вақте ки ӯ намозро гузошта, ба тарафи росту чап салом медиҳад, туро ҳатман мебинад ва ана баъд ҳамон ҷо аз ту суол мекунад, ту хоҳишатро мегӯйӣ.

Бахтовар тибқи насиҳату маслиҳати ҳамсараш пагоҳӣ хеле барвақт аз хоб хеста, баъди таҳорати бадан аз паҳлуи чапи аждаҳо, ки акнун ба сурати марди бузургҷуссае нишаста намоз мегузошт, нишаст. Аждаҳо баъди анҷоми намоз ба росту чап салом дода, дид, ки домодаш дар паҳлӯи чапаш нишастаасту даст ба дуо бардоштааст. Пурсид:

- Ҳа писарам, чӣ гап дорӣ?

Бахтовар изҳор дошт, ки ӯ то ба ин ҷо омадан модари яккаву танҳое дошт. Модарашро ёд кардааст. Ёди зодгоҳ ва ёру дӯстон ӯро бемор намуда.

Аждаҳо каме сукут варзиду баъд гуфт:

- Майлаш, иҷозат медиҳам, ки биравӣ, вале ҳамсаратро ҳам ҳамроҳат бар.

Баъд шоҳи париён - Аждаҳо ба устоҳои гулдасти худ супориш дод, ки ба сохтани сутуни кандакорикардашудаи тиллогин шуруъ намоянд.

Бахтовар боз ҳафт рӯзи дигар интизорӣ кашид, то ин ки устоҳо корашонро анҷом бидиҳанд ва ниҳоят сутуни тиллогин сохта шуд.

аз 3
навбатӣ