Паи ситора

Баҳром Фирӯз. Маҷмӯаи ҳикояҳо дар бораи зиндагӣ, орзуву рафтори наврасону ҷавонон.
Барномасоз · 18 сентябри 2026 · 7 саҳифа
Шокири Сибир
ШОКИРИ СИБИР
Дар назди бинои идораи колхоз барои муҷассамаи нимтанаи Ленинро гузоштан дер боз ҷунбуҷӯл доштанд.
Бобо-Шокири нобино тақрибан ҳар рӯз аз наберааш роҷеъ ба пайкара мепурсид. Ин пурсуҷӯи пири нобино ба дили Инъомҷон ҳам зада буду ба дили ҳамсари бобо — момои Сокина ҳам. Айёми охир ҳамин ки бобо аз муҷассама пурсон шавад, дилтангона ғут-ғут мекард:
— Ба ҳайкал чи кораш бошад, ин пири очизи бетавфиқа?! Буд шудан кати ба ту он нону ош медиҳад?
Чашм надошта бошӣ, то равию нигарӣ... Бишин, ту ҳам дуои ҷони фарзандоната кун, — ба ҳар нав хӯрдагирӣ мекард пиразан.
Аммо Инъомҷон имрӯз «ассалом» гӯён аз дар ворид гашту ҳарсосзанон ҷузвкаши ба тахтапушташ бастаро кушодаравон гуфт:
— Бобо, бобо... Ҳайкали Ленин буд шудаст!..
Имрӯз кушоданд... Аввал маҷлис шуд...
— А?.. Хӯш-хӯш? — Мӯйсафед мисли ҳамаи нобиноҳо баланд-баланд ҳарф мезад: У ба сӯи наберааш андаке хам шуда, гӯш ба қимор тез-тез сухан кард. — Ҳайкалро кушоданд, гуфтӣ?.. Хуб, канӣ, гап зан...
Бобо-Шокир баъди нобино шудан ҳамеша ҳасрат мехӯрд, ки ҳеҷ набошад, акси Ленин-боборо надидааст.
Гоҳе чигунагии симои Ленинро ба худ тасаввур карданӣ мешуд, аммо наметавонист. Баъзан бо муқоисаи чигунагии андоми доҳиро фаҳмидан мехост. У ба дигар даъвогарони доҳигӣ эътиқод надошт, вале Ленинро парастиш мекард. «Ленин — гапи дигар... — мегуфт вай доимо. — Ноҳақӣ кардани ӯро нашунидаам...» — Хайр, исто, ки Ленин-бобо агар одами каллакалон бошад, ҳамон тағои ман суроб будагист-а?
— пурсид ҳоло мӯйсафед. — Ба ҳайкал наздик рафта, нағзакак дидӣ охир?
— Дидам... Вай тағотон барин не... — гуфт Инъомҷон бепарво. — Ленин — Ленин-дия, тағотон...
Баъди он ки ҳарфи нимпайкараи Ленин баромад, бобои Шокир андоми доҳиро аз муҷассама палмосида гирифта метавонам, гӯён мунтазири насби он рӯз мешумурд.
— Бобо, мудирамон дар маҷлис номи шуморо ҳам гуфтанд. Баъд бобои Ҷаббор, хеши Саидҷонино ҳастанд- ку, он кас пардаро аз болои нимпайкар фуроварданд.
Мудир шуморо пурсиданд. «Чаро бобои Шокир нестанд?» гуфтанд.
— Ҳамин хел гӯй? Маро ҳам пурсид?.. Хайр, оқибат ҳайкала кушоданд, гӯй. Кори хуб шудаст, бачем, — мӯйсафед хабари овардаи набераашро фикран муҳокима мекард.
— Ҳа, директорамон гуфтанд, ки аввал шумо ба деҳаамон хабари инқилобу Ленинро овардед. Аз зиндони Сибирь овард, гуфтанд. Ҳамин хел-чӣ, бобо?
Шумо овардед?
— Ман хабар оварданам, рост. Аммо Ленинбоборо надидаам. Дурӯғ гуфтан чӣ даркор?..
— Директор боз гуфтанд, ки одамон то ки Ленинро бинанд, бобои Шокир чашмашро дод. Бобо, чашмонатонро душман Ленинро набинад, гуфта кӯр кардагӣ-а?
Инъомҷон ҷузвдонашро ба як гӯшаи кат тела доду ба рӯи гилем нишаст ва ба ду доғи ҷароҳате, ки ҷойи чашм дар зери мижгонҳои бобо буд, ба диққат нигарист, чунон ки бори нахуст медида бошад. Сипас ба сухан даромад:
— Муаллим вазифа супориданд, ки иншо нависам.
Медонед, иншо дар мавзӯи озод — аз саргузашти шумо, бобо?.. Э, шумо намедонед!.. Сибирь шуданатон, чашмонатонро босмачӣ кӯр карданаш — ҳамаашро менависам, мефаҳмед? Сонӣ дар синф муҳокима мекунанд... Мегӯед-а, бобо? Саргузаштатонро мегӯед, ман нависам?
— Майлаш, мегӯям. Аммо ту ҳам хоҳиши мана иҷро мекунӣ. Як бор ба назди ҳайкали Ленин-бобо мебарӣ. — Бобо-Шокир номи Ленинро ҳамеша бо эҳтиром ба забон мегирифт.
— Хуб шудаст, ҳозир барам?
— Не, азон катӣ меравем. Саҳарӣ барвақт туро аз хоб бедор мекунам, дастурӯ шуста...
— Ин хел бошад, Сибирь шуданатонро ҳозир мегӯед, — илтимос кард Инъомҷон. — Ҳамаи саргузаштатонро...
— Хайр, даркор бошад, мегӯям.
Пирамард лаҳзае абрӯ чин карда, хомӯш монд.
Инъомҷон ҳар боре, ки бобояшро дар ин вазъият бубинад, ӯро ба Рӯдакӣ монанд мекард. Риши сафед шаршара барин ба рӯи сина рехтагӣ, сари баланд, ҷабини васеи пуроҷинг, дар ҳақиқат ба акси Рӯдакӣ монанд! Як бор Инъомҷон акси бобояшро кашид, ба сурати Рӯдакӣ монанд шуд. Муаллим ҳам шабеҳи Рӯдакӣ гуфт. Инъомҷон ҳарф назад, хайр, тасвири Рӯдакӣ бошад, Рӯдакӣ-да.
— Хуб, кадоме аз моҷароҳоямро ҳикоя кунам? — пурсид Бобо-Шокир.
— Сибирь шуданатон... Сонӣ... Хабари инқилобро оварданатон... Ҳама, ҳамаашро...
— Ин воқеа аз инқилоб се сол ё чор сол пеш рӯй дода буд, — зуд ба сухан даромад бобо. — Оқподшою Гирмон ҷанг мекарданд.
— Як Оқподшо не, бо Германия Антанта ҷанг мекард, — сухани боборо ислоҳ кард Инъомҷон. — Зидди Германия се давлат — Россия, Англия, Франция...
— Аҷаб не, писарам. Аммо ҷанг кашол ёфту Оқподшо беҳол шудан гирифт. Асп даркор шуд. Фуқаро аспашона диҳанд, гуфт. Аспи камбағалона гирифтанд.
Сарватмандон парвои фалак надоштанд. Дар он замон касе, ки молу пул дошт, гапаш гап буд.... Ҳамон соле, ки падарам, бобои калониат аз дуньё гузаштанд, ман раҳам ба худам, дар синни ту — дувоздаҳсола будам. Як марди аллоф аз Сойи Боло вақти ба бозор рафтану аз бозор омадан ба ҳавламон даромада, додом катӣ чой мехӯрд, улфат буданд...
— Истед, бобо, аллофаш кӣ? — сухани боборо қатъ намуда савол кард Инъомҷон.
— Одати сухана буриданат набуд-ку! — Норозӣ аз рафтори набера хомӯш монд бобо. — Хайр, дар охир мепурсидӣ, мегуфтам...
— Бобо, сонӣ аз ёдам меравад...
— Аллоф... Ин ҷаву гандуми одамонро харида мегирифту ба шаҳр бурда гаронтар мефурӯхт...
Ғаллафурӯш-дия.
— Ҳа-а, фаҳмидаам... савдогар гӯед...
— Ана, ҳамон беинсоф баъди аз дуньё гузаштани бобоят омада, ба ману модарбузургат гуфт, ки ҳосили боғ баъд аз ин ду тақсим. Дар пеши фалон бой раҳматӣ падаратон аз ман пул гирифта, замину боғатонро шарикхӯр карда буд.... Чӣ ҳам мегуфтем, замин сахту осмон баланд. Вай сарватманди беинсоф ҳам даъвои савдогара тасдиқ кард. Хулласи калом, ҳар сол ҳам аз ғалла, ҳам аз чормағзу ғулинг нисфашро ҳамон аллофи беинсоф омада мебурд. Хирман бод мекардаму то вай омада ҳаққашро набарад, ҳаққам набуд, ки ним ман гандума осиё кунам. Замона ана ҳамин хел буд.... Э, сари гап кучо буд? — Бобо аз мақсад дур рафтанашро пай бурду лаҳзае андешида, сокит гашт. Сипас идомаи ҳикоётро боз аз аспгирии Оқподшо шурӯъ кард: — Хонасалот элликбошӣ мо барин камбағалони як умр пояш ба рикоби асп нарасидагира ҳам, асп медиҳӣ гӯяд, мешавад! Э, аҷаб замонаҳое буд! Оқибат, беинсофию ноҳақӣ ба сарашон об рехт-дия... Мо — чор хонаводаи камбағал пул ҷамъ карда, аз Ниёзбеки сойчагӣ як асп харида, ба Оқподшо супоридем. Дигар илоҷ набуд...
Хӯш... Сонӣ... Э, гап бисьёр, агар ҳамаи онро гӯӣ, алфа лайла1 мешавад... Аз миён як сол ё ним сол гузашт, аниқ ёд надорам, боз гапи нав баромад. Ин дафъа гуфтанд, ки Оқподшо сарбоз мегирифтаст. Мардум тамоми кору борашона таҳ карда монданд. Дар ҳама ҷо фақат гапи сарбозӣ буд. Мегуфтанд, ки дар ҷабҳа сарбозони Оқподшо нобуд шудаанду ҷавонҳо рафта ба ҷанг медаромадаанд. Сонитар гуфтанд, ки норозигӣ изҳор шудасту ба Оқподшо тилгироф2 задаанд, вай дар ҷавоб гуфтаст, ки майлаш, ҷавонони мусулмон омада, дар 1 Алф лайла — ҳазор шаб (арабӣ) 2 Тилгироф — телеграф (русӣ) зовут3 ба ҷойи мастеровойҳо4 кор кунанд. Хайрияти кор, ниҳоятан ҳамин гап рост баромад. Ман ҳамон вақт ҷавони бӯзбалаи ҳаждаҳсола будам. Номама дар сари дафтар навиштанд. Хайр, дар пешонӣ чӣ навиштагӣ бошад, ҳамона мебинем-дия, гуфта тоқира нимта монда гаштам. Амакам дар тарафҳои Миёнкол чорьяккорӣ мекард, ногаҳон ба деҳа аҳлу аёлашро хабаргирӣ омаду уна ҳам ба феҳрест дароварданд. Вай баъди як ҳафта рафта, бо хӯҷаинонаш ҳисобу китоб карда омаду гуфт, ки дар Ҷиззах мардум сарсадо бардоштаанд, ба мардикорӣ намеравем, гӯён балво кардаанд, волостной5 гурехтаст... Ҷиззах мусулмонобод шудаст... Мо ин хабарро шунида, саҳарӣ хеста, чортогӣ нонро ба камар бастему аз кӯҳ гузашта, роҳи Ҷиззахро пеш гирифтем.
Дар деҳа мардум барои аз мардикорӣ монондани фарзандонашон ёфтаю сохтаашонро ба калонон хӯронда, хеле хонахароб мешуданд. Молдор молаша фурӯхта дод, заминдор заминаша... Мо ба ғайр аз ҳамин замини шарикӣ чизи дигар надоштем. Ҳеҷ гоҳ фарзанди камбағала монда, бойбачаро ба мардикорӣ намебаранд- ку! Беҳтараш ба Ҷиззах рафта, ба шӯришчиён мадад шавем, гуфтем. Балки зӯр ояд, губурнотур ҳам тарсида, ба Оқподшо гӯяд, ки аз баҳри мардикоргирӣ барояд.
Решаи Оқподшо ҳам ҷунбида мондагӣ, мегуфтанд-дия!..
Аммо, ман ба ту гӯям толеи мо боз пастӣ кард, фоламон чап омад. Губурнотур аскари бисьёре фиристодаст, бо тӯпу пулумут Ҷиззаха хароб карданд. Одам тут барин рехт. Ману амакам баргашта, ба деҳа омадем. Аз миён 3 Зовут — завод (русӣ), корхона 31 4 Мастеревой — мастер (русӣ), усто 5 Волостной — управляющий волостью (русӣ), устондор як ҳафта нагузашта буд, ки аз паямон миршаб омада, дастамона баста, пешандоз карда бурд. Ана, бо ҳамин рафтан баъди чор сол ба деҳа баргаштам.
— Амакатон-чӣ? — пурсид Инъомҷон.
— Амакам... дар роҳ сармо хӯрда, дар зиндони шаҳри Иркутск аз пой афтод. Ба беморхонаи зиндон бурданд. Рӯзи дигар аз кор меомадем, ки дар шаҳр Николай гуфтагӣ дастьёри духтура дидам, дар танаш ҷомаи қаламбофи амакам. Дилам таҳ кашида рафт. Рост ба беморхона рафтам. Амакам шаб аз дуньё гузашта будаст... — Бобо лаҳзае хомӯш монд. — Дар ҳамон ҷо ба хок супурдам... — гуфт вай дар поён. — Э, чӣ рӯзҳое аз сарам гузашт... Чор сол дар куҷоҳо набудам, бо чӣ одамоне ҳамнамак нашудам!.. Савод баровардам, одаму олама дидам, неку бада шинохтам. Дар ҳама ҷо зулм, ноҳақӣ, беинсофӣ... Лекин дар дуньё одамони асил, мардони ҳалол кам набудаанд! Ана, ҳамонҳо ба ман гапу кори Ленина фаҳмонданд... Гапу кори Ленин ростию адолат бошад, ман тарафи вай гуфтам. Одам ба ҳар сахтӣ тоқат мекунад, аммо ба беадолатию беинсофӣ тан додан мушкил будаст... Хайр, сонӣ дар Футурбург6 инқилоб шуду мо ҳам озод гаштем. Ба деҳа омада, гап чию кор чӣ фаҳмонам, ба даҳанкалонони ин ҷа шум намудам... — Бобо-Шокир лаҳзае фикр карда, монд.
Таҳхонаи хотироти худро мекофт, тагурӯ мекард, сара менамуд, худ ба худ муҳокима дошт, ки чиро гӯяду чиро не. Охир ҳарф бисьёр, кадом яктоашро гӯяд.
6 Футурбург — Петербург, шар дар Русия — Рӯзе ду савор аз роҳ мегузаштанд, маро ҷеғ заданд. Якеаш — марди миёнсоли ношинос, дар танаш ҷомаи олак, дар сараш тоқии чуст, ришу муйлабаш ҷадидча — кӯтоҳ қайчӣ задагӣ. Дигараш — Соҳиб гуфтагӣ ҳамдеҳаи худамон, ки пештар дар хизмати бойҳои Лоиш буд, — гуфт Бобо-Шокир ҳикояташро мухтасар карда, ба нияти зудтар ба сари матлаб омадан.
— «Канӣ, фуроед, чой хӯрда равед», — гуфтам аз рӯи одати маъмула. «Не, раҳмат, ягон вақти дигар», — гуфт Соҳиб. Сонӣ ба меҳмон ишора карда, шиносо намуд:
«Ин кас аз волост омадагӣ. Дар хусуси даъвои аллофи Сойи Боло як ариза карда бед, ҳал мекунем. Ҳеҷ натарсед. Фаҳмида монед: ҳозир ҳукумат — ҳукумати камбағалон!» Аз карнайчӣ як пуф, гӯён як ариза навишта рафтам.
Дар бадали ду рӯз тафтиш карда, даъвои уна беасос бароварданд. Боғу, замин боз аз они худамон шуд.
Панҷсола ҳосили аз мо гирифтагиша ҳам рӯёнда доданӣ шуданд. Ана, ҳамон рӯзҳо бо он номард тезу тунд шуда будам. «Хайрият ки Ленин будааст, Ҳукумати Шӯро будаст, пушту паноҳи камбағалону бечораҳо. Дар шумо инсофy имон намонда будаасту мо — бехабар, — гуфтам ман. “Телба нашав, ба ин дурӯза абри даргузар худатро нафиреб, бача”, — гуфта дӯғ карда буд вай. «Ҳой, — гуфтам, — агар дар ҳамон замони амиру Оқподшо ҳам агар медонистам, ки ту беинсоф дурӯғ мегӯӣ, ду чашмата кофта мегирифтам...» Хулосаи калом, бо ӯ хеле тую ман кардем.
Дертар дар деҳа маро раиси шӯро интихоб карданд. «Беваю бечораҳоро ҳимоя кун», гуфта барои зарурат ду милиса ҳам доданд. Замона нотинҷ буд-дия.
Мардум овоза карданд, ки гӯё худи Ленин амр кардаст, ки Шокири Сибира раиси шӯрои Наврӯд таъин кунанд...
Баъд босмачӣ баромаду қатори панҷ-шашта бойбачаҳои аламнок ҳамон аллофи Сойи Болоӣ ҳам ба босмачӣ ҳамроҳ шуда рафт. Аҳли деҳа, агарчи худашон изҳор накунанд ҳам, ба ду гурӯҳ тақсим шуда буданд: гурӯҳе тарафдори инқилоб, гурӯҳе хостгори тартиботи амирӣ.
Сари халқ гаранг, дӯсту душманро фарқ кардан мушкил шуд...
Бобо-Шокир хомӯш гашт. Воқеаи кӯр карданашонро боз нагуфт. Аммо Инъомҷон ваъдаи бобояшро хотиррасон кард.
— Э-э, аслан, ин гапи менавиштагӣ ҳам не, — Бобо- Шокир ба ночор он воқеаро ба гуфтан cap кард. — Як шаб деҳаи мора душман зер кард. Милисаҳо ба мо хиёнат карданду ба тарафи онҳо гузаштанд. Дусад нафар шаб дар ҳавлии Халилбой хӯрок хӯрда, сонӣ даҳ нафарӣ барои хоб дар ҳавлиҳои мардум тақсим шуданд.
Рӯзи дигар чоштгоҳӣ маро гирифта пеши қӯрбошӣ бурданд. Хеле лат доданд. Рости гап, аз ҷонам даст шустам. Ногаҳон ҳамон аллофи Сойи Болоӣ пайдо шуду ба гӯши қӯрбошӣ чизе гуфт. Сонӣ нокас ба ман заҳрханда карду пурсид: «Ку, акнун бигӯ, Ленина дидӣ?
Ҳукумати шӯрот барқарор аст?» «Худатон мебинед-ку, барқарор, боз чиба аз ман мепурсед! Ҳукумати шӯро зафар ёфта бошад, аз адолаташ ёфт. Оҳи халқ беасар намемонад», — гуфтам. Онҳо ту кофир, ба кофирҳо фурӯхта шудӣ, ватаната, дину мазҳабата фурӯхтӣ, ҳамаро ба бединӣ ташвиқот мекунӣ гӯён, маро куллан аз ҳаллоҷӣ гузаронданд. Баъд Ленина дидӣ ё не, гӯён боз зарбу лат карданд. Гуфтам, ки надидаам, аммо зинда бошам, мебинам! «Зинда бошӣ ҳам, намебинӣ, балвогари кофир!» гӯён боз лағаткӯб карданд. Хулласи гап, нимҷон карда, сонӣ... сонӣ ба чашмҳоям мил зада, бароварда партофтанд... Гумонам, баъди аз ҳуш рафтанам ҳамон аллофи нобакор ин корро кард-дия...
Бобо-Шокир оҳи сангине кашиду хомӯш гашт.
Инъомҷон ҳам лаҳзае дар фикр монд. Сипас бобо аз ӯ пурсид:
— Ҳайкал аз замин баланд аст-чӣ?
— Не, қади ман мерасад.
— Дастам катӣ рӯяшона палмосам, аз ҳайкал дидори Ленин-бобора мебинам, — гуфт мӯйсафеди нобино.
...Субҳидами барвақт онҳое, ки гузарашон ба тарафи идораи колхоз афтод, дар бари муҷассамаи нимтанаи Ленин Шокири Сибирро бо наберааш диданд.
Пирамарди нобино тимсоли биринҷиро бо дастони ларзони пиронааш палмосида, симои Ленинро дар хотир нақш мекард. Нури сапедадами саҳар ба риши сафеди нуқратоби бобо ба сару рӯи монанди ноки қоқшуда пуроҷинги вай файз мепошид.
Инъомҷон аз ин кори бобо хиҷил, дар изтироб ба атроф менигарист.
Соли 1970.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё