Зеҳн
Паи ситора

Баҳром Фирӯз. Маҷмӯаи ҳикояҳо дар бораи зиндагӣ, орзуву рафтори наврасону ҷавонон.

Барномасоз · 18 сентябри 2026 · 7 саҳифа

ҲикояАдабиётНаврасон
Аз аввал хондан

Бобо

БОБО

Ман ҳамроҳи бобоям ба деҳа меравам. Бобоям пиранд, ман ҳоло бачаам. Бо вуҷуди ин сӯҳбати мо гарм аст.

Баъди як соли ба шаҳр кӯчиданамон дадаам ба ҷанг рафтанд. Чаҳор сол дар ҷанг буданд. Дар тӯли ин солу моҳҳо рӯзе набуд, ки ман деҳаамонро ба ёд наоварда бошам. Аз боғҳои мевазору сою чашмасорон, аз рамаҳои бузу гӯсфанду чарогоҳҳои сабзу гулпӯши он, аз одамони дилкушодаву ҳимматбаланд ва хушҳолаш бо муболиғаҳои зиёд ба дӯстони шаҳриам ҳикоя мекардам.

Ман деҳаамонро пазмон будам. Модарам мегуфтанд, ки дадаат аз ҷанг баргарданд, мо боз ба деҳа кӯчида меравем. Дадаам дар номаашон ҳамин хел навиштаанд.

Дар ҷанг деҳаамонро хоб медидаанд, оби чашмаро хоб медидаанд. Боз бӯйи хирмани навкӯфтаи гандум ба димоғашон мерасидаст. Зиндаву саломат аз ҷанг баргарданд, аввал ба деҳа рафта, ду кафашонро пур карда, аз чашма об менӯшидаанд.

Оқибат он рӯз ҳам расид: падарам аз ҷабҳа мустақим ба деҳа рафтанду падарбузургамро фиристоданд, ки аз шаҳр моро кӯчонда баранд.

Модарам аввал ҳайрон шуданд, ки дадаам чаро рост ба назди мо наомада, ба деҳа рафтаанд.

— Аз баъзе шиносони инҷойияш дилмонда барин, — гуфтанд бобоям.

Ман ба маънии ин хел суханони он кас дуруст сарфаҳм намеравам.

Ана, ба ҳамин тариқ, ҳоло ману бобоям ба деҳа равонем.

Дашти ҳамвору якранг ва бе долу дарахт ақиб монд. Мо ба домани кӯҳҳо расидем ва якбора ба дараи кӯҳ, ки шав-шуви оби сойчае хомӯшии онро халалдор мекард, даромадем. Дар ду тарафи роҳ кӯҳҳои баланд ва шаху зовҳо соя андохта буданд. Паррандагони бешумори ин ҷо, ки чириқ-чириқ, чув-чув садо мебароварданд, аз чӣ сабаб бошад, ба ман бегона намуданд. Гунҷишкакони сабзу нилобӣ, сурху зард дучор мешуданд, ки ман номашонро намедонистам.

Онҳо чӯҷаи парида наметавонистагӣ барин аз як шох ба шохи дигар ҷаҳида, маро фирефтан мехостанд.

Мисле ки, паррандагон ҳам ба мисли мо — бачаҳо баҳорро бесаброна интизорӣ мекашанд. Баҳор наомада, онҳо парида меоянду хомӯшии зимистон мераванд.

Умуман, агар ба хониши паррандагон бодиққат гӯш кунед, мефаҳмед, ки онҳо ба сари худ, беҳуда чаҳ-чаҳ намезананд. Ана, гӯш кунед, яке бо дигаре ҳамовозӣ мекунад, дар ҷавоби фарёди яке дигаре садо медиҳад.

Ҳо, ана, дар он ҷо ҷамъ шуда, бо ҳам баҳсу хархаша мекунанд. Баъзан, аввал ду тан ором нишаста, сӯҳбат мекунанду баъд ба манша мегузаранд.

Гоҳо дар осмон калхоте пайдо шуда, ором чарх мезанад. Ба синфи пурғулғула гӯё муаллим даромада бошад, паррандагони атроф якбора хомӯш мешаванд.

Ҳоло ману бобоям ба деҳа меравем. Вақти ба шаҳр кӯчиданамон ман хурд будам, ба мактаб намерафтам.

Дар деҳа хешу таборамон бисёр, аммо ман аз ҳама зиёдтар ҳамсояамон — амаки Хушвақтро ёд дорам.

Марди миёнақади ситорагарм, бурутдор буданд. Амаки Хушвақт ба мо хеши наздик набошанд ҳам, ба қавли модарам, бо дадаам дӯсти ҷонӣ будаанд. Он кас баъди кор аксар вақт бо ман андармон мешуданд. Ман гаҳвораи духтарчаашонро меҷунбонидам ва дар ивазаш аз он кас конфетҳои коғазпеч мукофот мегирифтам, ки онро дар деҳа «гижбил» мегуфтанд. Амаки Хушвақт боре аз сой ба ман гулмоҳӣ дошта доданд. Ёд дорам, рӯзе бодбаракпарронии бачагони бузургсолтарро дида, «бодбарак сохта медиҳӣ» гӯён, модарамро хеле азият додам. Амаки Хушвақт ба ман бодбарак сохта доданд.

Он солҳо мудири дӯкон буданд. Мегӯянд, ки ҳоло он кас одами калон шудагӣ... Дар ҷойи дигар хона сохта, аз ҳамсоягии мо рафтагӣ.

Роҳ печутоб хӯрда, бештар ба дарунтари дара медаромаду деворҳои он ба сӯйи мо ҷафстар мешуд. Ба боло нигоҳ кунам, ба назар чунон менамуд, ки гӯё қуллаҳо чун сутунҳо ба китфи худ осмонро дошта истодаанд. Диламро ваҳм зер мекард. Кошкӣ, зудтар аз бағали хилвати ин кӯҳҳо баромада, ба ягон деҳа ё ақаллан ба манзили чӯпонон мерасидем. Ман бо халачӯб ба гардани хар зада, онро аз роҳ боздоштанӣ шудам, то ки аз бобоям, ки бо хари сустпойи худ хеле ақиб монданд, дур наравам.

Гашти харро суст кардаму чӣ гуна бо дадаам вохӯрданамро пеши назар оварданӣ шудам:

Бузургсолон аз ҷанг омадагиҳоро оғӯш гирифта, вохӯрӣ мекунанд. Ман дадаамро андаке дар ёд дорам. Рӯзи ба ҷанг рафтанашон маро боло бардошта, дар саҳни истгоҳи қатор бо модарам гуфтугӯкунон, худо ҳофизиашон дар ёдам мондааст. Баъд аксашонро фиристоданд. Ман одамро аз аксаш шинохта наметавонам. Акси падари Олимҷонро дар хонаашон борҳо дида будам. Аммо як саҳарӣ, вақте ки ба мактаб мерафтам, он кас ҷомадон дар даст дар раҳ пеш омаданду нашинохтам. Агар мешинохтам, тозон ба холаи Назокат хушхабар мебурдаму шодиёна мегирифтам. Ҳар хонаводае, ки чашм ба роҳ аст, барои шодиёна чизе пинҳон карда дорад... Дадаам нишону медали зиёд гирифтагӣ. Ҳар бор дар мактубашон ордени нав гирифтанашонро менавиштанд. Агар дар шаҳр мебудем, ман ҳам бо дадаам ба кӯча мебаромадам, бачаҳо дида ҳайрону ҳасудӣ мекарданд.

— Бобо, дадаам ордени бисёр доранд-а? — ба ақиб нигариста, аз бобоям, ки ба зӯр ба хари ман расида омада буданд, пурсидам.

— Ҳа, рӯзи омаданаш сари синааш пури орден буд.

Баъд, ба фикрам гирифта монд.

— Ба куҷо гирифта монданд?

— Ба ягон ҷо руст кардагист-дия.

— Ордена руст намекунанд, ҳама овехта мегарданд-ку!

— Ҳӣ... Ҳар бор шишта хезад, шутури зангӯладор барин ҷарангос занонда гардад?

Ман ба ришханди бобоям ҷавобе нагуфтам.

— Ордени Ленин ҳам доранд?

— Аз ҳар хелаш буд.

— «Ситораи тилло» надоранд?

— Доштагист. Муаллимони мактаб омада буданд, дадата дар қишлоқ аз ҳама пурорден гуфтанд.

— Шояд «Ситораи тилло» надоранд, қаҳрамон нашудаанд. Шумо намедонед. Аз гузари мо як нафар қаҳрамон шуда, «Ситораи тилло» гирифта буд, ҳукумат ба вай ҳама чиза бепул дод. Хонаи нав дод, гов дод.

Хари бобоям боз ақиб монд. Худашон пинак мераванду харашон ақиб мемонад. Хайрият, ки хар пинак намеравад, набошад ҳоло чандин бор ба замин ғелида, пешониамон қашқа мешуд. Ба хар мушкил, ҷонвар як умр дар азоб: савор мешаванд, хала мекунанд, бор мекашонанд, баста мемонанд...

Курраи хари ман дар деҳа мондааст. Ҳоло ҷонвар бе халаву шатта ба пасту баланд нигоҳ накарда, йӯрға мекунад. Хари бобоям пиру коҳил, фақат бо зарби халачӯб роҳ мегардад. Бобоям мегӯянд, ки аз зарбаи халачӯб пӯсташ чунон ғафс шудаст, ки акнун ба вай шатта таъсир намекунад. Бобоям ҳоло харро ба ҳоли худаш монда, чашмонашон нимпӯш, сурудеро замзама мекунанд. Хар буттаҳои сари роҳро даҳан зада, хоҳам- нахоҳам по мемонад. Бобоям одами аҷибанд. Ба корҳои он кас гоҳ қаҳри одам меояд, гоҳ механдад. Модарам мегӯянд, ки он кас одами қадим, сахтиву сустии бисёр дида, кӯфта шудаанд. Ба пириашон нигоҳ накарда, дастёри беминнати хурду калони деҳа будаанд. Одамон ҳар чӣ гӯянд, хуб мегуфтанд, одати не гуфта, касеро ранҷондан надоштанд.

— Бобо, тезтар ҳай кунед! — тоқатам тоқ шуду фарёд кардам.

Он кас овози маро шунида, ба сӯям як назар партофтанду харашонро халачӯб заданд. Баъд ба ман расида омада «Чӣ гуфтӣ?» гӯён пурсиданд. Гӯшашон вазнин шудаст, овозро мешунаванду чӣ гуфтани касро нафаҳмида, ба чашми одам нигоҳ карда мемонанд, гӯё аз чашми кас сухани гуфтаи ӯро фаҳмиданӣ мешаванд.

Рӯбоҳе аз селраҳа баромада, ба сӯйи мо сарашро гардонда ду-се бор нигоҳ карду бехавотир ба кӯҳ рост шуд.

— Бин, рӯбоҳ! — дида истода бошам ҳам, бохабар карданд бобоям.

— Бобо, дар ин кӯҳ гург ҳаст? — оқибат саволеро, ки қалбамро мехарошид, ба забон овардам.

— Ҳаст ҳам гап шуд! — шояд саволи ман беҷо буд, ки бобоям табассум карданд. — Ҳоло дар поён, дар сари роҳ турбатро дидӣ? — Бобоям ба ақиб ишора карданд.

— Турбати як сарбоз. Порсол зимистон гург хӯрд, — мисле ки ягон узвашон, андомашон ба дард омада бошад, бобоям рӯ турш карда, хомӯш шуданду баъд аз таҳти дил оҳ кашида монданд.

Дили маро ваҳм зер кард. Аммо амиқтар фикр кунам, гапи бобоям ба ҳақиқат рост намеояд. Сарбози сурхи аз ҳама зӯрро, аз ҳеҷ кас наметарсидагиро гург мехӯрдаст! Бобоям филм намебинанд-дия.

— Гург сарбозро хӯрда наметавонад! —эътироз кардам ман. Ба ҳар як даъвои он кас розӣ шавам ҳам, ба ин сухан тан дода наметавонистам. — Сарбоз фашистро мепаронаду аз гург метарсад?!

— Чӣ, сарбоз шох дорад? Вай ҳам бандаи худо-дия!

— Агар вай сарбоз бошад, гургро мепаронд.

Сарбоз не!

— Туфангаш набудаст. Ханҷар доштаст.

— Нагуфтам! Бемилтиқ бошад, вай аскар не!

— Хайр, ба гумонат вай кӣ буд? — бобоям бо истеҳзо ба ман нигаристанд.

— Ман чӣ донам? Аммо вай сарбоз не! — Сарбози сурхро ин хел паст задани он кас ба ман намефорид.

— Хайр, ба ҳар ҳол, аз ҷанг меомадаст, — қадре паст фуромаданд бобоям.

— Чаро танҳо ба раҳ баромадаст? — Чунон ғамгин будам, ки овозам ба гӯшам бегона расид.

— Дар рӯзи равшан-а! — Бобоям саволи маро нашуниданд. — Аз ҷабҳа омада, дар маркази ноҳия улав наёфта, пиёда ба роҳ баромадаст. Дар роҳ аз пешаш Исмати номарасон баромада, хоҳиш кардааст, ки аз роҳ баргардад, не гуфта, худравӣ кардаст. Гургон аз пайи Исмат ҳам тохтаанд, аммо аспаш халос кардаст. Ба аспаш расида натавонистаанд. Сарбозбача, раҳматӣ, ҷавони базарда будааст, аз раҳаш нагаштааст.

«Фашистро бурда ба хонааш монда омадаму аз тарси гург аз раҳ гардам? Не-е! Бепарво бошед, ханҷар дорам», гуфтаст. Ин не, он не, аҷал расидагӣ, — бобоям бо дард боз оҳе кашиданду «ё оллоҳ» гуфта монданд. Баъд халачӯбро аз гиребонашон дароварда, тахтапушташонро хориданд.

— Баъд чӣ шудаст?

—Чӣ мешуд, бечорара гург хӯрдаст. Устухонҳояш мондаст. Гург ҷомадонашро ҳам тика-тика кардаст.

— Бо ханҷараш назадаст охир? — Акнун аз ҳад зиёд ба даҳшат афтода, харамро аз паҳлӯи хари бобоям мерондам.

— Қарибиҳои намози дигар аз ноҳия мошин катӣ одамон омада мебинанд, ки дар таҳи кӯҳ як гург дароз- дароз уллос мекашад. Мошин наздик меояду гург мегурезад. Нигаранд, ки устухони одам, ҷомадон ва як гурги дигар мурда... Вақте ки гургон дармеафтанд, ҷавонмард башаст якеашро ханҷар мезанаду теғ ба устухони гург дармонда, дигар онро кашида гирифта наметавонад. Гурги дигар аз қафо гирифта, бечораро аз пой афтондаст. — Пас аз каме хомӯшӣ бобоям боз илова карданд: — Устухонҳоша дар як халта ғун карда ба хок супурданд.

Акнун ин макон ба назари ман ниҳоят шум ва даҳшатангез гаштанд. Дилам мехост, ки мурғе шуда парвоз кунаму дар як мижа задан аз ин дараи бехосият берун равам. Саволҳои бисёре қалбамро мефишурданд, аммо аз пурсидан ибо мекардам. Фаҳмидан мехостам, ки гургҳо ба мо ҳам ҳамла карда метавонанд ё не? Гоҳе ба назарам чунин менамуд, ки дар паси ҳар як сангу ҳар як бутта гурге роҳи моро мунтазир аст.

— Шумо аз ин раҳ ягон бор шабона гузаштаед? — Беихтиёр савол медиҳаму метарсам, ки боз ягон ҳодисаи даҳшатнокро нагӯянд.

— Ягон бор гуфтӣ? — Мисли ҳамеша бобоям аввал саволи маро такрор пурсида, баъд аз дур ҳарф оғоз мекунанд. — Як замонҳо аз ин раҳ одам на шаб гузашта метавонист, на рӯз. Макони дузду раҳзан буд. Аз инқилоб ду сол ё се сол пеш амакамро дар ҳамин раҳ барои ним пуд гандум дуздон кушта, ба чоҳ партофта буданд. Э, аҷаб замонҳое буд. Дар Миёнкол чоряккорӣ карда, каму беш ризқу рӯзӣ ёфтам, аммо илоҷи ба хона овардан набуд. Ба маслиҳат сари зимистон кӯчида, ба он тараф рафтем. Зимистона дар ҳамон ҷо гузаронда, сари баҳор боз ба деҳа омадем.

Бобоям ба хаёл рафта, хомӯш шуданд.

Ман дадаамро пеши чашм оварданӣ шуда, ҳар қадар кӯшиш кардам, нашуд. Фақат қомати баландашон дар ёдам. Баъд дар хаёли худ дадаамро ба ягонтои он мардоне, ки аз ҷанг омада буданд, монанд карданӣ шудам. Не, ин ҳам нашуд. Агар баъзеи онҳо монанди дадаам лоғару қадбаланд бошанд ҳам, ба он кас шабеҳ набуданд. Чаро монанд набуданд, намедонам. Модарам мегӯянд, ки дадаат аз бехобӣ ба ҷанг рафтанд. Як бор он касро духтурҳо гардондаанд. Пичингу таънаҳо шунидаанд, ба тӯҳматҳо гирифтор гаштаанд. Сонӣ дадаам аризаи довталабӣ додаанд. Аризаашонро рад кардаанд. Дадаам такроран ариза додаанд. Баъди ин ҳодиса хобпар шудаанд, шабҳо хобашон набурда, печутоб хӯрда мебаромадаанд. Оқибат дархосташон қабул шудасту ба ҷабҳа рафтаанд.

— Ҳо, дар таҳи зов сиёҳира дидӣ? Ғор аст, — бобоям бо халачӯби худ ба камари кӯҳ ишора карданд.

Аз ҳамин ҷо ба ғор даромада, аз болои деҳа мебароӣ.

Деҳа дар ақиби ҳамин кӯҳ. Мо кӯҳа чарх зада меравем.

Дар таҳи зови ваҳмангез сиёҳие ба назар мерасид, ки аз раҳ даҳани ғалбер барин менамуд.

— Даҳанаш хурду аммо дохилаш, торафт васеъ шудан мегирад, — бовар накардани маро дида, шарҳ доданд бобоям.

— Шумо ягон бор аз ин тараф ба он тарафаш гузаштаед?

— Не, ман нагузаштаам, аммо ҳамин тавр мегӯянд.

Даруни ғор торик, роҳ гашта намешавад. Солҳои инқилобу босмачигарӣ буд. Ман баҳору тобистон дар кӯҳ кор мекардам. Шудгор мекардам, тухм мепошидам, гандум медаравидам, хирман мекӯфтам. Аз баландӣ ба деҳа роҳ гирифтани камондоронро аз дур медидаму як ғарамча алафи хушка алав мезадам. Мардуми деҳа дудро дида, бо асбобу анҷому васоилашон, бо фарзандҳояшон дар ҳамин ғор паноҳ мебурданд.

— Душман ба ғор даромада наметавонист?

— Ғайбдон шудаст-чӣ! Роҳи ба ғор мебурда чап, рафтан осон не. Даруни ғор торику ноҳамвор.

— Агар душман шабона ояд, чӣ кор мекардед?

— Шабона — осон... Ҳамин ки ба деҳа даромаданд, мардум дар торикӣ тез ҳисобашона меёфтанд... Аммо як шаб дар таҳи дари Намоз гуфтагӣ ҳамсояамон ногоҳ панҷ нафар савора дар китф милтиқу қаторвазна пайдо мешаванд. Намоз ҳамон шаб дар хона набудаст.

Сардори даста овозаи ҳусни духтари уна шунида ошиқ гашта будаст. Духтараш ҳам духтар буд-дия, дар рӯзи равшан агар ногаҳон рӯ ба рӯ ояд, парӣ мегуфтӣ. Берӯзӣ ҳусни худодод дошт. Ин хел ҳусна хосияташ кам мегӯянд. Ана, баъд дар ҳасрати ҳамон духтар волидайнаш абгор шуданд. Ғами ҳамон духтар катӣ рафтанд.

— Савораҳо шаб омада чӣ кор карданд, аввал гӯед.

Бобоям ҳамеша ҳамин хел: ҳарфи гуфта истодаашон мемонаду як нӯги онро гирифта ғоз медиҳанду ғоз медиҳанд. Хайр, хушрӯ будаст, ҳамин ҳам гап шуд.

— Савораҳо аз асп нафуромада, «Як коса об барор» мегӯянд. Зани Намоз об барорад, рад мекунанд.

«Аз дасти Санам об хӯрданӣ омадем, Санам об барорад» гӯён, талаб мекунанд. Номи духтар Санам буд. Аз дасти вай обро гирифта менӯшанду худашро ба асп савор шав мегӯянд.

— Баъд чӣ шуд?

— Чӣ мешуд, духтар ҳам, савораҳо ҳам бедарак шуда рафтанд... Ҳа, воқеан, ба қарибӣ аз духтар хабаре ёфтанд: дар Мирзочӯл бачаю качааш катӣ саломат будаст. Ба сардори савораҳо расида будаст.

Монанди аксар пирамардон падарбузургам низ ҳикоёти саргузашти худ, ҳодисаҳои дидаву шунидаашонро дӯст медоранд. Ба хотири он ки ман шунавандаи хубам, дилгир нашуда гапашонро гӯш мекунам, баъзе нозу нузи маро мебардоранд.

Кунҷковона ҳар хел савол диҳам ё ба ҳарфашон розӣ нашуда, баҳс кунам, намеранҷанд. Агар аз ҳад гузаронам, «Оббо, маҳмаддоное! Хайр ҳеҷ гап не, гаҳ аз пир, гаҳ аз мурид», гуфта мемонанд.

Роҳ қад-қади сой торафт боло мерафт. Кӯҳҳои ин ҷо пур аз буттаҳои хордори каҷҷак, ҷо-ҷо бодом ба назар мерасид. Мо харҳоро ба ихтиёри худ мондем.

Бобоям мегӯянд, ки хар роҳи як бор тай кардаашро ҳаргиз фаромӯш намекунад, дар шаби торик ҳам раҳгум назада меравад.

— Бобо, гург харро мехӯрад, аммо ба асп зӯраш намерасад-а?

— Баъзе аспон гургро мекушанд. Ба чашми худ дидаам.

— Не-е?! — тааҷҷуб кардам ман. — Асп гургро кушт?

— Кушт, кушт. Аввал қӯшлагад зада, майиб кард.

Гург гурехтанӣ шуд, лекин асп намонд, газида-газида кушт. Асп ҳам асп буд-дия! Акнун ин гуна аспҳо намонданд.

— Хайр, гӯед, ки ба ҳамин аспҳои мо зӯраш мерасад ё не? — «Аспҳои мо» гуфта ман аспҳои колхозу идораҳоро дар назар доштам, ки он солҳо дар ҳама ҷо кор мефармуданд, аз аробаи нон то ғаллаи ба ҷабҳа мефиристодагӣ ҳама чизро бо онҳо мекашонданд.

— Ба зӯрӣ зӯраш намерасидагист, аммо мехӯрад исқот. Ҳар сол зимистон се-чор аспи колхозро мехӯрад.

— Чӣ хел, зӯраш нарасад ҳам, мехӯрдааст!

Гапатонро кас намефаҳмад.

— Зӯраш намерасад, аммо мехӯрад! Гург фиреб медиҳад. Гургон аспро аз гала ҷудо карда, ба ягон баландӣ мебаранд. Ҳамин ки асп аз баландӣ ба поён сарнишеб шуд, гург аз думи асп сахт кашида, сонӣ якбора сар дода мефиристад. Асп ба шиддат парчин шуда меафтад. Ҳамин ки афтод, дигар имкони бархестан надода, тала мекунанд.

Акнун мо аз тангнои кӯҳ раҳоӣ ёфта, ба водӣ баромадем. Баъд заминҳои лалмӣ, аз паси он боғу киштзорҳо пеш омаданд. Дар сари роҳ ҳар ҷо-ҳар ҷо тутҳои каллаки пир монанди пирони қадхамидаи асобадаст гӯё ба роҳ менигаристанд.

— Ишш!.. Иш-ш! — Харашон аз роҳ истода- наистода бобоям худашонро зуд ба замин партофтанду харро пеш андохта, ду-се халачӯб заданд.

— Ман ҳам фуроям?

Дили нохоҳам пурсиданам аз овозам ё оҳанги суханам маълум шуд магар, бобоям:

— Ҳай кардан гир, — гуфтанд. Баъди андаке илова карданд: — Ман ин раҳро пиёда гузашта, мӯям сафед шуд. Як вақтҳо ду пуд гандум дар пушт аз шаҳр пиёда меомадам. Устухони мо ба меҳнат сахт шуд. Ҳоло ҳам кор накунам, ҳаракат накунам, пиёда нагардам, наметавонам, аз касал батар мешавам. Нафасам кӯтаҳ шуда, сари синаам дард мекунад, сарам вазнин мешавад.

Мисле ки, тану ҷони одам ҳам қонуни Ҳукумати Шӯроро фаҳмидагӣ барин. Ҳар кас кор накунад, намехӯрад мегӯянд-ку!

Мо аз назди молхонае мегузаштем. Ду саги монанди хирс калон ва бадҳайбат ба сӯямон давида, моро саросема карданд. Бобоям пой ба замин кӯфта, бо таҳдид «хап шав!» гуфтанду сагҳои наздик омада истоданд.

Дар сари чашма, ки марғзоре буд, ду-се аспи кишанзада мечарид. Ба димоғ бӯи порую арақи ҳайвонот мезад.

— Бобо, говатон чандта? — пурсидам.

— Гов надорем, писарам. Говро кайҳо ба колхоз супорида будем, — маъюс иқрор карданд бобоям. Баъд шарҳ доданд: — Зимистони парерсол на ба худамон як ҷав хӯрданӣ монд, на ба гов як пар каҳ. Ба колхоз дода, камтар ҷаву картошкаву сабзӣ гирифтем.

— Чаро тобистон алаф нағундоштед?

— Тобистон аз хона дур будам. Ҳамаи хирманҳои Коризи болоро ман бод кардам.

— Аз хирман чаро гандуму ҷав наовардед?

— Боракалло! — Ба содалавҳии ман хандиданд он кас. — Охир хирман — хирмани колхоз-дия!

Бобоям харашонро аз роҳ боздошта, бори онро, ки ба як сӯ каҷ шуда буд, рост карданд. Баъд расида омада, ба бори хари ман зеҳн монданд:

— Ба тарафи рост камтар зер кун.

Боз ҳар ду хомӯш монда, ба фикру хаёли худ банд шудем. Ман бобоямро, ки баҳор аз паси ҷуфтронҳо ба замин тухм мепошиданду баъд тобистон хирманҳоро паси ҳам кӯфта, бод мекарданд, пеши назар овардам.

Пеши назар овардам, ки чӣ гуна тамоми алафҳои марғзорро дигарон медараванду барои гови бобоям чизе намемонад.

— Бобо, говатон гӯсола надошт? — Ба ақиб рӯ гардонда боз пурсидам.

— Колхоз гӯсолааш катӣ баркашида гирифт.

— Чӣ хел баркашида гирифт? — Ҳайрон шудам ман.

— Ба тарозуи калон монда, баркашида гирифт.

Сонӣ, ба ҳар килоаш ҳисоб карда, ба мо ҳақ дод. Мудири анбор Ҳосилкаҷова чӣ хел ҳисобу китоб кард, худаш медонаду худо.

— Шумо говатонро сер карда, баъд баред буд, ё гурусна бармекашад?

— Баъзеҳо ҳамин хел ҳам карданд, — хандиданд бобоям. — Доштагӣ дег-дег атолаи оби раббано хӯронда, баъд бурд. Ба авлоди мо ин хел корҳо намефорад. Худо аз ҳалолаш диҳад.

Бобоям чоруқ дар по бардам, чолок қадам монда меомаданд. Пиёдагардии он касро дида, ман ҳам аз хар фуромадам. Рӯз гашт карда, акнун аз ҷониби кӯҳ шамолаки сард мевазид. Замин, ки ҳоло кӯрпаи барфашро партофта, ба назари ман луч менамуд, гӯё аз сардӣ меларзид. Сабза нав медамид, гоҳ-гоҳ бойчечаку сияҳгӯш ба назар мерасид. Дар рӯйи шахҳои паҳн-паҳни сари роҳ аз оби борон кӯлмакчаҳои беҳисоб пайдо шудаанд. Мисле ки касе сангҳоро мисли сӯрохи ангуштпона, баъзан аз он калон, баъзан аз он хурд, гоҳе дӯлча ва ҳованча барин кофта, об пур кардааст. Ман ҳамаи ин аҷоиботи табиатро тамошо мекардам, аммо як тарафи ҳушам ба дадаам банд буд. Модарам мегуфтанд, ки дадаам аз ҷанг баргардад, кор мекунанд, мо ҳам хуб зиндагӣ мекунем. Дадаам чӣ кор мекарда бошанд? Аҷаб не, одами калон шаванд, он кас хондагӣ-ку. Агар раис шаванд, нағз мешавад. Бачаҳо — ҳамаашон аз писари раис метарсанд, бузургсолон ҳам метарсанд. Одам кадом мактаба хонад, раис мешавад?

— Бобо, дадаам ҳам раис мешаванд?

Бобоям ба гапи ман хандида монданду гап назаданд.

— Хайр, гӯед, чӣ хел одам раис мешавад?

— Бахташ омад кардагӣ мешавад.

Бобоям майли сӯҳбат надоранд. Ба гапзанӣ хушашон наояд, ҳамин хел ягон чиз мегӯянд. Агар ман раис шавам, ана ҳамон раиси «Фрунзе» Раҳимов барин мешавам. Ҳама ҳурмат мекунанд, «ҷони одам» мегӯянд.

Ба хурду калон баробар, ҳамаро бо як чашм мебинад, гуфта таъриф мекунанд. Ин чӣ гуфтагиашон бошад? Боз Раҳимов колхозро худаш сохтагӣ будаст.

— Бобо, тирамоҳ колхози шумо ҳам харбузаю тарбуз медиҳад?

— Хока.

— Моён як бор аз полези колхоз харбуза дуздидем.

— И-и! — бобоям бо табассум ба ман нигаристанд.

— Дар рустои мо дузд нест. Ҳар кас дуздӣ кунад, бурда зиндон мекунанд.

— Барои харбузадуздӣ ба зиндон намебаранд.

— Тухмдузд — шутурдузд мешавад мегӯянд. Касе, ки дар бачагиаш харбуза дуздад, калон шавад, гов медуздад.

— Худатон ҳеҷ дуздӣ накардед?

— Не.

— Қасам хӯред.

— Хайр, дар бачагӣ мева-чева дуздида бошам, дуздидагистам.

— Аз полези колхоз ҳеҷ чиз надуздидед?

— Не-е! — Бобоям шубҳаомез табассум карданд.

— Дурӯғ мегӯед! — Аз табассумашон фаҳмидам. — Харбуза дуздидагистед? Гӯед, бобо.

— Мон ҳамин хел гапҳоро.

— Не, гӯед! — Исрор кардам ман. — Чӣ метарсед, гӯед. Ба ҳеҷ кас намегӯям. Қавли пионер якта.

Бобоям хандиданду баъд ба гап даромаданд:

— Хайр, аслаш, ин дуздӣ ҳам набудагист? — Баъд гӯё худ ба худ мегуфта бошанд: — Яқинан, агар дар ин дунё иқрор нашавем, дар он дунё ночор иқрор мешавем, — гуфтанд. — Парерсол, баҳор ду моҳ то ҷавпазӣ рӯйи нонро надидем. Аввалин хирмани ҷави колхозро кӯфтем, бод кардем, ба нӯҳ ҷувол бардошта фиристодему ду кас аз пасмондаи хирман ду кило-ду кило ҷав гирифтем. Ҳамон ҳам сангрезадор буд.... Баъд кадоме хабари инро ба раис расондаст. Як вақт моро ба идора ҷеғ заданду камтар дӯғу пӯписа карданд: одамон дар ҷабҳа хун мерезанд, барои ватан ҷон медиҳанду мо ин ҷо зиёнкорӣ мекардем! Ба кадом осиёби душман об мемондем... Ҳеҷ кас аз худи вай намепурсад, ки чор соли ҷанг мардум ҷояш омад, як пора карбос наёфт, ки ҷойи айбашро пӯшида, аз хона берун барояд, зану духтари ту аз куҷо куртаву лозимии оҳораш нашикастагию обаш начакидагӣ мепӯшад?

Мо саргарми гуфтугузор ба роҳи аробагард баромаданамонро надониста мондем. Акнун роҳ аз байни боғҳо, қитъаҳои хурд-хурди заминҳои корам мегузашт. Роҳи аробагард қад-қади сой тӯл кашида, монанди ресмони чигил тоб хӯрдаву печида боло мерафт, боз чарх зада поён мефуромад, лаҳза ба лаҳза моро ба деҳа наздик мекард. Дар боғҳо дарахти олуча сап-сафед гул карда буд. Дар тирагии бегоҳирӯзӣ байни дарахтони ҳанӯз саросар сияҳшох ягон-ягон дарахтони навшукуфта ба шохашон чарбу кашидагӣ барин. Не, арӯс барин... Арӯсро бо чодири сафед печонда ҳамин хел мебиёранд.

— Ана, ин ҷо понздаҳ сол пеш як нишебии санглох буд, — бобоям ба қитъаи замини дар тарафи рости роҳ воқеъбуда ишора карда, ба ҳарф задан даромаданд. — Солҳои аввали колхозӣ буд, бо дасти худ онро замин кардам. Дар ин ҷойҳо то як пора замин ҳамвор шудан, шири аз модар хӯрдаи кас аз биниаш меояд. Ҳамаи санги ин тавораро (бобоям ба тавораи начандон баланди аз қайроқсангҳои хурду калон чидагӣ, ки он заминро аз роҳ ҷудо мекард, ишора мекунанд) аз ҳамин замин чидам.

Хар катӣ хок кашондам. Ҳар сол чӣ қадар пору мерехтам! Эҳ-ҳе! Ҳар ҷо-ҳар ҷояшро ӯра барин кофта, банд-банд хошок партофта гӯр кардам.

— Барои чӣ?

— Пӯсида, хок мешавад, заминро бақувват мекунад. Ку вай қуввату вай ғайрат? Акнун одамон ба замин меҳр надоранд. Замин соҳиб надорад... — Бобоям боз ким-чиҳо гуфта, ба сӯйи он замин менигаранд. — Нисфи заминро, ки харобтар буд, юнучқазор кардам, ба нисфи дигараш кунҷит корида, даҳ синтир кунҷит гирифта будам! Ана, акнун боз нокорам шуда рафт. Эҳ, ба чӣ машаққатҳо ҷӯй канда, об оварда, ана ин тутҳоро шинонда, пайванд кардам. Афсӯс...

Бобоям агар аз киштукору деҳқонӣ ё замину боғдорӣ сухан сар кунанд, ба ҳеҷ кас навбат намедиҳанд, ҷоғашон метафсад. Ман дилтанг мешаваму баъд ба суханашон гӯш намекунам, ба фикру хаёли худ банд мешавам.

Ногоҳ аз хамгашти роҳ ду савор баромад. Ҳар ду ҳам савори аспҳои чун аспи сарлашкарҳо оростагӣ, ҳар ду ҳам марди фарбеҳ...

— Баргардон! — Бо изтироб амр карданд бобоям.

— Аз раҳ барор!

Аз овози пуризтироби бобоям ман тамоман дасту по хӯрдам.

Мо харҳоро ба канори роҳ бароварда, истодем.

— Ассалому алайкум! — Гуфтанд бобоям даст пеш гирифта сархам.

Дар ҷавоб яке аз саворон, ки аспи сафеди зебоеро савор буд, аз роҳ истода пурсид:

— Ҳа, аз куҷо ба куҷо? Боз ин бӯхчаву бисоти кӣ?

Гӯё забонашро занбӯр газида бошад, суханони он марди савор нимғурма мебаромад. Кулоҳ ва гиребони пальтояш аз пӯсти қароқулии дорчинранг буда, ҷило медоданд ва ӯро дар назари кас боз ҳам пурсалобат мекарданд. Аз рӯйи фарбеҳ ва тару тозааш маълум буд, ки шахси баландмартабаи ин ҷойҳо аст. Аспи ӯ гӯё пар бароварда мепарида бошад, ба лаҷомро кашида истодани соҳибаш нигоҳ накарда, қарор нагирифта, тапар-тапар мекард. Савори дуюм онсӯтар рафта, сари аспашро гардонда истод.

— Бачаҳои Неъматро аз шаҳр кӯчонда овардем, раис... Ба шумо фуқарои нав. Ана, ин писарчааш, — ба ман ишора карданд бобоям.

Ман барои салом додан даҳон ҷуфт карда, ба рӯйи раис нигоҳ кардам, аммо вай ба ман эътиборе надод.

— Худаш чаро рафта наоварда, шуморо аз кору бор мононд? Кӣ шудаст вай?!

— Ба ҷуфтбарорӣ вақт ҳаст-ку, раис, — гуфтанд бобоям, ба рӯйи вай нигоҳ накарда. — Бекор менишастам, хайр, равам гуфтам...

Ба бобоям раҳмам омад. Талабаи гунаҳгор барин дасту по хӯрда, меларзиданд.

— Ба ҷуфтбарорӣ вақт будааст! — Бо тамасхур сухани он касро такрор кард савор. — Равед, ба усто ёрӣ диҳед, омочу молаҳо тайёр не, тухмиро тоза кардан даркор.

Бобоям даст ба сина бурда «хуб шудаст, раис, хуб шудаст», гӯён меистоданд. Дар назарам он кас чунон мазлум, чунон оҷизу нотавон намуданд, ки аламам омад.

— Ба ман нигаред, — хитоб кард раис сари аспашро аз роҳ гардонда. — Ба ҳамон мӯзаи афсарии Неъмат ҳаваси Ҷӯрабеки мо рафтаст. Бача-дия! Акнун ба Неъмат мӯзаи хиром чӣ даркор? — Баъд овозашро пасттар карда, илова кард: — Фардо-пасфардо ҷав мепазад, аз хирман ягон чиз дода розӣ мекунам.

— Раис, ин корро худаш катӣ гапзанон кунед, — гуфтанд бобоям акнун каме баҷуръат.

Савор дар ҷавоб ба сӯйи бобоям ба қаҳр як нигоҳ карду:

— Ҳа, хайр, — гуфт ва аспашро ба резачорпо андохту рафт. Бобоям аз қафои ӯ маҳзун нигариста монданд.

Мо харҳоро ба роҳ андохтем ва лаҳзае нагузашта, ба деҳа даромадем. Заминҳои нав аз хоби зимистон бедоршудаи деҳа, боғҳо, тавораҳои аз санги қайроқи сой чидагии заминҳои рӯйидарича, сафедорҳои қатори сари роҳ, қӯруқу чашмаву сой, шаху зовҳо — ҳама ба ман ошно буданд, гӯё ҳеч дигар нашудаанд. Аммо онҳо пештара барин хушрӯй ва аҷиб набуданд, ба назар оддӣ ва хурд менамуданд. Бомҳои деҳа аз қабл пасттар, дарахтони азим гӯё хурдтар, одамон ҳам гӯё дигар шуда буданд. Балки ин аз таъсири сахтии солҳои ҷанг буд ё худ ман акнун калон шуда ва ҳар чизро аз канор истода мушоҳида карданро омӯхта будам, кӣ медонад?

Соли 1970.

пешина
аз 7
навбатӣ