Зеҳн
Бозиҳои анъанавии бачагонаи тоҷикон

Дилшод Раҳимӣ. Маҷмӯаи бозиҳои суннатии бачагонаи тоҷикон, таърихи онҳо ва тарзи бозӣ.

Барномасоз · 18 сентябри 2026 · 12 саҳифа

ФарҳангКӯдаконВарзиш
Аз аввал хондан

Бахши II — Бозиҳои анъанавии бачагона (6)

Аксари вақтҳо дар пиёдакашак ҷавонони ду гузар талош мекарданд, баъзан мусобиқа байни ҷавонмардони ду деҳа низ сурат мегирифт. Аҳолӣ аз тамошои ин бозӣ завқ мебурданд. Баъзан аз кашокашӣ ба ҷанҷолу низоъ мегузаштанд. Аммо калонсолон ба миён даромада, онҳоро оштӣ мекунониданд. Ба ҳайси туҳфа дар Кӯлоб буз медоданд, дар Ғарм хурӯс ҳадя мекарданд, дар Дарвоз, ки шумораи иштироккунандагон камтар буд, матоъ ё пӯсти бузро туҳфа менамуданд.

Занҳо низ баъзан дар ҷашну хурсандиҳо пиёдакашак ташкил мекарданд. Мусобиқаи онҳо дар ягон боғча ё майдони дур аз чашми мардон сурат мегирифт. Ба ғолибон хурӯс туҳфа медоданд.

Пиёдакашак ба анъанаи пойандозкашӣ хеле монанд буд.

Пиёдаҳо савора Яке аз бозиҳои анъанавии бачагони Истаравшан, ки академик Р. Амонов онро дар китоби «Қиссаи диёри чашмасор» муфассал тасвир кардааст. Барои ин бозӣ бачаҳо ба ду дастаи баробар тақсим мешуданд.

Сардорони дастаҳо каме дуртар рафта, байни худ маслиҳат мекарданду сипас ба назди бачаҳои гурӯҳи аввал омада мепурсиданд:

– Ёрон, ёрони мо!

–Лаппар дар миёни мо, – ҷавоб медоданд бачаҳо.

– Ҷав чанд ман? – мепурсид сардори даста.

Бачаҳо кӯшиш мекарданд, ки чанд ман қарор кардани ҷавро ёбанд. Агар бачаҳо саволи сардорашонро дуруст посух дода наметавонистанд, он гоҳ сардори дастаи дувум аз бачаҳои гурӯҳи худ чанд ман будани ҷавро мепурсид. Намояндаи кадом дастае, ки саволро дуруст ҷавоб медод, дастаи ӯ ғолиб ҳисоб ёфта, нахуст онҳо савораи пиёдагон мегардиданд. Пиёдагон саворонро ба пушти худ гирифта, дар кӯча роҳ мерафтанд.

Агар роҳгузаре дучор меомад, яке аз сардорон мепурсид:

– Амак, савораҳо савора ё савораҳо пиёда?

Он шахс низ аз равиши бозӣ огоҳ буда, суол медод, ки аз куҷо бозиро сар кардед? Агар оғози бозӣ аз наздикиҳо бошад, мегуфт: «савораҳо савора», ё агар дилаш сӯзад, мегуфт: «савораҳо пиёда». Он гоҳ бачаҳои савора пиёда мешуданд ва пиёдаҳо ба пушти онҳо савор мешуданд.

Ҳамин тариқ, онҳо аз ҳар шахси дучоромада мепурсиданд, ки савораҳо савора ё савораҳо пиёда ва нақши ҳамдигарро чанд дафъа иваз менамуданд. Бозӣ то хаста шудани бачаҳо давом меёфт.

Подшоҳбозӣ Подшоҳбозӣ бо номҳои поччобозӣ, пошо-пошо, почо вазир ва дузду қозӣ маъмул мебошад. Онро дар ҳамаи фаслҳо сол, дар ҳар гуна манзил: хона, кӯча, майдонча, боғча ва ғайра ташкил кардан мумкин аст.

Дар бозӣ 4 нафар иштирок мекунанд. Онҳо қуттии гӯгирдро гирифта, бо навбат рӯйи фарш ё замини ҳамвор мепартоянд. Агар қуттии гӯгирд ба шакли амудӣ рост истад, онро “подшоҳ” меномиданд. Агар ба тарзи уфуқӣ рост истад, “вазир” ном дошт. Агар рӯ ба боло афтад, онро “сӯфӣ” мегуфтанд ва ниҳоят агар рӯ ба фарш афтад, он “дузд” ҳисоб мешуд. Баъд аз як дафъаи партофтани гӯгирд вазифаҳо муайян мешуданд.

“Сӯфӣ” “дузд”-ро дошта, ба назди “подшоҳ” мебурд ва арз мекард, ки “шоҳам, аз фалон ҷо дуздро дастгир кардем, чи кор кунем?”. “Подшоҳ” ба “вазир” супориш медод, ки “дузд”-ро якчанд дурра ё шаппотӣ занад.

Дар ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон дар ин бозӣ ба ҷойи “сӯфӣ” шахси сеюм “ҷаллод” мешавад. Дар вилояти Самарқанду водии Ҳисор ба ҷойи “сӯфӣ” як нафар нақши “қозӣ”-ро бозӣ мекунад. Дар Самарқанд подшоҳбозиро “пошо-пошо” ё ”дузду қозӣ” мегуфтанд ва як тафовуташ дар ин буд, ки подшоҳ низ ҷазо мегирифт. Подшоҳро ҳамон вақт ҷазо медоданд, ки агар рақами ҷуфт ба забон гирад. Масалан, агар дуздро ба ҷойи «9 дурра занед», «10 дурра занед», гӯяд. Ин бозӣ зимистонҳо дар гирди сандалӣ, дар меҳмонхонаҳо бештар ташкил мешудааст.

Дар ноҳияи Муъминобод ин бозиро почо вазир меномиданд. Бозигарон гирд нишаста, гӯгирдро мепартофтанд, он агар ба қад рост истад – подшоҳ, ба паҳлӯ истад – вазир, рӯболо афтад – халифа ва рӯпоён афтад –дузд ҳисоб мешуд. Вазир аз подшоҳ мепурсид:

“Подшоҳи муҳтарам, султони бокарам, дуздро доштам. Чӣ ҷазо диҳем? Подшоҳ мегуфт, ки бо дурра даҳто бизан. Дурраро аз сачоқ тоб дода месохтанд, баъзан онро тар мекарданд. Ё ин ки подшоҳ дуздро мегуфт: бигир вазир ё халифаро пуштора карда, ба фалон ҷо бубар. Баъди иҷрои фармон боз аз нав гӯгирд мепартофтанд ва ҷойҳо ва нақшҳо иваз мешуд.

Дар водии Рашт онро почобозӣ меномиданд. Чанд нафар бачаҳо ҷамъ шуда, бо як гӯгирд бозии почобозиро ташкил мекарданд. Равиши бозӣ ба мисли дар боло бозии тасвиршуда сурат мегирифт. Мувофиқи тартиби бозӣ, подшоҳ ба вазир амр мекард, ки дуздро дошта даҳ дурра занад. Дурра аз рӯймоли миёнбанде иборат буд, ки тофта шудааст. «Дузд» танҳо бо овардани қанду ширинӣ метавонист, аз ҷазои дуррахӯрӣ наҷот ёбад.

Подшоҳбозӣ дар байни бачагону наврасони тоҷикони Бухоро бо буҷул иҷро мешуд. Буҷулро аз як сар бо навбат дар миёнаи давраи бозӣ мепартофтанд.

Буҷули ҳар кас, ки аспа барояд – подшоҳ, хара барояд – вазир, чикка барояд – дузд ва пукка барояд – раис ё миршаб мешуд. Дар миёна як рӯймолро дутоба карда «дурра» сохта мемонданд. Вақте ки вазифаҳои подшоҳу вазиру миршаб ё раис муайян шуданд, дуздро раис ё миршаб дошта меистод, вазир ба подшоҳ «олиҳазратам, як дузд дастгир шуд» гуфта арз мекард. Подшоҳ аз вай мепурсид:

– Дуздат фарбеҳ аст ё лоғар?

Агар вазир дар ҷавоб гӯяд, ки «фарбеҳ аст» подшоҳ мефармуд:

– Гӯшту равғанашро камтар карда сар деҳ, ки ба «кори бечорагии» худ равад. Вазир дар ин сурат ба воситаи миршаб ё раис аз дузд, гӯё, ришва меситонид ва ба озод кардан мефармуд.

Агар вазир гӯяд, ки «лоғар аст», подшоҳ мефармуд:

– Ба раис ё миршаб фармо, ки он дуздро як кам чил ё ҳафтоду панҷ дурра зада ба зиндон фиристонад, ки то охири умраш дар он ҷо пӯсида равад. Дар он вақт «дузд»-ро бо рӯймоли тофташуда зада, ҷазо медоданд.

Ин бозиро устод С. Айнӣ дар «Ёддоштҳо» муфассал тасвир кардааст.

Полезбозӣ Бозии анъанавии бачагони 6-10 солаи водии Рашту Дарвоз, ки дар фасли тобистон дар роҳ, лаби ҷӯй ё заминҳои мулоиму ҳамвор сурат мегирифт. Бачаҳо дар замин ҷӯякҳо мекашиданд. Дар ҷӯякҳо баргу буттачаҳои алафҳоро аз дигар ҷой канда оварда, мешинонданд. Ба онҳо об мерехтанд ва чи тавр ба ҷӯякҳо об рафтанро тамошо карда, завқу ҳаловат мебурданд. Ин бозӣ дар бачаҳо шавқ ва меҳри кишоварзиро аз хурдӣ ба вуҷуд меовард.

Ба ин монанд бо номи работбозӣ, бозии муқаррарии бачаҳои кӯҳистони тоҷик маъмул буд. Бачаҳо дар майдончаҳо аз хоку лой деворе месохтанд ва аз як самти он дари даромад боз менамуданд. Байни онро тоза карда, об зада, мерӯфтанд. Сипас ба даруни он «Ҳавлича» даромада менишастанд ва бо бозичаҳои гуногун машғули бозӣ мешуданд ё бозиҳои меҳмондорӣ, тӯйбозӣ, духтурбозӣ ва ғайраро ташкил мекарданд.

Пулкак Пулкакро бачагони минтақаи Ванҷу Дарвоз бештар дар фасли тобистон, дар айёми зардолупаз баргузор мекарданд. Дар бозь ду нафар писарон, баъзан духтарон бонавбат бозӣ мекунанд. Дар замини ҳамвор ба мисли коса дӯле кофта мешавад ва дар масофаи як метр аз ду тараф хат мекашанд. Бозигарон дар ду тарафи дӯл дар болои хатҳо 10-тогӣ донакҳои зардолуро қатор мечинанд.

Нахуст ба тарзи қуръапартоӣ яке аз онҳо навбати шурӯъ кардани бозиро мегирад. Ӯ бо ангуштони калонӣ ва ишоратияш донакҳоро як-як ба сӯйи дӯл мезанад ва кӯшиш менамояд, ки онҳоро ба дӯл ворид созад.

Ӯ аввал донакҳои дар тарафи худ бударо, сипас донакҳои қаторгузоштаи ҳарифро бо ҳамин тарз зада, ба даруни дӯл меафтонад. Баъди задани донакҳои ду тараф, ӯ донакҳои ба дӯл афтидаро гирифта, аз худ мекунанд. Донакҳое, ки ба нишон нарасидаанд, яъне вориди дӯл нашудаанд, аз нав ба болои хатҳо гузошта мешаванд ва навбати ангуштзанӣ ба ҳариф мегузарад. Вай низ саъй мекунад, ки миқдори бештари донакҳоро зада вориди дӯл созад ва онҳоро соҳиб шавад. Чун навбати ҳариф ҳам гузашт, бо бозигари аввал чанд донаи бозмондаро қатор карда, вориди дӯл месозад.

Ҳамин тавр, то донаки охирин бозӣ давом меёбад.

Ғолиб ҳамон бозигаре мешавад, ки бештари донакҳоро ба даст овардааст.

Рангёбак Дар бозии рангёбак писарону духтарони 7-15-сола метавонанд иштирок кунанд. Бозигарон дар фаслҳои гарми сол дар майдонча ё боғча ҷамъ омада, ба ду даста тақсим мешаванд ва дар масофаи 7-8 м, рӯ ба рӯйи ҳам менишинанд. Онҳо аз байни худ як нафариро сардор интихоб менамоянд. Сардорҳо ба дастаи худ наздик рафта, бо овози паст ба ҳар як нафар номи рангҳоро мегузорад. Масалан, як нафар “Сурх”, дигаре “Сабз”, “Гулобӣ”, “Сафед” ва ғ.

Сипас сардорҳо барои оғоз кардани бозӣ қуръапартоӣ мекунанд. Яке сангчаро дар мушташ пинҳон карда, аз сардори дастаи дувум мепурсад, ки дар кадом мушташ сангча пинҳон аст. Агар ӯ ёбад, пас навбати бозӣ аз гурӯҳи онҳо шурӯъ мешавад, агар сангчаро наёбад, дастаи ҳариф оғоз мекунад.

Сардори навбатро гирифта, чашмони яке аз бозигарони гурӯҳи ҳарифро бо дастонаш мепӯшонад ва аз гурӯҳи худ номи рангеро гирифта, якеро даъват мекунад. Чунончи, “Сафед” биё! “Сафед” омада, ба пешонии бозигари чашмонаш баста даст мерасонад ва баргашта ба ҷояш менишинад. Бозигарони ҳамгурӯҳи ӯ баробар садо мебароранд:

Тапар-тупур қазоқӣ, Ту омадӣ, наёфтӣ.

Сардор дастонашро аз чашми бозигар мекушояд ва ӯ аз ҷояш хеста, рафта он шахси ба пешониаш даст задаро ҷустуҷӯ мекунад. Агар “Сафед”-ро ёбад, ҳамроҳаш гирифта, ба дастаи худ меорад. Агар ӯро пайдо накард, худаш дар ҳамон гурӯҳ таслим шуда, дар қатори онҳо менишинад. Сардор ба ӯ боз як номи рангро медиҳад. Ғолиб ҳамон дастае шуморида мешавад, ки бештари рангҳоро шинохта, аз дастаи рақиб бозигаронро бисёртар гирифта бошад.

Рангобаранг Дар ин бозӣ аз 4 то 10 нафар духтарони 8-15-сола иштирок мекунанд. Духтарон дар майдонча, кӯчаи васеъ ё боғчае ҷамъ шуда, якеро барои тоб додани арғамчин интихоб менамоянд. Он бозигар арғамчини тақрибан 3-4 метраро аз як нӯгаш дошта, дар мобайни майдон меистад ва арғамчинро гирди сараш тоб додан мегирад. Духтарони дигар дар гирди ӯ ҷой гирифта, аз болои арғамчин бо навбат ҷаҳидан мегиранд ва чунин мегӯянд:

Ранго ба ранго, Куртаи ҳафтранго, Сурх, сафед, ҷигарӣ, кабуд… Ҳамин тариқ, онҳо якчанд рангро номбар мекунанд ва дар охир кадом ранге, ки садо дод, духтарон бояд ҳамон рангро аз курта, рӯймол ё пойҷомаи худ ёфта, бо даст доранд. Кадом бозигаре, ки ранги эълоншударо аз либосҳои худ наёфт, мағлуб ҳисоб ёфта, дар навбати дигари бозӣ арғамчинро гирди сараш тоб медиҳад. Агар ҳама он ранги матлубро пайдо кунанд, пас ҳамон шахси аввалӣ такроран арғамчинро тоб медиҳад. Дар ҳолате, ки ду ё се нафар ранги даркориро пайдо накунанд, байнашон барои гирифтани навбати арғамчинтобӣ қуръапартоӣ сурат мегирад.

Рӯборӯбак Ин бозӣ низ хосси духтарон буда, дар фаслҳои гармо баргузор мешавад. Дар он аз 5 то 10 нафар духтарони 12-15-сола иштирок мекунанд. Иштирокчиён дар майдонча, кӯчаи васеъ ё боғчае ҷамъ шуда, якеро барои дастгир кардани духтарон ҳамчун рӯбанда интихоб менамоянд.

Одатан, онҳо давра истода: як, ду, се, чор, … гуфта, то шумораи даҳ ҳисоб мекунанд. Ҳар касе ки шумораи даҳро гирифт, аз давра берун меистад. Боз аз нав чунин ҳисоб мекунанд ва боз шахси шумораи даҳро гирифта аз давра хориҷ мешавад. Ҳамин тавр, то ду нафар мондан ҳисоб мекунанд, ҳар кадоме дар охир танҳо монд, “рӯбанда” ном мегирад ва ӯ вазифадор мешавад, ки духтарҳоро дастгир кунад.

Рӯбанда дар даст шохчаи дарахт, ё буттаеро ҳамчун ҷорӯб гирифта, ба тақлид ҳавлирӯбӣ мекунад ва ба духтарон мегӯяд: “Як хонаю як ҳавлича дорам, кӣ мерӯбад?». Касе хоҳиши ӯро қабул намекунад. Он гоҳ ӯ таъкид мекунад, ки “ҳар касе ба чангам хӯрд, ҳамон кас ҳавлии маро мерӯбад” ва ба дастгир кардани духтарон сар мекунад.

Ӯ бояд ҳамаи иштирокчиёнро як-як дошта, ба “ҳавлияш” орад. Аммо духтарон бо ҳушёриву чолокӣ аз чанги ӯ дуртар мегурезанд. Вақте ки рӯбанда ҳамаи духтаронро дастгир кард, бозӣ ба ҳамон усули шумурдан аз нав оғоз меёбад.

Рӯбоҳбозӣ Писарбачае, ки нақши рӯбоҳро иҷро мекард, ҷомачаеро ба китф пӯшида, ду домани онро ба пушташ гузаронида, ба дарун мисли лӯла мепечонид. Он ҳамчун «дум» ҳисоб мешуд. Ӯ «дум»-ро бо дастонаш аз дарун ҷунбонида, монанди рӯбоҳ “пинг-пинг” садо мебаровард ва қоматашро каме хам намуда, қадам мезад. Бачаҳои дигар нақши сагҳоро иҷро карда, аз ҳар тараф “ҳаф-ҳаф” гуфтан мегирифтанд ва рӯбоҳро таъқиб мекарданд.

Мақсади асосии ин бозӣ ҳарчӣ беҳтар тақлиду тасвир кардани намудаи зоҳирӣ ва рафтори ҷонварон ба шумор мерафт. Ин бозӣ дар байни бачаҳои водиҳои Зарафшону Ҳисор маъмул буд.

Рӯзу шаб Дар майдонча 10-12 нафар писарону духтарони 10-15 сола ҷамъ омада, ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд.

Дар миёнаҷойи майдон ду хатти баробари мувозӣ мекашанд, ки фосилаи ин хатҳо аз ҳамдигар як ё ду қадам дур мебошанд. Ин хаттҳо марра ба ҳисоб мераванд. Инчунин аз ду тарафи майдон дар масофаи 20-25 қадам хатти баробари марра кашида мешавад.

Бозиро сардор ё роҳбар идора мекунад. Мувофиқи интихоб як даста «рӯз» ва дастаи дигар «шаб» номида мешаванд. Гурӯҳи бозигарон аз паси хатҳои миёнаи майдон ҷой гирифта, рӯ ба тарафи қисмати майдончаи худ ва пушт ба дастаи ҳариф гардонида меистанд. Роҳбар дар паҳлӯи майдон истода, калимаи «рӯз»-ро номбар мекунад. Гурӯҳи «шаб» баробари шунидани ин фармон ба тарафи хонаи худ, яъне қисми майдончаи «шаб» нигоҳ карда мегурезанд. Бозигарони дастаи «рӯз» онҳоро таъқиб ва пайгирӣ мекунанд.

Бозигарони дастгиршударо ба ҳисоб гирифта, боз ба гурӯҳи худашон мефиристонанд. Онҳо дар даври навбатӣ боз ҳуқуқи бозӣ карданро доранд. Роҳбар миқдори онҳоро навишта мегирад. Гурӯҳҳо аз нав пушт ба пушт дар мобайни майдон саф кашида меистанд.

Ҳамин тариқ, роҳбар гоҳ калимаи «рӯз»-ро ва гоҳ «шаб»-ро эълон карда, бачаҳо ба навбат якдигарро сур мекунанд ва якчанд нафарро дастгир менамоянд. Дар поёни бозӣ роҳбар шумораи ба дастафтодагонро аз дафтар мехонад, он гурӯҳе, ки бештар ҳарифонро дастгир кардааст, ғолиб ҳисоб карда мешавад.

Рӯймолчапартояк Дар майдонча 10-12 нафар писарону духтарон ҷамъ омада, ба тарзи давра менишинанд. Як нафар ҳамаро ҳисоб мекунад. Кадоме, ки шумораи «30»-ро гирифт, берун аз давра мешавад ва бозиро ӯ оғоз мекунад. Ӯ рӯймолчаеро гирифта, гирд-гирди бозигарони нишаста чарх зада, “шаб-рӯз”, “шаб-рӯз” гуфтан мегирад. Ӯ баъди чанд бор чарх задан рӯймолчаро ба сари яке аз нишастагон мепартояд ва худаш мегурезад. Бозигаре, ки ба сараш рӯймолча партофта шуд, аз ҷояш хеста, бачаи рӯймолчапарторо таъқиб мекунад. Агар ӯро пайгирӣ карда, дошта тавонад, он бозигари аввалӣ боз худаш такроран гирди бозигарон бо рӯймол чарх мезанад. Бачаи рӯймолпарто кӯшиш мекунад, ки ба дасти таъқибкунанда наафтида, омада дар ҷойи холишудаи вай нишинад. Агар саривақт омада, нишаста тавонад, пас навбати рӯймолгардонӣ ба он шахси мағлуб мегузарад.

Рустшавакон Рустшавакон бозии маъруф буда, бо номҳои рустшавонак, туктукбозӣ, баҷошавак, сумомакбозӣ, ҳуштуд, русторустшавак низ ёд мешавад. Бозӣ дар фаслҳои гарми сол гузаронида мешавад. Барои интихоби як нафар, ки чашмашро мебандад, иширокчиёнро то шумораи муайян, масалан, то рақами 20 ё 30, ҳисоб мекунанд ва бозигаре, ки шумораи охирро гирифт, чашонашро мепӯшонад.

Дар Ванҷ бачаҳо барои интихоби бозигари ҷӯянда чунин шуморакро ба кор мебурданд. Бачаҳо дар гирди як нафар бачаи калонтар гирд меомаданд ва ӯ як-як ба китфу сари синаи онҳо даст расонида, чунин мегуфт:

Ани, мани, нуни қоқ, Линги дарозат да хок.

Агар китоб нахонӣ, Аз синфакат мемонӣ!

Калимаи “мемонӣ” ба касе, ки рост ояд, ӯ аз давра ба берун мебаромад ва боз ҳамин тавр аз нав ин шуморакро такрор мекарданд. Ҳар касе, ки дар охир танҳо мемонд, вазифаи ҷӯяндаро мегирифт. Шахси интихобшуда одатан рӯй ба девор ё дарахте карда, чашмонашро бо дастонаш пӯшонида, то адади муайян мешуморад ва мепурсад: «ҳуп, тут пухт, ҷав расид?». Дигарон зуд ба ҷойҳои назарнорас пинҳон мешаванд ва ҷавоб медиҳанд, ки «ҳуп, ҷав расид».

Писарбачаи ҷӯянда чашмонашро боз карда мегӯяд: «Рафтам ба кофтан, илоҷи ёфтан» ва ба ҷустуҷӯи бозигарони пинҳоншуда меравад. Дар Панҷакент мегуфанд:

“Рафтам ба кофтан, илоҷи ёфтан.

Сӯйи Бухоро, сӯйи Самарқанд.

Руст шудагеш шуд, мондагеш монд”.

Ҷӯянда ҳар киро, ки дар аввал пайдо кард, дар пайти навбатӣ ҳамон кас чашмашро мебандад. Аммо агар ҳангоми ҷустуҷӯ яке аз бачагон ӯро ба ғафлат монда ба пила ё пайгаҳ – ҷойи муайяншуда ояд ва ҷисми муқарраршудаеро (дарахт, харсанг, девор ва ғ.) даст расонад, писарбачаи ҷӯянда мағлуб ҳисоб меёбад ва аз нав боз чашмонашро мебандад.

Дар навъи дигари рустшавакон – туктукбозӣ, яке аз бачаҳо чашмонашро пӯшида, дар сари пила меистад, дигарон руст мешаванд. Пас аз руст шудани онҳо бозигари чашмпӯшида ба ҷустуҷӯи бачаҳо мебарояд ва бояд ӯ баробари дидани яке аз бозигарон номи ӯро гирифта, «тук-тук» ё масалан, «тук-туки Анвар» гуфта, ба пилаҷо омада, дарахт ё девори муайяншударо даст расонад.

Ҳамин тариқ, ӯ бояд ҳамаи бачаҳоро дастгир намояд. Агар яке аз бозигарони дастгирнашуда, чолокӣ карда, омада пиларо ба даст дарорад, яъне ба он даст расонад, шахси ҷӯянда мағлуб шуда, маҷбур аст боз чашмонашро пӯшад ва дигарон боз дар ҳар куҷо пинҳон шаванд.

Дар Ванҷ бачае, ки ба ҷустуҷӯи пинҳоншудагон мебаромад, ба ҳама эълон карда мегуфт:

Тук-туки най-най, Барги сунай най, Камони шохӣ, Тири палохӣ.

Хоҳе баҷо, хоҳе не.

Дар охир агар ҷӯянда якчанд нафарро пайдо карда натавонад, таслим шуда мегуфт:

Қарамонон бароед, Ба Масква дароед!

Дар баъзе ҷойҳо рустшавакон ба тарзи гурӯҳи бозида мешавад. Бачагон ба ду гурӯҳ ҷудо шуда, як гурӯҳ чашмашонро мебанданд, гурӯҳи дигар пинҳон мешаванд.

Бачагони ноҳияи Айнӣ ин бозиро сумомакбозӣ ва ё русторустшавак меномиданд. Онҳо ҳангоми бозӣ, одатан дар оғилҳо, охурҳо, каҳдонҳо, пушти дарахтон, токҳо, даруни ҷуйборҳои беоб пинҳон мешуданд. Онҳо низ бозиро ба таври гурӯҳи созмон медоданд. Нахуст як даста чашмони худро мепӯшонид ва дастаи дигар дар куҷое ки хоҳанд, рафта руст мешуданд ва дастаи дигар онҳоро ҷустуҷӯй мекарданд.

Навъи дигари ин бозӣ бо номи рубаҳгурез дар байни бачагони Тоҷикобод маъмул буд, ки онро дар тобистон, шомгоҳон, баробари фарорасии торикӣ ташкил мекарданд. Яке аз бачаҳо чашмонашро бо дастонаш мепӯшонид ва дигарон ба ҳар тараф давида, дар паси девору дарахтҳо пинҳон мешуданд. Сипас ӯ бачаҳоро ҷустуҷӯ намуда, якеро дастгир мекард. Бозигари дастгиршуда бояд ӯро ба пушташ савор карда, то ба ҷойи оғози бозӣ меовард.

Рустшаваконро бачагони деҳоти вилояти Самарқанд ҳуштуд меномиданд. Бачаҳо ҷамъ шуда, барои интихоби бозигари ҳуштудгӯй гирд истода, яке аз онҳо шумораки зеринро хонда, ҳамаро ҳисоб мекард: «Акала, букала, нонима, гиждала, қоқ!» (варианти дигараш: «Анди, банди, бара, бандӣ. Яхи, музи, ни баранди. Ду-ду, скази, атур, супа, тожа, пят»).

Ҳамаи бозигарон, ба ғайр аз шахси ҳуштудгӯй, руст мешуданд. Ҳуштудгӯй на фақат баробари дидани аз бачаҳо «тук-тук» мегуфт, инчунин бояд онҳоро таъқиб намуда, дошта мегирифт. Бозигари якум ба даст афтодаро «ҳуштуд» меномиданд. Агар дар вақти таъқиб кардан бозигар каме давида, зуд дар ҷояш шинад, он гоҳ шахси таъқибгар ӯро ба ҳоли худ гузошта, аз пайи дастгир кардани дигарон мешуд. Яъне бозигари нишастаро дастгир кардан қабул набуд.

Сагакум Сагакум, як навъ бозии анъанавиест, ки калонсолон барои кӯдакон иҷро мекунанд. Калонсоле ангуштони ишоратӣ ва хурди дасти рости худро қат мекунад, ки дар натиҷа дар байни дасти рост охӯрча – “оғилак” ҳосил мешавад. Барандаи бозӣ ҳамон “оғулак”-ро нишон дода, мегӯяд:

Сагакум дар шикорай, Оғилакум бекорай.

Ҳами оғилакума тоза кун.

Бача, ки ангушташро ба он охӯрча – “оғилак” бурд, барандаи бозӣ бо нарангушти дасти росташ ангушти бачаро маҳкам медорад ва мегӯяд: «Сагакум дар оғил будааст». Бача аз ин бозӣ завқ карда, механдад.

Ин бозӣ дар минтақаи Рашт маъмул буд.

Сақабозӣ Сақабозӣ навъҳои гуногун дошта, бо буҷул, чормағз ва сангҳои гирду ҳамвор ташкил мешавад.

Сақабозӣ бештар дар фаслҳои тобистону тирамоҳ дар ҳар куҷо – майдончаву боғча, кӯчаву роҳрав ва ғайра барпо мегардад. Онро писарони аз 6 то 15-сола ташкил мекунанд.

Тарзи бо буҷул бозидани сақабозӣ чунин аст.

Бозигарон дар замин як хат кашида, ҳар кадоми иштирокчиён яктогӣ буҷул дар пиллаҷо – болои хат мегузоранд. Сипас бо навбат аз масофаи муайян бо буҷули калонтар буҷулҳои қатор чидашударо ба нишон гирифта, мезананд. Агар буҷули калон ба дигар буҷулҳо расида, онҳоро ба масофаи чор қадам аз пиллаҷо берун кунад, бозигари нишонзан буҷулҳои дурафтодаро гирифта, аз они худ мекунад.

Ин бозиро дар байни бачагони водии Хуф “сакабехт” меномиданд, ки он, асосан, бо сангҳои ҳамвор бозида мешуд. Се-чор нафар бачаҳо дар замин як хат кашида, аз паси он меистоданд ва ҳар кадом саққоҳои худро ба навбат пеш мепартофтанд. Бозигари якум озодона сангро ба пеш ҳаво медод ва бозигари дувум кӯшиш мекард, ки санги бозигари якумро ба нишон гирифта, сангашро ба он расонад. Агар ба нишон расонида тавонад, он гоҳ бозигари якум шахси нишонзанро ба пушташ бардошта, то ба пеши сангҳо мебурд.

Агар санги ҳарифро ба нишон расонида натавонад, навбат ба бозигари севум мерасид ва ӯ сангҳои ду нафари аввалро ба нишон мегирифт.

Ғолиб он касе мешуд, ки сангҳои дигаронро дуруст ба нишон гирифта, занад. Бозигарони мағлуб ғолибро ба пушташон савор карда, то ба ҷойи қарор гирифтани сангаш мебурданд. Сипас бозӣ аз нав шурӯъ мегардид ва бозигари ғолиб бозиро бо партофтани сақояш оғоз мекард.

Саққобозӣ Саққобозӣ бо донаки шафтолу бозида мешавад.

Бозигарон дар майдончаи ҳамворе, хат кашида ҳар кас яктогӣ ё дутогӣ донак мегузорад. Ҳар кадом иштироккунанда ба худ сангеро интихоб мекунад.

Сипас бозигарон навбат гирифта, бо даст сангро аз масофаи 1,5-2 метр ба сӯйи донакҳо партоб мекунанд.

Санги касе, ки чанд донакро берун кунад, он донакҳо моли ӯ мешаванд. Ӯ боз санг мепартояд. Агар санг ба нишон нарасид, навбат ба бозигари дигар мегузарад.

Ҳамин тавр то тамом шудани донаҳо бозӣ мекунанд.

Сангзанак Чун дар сарзамини Тоҷикистон кӯҳу сангҳо зиёданд, табиист, ки муҳити атроф боиси ба вуҷуд омадани якчанд бозиҳои марбут ба санг шудааст.

Чунончи, бачагони ноҳияи Муъминобод бо номи сангзанак бозии муқаррарие доштанд. Бачаҳо дунафарӣ дар майдон ё дашти кушод, ба дасташон санг гирифта, аз як хати муайян ба дур мепартофтанд.

Санги касе, ки дуртар равад ғолиб ҳисоб шуда, соҳиби санги наздиктар афтода мағлуб ба шумор мерафт.

Мағлуб бозигари ғолибро ба пушташ бардошта, то ба ҷойи афтидани санги ғолиб мебурд.

Дар ноҳияи Ҳисор бачаҳо дар ягон майдон ё доманаи кӯҳу адир аз чӯб ё санги калон нишонае мегузоштанд ва аз масофаи муайян онро бо навбат бо сангҳо мезаданд. Ғолиб касе мешуд, сангро ба нишон расонида тавонад. Ин бозиро онҳо чӯтгирак меномиданд.

Бачагони кӯҳистони ноҳияи Айнӣ дар ҷойи муайяни серсанг ҷамъ шуда, нишонеро барои партоби санг интихоб қарор дода, ба сӯи он нишон санг ҳаво медоданд. Баъзан бачаҳо байни ду деҳа, ё гузари болою поён, ба ду даста ҷудо шуда, сангшапак ташкил мекарданд, ки он бозии хатарнок буда, боиси саркафонию осебгирӣ мегардид. Агар бачагони яке аз ин бозӣ тоб наоварда гурезанд, онҳо таънаю маломат мекарданд.

Сангчиликбозӣ Ин бозии анъанавӣ бо номҳои сангчил, сангсил, сангчабозӣ, ҳаппакбозӣ ва панҷабозӣ низ маъмулу машҳур мебошад. Сангчиликбозӣ бештар дар фаслҳои гарми сол сурат гирифта, онро якчанд нафар духтарони аз 6 то 15-сола ташкил мекунанд. Барои бозӣ 5 адад сангчаҳои беқираву гирди андозаашон баробари донаҳои ангур лозим аст.

Бозигарон дар замин, ё дар рӯйи гилем ё фарши хона нишаста, бо дастонашон сангчаҳоро болову поён партофта, гоҳе аз замин мечинанд ва гоҳе ангуштонашонро дарвоза карда, сангчаҳоро аз он дарун меандозанд. Сангчиликбозӣ аз 6 давр иборат аст: якак, дуяк, сеяк, чорак, титак ва даври шашум, ки онро харак мегӯянд.

Тибқи варианти дигари бозӣ номи давраҳо чунинанд: каппа, қулфак, арӯс, қайчӣ, борон, барф ва жола. Бозигар чор сангро дар замин дар масофаҳои 4-5 см аз ҳам гузошта, як сангро ба ҳаво мепартояд ва то афтидани санг, бо ҳамон дасти сангпартофта, чолокона чор сангро аз замин ҷамъ карда мегирад ва боз санги ба боло партофтаро низ дошта мегирад. Вақте ки як сангро ба боло партофта, як сангро аз замин чанг зада мегирад, онро “якак” мегӯяд, дафъаи дувум санги дигареро мебардорад ва мегӯяд “дуяк” ва сипас, “сеяк”у “чорак” мешавад. Дар даври панҷум сангҳоро пушти панҷа мегиранд, ки онро “пушти ало” мегӯянд. Дар даври шашум сангчаро боло партофта, ду ангушти дасти чапро дар замин ба шакли дарвоза мекунад ва то омада афтидани он санги ҳавододашуда, сангҳои дигари рӯйи заминро як-як ба аз он дарвоза дарун мекунад.

Бозигарон бо навбат ин марҳилаҳоро иҷро мекунанд, агар рафту дар вақти бозӣ санге аз дасташон афтад, ё ба нишон нарасад, он давр “месӯзад” ва навбат ба бозигари дигар дода мешавад. Ҳар бозигаре, ки нахуст шуда, ин марҳилаҳоро бехато гузарад, ғолиб шуморида мешавад.

Сафедор-сиёҳхор Ин бозиро инчунин сафеддорбозӣ ва ахтаракон, низ меноманд, ки дар аксари минтақаҳо паҳн шудааст.

пешина
аз 12
навбатӣ