Бозиҳои анъанавии бачагонаи тоҷикон

Дилшод Раҳимӣ. Маҷмӯаи бозиҳои суннатии бачагонаи тоҷикон, таърихи онҳо ва тарзи бозӣ.
Барномасоз · 18 сентябри 2026 · 12 саҳифа
Бахши II — Бозиҳои анъанавии бачагона (5)
Агар яке аз пинҳоншудагонро дастгир кунанд, бозигари дастгиршуда иштирокчии дарёфткардаро то ба миёнаҷойи майдон, ки “чала“ ном дошт, ба пушташ савор карда меовард. Ҳамин тариқ, ҳар бозигари дастгиркарда иштирокчии дастгиршударо ”хар“ карда, савор шуда, то ба ”чала” меорад. Бачаҳо ҷустуҷӯи пинҳоншудагони дигарро идома дода, то он лаҳзае, ки ҳамаи онҳоро пайдо накунанд, бозӣ давом медоданд.
Мулло харгурез Номи дигари ин бозӣ «Мулло, харат мурд!» мебошад, ки дар байни бачаҳои водии Рашт ва Кӯлоб маъмул будааст. Бозиро баҳорон дар болои бомҳо ё дар майдончаҳо ташкил мекарданд. Яке аз бачаҳо нақши мулло ва дигарӣ нақши харро мебозиданд.
Иштироккунандагони дигар ба шакли давра гирди ҳам меистоданд. Мулло савори “хар” омада, давраро ду-се бор аз берунаш гирд мегашт. Сипас “мулло” аз хар фаромада, ба яке аз бозигарон муроҷиат карда мегуфт:
«харамро биқап». Яке аз бачаҳо харро аз нӯги ангушти дасташ дошта мегирифт. Иҷрокунандаи нақши “мулло” ба байни давра даромада мепурсид: «қибла кадом сӯй аст?». Бачаҳо ягон самтро шартан нишон медоданд.
“Мулло” ба он тараф рӯй оварда, акнун ба намозхонӣ сар мекард, ки бачаҳо якҷоя фарёд мезаданд: «Мулло, мулло, харат гурехт!». “Хар” дар ин вақт чорхез зада, мегурехт ва “мулло” аз пасаш таъқиб мекард. Вақте ки “мулло” ”хар”-ро дастгир мекард, иҷрокунандагони нақшҳо ба давра баргашта, бозӣ аз нав шурӯъ мешуд.
Мурғобишикорчӣ Ин бозӣ бо номҳои заличак, ҷонгирак, миёнравак, лаптабозӣ, свичабозӣ низ машҳур мебошад, ки дар фаслҳои гармо дар боғу майдончаҳо баргузор мешавад.
Ин бозӣ дар саросари кишвар маъмул аст. Онро писарону духтарони аз 6-7 сола то ба наврасони 15-16 сола бозӣ мекунанд. Барои бозии мурғобишикорчӣ тӯби ҳаҷмаш хурд ё миёна лозим аст. Шумораи бозигарони даста аз 2 то 8 нафар буда метавонад.
Бачаҳо ба ду даста ҷудо шуда, бо ягон роҳ интихоб мекунанд, ки аъзои кадом даста нахуст шуда, дар мобайн медароянд. Аз ҳар ду тарафи майдонча дар фосилаи 8-10 метр хатҳои марзӣ мекашанд ва бозинагарони дастаи аввал – “шикорчиҳо“ паси он хатҳо ҷой мегиранд. Ба мобайни майдон иштирокчиёни дастаи дуюм – “мурғобиҳо” медароянд.
Шарти бозӣ ин аст, ки “шикорчиён” аз хат нагузашта, бо тӯб, бояд “мурғобиҳо”-ро ба нишон гирифта, бизананд. Агар тӯб ба яке аз “мурғобиҳо“ расад, онгоҳ ӯ аз бозӣ берун мешавад. Агар яке аз бозингарони даруни майдон тӯбро аз ҳаво дошта гирад, пас он даста соҳиби як ҷони дигар мешавад. Онҳо метавонанд, бо ин ҷони иловагӣ ҳамгурӯҳи аз бозӣ беруншудаи худро дубора ба майдон дароранд. Баъзан дастаи “мурғобиён” тӯбҳоро зиёд аз ҳаво дошта мегиранд ва шумораи ҷонҳояшон бисёртар мешавад. Дар ин ҳолат агар тӯб ба тани яке аз онҳо расад, аз бозӣ хориҷ намешаванд, аммо як ҷон аз шумораи умумии ҷонҳояшон кам мегардад.
Ҳамин тавр шикорчиён кӯшиш мекунанд, зудтар мурғобиҳоро шикор намоянд. Пас аз пурра бо тӯб шикор кардани мурғобиён дастаи якум ё худ шикорчиён ғолиб омада, дар навбати дигари бозӣ нақши мурғобиҳоро мебозанд ва ба мобайни майдон медароянд.
Мӯрӣ, мӯрии кӣ?
Ин бозӣ аз бачагони шаҳри Истаравшан ба қайд гирифта шудааст. Бачаҳо дунафарӣ рӯ ба рӯйи ҳам менишинанд. Қоидаи бозии «Мӯрӣ, мӯрии кӣ?» чунин аст: як бозигар ангуштони дасташро ба қабзаи дасти дигараш мегирад. Ҳарифи ӯ аз байни панҷ ангушт бояд ангушти миёна ё дарозро пайдо кунад. Агар пайдо карда тавонад, ғолиб ҳисоб мешавад, аммо агар наёбад, пас мағлуб аст. Шахси ғолиб ба мағлуб савол медиҳад:
– Мӯрӣ, мӯрии кӣ?
Шахси мағлуб яке аз оилаҳои кӯча ё гузари худро номбар мекунад. Дар он оила чанд нафаре, ки бошад, ғолиб ба пушти дасти мағлуб ё ба пешонии вай ҳамон қадар ҳуппоқ (шапотӣ) мезанад. Пас аз ин навбати пинҳон кардани ангуштон ба бозигари ҳариф мегузарад.
Мусичабозӣ Мусичабозӣ бо иштироки писарону духтарони 610 сола сурат мегирад. Бозӣ дар фаслҳои гарм дар боғу майдончаҳо баргузор мегардад. Дар ду тарафи майдон ду хат кашида мешавад, ки масофаи байни онҳо 20-2025 қадам мебошад. Бозигарон ба ду даста тақсим мешаванд ва дар ду тарафи майдон ҷой мегиранд. Ба ҳар як даста як нафарро сардор интихоб менамоянд. Бо фармони довар яке аз дастаҳо ба сӯйи дастаи дигар сайркунон ҳаракат мекунад. Дастаи дуюм бо сардори худ дар ҷояшон истода ин шеърро мехонанд:
Яку дую сею чор, Ман духтари Муллоёр, Муллоёри чокандоз, Мусича-ба дон андоз.
Мусичаи бегуноҳ, Тори сандалӣ баро.
Аз нӯлакат мучӣ кунам, Аз думакат қайчӣ кунам.
Бозигарони гурӯҳи якум ба пеш ҳаракат карда, шеърро бодиққат гӯш мекунанд. Онҳо мисраи «Тори сандалӣ баро»-ро шунида, ҳама якбора дар ҷойи худ меҷаҳанд ва ҳангоме ки охири мисраи «Аз думакат қайчӣ кунам»-ро шуниданд, мегурезанд. Бозигарони дастаи дуюм кӯшиш мекунанд, ки «мусичаҳо»-ро дастгир намоянд.
Ҳар бозигари ба даст афтодаро онҳо ба гурӯҳи худ мебаранд. То он лаҳзае, ки нисфи зиёди бозигарони дастаи якум дошта нашаванд, бозӣ давом мекунад.
Вақте ки аз нисф зиёди бозигарони гурӯҳи якум ё худ «мусичаҳо» ба даст афтоданд, бозигарон ҷой ва нақшҳои худро иваз мекунанд.
Мушупишакбозӣ Дар ин бозӣ писарону духтарони аз 9 то 15-сола иштирок мекунанд. 10-15 нафар бозигарон дар майдон ба тарзи даврашакл саф мекашанд. Як нафар духтар нақши мушро бозӣ карда, дар даруни давра меистад.
Нақши гурбаро як нафар писар иҷро мекунад ва аз беруни давра ҷой мегирад. Бачаҳо то шумораи 3 бо овози баланд ҳисоб мекунанд ва бозӣ оғоз мешавад.
Гурба аз беруни давра истода кӯшиш мекунад, ки ба дарун ояд ва мушро дастгир намояд. Аммо бозингарони гирдистода намегузоранд, ки гурба вориди давра гардад ва мушро дастгир кунад. Агар гурба ба даруни давра даромада, мушро дорад. Он гоҳ духтараки дар нақши муш буда, вазифадор мешавад, ки “гурба”-ро пайгирӣ ва таъқиб кунад. Баробари ин тамоми писарҳо ба ҳар тараф мегурезанд ва духтарон онҳоро таъқиб мекунанд. Агар “гурба” то муддати дарозе “муш”-ро дошта натавонад, он гоҳ ӯ мағлуб ҳисоб мешавад ва ду нафари дигар ба майдон омада, аз нав нақшҳои мушу гурбаро мебозанд.
Нардбозӣ Нардбозӣ яке аз навъҳои бозии фикрии миллӣ мебошад, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Мувофиқи маълумоти Фирдавсӣ, дар «Шоҳнома», дар замони подшоҳии Рой дар Ҳиндустон олимони Ҳинд шатранҷро ихтироъ карда, ба назди шоҳ Нӯширвон фиристода буданд, то ки асрори ин бозиро дарёбад.
Вазири ӯ – Бузургмеҳр равиш ва мақсади бозии шатранҷро ошкор намуда, дар ҷавоб бозии нардро ихтироъ карда, ба ҳиндуҳо фиристодааст.
Нардбозӣ яке аз бозиҳои маъмули суғдиён низ будааст, ки инро бозёфтҳои бостоншиносӣ собит мекунанд. Мувофиқи ривоятҳо, номи бозии «нард» аз ихтисораи номи Нев Ардашери Сосонӣ гирифта шудааст (аз «Нев» ҳарфи Н ва аз «Ардашер» қисмати «Ард»).
Нардбозӣ дар болои тахтаи махсуси дутабақа бо муҳраҳо бозида мешавад. Дар канори ҳар як табақи тахта 6-тогӣ хоначаҳо барои гардиши муҳраҳо сохта шудааст. Дар нардбозӣ ду бозингар аз ду тараф бозӣ мекунад, ки ҳар кадом 15-тогӣ муҳра доранд.
Барои хол гирифтан ва ё миқдори қадами муҳраҳо ду муҳраи мукааб лозим аст. Дар ҳар рӯи ин муҳраҳои мукааб аз як то шаш нуқтаҳо нақш шудаанд. Бозиро мувофиқи қуръа сар мекунанд. Бозигари аввал муҳрачаҳои мукаабро рӯйи тахта мепартояд ва мувофиқи холи гирифтааш як муҳраро аз хонаи якум гирифта ба хоначаҳои баъдӣ ҳисоб карда мегузорад.
Яъне миқдори холҳо шумораи хоначаҳоро ифода мекунад. Ҳар як бозингар кӯшиш менамояд, ки шумораи бештари хонаҳоро банд кунад ва муҳраҳои худро ҳар чи зудтар чор қатори тахтаро давр зада ба ҷои худ орад. Дар ҳоли якранг омадани холҳои муҳрачаҳои мукааб, масалан 2-2, ё 6-6 бозингар ҳуқуқ дорад, ки чор маротиба мувофиқи ин рақам муҳраҳояшро пеш барад.
Бозингаре, ки нахуст шуда муҳраҳояшро ба нуқтаи аввалааш меорад, ғолиб шуморида мешавад.
Агар ҳариф ягон муҳраашро ба ҷои аввалаашон оварда натавонад, онро мағлубияти калон («марс») меноманд.
Дар ин ҳол ғолиб се хол ба даст меорад. Агар ҳариф тавонад, ки якчанд муҳраашро ба ҷойи ибтидоияш гузаронад, он гоҳ соҳиби як хол мегардад.
Нахчирбозӣ Нахчирбозӣ навъе аз бозии анъанавии бачагони Рашту Дарвоз буда, ба гургбозӣ монанд мебошад. Яке аз бозингарон нақши шикорчӣ, дуюмӣ нақши саг ва бачаҳои дигар нақши нахчирҳоро бозӣ мекунанд.
Шикорчӣ нахчирҳоро таъқиб карда, ба онҳо тир меандозад. Ба ҷойи тирандозӣ ӯ тоқияшро ба сӯйи нахчирҳо ҳаво медиҳад. Дар бозӣ ҳар як нахчир синни муайян дорад. Агар нахчир сесола бошад, шикорчӣ ӯро бояд се бор бо тоқӣ нишон гирифта занад, агар чорсола бошад, чор маротиба бо тоқӣ бизанад. Нахчири шикоршуда дар замин менишинад. Шикорчӣ бо сагаш ба назди ӯ меояд ва шикорчӣ дасти росташро ба гардани ӯ мегузорад, ки ин амал «ҳалол» кардани сайдро ифода мекунад.
Дар гузашта навъи дигари нахчирбозӣ низ мавҷуд буд, ки дар болои бомҳо гузаронида мешуд.
Сардор даврае дар фарши бом мекашид ва бозигарон гирди он менишастанд. Сипас сардор дар муқобили ҳар як иштироккунанда боз ду-се даврачаи хурд-хурд мекашид ва аз бозигар мепурсид: «ҳаминро мегирӣ?».
Бозигар «не» гуфта, ҷавоб медод. Сардор даврачаи сеюм, баъдан чорумро калонтар мекашид ва боз мепурсид: «Ба дашти бозор ва гулу гулзор мегирӣ?».
Бозигар ниҳоят розӣ шуда «ҳа» меуфт. Ҳамин тавр, сардор аз назди ҳамаи бозигарон мегузашт ва суолу ҷавоб менамуд. Баъд аз ин бо фармони сардор бо навбат бачаҳо дастонашонро ба зону гузошта, аз ҷой мехестанд. Агар дар вақти бархостан зонуи касе «шараққос» карда, садо барорад, ӯро «нахчир» интихоб мекарданд. Зонуи он бозигаре, ки садо набарорад, ӯро «саги пир» меномиданд ва ӯ нақши сагро иҷро мекард.
Нахчирҳо сипас ба чор гӯшаи бом рафта меистоданд ва сагҳо дар мобайни фарши бом ҷой мегирифтанд. Нахчир бо фармони сардор аз гӯшаи бом ба гӯшаи дигар медавиданд ва сагҳо ба онҳо ҳамла мекарданд. Агар саге ба ягон нахчир даст расонида метавонист, он гоҳ ҳар ду бозигарон нақшҳо худро иваз менамуданд.
Номгӯякон Ин бозиро номёбак низ мегӯянд, ки тавассути саволу ҷавоб ҷараён мегирад. Дар бозӣ бачаҳо ба ду даста ҷудо шуда, саволу ҷавоб мекунанд ва гоҳе бозӣ бо иштироки ду нафар сурат мегирад. Аъзои дастаи якум машаварат карда, номи ягон шахсро интихоб карда, танҳо сарҳарфи он номро ба дастаи ҳариф мегӯянд.
Бозигарони дастаи дувум бояд он номро ёбанд. Агар он номро наёфтанд, мағлуб ҳисоб шуда, навбати номпурсӣ ба гурӯҳи дигар мегузарад. Баъзан барои осонии кор ҳарфи охири номи матлубро мегӯянд.
Тарзи дигари номгӯяк ба мисли байтбарак сурат мегирад. Яъне як нафар ё як даста номеро мегӯяд ва бо ҳарфи охири он бозигар ё дастаи ҳариф бояд номи дигар гӯянд. Дар ҷавоб дастаи аввалӣ ҳарфи охири номи гуфтаи ҳариф номи дигаре мегӯянд. Ҳамин тавр, то дармондани яке аз тарафҳо бозӣ давом меёбад. Шарти бозӣ чунин аст, ки номҳо такрор нашаванд ва вақти зиёд фикр накунанд.
Обаш Обаш як навъ бозие мебошад, ки ба чавгони пиёда монанд аст. Барои бозӣ тӯбчаи баробар ба себ лозим мешуд, ки онро аз пашми ҳайвоноти хонагӣ месохтанд.
Бачаҳо дар замин охурчае меканданд, ки диаметраш баробар ба даҳони сатил ва умқаш ба як ваҷаб баробар буд. Як нафарро ба мисли дарвозабон интихоб мекарданд, ки ӯро “чуқурибон” мегуфтанд. Ҳамаи 10-15 нафар бозигарон дар даст чӯб мегирифтанд, ки нӯгаш андаке хам буд. Бачаҳо кӯшиш мекарданд, ки бо чӯбдасташон тӯбчаро зада, оварда ба чуқурӣ ворид кунанд.
Аммо чуқурибон ҳамлаи онҳоро зада пас мегардонд.
Бозигари пирӯз ҳамоне мешуд, ки тӯбро зада ба чуқурӣ дохил кунад. Ин бозӣ айни ҳол дар байни бачагони дар ноҳияи Ашт боқӣ мондааст.
Оббозӣ Оббозӣ аз шуғлҳои тобистонаи бачагони ҳамаи гӯшаю канори кишвар ва берун аз он мебошад. Дар фасли тобистон бачаҳо дар ҳавзҳо, ҷӯйборҳо ва кӯлу дарёҳо обозӣ карда, чандин намуди бозиҳоро ташкил менамоянд. Баъзан 3 ё 4 нафар қатор шуда, аз ин тарафи кӯл то он тараф мусобиқаи шиноварӣ мекарданд, ки кӣ пештар ба марра мерасад. Шахси ғолибро «оббози зӯр» мегуфтанд. Инчунин якчанд нафари бачаҳо дар даруни об ва соҳили атрофи кӯл ё дарёча бозии сурсуракон ташкил мекарданд. Яке дигаронро пайгирӣ мекард. Ҳамин ки ба тани яке аз бачаҳо даст мерасонид, ғолиб ҳисоб мешуд ва навбати таъқибкунӣ ба шахси дастгиршуда мегузашт. Дар даҳсолаҳои охир дар об тӯббозӣ низ мекунанд.
Бачаҳои Ҳисор дар вақти оббозӣ аз хоку лой ҳар гуна бозичаҳо месозанд. Дар лаби ҷӯю дарёчаҳо обҷувози лойӣ ва аз хок теппача сохта, болояш об рехта, бо даст мемолиданд ва мегуфтанд:
Қамбар, қамбар ов те, Шир, рӯғани гов те!
Баъди анҷоми оббозӣ бачаҳо либосҳои тари худро ҷафида, дар ҷойи офтобрас мегузоштанд ва ба офтоб муроҷиат карда мегуфтанд: «Офтоб, офтоб, тарашро гир, қоқашро те! Тарашро гир, қоқашро те!».
Бачаҳои Самарқанд бо номи кулутак бозие доштанд, ки онро дар фасли тобистон дар соҳили ҳавзу ҷӯйҳо ташкил мекарданд. Онҳо ҳангоми оббозӣ кардан лойи бо қум омехтаро гирд карда, тӯбчаҳо, “кулутак” яъне тӯбча сохта, дар ҷойи офтобрас хушк менамуданд.
Тӯбчаҳо, ки хушк шуданд, бачаҳо онҳоро бо навбат аз баландие ба поён меғелонданд. Дар ин вақт тӯбчаҳои лойӣ бо ҳам бармехӯрда, баъзеяшон мешикастанд.
Тӯбчаҳои касе, ки шикананд, мағлуб ҳисоб мешуд.
Бачаҳои Бухоро дар фасли тобистон дар лаби ҳавз ё наҳре гирд омада, сангчаҳои гирду ҳамвори тангашаклро ҷамъ мекарданд ва бозии «чанд пиёла?»ро ташкил менамуданд. Яке аз дигаре мепурсид: «чанд пиёла об мехӯрӣ?». Ҳарифаш дар ҷавоб: «ду, се, ё чор пиёла» мегуфт. Сипас бачаи якум сангчаеро ба рӯйи оби ҳавз ё наҳр чунон мепартофт, ки он чанд маротиба дар сатҳи об расида, баланд мешуд. Агар санг аз гуфтаи шарикаш бештар ба об расад, яъне як ё ду “пиёла” зиёд шавад, ҳариф ҳамон қадар ҷуръа об менӯшид. Ин бозиро дар Бухоро «Чанд пиёла?» ва дар Самарқанд «Чанд қулт?» меномиданд.
«Озир каро?» Маънои ин бозӣ «ҳозир ҳастӣ?» буда, дар байни бачагони Шуғнон, Рӯшон ва Хоруғ маъмул аст. Бозии мазкур дар майдонча ё сабзазор иҷро шуда, дар он 8 нафар иштирок мекунанд. Шарти бозӣ ин аст, ки ҳамаи бозигарон бояд дар сар тоқӣ дошта бошанд. Онҳо ба ду дастаи чорнафара тақсим шуда, бозигарони дастаи якум дар замин мешинанд. Чор нафари дастаи дигар гирдогирди онҳо чарх мезананд. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки тоқии яке аз нишастагонро аз сараш гирифта, ба сӯйи марра гурезанд. Ба сифати марра қаблан харсангеро интихоб мекунанд, ки онро ба забони худ «пукжир» меноманд. Дар он наздикӣ агар харсанг набошад, ягон дарахт ё ҷисми дигареро марра қарор медиҳанд. Агар аз бозигарони даврзананда касе тоқии яке аз нишастагонро гирифта, ба санги марра бурда расонад, «пук» мегӯяд. Дар ин ҳолат дастаи онҳо соҳиби як хол гашта, бозӣ аз нав шурӯъ мешавад. Аммо бозингарони нишаста намегузоранд, ки аз сарашон тоқиро гиранд, онҳо бо пой зада, ҳарифонро дур мекунанд.
Вақте ки аз сари яке аз нишастагон тоқияшро рабуданд, онҳо аз ҷой хеста шахси тоқигирро таъқиб мекунанд ва намегузоранд, ки ба марра расад. Ҳангоми таъқиб ӯро бо тоқӣ мезананд ва агар тоқӣ ба ӯ расад, дастаи ҳариф шикаст хӯрда, ин даври бозӣ тамом мешавад. Дастаҳо нақшҳоро иваз карда, бозиро аз нав оғоз мекунанд.
«Омад-рафт» Дар бозии «Омад-рафт» 15-20 нафар писарон ва духтарони 7-12-сола ба ду гурӯҳ тақсим шуда, машғул мешаванд. Бозӣ дар фаслҳои гармо дар майдончаҳо гузаронида мешавад. Дастаҳо дар майдон дар масофаи 10-12 м, дар муқобили ҳам менишинанд. Ба ҳар як даста як нафар сардор интихоб мекунанд. Сардорҳо ба бозигарони худ номҳои шартӣ мегузоранд, масалан, саг, гург, асп, себ, ангур ва ғайра. Яке аз сардорҳо ба назди бозигарони дастаи ҳариф рафта, бо дастонаш чашми яке аз онҳоро мепӯшонад ва номи шартии ягон бозигарони гурӯҳи худашро гирифта, даъват мекунад.
Чунончи, “асп, биё” мегӯяд. Бозигари номаш ”асп” омада, ба сар ё китфи бачаи чашмаш пӯшонидашуда оҳиста мезанад ва рафта ба ҷойи худ мешинад. Сипас сардор чашми ӯро мекушояд ва он бачаи чашмонаш пӯшонидашуда рафта, бозигари ”асп”-ро меҷӯяд. Агар ӯро ёфт, ҳамроҳаш гирифта ба дастаи худ меорад ва ба ӯ номи нав мегузоранд. Агар пайдо карда натавонад, дар қатори бозигарони дастаи ҳариф менишинад ва ба ӯ аз нав ном медиҳанд. Ҳангоми чашми бозигарро кушодани сардор бачаҳои дигар баробар «Тапуртапур, омад, рафт» гуфтан мегиранд. Як навбат аз дастаи якум ва як навбат аз дастаи дуюм чашмони бачаҳоро мепӯшонанд. Кадом дастае, ки бештар бозигарони ҳарифро ба дастаи худ меорад, ғолиб шуморида мешавад. Дар охир дастаи мағлуб дастаи ғолибро бо мева ё шириние зиёфат мекунад.
Офтоб-маҳтоб Ин бозӣ бо номҳои гир-моку ва сандуқча-қуттича низ маъруф мебошад. Шарҳи бозӣ чунин аст: ду нафар пушт ба пушт истода, дасташонро аз байни дастони ҳамдигар мегузарониданд. Сипас бонавбат яке хам шуда, дувумиро ба пушташ мебардошт, боз қоматро рост карда, дувумӣ якумиро ба пушташ мебардошт.
Ҳамин тарз, ҳар бори ба пушт бардоштани рафиқ яке “офтоб” ва дигарӣ “маҳтоб” мегуфтанд. Дар варианти дигар бозигарон бонавбат “гир моку-моку-моку” гуфтан мегиранд.
Мардумшинос Пешерева Е.М. ҳамин гуна бозиро дар байни бачагони хурдсоли кӯҳистони Зарафшон бо номи сандуқча-қуттича, мушоҳида кардааст, ки ба он ҳам писарон ва ҳам духтарони 6-8 сола машғул мешуданд. Ҳамаи бачаҳо ҷуфт-ҷуфт тақсим шуда, ҳар кадом ҷуфт пушт ба пушт истода, дастҳои ҳамдигарро ба даст мегиранд. Сипас бо навбат якдигарро ба пушт бардошта, мефуроварданд ва мисли тарозу пасту баланд мешуданд. Ин амалро ба такрор иҷро мекарданд ва дар вақти бозӣ «сандуқча-қуттича», «сандуқча-қуттича» мегуфтанд.
Ин бозӣ барои ба кор даровардани мушакҳо ва умуман, тандурустии бачагон манфиати калон дорад.
Ин бозиро баъзан калонсолон ҳам барои кушодани буғум ва шонаҳо низ истифода мекарданд.
Палабарак Номҳои дигари палабарак талгираку чалгирак ва ничалобозӣ мебошад. Бачагони водии Рашту Дарвоз дар майдончае ҷамъ омада, ба ду гурӯҳ тақсим мешуданд. Дар гузашта ин бозӣ, асосан, дар болои бомҳо ташкил мешуд. Аз мобайни майдонча ё бом хатте мекашиданд ва ду канори бомро марра қарор медоданд.
Як гӯшаи бом ё майдон “пал” номида мешуд ва гӯшаи дигараш “чал”. Шарти бозӣ чунин буд, ки бозинагарони дастаи “чал” бояд аз чанги ҳариф халос хӯрда, ба гӯшаи “пал” раванд. Дар ҷавоб бозигарони гурӯҳи “пал” кӯшиш мекарданд, ки онҳоро бо пойҳояшон зада, нагузоранд, ки марраашон расанд. Дар айни замон онҳо низ ҳарифонро чап андохта, худро бояд ба гӯшаи “чал” мерасониданд. Ҳар як даста бо сардори худ дар назди хатти мобайн меистоданд. Баробари оғози бозӣ талошу ҳимоят сар мешуд. Тибқи қоидаи бозӣ бо даст зада, гардонидани ҳариф манъ буд, танҳо бо лагад иҷозат дода мешуд. Агар яке аз бозигарон зарба нахӯрда, ба марра расад, дастаи ӯ ғолиб ҳисоб мешуд. Баъд аз ин дастаҳо ҷойҳои худро иваз карда, бозиро аз нав оғоз мекарданд.
Ин бозӣ бо номи ничалобозӣ имрӯзҳо низ дар деҳоти ноҳияи Ашт маъмул аст.
Панҷатобӣ Панҷатобӣ аз бозиҳои қадимаи тоҷикон мебошад, ки дар сарчашмаҳо ишора шудааст. Як намуди онро имрӯзҳо дастхобонак (армрестлинг) меноманд.
Наврасону ҷавонон аз ду тарафи мизи махсус нишаста, ё рост истода, бо дасти чап дастаки мизро медоранд ва дастони рости ҳамдигарро пеши рӯ дошта, кӯшиш менамоянд, ки дасти рақибро ба болои миз бихобонанд.
Навъи дигари панҷатобӣ ба дастфишорӣ монанд буд. Паҳлавонон ба мисли ин ки бо ҳам салом мекунанд, панҷаи рости ҳамдигарро гирифта, ҳар кадом саъй мекард, ки дасти ҳарифашро ба як тараф тоб диҳад. Агар ба яке аз онҳо муяссар мешуд, дасти рақибро то ба пушташ тоб медод ва ӯ таслим ва мағлуб ҳисоб мешуд.
Панҷсанг Дар майдонча 10-12 нафар духтарон ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Онҳо дар замин як росткунҷа мекашанд ва аз чор кунҷи дарунии он боз яктогӣ хоначаҳо мекашанд. Панҷ адад сангҳои андозаашон баробар бо себро дар мобайни росткунҷа болои ҳам мегузоранд. Дастае, ки навбати бозиро гирифтааст, намояндаи он аз масофаи муайян сангҳоро ба нишон гирифта бо тӯп мезанад. Бозигарони дастаи якум баъд аз ин ки бо тӯб сангҳоро афтоднданд, кӯшиш мекунанд, ки омада сангҳоро дар росткунҷа аз нав болои ҳам чинанд. Дар ин вақт бозигарони дастаи дуюм тӯбро дошта, бозигарони дастаи аввалро таъқиб карда, намегузоранд, ки ба росткунҷа наздик шаванд. Онҳо бо тӯб духтарони дастаи якумро бояд як-як ба нишон гирифта зананд. Ба касе, ки тӯб расид, аз бозӣ хориҷ мешавад. Дастаи ғолиб ҳамоне аст, ки бо тӯб ҳамаи бозигарони ҳарифро зада тавонад. Агар дастаи якум сангҳоро афтонидаву дубора болои ҳам чида тавонад, пас ғолибият насиби онҳо мегардад.
Парчамбарон Номи машҳури ин бозӣ байрақбарон мебошад, дар ноҳияи Муъминобод маъмул аст. Дар майдонча аз ду кунҷ дуто парчамро дар замин халонида мемонданд ва аз мобайни майдон як хат мекашиданд. Парчамҳоро аз чӯби одӣ ва рӯймол ё пораи матоъе месохтанд. Бачаҳо ба ду даста тақсим шуда, дар нимаи майдони худ меистоданд ва фармони довар кӯшиш мекарданд, ки рафта, парчами дастаи ҳарифро гиранд (дузданд, ё афтонанд). Аммо соҳибони парчам намегузоштанд, ки ҳарифон ба парчами онҳо наздик шаванд. Агар парчамдузд ба даст афтад, асир шуда, дар байни ҳарифон менишаст. Боз як нафар ҳамдастаи ӯ омада, кӯшиш мекард, ки ба даст наафтода, рафиқашро наҷот диҳад. Ҳамин ки ӯ омада, дасташро ба дасти рафиқи асиршудааш расонид, ӯ низ озод шуда, ба дастааш бармегардад, ё талоши парчамдуздиро давом медиҳад.
Пешпаракон Пешпаракон навъе аз бозиҳои халқии бачагона буда, ҳам дар байни писарон ва ҳам духтарон маъмул буд. Дар майдонча 10-12 нафар духтарон ё писарбачагон ба ду гурӯҳ тақсим мешуданд. Барои давргирӣ сангчаи ҳамвореро гирифта, як рӯяшро тар мекарданд, сипас сардорҳо тарафҳои тару хушки сангчаро интихоб карда, онро ба ҳаво мепартофтанд.
Агар тарафи тари он боло ояд, дастаи онро интихоб карда, бозиро оғоз менамуд, дар акси ҳол дастаи дигар шурӯъ мекард.
Дар майдонча хатти марра мекашиданд ва бозигарон 5 нафарӣ аз ҳар даста паси ҳам сари дупо менишастанд. Сардори дастаи навбатро гирифта ба назди ҳар як бозигари гурӯҳи худ хам мешуд ва сангчаеро номаълум ба домани яке аз онҳо пинҳон мекард. Сипас ба дастаи ҳариф муроҷиат карда, мепурсид, ки сангча дар дасти кист? Агар сангчаро меёфтанд, навбати пинҳон кардани сангча ба дастаи онҳо мегузашт. Аммо агар намеёфтанд, бозигарони дастаи якум аз ҷой хеста, як қадам ба пеш меҷаҳиданд ва боз дар ҷояшон ба мисли аввала менишастанд.
Ҳамин тавр бозӣ давом меёфт, кадом дастае, ки пештар ба хатти марра мерасид, ғолиб ҳисоб мешуд. Дастаи мағлуб ба ғолибон қанд, хушкмева ё ягон ширинӣ туҳфа медод. Ин бозӣ дар байни бачагони Ванҷу Дарвоз маъмул буд.
Пеш-пеши по Ин бозиро дар Варзоб ва Ҳисор «тоқишапак», дар Самарқанд «майдони тор» ва «пеш-пеши по» меномиданд. Бозигарон ба ду гурӯҳ тақсим мешуданд. Ҳар кадом гурӯҳ дар майдонча хатти кашидашудаи муайян дошт. Бачаҳо тоқии яке аз бозигаронро гирифта, ба мобайн мегузоштанд, сипас ҳамаи бачаҳо ба он дармеафтоданд ва бо пояшон ҳамчун тӯб онро зада, то ҷойи муайян мебурданд. Ҳамон гурӯҳе ғолиб меомад, ки тоқиро бо пой зада, аз хатти ҳариф гузаронад. Гурӯҳи мағлуб боз як тоқиро барои бозии навбатӣ ба майдон мепартояд.
Дар варианти самарқандии «майдони тор» 6-10 нафар иштирок мекарданд. Яке аз бачаҳо тоқиашро дар замин гузошта, худаш дар сари он рост меистод.
Бояд бачаҳои дигар кӯишиш мекарданд, ки он тоқиро ба як тараф бо пояшон зада бароранд. Лекин соҳиби тоқӣ онҳоро наздикшавӣ намегузошт ва бо дасташ зада аз худ дур мекард. Агар дасташ ба кадом бозигаре нахуст шуда расад, ҳамон бозигар тоқиашро ба замин гузошта, назди тоқияш меистод. Агар ягон бача тоқиро зада, ба ягон тараф дур кунад, дигар бачагон ҳама аз пайи он тоқӣ шуда, бо пояшон, зада ҳар тараф мебурданд. Соҳиби тоқӣ аз паси онҳо медавид ва кӯшиш менамуд, ки тоқиашро гирад. Вақте ки тоқиашро гирифт, аз паси бачаҳо медавид ва яке аз онҳоро бо тоқиаш мезад. Кадомеро, ки бо тоқӣ занад, ҳамон кас омада дар сари пилла тоқиашро ба замин мегузошт ва бозӣ аз нав сар мешуд. Ин бозӣ, бинобар рушд ёфтани футбол ва кам пӯшидани тоқӣ, ҳоло аз байн рафтааст.
Пиёдакашак Пиёдакашак як навъ мусобиқаи ҷавонони минтақаи ҷануби Тоҷикистон, ки дар ҷашнҳои Наврӯз, арӯсӣ, хатнасур ё ба муносибати таваллуди писар созмон дода мешуд. Онро бузи пиёда ҳам меномиданд.
Дар шаҳри Кӯлоб он дар сайргоҳи Тамошотеппа барпо мегашт.
Иштирокчиёни пиёдакашак дар майдончаи наздик ба ҳавлие, ки он ҷо маъракаи хурсандӣ барпо шудааст, ҷамъ меомаданд. Дар ин бозӣ 40-50 нафар иштирок мекарданд, дар гузашта баъзан то 100-150 нафар ҷавонмардон вориди бозӣ мешудаанд.
Соҳиби маърака 3-4 метр матоъи сахтро ба мобайни иштирокчиён ҳаво медод. Ҷавонон ба дастаҳо тақсим шуда, кӯшиш мекарданд, матоъро ба пуррагӣ ба даст оранд ва туҳфаи асосӣ – бузро соҳиб шаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё