Бозиҳои анъанавии бачагонаи тоҷикон

Дилшод Раҳимӣ. Маҷмӯаи бозиҳои суннатии бачагонаи тоҷикон, таърихи онҳо ва тарзи бозӣ.
Барномасоз · 18 сентябри 2026 · 12 саҳифа
Бахши II — Бозиҳои анъанавии бачагона (10)
Агар бозигар ба ҳамаи ин саволҳо ҷавоби дуруст диҳад, ӯро беҷазо озод мекарданд. Агар як қисми саволҳоро посух диҳад, бо дурра ба миқдори саволҳои наёфтааш ӯро мезаданд. Пас аз ин бозӣ аз нав шурӯъ мешуд.
Дар байни бачагони деҳоти Рашт бо номи «Гул чӣ ранг?» бозие роиҷ буд, аммо он бо баъзе унсурҳо аз бозии ҷавлон-ҷавлон. тафовут дорад.
Ҷамбул Ин бозиро ҷамбул-ҷамбул, ҷанбулакбозӣ ва ҷамбет низ меноманд, ки бозии нисбатан нави бачагона мебошад. Онро ҳам писарон ва ҳам духтарони 7-15 сола дар фасли тобистон ташкил мекунанд. Бачаҳо дар замин тасвири секунҷаи баробартараф мекашанд, ки дарозии ҳар як тарафаш тақрибан 1 м аст. Сипас аз се кунҷи дарунии он боз яктогӣ хоначаҳо кашида, дар мобайни секунҷа даврачае тасвир мекунанд. Он се хоначаи даруни секунҷаро “ҷамбул” меноманд. Чор адад сангҳои ҳамвори андозаашон баробар бо себро дар мобайни давраи секунҷа болои ҳам мегузоранд. Як нафар посбон интихоб мешавад ва вазифаи ӯ дар назди секунҷа истодану посбонӣ намудани сангҳо мебошад.
Баъдан бачаҳо бо навбат аз масофаи муайян сангҳоро ба нишон гирифта бо тӯб мезананд. Чун тӯб ба сангҳо расида, онҳоро ғелонида, аз даврача берун кард, посбон тӯбро дошта меистад ва намегузорад, ки касе ба онҳо наздик шавад. Бозигарони дигар баъд аз ин ки сангҳо беҷо шуданд, кӯшиш мекунанд, ки омада сангҳоро яктогӣ дар ҷамбулҳо – се хоначаи секунҷа ва дар мобайни он гузоранд. Аммо посбон ҳар бозигари наздикшударо бо тӯб ба нишон гирифта мезанад. Ба касе, ки тӯб расид, аз бозӣ хориҷ мешавад. Агар посбон ба дунболи тӯби дуртар ғелида раваду бачаҳо сангҳоро дар ҷамбулҳо гузоранд, он гоҳ бозӣ аз нав сар шуда, посбон такроран дар назди секунҷа меистад. Вале агар посбон ҳамаро як-як бо тӯб зада тавонад, он вақт бозингаре якум шуда тӯб ба ӯ расидааст, дар навбати дигари бозӣ нақши посбонро бозӣ мекунад.
Навъҳои дигари ҷамбул низ дар байни бачаҳо роиҷ мебошанд. Чунончи, дар майдон ба ҷойи секунҷа чоркунҷа кашида мешавад ва бо 6 санг бозида мешавад. Ё худ бачаҳо ба ду даста тақсим шуда, як гурӯҳ ҷамбулро посбонӣ мекунанд, гурӯҳи дигар сангҳои афтидаро ҷо ба ҷо мегузоранд.
Бозии ҷамбет навъи дигари ҷамбул буда, тафовуташ дар ин аст, ки ба ҷойи сангҳо дар он қуттиҳои холишудаи рангҳоро болои ҳам мегузоранд ва бо тӯб зада меафтонанд.
Дар ноҳияи Панҷ ҷанбулакбозӣ, яке аз бозиҳои маъмулии бачагони ин ноҳия ба шумор меравад.
Равиши бозӣ чунин аст: ҳафт санги ҳамвори тунукшакли гирдро, ки диаметрашон 10-12 см мебошад, пайдо мекунанд. Барои нишон санги кулӯлаи қутраш 6-7 см бударо интихоб менамоянд. Баъзан ба ҷои чунин санг тубчаро ба кор мебаранд. Дар ҷои ҳамворӣ ҳафт сангро болои ҳам мегузоранд ва дуртар аз сангҳои гузошта шуда, масофаи муайянеро интихоб мекунанд, ки дуриаш аз сангҳо тахминан 4 ё 5 қадам бошад. Акнун аз ҳамон масофаи интихобшуда, як хатти рости дароз мекашанд. Сипас ҳар яке аз иштирокчиён аз паси хати муайяншуда бо санги дигар сангҳои болои ҳам хобонидаро мезананд. Кадоме аз бозингарон сангҳои хобондашударо чаппа карда натавонад, мағлуб шуда, посбон таъйин мешавад.
Бачаҳо кӯшиш мекунанд, ки аз посбон санги партофташударо гирифта, ба ҷои хаткашида баргарданд. Агар сангро яке аз бозингарон гирифта тавонаду ба ҷои муайяншуда баргардад ва бо овози баланд чанд маротиба “ҷанбул” гӯяд, боз посбон такроран вазифаи посбонияшро анҷом дода, сангҳоро болои ҳам мегузорад.
Бачаҳо амали мазкури бозиро такроран иҷро мекунанд, яке аз онҳо агар сангҳоро афтонда натавонад, мағлуб шавад, вазифаи посбониро ба уҳда мегирад.
Бозии тасвиршудаи бачагони ноҳияи Панҷ ба бозии ҳафтсанг монанд мебошад.
Ҷаҳҷаҳакбозӣ Ҷаҳҷаҳакбозӣ сабқати варзишии аз болои ресмон ё арғамчин ҷаҳида гузаштани бачаҳову ҷавонон мебошад. Ин бозӣ дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз, сайрҳои оммавӣ ва маъракаҳои хурсандӣ дар майдонҳо барпо мешуд. Устод С. Айнӣ бозии ҷаҳҷаҳакбозиро, ки дар сайри Файзобод шоҳидаш будааст, дар асари «Ёддоштҳо» хеле хуб шарҳ додааст. Назар ба иттилои ӯ, дар майдон ду кас аз бачаҳо як арғамчини семетриро аз ду тараф кашида, рӯ ба рӯи ҳам меистоданд. Дар аввали бозӣ бандро аз замин баробари зонуи худ дошта меистоданд. Ҷавонони дигар аз болои он арғамчин ҷаҳида мегузаштанд. Дар навбати дуюм бачаҳо арғамчинро баробари камари худашон баланд мебардоштанд. Ин даъфа чанд нафар аз ҷаҳандагон, бе он ки пояшон ба банд бархӯрад, ҷаҳида мегузаштанд, аммо пойи баъзе бозигарон ба арғамчин печида, онҳо мағлуб ҳисоб мешуданд. Дар дафъаи сеюм бачаҳо арғамчинро баробари синаи худ мебардоштанд. Дар ин навбат на ҳамаи ҷаҳандагон гузашта метаовнистанд. Дар навбати чорум, ки банд баробари китфи арғамчиндорон бардошта мешуд, танҳо ҷавонони обутобёфта аз он гузашта метавонистанд.
Ҷигар-ҷигар Ҷигар-ҷигар аз бозиҳои маъруфи анъанавии бачагона мебошад, ки дар байни мардуми аксари манотиқи Тоҷикистон ва берун аз он паҳн шудааст. Онро 10-15 нафар писару духтарони аз 7 то 15-сола дар фаслҳои гуногуни сол барпо мекунанд. Бачаҳо дар майдонча ба шакли нимдавра истода, дастони якдигарро медоранд.
Дар пеши ин қатори бозигарон сармир меистад ва бо бачаҳо суолу ҷавоб мекунад:
Сармир: Ҷигар, ҷигар!
Бачаҳо: Ҷони ҷигар.
Сармир: Дилсӯхтаям!
Бачаҳо: Биё, гузар.
Сармир: Ба дарвозаи кӣ?
Бачаҳо: Ба дарвозаи Суҳроб (ё номи ягон бозигари дигарро мегиранд).
Сармир: Ба овози чӣ?
Бачаҳо: Ба овози карнай (доира, дутор, ё ягон сози мусиқии дигар).
Сармир дастҳоро ба даҳон карнайвор монда, садои карнайро тақлид карда, дигарон дастони ҳамдигарро дошта, занҷирвор аз таги дасти Суҳроб мегузаранд ва бозигари пеш аз Суҳроб ҷойгирифта дастонаш дар пеши бараш баста мешавад. Ҳамин тариқ, то ба охирин бозигар ҳама аз зери дастони шахсони номбаршуда мегузаранд. Дар ин бозӣ овози асбобҳои мусиқии гуногун, садои ҳайвоноти хонагӣ, даррандагону паррандагонро тақлид мекунанд. Вақте ки дастони ҳама баста шуд, бозӣ аз нав оғоз мешавад.
Дар Истаравшану Ғончӣ ин бозӣ бо номи «Бобобобо» машҳур аст. Бобо дар аввали занҷира ҷой мегираду набера дар охири он. Набера ба бобо нигоҳ карда мегӯяд:
Набера: Бобо, бобо!
Бобо: Ҷони бобо!
Набера: Занҷирро бофтем.
Бобо: Бале!
Набера: Ба канор андохтем.
Бобо: Бале!
Набера: Ҷигар, ҷигар!
Бобо: Ҷони ҷигар.
Набера: Дилсӯхтаям!
Бобо: Биё, гузар.
Набера: Аз дарвозахонаи кӣ?
Бобо: Ба дарвозахонаи фалон кас (ё номи ягон бозигари дигарро мегирад).
Набера: Ба овози чӣ?
Бобо: Ба овози фалон ҳайвон (номи ягон ҳайвонро мегирад).
Вақте ки ҳама аз зери дастони якдигар гузашта, занҷира баста мешавад, бобою набера “як, ду, се” – гӯён дастҳоро сар дода, мегурезанд. Бозигарон низ дастҳоро кушода, онҳоро таъқиб мекунанд. Касе, ки боборо дастгир кунад, дар навбати оянда нақши боборо бозӣ мекунад ва кадоме, ки набераро дорад, нақши ӯро иҷро менамояд.
Ҷизнибозӣ Ин бозиро дар навоҳии кӯҳистон духтарони 10-15 сола, баъзан писарон низ, дар болои бомҳо ва дар майдончаҳо ташкил мекарданд. Дар бозӣ 6-8 нафар духтарон ба ду гурӯҳ ҷудо шуда, сипас дар замин ё фарши бом 6 адад катакчаҳо мекашиданд. Барои бозӣ санги ҳамвору гирде истифода мешуд. Сангро ба яке аз катакчаҳо партофта, як пойро бардошта, бо пойи дигар катакчаҳоро як-як мегузаштанд. Катакчаҳо номҳои худро доштанд: пешак, додари пешак, ҷиз, додари ҷиз, кат ва додари кат.
Дар водии Хуф ин бозиро “тангелиц-бехт” меномиданд. Дар замин 5 катаки пайдарҳам мекашиданд, ки онҳо низ номҳо доштанд. Чунончӣ: чод (хона), далиц (даҳлез), бургелиц ё бургуц (хоначаи хурд), далиц (даҳлез), чод (хона). Дар Рӯшон бозии мазкурро “шилле-бехт” мегуфтанд, ки он дар 7 катакча бозида мешуд.
Ҷогузарак Ҷогузарак бозиии хосси писарон аст, ки бештар дар фаслҳои гарми сол барпо мегардад. Бачаҳои 8-12сола дар як ҷо ҷамъ шуда, якеро “пешрав” интихоб мекунанд ва дигарон аз қафои ӯ қатор мешаванд. Бачаи пешрав бояд далер ва чусту чолок бошад.
Шарти бозӣ аз болои пастию баландӣ, сангу кундачӯбҳо, ҷӯйборҳо ва монеаҳои дигар ҷаҳида гузаштан мебошад. Шахси пешрав нахуст шуда, аз ҷойҳои душворгузар давида мегузарад. Бачаҳои дигар ӯро пайгирӣ карда, аз болои монеаҳо ҷаҳидан мегиранд. Кадом бозигаре, ки аз болои монеае гузашта натавонист, аз бозӣ берун мешавад. Бозӣ то лаҳзаи хаста шудани бачаҳо ва ё паси сар шудани тамоми монеаҳои атроф идома меёбад. Ин бозӣ барои чусту чолок шудан, обутоб ёфтан ва сипарӣ кардани монеаҳо барои бачаҳо воситаи хуб мебошад.
Навъи дигари бозии ҷогузарак тавассути дучарха (велосипед) иҷро мешавад, аммо монеаҳои он нисбатан осонгузар мебошанд.
Ҷонварбозӣ Ҷонварбозӣ дар байни бачагони Рашту Дарвоз маъмул буд. Бозиро зимистону баҳорон дар болои бомҳо ва дар тобистону тирамоҳ дар боғу майдончаҳо ташкил мекарданд. Яке аз бачаҳо нақши шикорчӣ, дувумӣ нақши шоҳин ва боқимондаи бачаҳо нақши кабкҳоро бозӣ мекарданд.
Кабкҳо дар лаби чашмае об нӯшида, ҷастухез намуда, бозӣ мекарданд, ки ногоҳ шикорчӣ пайдо мешавад ва ба онҳо тир меандозад. Одатан, ба ҷойи тир шикорчӣ сангчаҳоро ба сӯйи кабкҳо пош медод. Кабкҳо зуд парида мераванд. Шикорчӣ шоҳини худро сар медиҳад. Шоҳин кабкҳоро таъқиб карда, кадомашро, ки дастгир кард, ба назди шикорчӣ меорад. Шикорчӣ дастонашро ба гардани “кабк” мемолид, ки гӯё, онро кушта ҳалол мекунад.
Ҳамин тавр, шоҳин кабкҳоро пайгирӣ мекунад, онҳо мегурезанд ва ин ҳолат як навъ ба бозии сурсуракон монанд мешавад.
Ҷумъабозӣ Ҷумъабозӣ дар байни аҳолии Кӯлоб, Рашт, Қалъаи Хумб ва Бадахшон паҳн шудааст. Онро наврасони 12-16 сола бо тӯб бозӣ мекунанд. Бачаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуда, ба дастаҳо якнафариро сардор интихоб мекарданд.
Барои навбатгирӣ чӯбчаеро сардори якум дар як мушташ пинҳон мекард ва сардори дувум онро боядмеёфт. Баробари пайдо кардани чӯбча бачаҳои дастаи дувум дар майдон, дар фосилаи 2-3 м аз ҳамдигар давра меистоданд. Бозигарони дастаи якум ба пушти онҳо савор мешуданд. Ҳар як бозигари савора ба худ номи яке аз рӯзҳои ҳафтаро дошт. Бо фармони сардор бозигари тӯбро дар даст дошта, номи яке аз ҳамгурӯҳонашро (мас., шанбе, якшанбе, душанбе ва ғ.) гирифта, тӯбро ба ӯ мепартофт. Ӯ низ номи шарики дигарашро гирифта, тӯбро ба тарафи вай ҳаво медод.
Ҳамин тавр, тӯб то ба дасти “якшанбе” рафта мерасид. Агар дар лаҳзаи тӯбро ба якдигар додан, тӯб ба замин афтад, навбати бозӣ ба дастаи дигар мегузашт.
Агар тӯб то ба бозигари номаш “ҷумъа” омада расад, бозигарони гурӯҳи дувум, ки ҳарифонашонро ба пушт бардоштаанд, гирди давра як бор чарх мезаданд.
Ҷуфт ё тоқ?
Ин бозӣ аз бачагони ноҳияи Муъминобод ба қайд гирифта шудааст. Дар даст як қабза донаки харбуза, ё тарбуз ё сангчаро гирифта, аз бозигари ҳариф мепурсиданд, “тоқай ё ҷуфт?”. Агар “тоқ” гӯяду муштро кушода мешуморанд, тоқ бошад бозиро бурда ҳисоб мешуд. Ва тибқи шарти пешакӣ ғолиб ба ҳамон миқдор аз мағлуб донаки зардолу ё чормағз мегирифт.
Агар миқдори донакҳои пинҳоншуда тоқ набуда, ҷуфт бошад, пас шахси пинҳонкарда ғолиб маҳсуб буда, чормағз ё донакҳоро ӯ меситонид.
Шаб-шаб Бозии шаб-шаб бештар дар фаслҳои гарми сол дар боғу майдонча ва ҳавлиҳо барпо мегардад. Онро якчанд нафар писарону духтарони аз 6 то 12-сола ташкил мекунанд.
Бачаҳо дар замин даврае кашида, чашмонашонро бо дастонашон пӯшида, қад-қади хатти давра мешинанд. Як нафар бозигар дар дасташ рӯймолчаеро гирифта, гирди онҳо чарх мезанад ва номаълум рӯймолчаро ба китфи яке аз нишастагон мегузорад. Сипас ӯ аз бозигарон мепурсад, ки чашмонашонро накушода гӯянд, ки рӯймолча дар китфи кист. Агар бозигаре, ки дар китфаш рӯймолча гузошта шудааст, онро дарёфт, ӯ ғолиби ин давр ҳисоб ёфта, дар навбати дигар ӯ гирди бачаҳо гашта рӯймолча мегузорад. Аммо агар шахсе, ки дар китфаш рӯймолча гузоштаанд ва ӯ бехабар мондааст, аз бозӣ хориҷ мешавад.
Ғолиби асосӣ онест, ки то ба охир ҳисси баланду кунҷковӣ дошта, пайваста рӯймолгузориро дарк мекунад ва то ба охири бозӣ иштирок мекунад.
Шавкурук Шавкурук бо номҳои курособ ва чашмбандак низ маъмул буда, дар фасли зимистон барпо мешуд. Дар вақти ҳавои сард бачаҳои деҳот дар оғилҳои кушод, ки нимторик буд, ҷамъ шуда, бозии шавкурукро ташкил мекарданд. Яке аз бозигаронро интихоб карда, чашмонашро бо рӯймолча мебастанд. Вай бояд ягон бозигари дигарро дар торикӣ дошта, сару рӯяшро даст-даст карда, кӣ будани ӯро бояд меёфт. Агар ӯ дуруст меёфт, чашмони ӯро кушода, чашмони бачаи дастгиршударо мебастанд. Ҳамин тавр бозӣ давом мекард.
Шаҳрёбак Онро шаҳрбозӣ низ меноманд, ки аз ҷониби писарону духтарон алоҳида ва гоҳе якҷоя бозида мешавад.
Бозигарон ба гурӯҳ тақсим шуда, ҳар кадом гурӯҳ ба як нафарро сардор интихоб мекард. Сардор дастонашро ба пушт бурда, дар як мушташ сангчаеро пинҳон карда, аз сардори дастаи ҳариф мепурсид, ки дар кадом мушташ сангча ҳаст. Агар сардори дувумӣ ёбад, навбати бозиро дастаи ӯ мегирифт, агар не, гурӯҳи аввал бозиро оғоз мекард.
Сардор ба назди аъзои дастааш рафта, номи шаҳреро интихоб мекарданд ва сардор ба назди гурӯҳи дигар омада, савол медод:
– Номи як шаҳҳро ёбед, ки сари ҳарфаш «С» бошад?
Бозигарон байни худ машварат карда, ниҳоят ба сари яке аз номи шаҳрҳо қарор мегирифтанд ва сардори онҳо як қадам ба пеш баромада мегуфт:
– Номи он шаҳр Самарқанд.
Агар дуруст бошад, дастаи ҳариф қабул мекард ва навбат ба дастаи дигар мегузашт. Агар номи шаҳри матлубро наёбанд, аз дастаи дигар хоҳиш мекарданд, ки иловатан ҳарфи охири номи он шаҳр ё миқдори ҳарфҳояшро низ бигӯянд, то ки ёфтанаш муяссар гардад.
Баъзан барои фикр ва машварат кардани гурӯҳ вақт медоданд. Вақтро бачаҳо бо ҳисоб муайян мекарданд. Масалан, то рақами 30 мешумурданд. Дар бозии шаҳрёбак агар номи шаҳрҳои медонистаашон тамом шавад, ба номҳои деҳаҳо мегузаштанд.
Ширбом Ширбом ва номи дигараш гуллабозӣ, як навъ бозии бачагон мебошад, ки дар даҳсолаҳои охир ба анъана даромадааст. Онро дар фаслҳои гарми сол писарони аз 7 то 15-сола бозӣ мекунанд. Дар ҳавлӣ, майдонча ё кӯча 2-4 нафар бачаҳо гирди ҳам дар замин нишаста, тавассути шуморак якеро, ки нахуст шуда бозӣ мекунад, интихоб менамоянд.
Бозӣ бо истифодаи коғазҳои қанду конфет, сақичҳо ва баъзан коғази рӯйи қуттии гӯгирд сурат мегирад. Бачаҳо яктогӣ коғазро дар замин чапа карда, болои ҳам мегузоранд. Бозигаре, ки навбат гирифтааст, нахуст шуда коғазҳоро бо кафи дасташ мезанад. Чанд коғазе, ки баъди задани ӯ рӯяшон рост шавад, бозигари мазкур онҳоро гирифта, моли худ мекунад. Агар як коғаз рост шаваду дигаронаш чапа истанд, ӯ бозиро давом дода, боз бо кафаш мезанад. Агар ягон коғаз рост нагардад, он гоҳ навбати бозӣ ба бозигари дигар мегузарад.
Ғолиб ҳамон иштирокчие мешавад, ки миқдори коғазҳои бурдкардааш аз ҳама зиёд аст. Баъзан бачаҳо дутогӣ, сетогӣ ё чортогӣ коғазро ба пиллаҷо мегузоранд ва миқдори бурдашон низ меафзояд.
«Шир ё ҷурғот?» Бачаҳо дар фасли баҳор, вақте ки мағзи ғӯраи зардолу дунбул мешавад, ин бозиро барпо мекунанд. Як нафар мағзи сафеди дунбулро сарболо дар байни ангуштони якуму дувуми худ гирифта, аз ҳарифаш мепурсад: «шир ё ҷурғот?». Ҳариф якеро интихоб менамояд, сипас бозигар бо ангуштонаш мағзро пахш мекунад.
Агар оби мағз ҷорӣ шавад, ин ҳолат “шир” ҳисоб меёфт. Дар ҳолате ки шираи мағз боло ҷаҳад, “ҷурғот” шуморида мешуд.
Интихоби ҳариф агар дуруст барояд, ӯ ғолиб ҳисоб меёфт. Шахси ғолиб аз мағлуб тибқи аҳди қаблан кардаашон 5-то ё 10-то ғура меситонад. Ин бозӣ дар байни бачагони вилояти Суғд маъмул буда, ҳоло дар ноҳияи Ашт боқӣ мондааст.
«Шох, шохи гов» Бо номи «Шох,шохи гов» як навъ бозие дар байни бачаҳои Дарвоз маъмул буд, ки онро бештар дар фасли тирамоҳ, дар шабҳои маҳтобӣ мебозиданд. Бачаҳо ба ду гурӯҳ ҷудо шуда, якеро сардор интихоб мекарданд.
Сардорҳои ҳар ду даста аз бозигарони худ 20-25 м дуртар рафта, бо ҳам маслиҳат мекарданд ва гови яке аз ҳамдеҳагонашонро мисол қарор медоданд. Сипас сардори навбатгирифта ба аъзои дастаи худ муроҷиат карда, суол медод:
Сардор: Ёрон, ёрони мо.
Бозигарон: Лаббай, мири калони мо.
Сардор: Шох,шохи гови кӣ?
Бачаҳо номи яке аз аҳли деҳаро, ки гов дорад, номбар мекарданд. Агар ҷавоби онҳо нодуруст бошад, ин суол ба дастаи ҳариф дода мешуд. Агар онҳо низ соҳиби говро пайдо накарданд, боз навбати кофтан ба дастаи якум мегузашт. Ҳамин тариқ, то ёфтани соҳиби гов бозигарони дастаҳо ҷустуҷӯ мекарданд. Аъзои дастае, ки онро меёфт, ғолиб ҳисоб шуда, ба пушти бозигарони гурӯҳи мағлуб савор мешуданд ва онҳо ғолибонро то ба назди ҳавлии он шахси говдор пуштора карда, мебурданд.
Шутури чамоқин Ин бозиро калонсолон барои кӯдакон иҷро мекарданд. Шахси калонсоле ангуштони ишоратӣ ва хурди дастони чапу ростро нӯг ба нӯг карда, ангуштони дигарро хам мекард, дар натиҷа шакли ноҳамвори шутур ба вуҷуд меомад. Ҳангоми гуфтани суруди ин бозӣ, гӯянда гоҳ ба навбат, гоҳ ангуштони ишоратӣ ва гоҳ хурдро якҷоя пасту баланд мекард ва бо ҳамин роҳравии ноҳамвори шутурро тасвир мекард. Суруди бозӣ чунин буд:
Ҳало, ҳало, ҳӯй, Шутури чамоқин-а, Бинеш ямоқин-а, Почеш лайлича-я, Чашмаш айнача-я, Шутури лӯкка, лӯкка кун, Шутури лӯкка, лӯкка кун, Суруди мазкур дар ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон ва вилояти Самарқанд машҳур буд. Ин бозиро хурдтаракон зуд меомӯхтанд ва худашон иҷро менамуданд.
Яклингча Бачаҳо дар фаслҳои зимистону баҳор дар болои бомҳо ҷамъ омада, ба ду даста ҷудо мешуданд. Бозигарони дастаи якум аз як гӯшаи бом ба тарафи дигари он якпоя ҷаҳида, роҳ тай менамуданд. Бозигарони дастаи ҳариф низ ба ҳамин тарз якпоя бачаҳои гурӯҳи якумро таъқиб мекарданд. Ба ҳар як даванда як нафар бозигари дастаи ҳариф вобаста шуда буд. Агар таъқибкунанда бо пой ба ягон ҷойи даванда расонад, навбати бозӣ ба дастаи дувум мегузашт. Дар охир ғолибон ба пушти бозигарони мағлуб савор мешуданд ва онҳо ғолибонро дар гирди бом чарх мезанониданд.
Як ман-ду ман Бозии «Як ман-ду ман» дар байни бачагони ноҳияи Муъминобод мушоҳида шудааст. Шаш-ҳафт кас аз думи ҳамдигар хам шуда меистоданд. Бозигари якум деворро дошта, хам меистод, бозигари дувум миёни ӯро дошта, хам мешуд. Севуму чорум ҳам ҳамин тавр аз паси якдигар хам мешуданд. 6–7 бозигари дастаи дигар аз дур давида омада, ба болои инҳо савор мешуданд. Бачаҳои хамшуда худро ҷумбонида мехостанд, ки саворшудагонро аз болояшон афтонанд. Бачаҳои саворшуда аз рақами 50 сар карда, ба поён мешумориданд, масалан: 49, 48, 47, 46… 1. Баъд мефуромаданд. Агар онҳоро чаппа карда тавонанд, барвақттар навбатро мегирифтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё