Зеҳн
Бозиҳои анъанавии бачагонаи тоҷикон

Дилшод Раҳимӣ. Маҷмӯаи бозиҳои суннатии бачагонаи тоҷикон, таърихи онҳо ва тарзи бозӣ.

Барномасоз · 18 сентябри 2026 · 12 саҳифа

ФарҳангКӯдаконВарзиш
Аз аввал хондан

Бахши II — Бозиҳои анъанавии бачагона (9)

Дар деҳоти водии Ҳисор бачаҳо навъҳои гуногуни ҳуштакро аз пояи гандуму ҷав, аз донаки зардолу, аз чӯб, аз тунука, аз гил, аз пояи алафи чинорак ва ғайра месохтанд. Онҳо бо ҳуштакҳои сохтаи худ мусобиқа мекарданд, ки садои кадоме аз онҳо баландтар ва ё формтар аст.

Дар Самарқанд бачаҳо аз лойи махсуси гачҷдор ҳуштак месохтанд, ки он овози хубе мебаровард. Шакли он ба конус монанд буда, дарунаш холӣ буд ва як сӯрохие аз канор дошт. Агар касе онро навохта тавонад, мисли овози парранда садои хуше медод.

Ҳуштаккашӣ бо ангуштон низ хеле маъмул аст.

Бачаҳо бо истифода аз як то чор ангушт ҳуштак кашида, садоҳои гуногун мебароранд. Тавассути ҳуштак кафтарбозҳо ба кафтарҳо ишора мекарданд, ки дар ҳаво бозӣ кунанд. Бидуни ангуштон низ якчанд хел ҳуштак кашидан мумкин аст. Тибқи боварҳо, дар даруни хона ҳуштаккашӣ мамнуъ буд. Зеро мегуфтанд, ки дар хона ҳуштак кашӣ, шайтон меояд.

Чархакбозӣ Чархакбозӣ – тӯббозӣ дар назди девор мебошад.

Бозигари навбатгирифта, тӯбро аз тарафи рост ба девор мезад, тӯб аз девор зарб хӯрда, гашта меомад, онро дошта, боз аз тарафи чап мезад. Боз тӯб, ки баргашта омад, ин дафъа онро дошта, аз болои сар, баъдан пойҳоро бардошта, аз зери пойҳо бо навбат тӯбро ба девор мезад. Сипас тоб хӯрда, тӯбро мепартофт. Боз тӯбро партофта, як бор бо дастонаш қарсак мезад. Ин амалҳо то ба афтидани тӯб ба замин давом мекард. Чун тӯб ба замин афтод, даври ин бозингар ба анҷом расида, иштирокчии дувум навбатро мегирифт.

Шарти бозӣ ин буд, ки тӯбро дар даст дошта истодан мумкин набуд, онро зуд ба сӯйи девор партофтан лозим буд. Ин бозӣ дар ноҳияҳои Айнӣ ва Ашт ба қайд гирифта шудааст. Дар ноҳияи Ашт онро «дулупия» меноманд.

Чашмбандак Бозии чашмбандак бо номҳои чашмпӯшак, чашмпӯшакон низ маъруф буда, бештар дар фаслҳои гарми сол дар ҳавливу боғча, дар айёми сардиҳо дар хонаҳо барпо мегардад. Дар бозӣ 6-10 нафар писарону духтарони аз 7 то 15-сола ширкат мекунанд.

Бозигарон гирди ҳам истода, нахуст бо ҳисоби шуморак якеро барои чашмбандӣ интихоб менамоянд.

Масалан, то шумораи 21 ё 30 ҳисоб мекунанд. Чашмони он шахси интихобшударо бо рӯймол ё порае матоъ мебанданд, ки ӯ бачаҳоро дида натавонад. Сипас бозӣ оғоз мегардад, бачаи чашмбаста ба дастгир кардани дигарон сар мекунад. Бозигарон дар атрофи ӯ чарх зада, ҳар хел шӯхиҳо мекунанд, овоз бароварда, аз наздик омадани худ ба ӯ хабар медиҳанд. Баъзеҳо ба пушт ё китфи бачаи чашмбаста даст расонида, боз худро қафо мекашанд ва ғайра. Ҳамин ки ӯ яке аз бозигаронро дастгир кард, чашмонашро мекушоянд ва ин давр ба поён мерасад.

Дар навбати дигар чашмони шахси дастгиршударо бо рӯймол мебанданд ва ӯ дастгиркуниро давом медиҳад. Ҳамин тавр бозӣ то хаста шудани бачаҳо идома меёбад.

Чиликбозӣ Ин бозӣ бо номҳои чиликдангал, чилакбозӣ, акколбозӣ, чилик-пилик, чиликқаҳрӣ, чилику қаҳрӣ, илиқарнӣ, чилаку лоф, чилик-пилик, ликаку қарнӣ, чиллаку чӯб, киллаку даста, ликакбозӣ, чилаку қилак, қилақбозӣ, чиллику чилқарӣ, алакбозӣ, алакӣ-момокӣ, лашбехт ва ғайра дар байни тоҷикони манотиқи гуногуни Осиёи марказӣ маъмул мебошад. Ба он писарону духтарони синни гуногун ва ҳатто ҷавонон машӯул мешаванд.

Чиликбозӣ бештар дар фасли баҳор ва махсусан, айёми Наврӯз сурат мегирад. Бозии мазкур навъҳои гурӯҳӣ (дунафарӣ) ва якнафарӣ дорад. Барои бозӣ ду чӯб, яке 30-40 см (ченчӯб) ва дигарӣ кӯтоҳтар 15-20 см лозим аст. Агар бозии гурӯҳӣ бошад, ду ҷуфт чӯбҳо даркор мешавад. Дар замини ҳамвор давраи диаметраш 1,5-2 метра мекашанд. Бозингарон аввал интихоб мекунанд, ки кадом даста дар дохили давра истода онро аз чӯбчаҳои партофтаи дастаи ҳариф ҳимоя мекунад. Сипас шумораи муайянеро ҳамчун марра қарор медиҳанд. Масалан, шумораи холи ниҳоӣ 200 ё 400 ва ғайра метавонад бошад.

Равиши бозӣ чунин аст: бозингари якум ё дастаи якум дар дохилӣ давра истода, чӯбчаро бо чӯби калон ба масофаи дур мезанад. Аз он ҷое, ки чӯбча афтод, ҳарифон чӯбчаро гирифта ба даруни давра ҳаво медиҳанд. Бозингарони даруни давра саъй мекунанд, ки бо чусту чолокӣ бо чӯби калон зада чӯбчаро аз хатти давра дур кунанд. Чун зада чӯбчаро дур андохтанд, акнун аз хатти давра то ба мавқеи афтиши чӯбча ҳисоб кардан лозим меояд. Барои шумурдан чӯби калонӣ ҳамчун ченчӯб хизмат мекунад. Ба қадди он масофаи аз хатти давра то ҷойи афтидаи чӯбчаро ҳисоб мекунанд. Масалан, ин масофа агар 25 баробари ченчӯб шавад, муҳофизони давра соҳиби 25 хол мегарданд. Баъди ҳисоб боз аз нав бо ченчӯб чӯбчаро ба масофаи дур мезананд.

Агар ҳарифон чӯбчаро тавонистанд, ки ба давруни давра партоянд, он гоҳ ҷойҳо иваз мешаванд, навбати ҳимояи давра ба ҳарифон мегузарад. Агар ҳарифон аз майдон чӯбчаро аз ҳаво дошта гиранд, пас холҳои ҷамъкардаи муҳофизони давра «сӯхта», ба сифр баробар мешавад.

Касе, ки холҳои бештар гирифта, аз марра гузашт, ғолиб дониста мешавад. Ғолибон мағлубонро бо як тарзи махсус ҷазо медиҳанд. Ҷазо чунин аст: бозингар ё дастаи ғолиб чӯбчаро бо дасташ баробари қадаш боло ҳаво дода, бо ченчӯб кӯшиш мекунад, ки онро то ба замин афтоданаш 2-3 маротиба, баъзан бештар занад.

Фарз кардем, ки 3 маротиба чӯчаро дар ҳаво зад, пас зарбаҳои ҷаримавӣ ҳам 3 бор мешаванд. Аз дохили давра истода чӯбчаро бо ченчӯб ба масофаи дур мезанад, бори дуюм рафта аз чӯбча афтода, онро гирифта боз дуртар мезанад. Дафъаи сеюм рафта, боз як зарба дуртар мезанад. Дар натиҷа чӯбча аз давра ба масофаи се зарба, тахминан 60-80 м дур меафтад.

Бозингари мағлуб вазифадор аст, ки аз ҳамон ҷо чӯбчаро гирифта то ба хатти давра бо як нафас “зу-уу”-гӯён давида ояд. Агар дар роҳ “зу” гуфтанаш канда шуда, нафас гирад, он гоҳ ҷарима аз он ҷойи аз “зу” гуфтан бозистодани мағлуб такрор мешавад. Ҳамин тариқ, бозӣ бо ҷазои мағлуб ба поён мерасад.

Чиликбозӣ вобаста ба навоҳию минтақаҳо дорои ҷузъиёту тобиш ва қоидаҳои иловагӣ мебошад. Намуди ҷазо ҳам дар баъзе ҷойҳо фарқ мекунад. Масалан, дар Мастчоҳ ба ҷойи “зу” гуфта давидан, ҷазои якпоя ҷаҳида омадан то давра муқаррар шудааст. Дар баъзе деҳаҳои ноoияи Ҳисор бозингари мағлуб чӯбчаро ба болои гӯшаш гузошта, ба сӯи давра медавад.

Чиликбозӣ дар байни тоҷикони ноҳияи Лахш бо номи чиликдангал ва дар байни қирғизҳои Ҷиргатол бо номи чинчилчик маъруф аст. Тартиби бозӣ ба мисли варианти дигар ноҳияҳои кишвар буда, андаке тафовут дорад. Барои бозӣ ду чӯб, яке 30-40 см (дангал) ва дигарӣ чилик – кӯтоҳтар 15-20 см лозим аст. Дар замини ҳамвор давраи диаметраш 1,5-2 метра мекашанд.

Бозингарон аввал интихоб мекунанд, ки кадом даста дар дохили давра истода онро аз чӯбчаҳои партофтаи дастаи ҳариф ҳимоя мекунад. Сипас шумораи муайянеро ҳамчун марра қарор медиҳанд. Масалан, шумораи холи ниҳоӣ 1000 ё 2000 ва ғайра метавонад бошад. Равиши бозӣ чунин аст: бозингари якум дар дохилӣ давра истода, чиликро бо дангал ба масофаи дур мезанад. Аз он ҷое, ки чилик афтод, ҳариф онро гирифта ба даруни давра ҳаво медиҳад. Бозингари якум дангалро даруни давра гузошта, худаш дар як тараф меистад. Бозигари дувум чиликро аз дур ба даруни давра ҳаво медиҳад, агар он ба дангал расад, ё ба дохили давра афтад навбат ба бозигари дувум мегузарад. Агар чилик аз давра дуртар афтад, бозигари якум се бор онро аз замин набардошта, бо дангал мезанад. Сипас аз мавқеи афтиши чилик бо қади дангал ҳисоб мекунанд. Барои шумурдан дангал – чӯби калонӣ ҳамчун ченчӯб хизмат мекунад. Масалан, ин масофа агар 30 баробари қади ченчӯб шавад, соҳиби давра соҳиби 30 хол мегардад. Баъди ҳисоб боз аз нав бо дангал чиликро ба масофаи дур мезананд. Агар ҳариф дар майдон чиликро аз ҳаво дошта гиранд, пас холҳои ҷамъкардаи соҳиби давра «сӯхта», ба сифр баробар мешавад. Касе, ки холҳои бештар гирифта, аз марра гузашт, ғолиб дониста мешавад. Барои ҷазо ғолиб бо дангал се бор чиликро ба масофаи дур мезанад. Аз ҳамон ҷойи афтиши чилик мағлуб ғолибро ба пушташ савор карда, то ба назди давра меорад. Инчунин одати “зу гуфтан” ҳам маъмул мебошад. Аввал давиданро сар карда, “андак, мандақ, меваи қандак....” мегӯянд, сипас зу-уу гуфта медаванд.

Дар байни бачаҳои Панҷакент ин бозӣ бо ду ном:

чиликбозӣ ва килаку асо маъмул мебошад. Чӯби калониаш асо – тақрибан 35-40 см ва килак 15-20 см дарозӣ доранд. Бачаҳо давра кашида, бо тарзҳои “ор” (оринҷ), “бен” (бинӣ), “гӯш”, “шал” ва “саг” бо асо килакро дур мезананд:

Яки ор, дии ор, ор бадал, Яки бен, дии бен, бен бадал, Яки гӯш, дии гӯш, гӯш бадал, Яки шал, дии шал, шал бадал, Яки саг, дии саг, саг бадал.

Ҳангоми “ор” гуфтан, бозигари даруни давра асоро аз таги оринҷаш гузаронида, килакро пеш мезанад. Дар навбати “бен” биниашро дошта, ин корро анҷом медиҳад. Ҳамин тавр, дар навбати “гӯш” ӯ гӯшашро дошта, килакро ба дур мезанад, дар навбати “шал” хам шуда, дасти асодорашро аз паси пойҳо гузаронида, аз байни ҳар ду пой килакро мезанад. Ниҳоят дар тартиби “саг” хам шуда, аз ҳар ду пой дастро гузаронида, чӯбчаро зарба мезанад.

Бозингарон аввал шумораи муайянеро ҳамчун марра қарор медиҳанд. Масалан, шумораи холи ниҳоӣ 200 ё 400 ва ғайра метавонад бошад. Равиши бозӣ чунин аст: бозингари якум дар дохили давра истода, бо яке аз усулҳои мазкур килак – чӯбчаро бо асо – чӯби калон ба масофаи дур мезанад. Аз он ҷое, ки килак афтод, ҳариф онро гирифта ба даруни давра ҳаво медиҳанд.

Бозингари даруни давра саъй мекунанд, ки бо чусту чолокӣ бо асо зада, чӯбчаро аз хатти давра дур кунанд. Чун зада чӯбчаро дур андохт, акнун аз хатти давра то ба мавқеи афтиши килак ҳисоб мекунад. Барои шумурдан асо ҳамчун ченчӯб истифода бурда мешавад. Агар ҳариф чӯбчаро тавонист, ки ба давруни давра партояд, он гоҳ ҷойҳо иваз мешаванд, навбати ҳимояи давра ба бозингари ҳариф мегузарад.

Агар ҳариф аз майдон чӯбчаро аз ҳаво дошта гиранд, пас холҳои ҷамъкардаи муҳофизи давра «сӯхта», ба сифр баробар мешавад. Касе, ки холҳои бештар гирифта, ба марра расид, ғолиб дониста мешавад.

Ғолибон мағлубонро бо як тарзи махсус ҷазо медиҳанд.

Бозингари мағлуб килакро дошта, якпоя ҷаҳида, то давра меояд.

Чиликбозиро дар Шуғнону Рӯшон ва Хоруғ бо номи лашбехт, дар Роштқалъа – лаш, дар Язгулом – лашбазай, дар Вахон – чеклек (čəklək), дар Ванҷу Дарвоз – чиликдангал меноманд. Тарзи иҷрои ин бозии дар навоҳии мазкур аз якдигар баъзе тафовутҳо доранд.

Чунончи, дар деҳаи Сохчарви ноҳияи Шуғнон лашбехт бо се чӯбча бозида мешавад. Чӯбчаи хурдӣ лаш ном дорад, ки дарозияш 18-20 см мешавад. Чӯби калониро даста меноманд, ки дарозияш 50-60 см мебошад. Чӯби севум нишоначӯб аст, он низ такрибан баробар бо даста мебошад.

Равиши бозии мазкур чунин аст: чӯби нишонаро дар паҳлуи санге мегузоранд. Ду нафар бозигарон қуръа партофта навбати шурӯъ карданро муайян мекунанд. Бозигари якум дар назди нишоначӯб истода, бо чӯбдастааш лашро ба масофаи дур мезанад. Бозингари дувум лашро аз ҷойи афтидааш бардошта, аз ҳамон нуқта ба сӯйи нишоначӯб мепартояд. Ҳамин ки лаш ба чӯби нишона расид, даври бозигари якум сӯхта, бачаҳо ҷойҳои худро иваз мекунанд. Агар лаш ба нишона нарасида, каме дуртар афтад, бозигари якум барои итминон дупоя ду қадам ба сӯйи лаш меҷаҳад. Агар масофа аз ду қадам бештар бошад, пас бозиро худи ӯ давом медиҳад. Дар ҳолати аз ду қадам камтар будани масофа бачаҳо ҷой иваз мекунанд.

Бозигаре, ки се маротиба ноком шуд, ӯ мағлуб ҳисоб ёфта, ҷазо мегирад. Ҷазо дар ин бозӣ чунин мебошад: шахси ғолиб лашро аз назди нишоначӯб ба дур мезанад ва аз ҳамон ҷойи лаш афтода, бозигари мағлуб шахси ғолибро ба пушташ савор карда, то ба ҷойи нишоначӯб меорад.

Дар лашбехт тарзҳои гуногуни зарбазанӣ ё худ партоб кардани лаш вуҷуд дорад. Масалан, дар Роштқалъа лашро бо усулҳои ростак (рост истода), банди даст (банди дастро дошта), вехч (ба андозаи оринҷ чӯбдастаро дошта, лашро мезананд), гӯшак (як дастро аз таги каш гузаронида, бо он гӯшро медоранд ва бо чӯбдаста лашро аз замин мезананд). Ин бозиро гурӯҳӣ низ иҷро мекунанд.

Чирим-чирим Чирим-чирим яке аз бозиҳои маъмули бачагони кӯҳистон маъмул будааст. “Чир” номи парандаи мусичамонанд буда, “чирим” маънои “чири ман”, ё “чӯҷаи ман”-ро дошт. Бозиро баҳорон дар болои бомҳо ва дар вақти гармо дар боғу майдончаҳо ташкил мекарданд.

Бачаҳо аз алафҳои рустаи бом, ё аз боғча як даста чида, дар як ҷой мегузоштанд ва ҳама дар гирди он менишастанд. Яке аз иштирокчиён нақши “модар”-ро бозӣ мекард. Ӯ ба яке аз бачагон рӯй оварда мегуфт:

“дастота бишу”. Ба ҷойи ӯ ҳамаи бачаҳо ҷавоб медоданд: “не, не”. “Модар ” чунин вонамуд мекард, ки дастони ӯро мешӯяд. Сипас “модар” алафҳоро нишон дода, бачаро ба хӯрдан водор мекард: “бихӯр, бихӯр”.

Бачаҳо баробар ҷавоб медоданд: “не, не”. “Модар” дар хашм шуда, бо рӯймолча бачаҳоро заданӣ мешуд. Бачаҳо мегурехтанд ва “модар ” онҳоро таъқиб менамуд. Ӯ ҳар касеро, ки дастгир мекард, дар навбати дигар он бача нақши “модар”-ро иҷро мекард.

Чистон-булбулон Яке аз бозиҳои шифоҳии бачагон, ки дар аксари деҳоти минтақаҳои Тоҷикистон ва дар байни тоҷикони Ӯзбекистон маъмулу машҳур буд, чистон-булбулон ном дошт. Ин бозиро бештар дар фасли зимистон, дар атрофи сандалию бухорӣ нишаста, писарону духтарон ва баъзан ҷавонон ташкил мекунанд. Иштирокчиён ба ду даста ҷудо шуда, бозигарони дастаҳо ба якдигар зич нишаста машварат мекунанд, аъзои хонаводаи яке аз ҳамсояҳо ё аҳли деҳаро дар назар гирифта, суоле матраҳ менамоянд. Сипас аз дастаи ҳариф мепурсанд: «Чистон, булбулон, хонаи кист?». Ҳарифон барои мушаххас шудан мепурсанд: «Чанд марду чанд зан?». Дастаи якум миқдори марду занҳои ҳамон оилаи матлубро мегӯянд, масалан, «Се марду чор зан». Дастаи ҳариф хонаводаҳои деҳаро як-як шумурда, хонаи мувофиқи шумораҳоро меҷӯяд. Агар ёфта тавонанд, як хол гирифта, навбати бозӣ ба онҳо мегузарад. Вале агар наёбанд, таслим шуда мегӯянд: «Шаҳрамонро додем» ё «Деҳаамонро додем».

Дар деҳоти Дарвоз бачаҳои бозиро бохта ҳамчун ҷазо ба такрор мегуфтанд: «Аҳмаддин куҷо? Таҳтаҳи бишол. Чӣ мекова?». Дар Сари Хосор шахси мағлубро баъзан масхара карда, мегуфтанд: «Ман бихӯрам қанду асал, шумо хӯред ғураи талх. Ман биафтам дар рӯйи зар, шумо афтед рӯйи поруи хар».

Дар деҳаи Каттаҳеҷи Самарқанд ин бозиро «Мушон-мушон» меномиданд, ки онро дунафарӣ иҷро мекарданд. Бачаи якум мегуфт: «Мушон, мушон, кетти мушон». Бачаи дувум: «Чандто писар, чандто духтар?

Сипас бозигари якум ҷавоби саволро медод: «Ду духтару ду писар».

Чормағзбозӣ Чормағзбозӣ аз бозиҳои маъмулу машҳури бачагон аст, ки бештар дар фасли тирамоҳ, дар айёми пухтани чормағз ва пас аз он баргузор мешавад. Онро писарони аз 7 то 18-сола, баъзан ҷавонони калонтар низ бозӣ мекунанд. Навъҳои гуногуни чормағзбозӣ вуҷуд дорад.

Дар Рашту Дарвоз чормағзбозии навъи “чорпай” ва “зангул” маъмул буд, ки якҷоя бо буҷул бозида мешуд. Дар бозии чорпай бачаҳо дар замин хатте кашида, ҳар кадом бозигар дар рӯйи хат як донагӣ чормағз мегузошт. Сипас буҷулҳоро бонавбат ба замин мепартофтанд, агар буҷул ба тарзи амудӣ рост истад, онро “асп”, агар ба тарафи чап амудӣ истад, онро “сар”, ба қисми пеш афтад – “ай думби сар” ва агар буҷул вожгуна афтад, онро “дар қалъача” меномиданд.

Баъд аз ин бо тартиби мазкур буҷулҳоро ба пеш ҳаво медоданд, аз кадоме агар дуртар афтад, ӯ нахуст шуда, чормағзҳоро ба нишон мегирифт. Агар буҷул як ё бештари чормағзро зада, аз хат дур кунад, нишонзан он чормағзҳоро аз худ мекард. Чормағзе, ки аз хат чандон дур нарафтааст, бо пайи по ҳисоб карда мешуд.

Агар аз чор пайи по кам бошад, нишонзан ҳуқуқи онро гирифтан надошт. Дар ин ҳолат навбат ба бозигари дигар мегузашт. Навъи бозии “зангул” низ тақрибан ба ҳамин шева ҷараён мегирифт.

Дар Истаравшану Ғончӣ бачаҳои чормағзбоз дар майдонча дуто хатти мувозии фосилаи байнашон 4-5 см кашида, чормағзҳоро дар он қатор мекарданд. Сипас аз масофаи 2-3 м истода, бо чормағзи дигаре онҳоро ба нишон гирифта мезаданд. Агар як-ду чормағзро аз хат зада, берун карда тавонад, ӯ боз бозиро давом медод ва дар охир ҳамаи он чормағзҳои аз хат берун кардаашро ҷамъ карда мегирифт. Агар ба нишон зада натавонад, он гоҳ навбат ба бозигари дигар мегузашт.

Дар деҳоти Ҳисор бачаҳо бо нӯги пой чормағзбозӣ мекунанд. Ду, се ё чор нафар бозигар дар як хат истода, бо нӯги пояшон ба навбат чормағзҳояшонро ба пеш мезананд. Бозигари якум нахуст шуда чормағзашро ба масофаи 3-4 қадам ба пеш мезанад, сипас бозигари дувум кӯшиш мекунад, ки бо чормағзаш чормағзи шахси якумро ба нишон гирифта расонад.

Бозигари севумӣ он ду чормағзи пештар партофташударо ба нишон мегирад ва агар шахси чорум ҳам дар бозӣ ширкат дошта бошад, ӯ чормағзҳои қаблан партофташударо ба нишон гирифта мезанад. Ҳамин тавр, ҳар касе, ки ягон чормағзи ҳарифонро занад, онро гирифта моли худ менамояд. Агар чормағзи касе ғелида ба оби ҷӯй равад, соҳиби он чормағзро аз об гирфта, “обаш” мегӯяд ва онро як қадам аз об дуртар дар хушкӣ мегузорад.

Дар деҳоти вилояти Самарқанд чор навъи чормағзбозӣ маъмул буд: а) аралаш (омехта); б) ғелон; в) дӯлбозӣ; г) қутбабозӣ. Дар бозии “аралаш”, маъмулан, ду кас, баъзан чор нафар бозӣ мекарданд. Бозигари якум дуто чормағзро ба майдонча мепартофт. Бачаи дувум бо ду чормағзи худ онҳоро нишон гирифта мезад. Агар ба яктояш расад, яктояшро мегирифт, ба дуто расад, ҳар дуяшро моли худ мекард. Агар чормағзҳо ба нишон нарасанд, навбати нишонзанӣ ба ҳариф мегузашт.

Бозии “ғелон” бештар дар лаби ҷӯйи беоб, вот ё таги девор ташкил мешуд. Дар ин бозӣ ду нафар иштирок мекарданд. Бозигари якум ду ё чор дона чормағзро гирифта, аз лаби ҳамон ҷӯй ё вот, ки каме ҳамвор бошад, меғелонид. Сипас бозигари дувум низ чормағзҳояшро аз ҳамон ҷой як-як ғелон мекард. Агар яке аз чормағзҳояш ба поён ғелида, ба ягон чормағзи ҳарифаш расад, ҳамонро ҳамроҳи чормағзи худаш мегирифт.

“Дӯлбозӣ”-ро дар Самарқанд “дӯлқибозӣ” низ мегуфтанд. Бачаҳо чормағзи бисёре ҷамъ мекарданд, баъд дар ягон таги девор ё дарахт охурчае месозанд, ки онро дӯл меномиданд. Яке аз бачаҳо дар сари дӯл менишаст. Дигарон дар масофаи 2,5-3 метр, паси ҳам меистоданд ва яке аз онҳо ба тоқӣ чормағзи бисёреро андохта, аз бачаи дар сари дӯл нишаста мепурсид:

– Ҷуфт ё тоқ?

Вай ҷуфт ё тоқ гуфта ҷавоб медод. Сипас бачаи чормағздор тоқии чормағзҳоро аз ҳамон масофаи муайян ба сӯйи дӯл ҳаво медод. Баъдан ҳар ду ба сари дӯл нишаста, миқдори чормағзҳои ба дӯл афтидаро мешумориданд. Агар бозигари дар сари дӯл нишаста «ҷуфт» гуфта бошаду миқдори дар дӯл афтодаи чормағзҳо ҷуфт бароянд, он гоҳ ӯ ҳамаи чормағзҳои дар дӯл бударо мегирифт. Агар миқдори чормағзҳои ба дӯл воридшуда тоқ бошанд, пас худи ҳамон бозигари чормағзҳоро ҳаводода бозиро бурда, чормағзҳоро соҳиб мешуд ва дар навбати дигар дар сари дӯл менишаст.

Дар бозии “қутбабозӣ” (“қуббабозӣ”) чор адад чормағзро қубба карда, болои ҳам мечиданд, яъне се чормағзро аз таг ва яктои дигарро аз болои онҳо мениҳоданд. Ҳамон бачаи чормағзгузошта дар сари пилла (қубба) менишаст. Дигарон, маъмулан, 4-6 нафар якяк қуббаро нишон гирифта, бо чормағзи худ мезаданд.

Чормағзи ҳар касе, ки қуббаро зада вайрон кунад, ӯ соҳиби он чаҳор чормағз мегардид. Агар ба нишон зада натавонад, бозигари дар сари қубба нишаста чормағзи ӯро соҳиб мешуд. Баъд аз ин шахси ғолиб аз ҳисоби чормағзҳои дигарон қубба сохта, худ бар сари пилла менишаст. Бозӣ ҳамин тавр давом меёфт.

“Даврабозӣ”, як навъи дигарӣ чормағзбозӣ мебошад. Бачаҳо даврае мекашиданд ва чормағзҳои ҳамаи иштирокчиёнро дар он қатор мегузоштанд ва худ аз масофаи 3-4 қадам бо чормағз онро нишон гирифта мезаданд. Ҳар як нишонзан миқдори чормағзҳои аз давра берун кардаашро соҳиб мегардид. Касе, ки ба нишон зада натавонад, давраш «месӯхт».

Дар ноҳияи Муъминобод чормағзбозӣ бо дӯлро долбозӣ, ё долак меноманд. Дар кунҷи девор як охурчаи хурд мекананд ва дар наздаш як чормағзро ҳамчун нишорна мегузоранд. Миқдори бозигарон то 10 нафар метавонад бошад. Аз масофаи 5-7 метр ҳамон чормағзро ба нишон гирифта, мезананд. Бозтигаре, ки якум шуда ба нишон расонад, ҳамон кас соҳиби чормағз мешуд.

Лашлаш, як навъи чормағзбозӣ мебошад, ки онро бачаҳои ноҳияи Ашт баргузор мекунанд. Бачаҳо бо ангушти ишоратӣ як чормағзро зада, ба дигараш мерасонанд ва онро лаш-лаш мегуфтанд. “Лаш”, яъне ангушти ишоратии дасти ростро ба нарангушти дасти чап дакка дода, ба чормағз мезаданд. Аз ин ҷо ин навъи чормағзбозӣ «лашлаш» ном гирифтааст.

Чукалебозӣ Номи аслии ин бозӣ чӯбкаллабозӣ буда, дар ноҳияи Ҳисор маъмул мебошад. Чукалебозӣ бештар дар фаслҳои гарми сол дар ҳавливу боғча, кӯчаву паскӯчаҳо ва баъзан дар хонаҳо ташкил мешавад. Онро якчанд нафар писарону духтарони аз 6 то 15-сола бозӣ мекунанд. Барои бозӣ иштирокчиён аз миқдори худашон якто камтар чӯбчаи дарозиаш 10-15 см ва ғафсиаш баробари ангушт мегиранд. Масалан, агар 10 иштирокчӣ бошад, 9 адад чӯбча лозим аст.

Бачаҳо ҷойи муайянеро ҳамчун пиллаҷо интихоб карда, чӯбчаҳоро дар бехи девор, кундаи дарахт ё ягон санги калоне бо такя рост мегузоранд. Сипас бо гуфтани шуморак яке аз бозигаронро барои чашмпӯшӣ ҷудо мекунанд. Он бозигар дар пиллаҷо, рӯ ба девор ё дарахт истода, чашмонашро бо дастонаш пӯшонида, то рақами 30 мешуморад ва чашмонашро кушода, эълон карда, мегӯяд: “Рафтам ба кофтан, илоҷи ёфтан”.

Бачаҳои дигар дар ин муддат дар ҳар куҷо, паси девору дарахтон, даруни ҷӯйҳои беоб, пушти ҷисмҳои калон ва ғайра пинҳон мешаванд. Бозигари ҷӯянда оҳиста-оҳиста ба ҷустуҷӯ мебарояд, вале аз пиллаҷо дур намеравад, чунки дар айни замон ӯ посбони он чӯбчаҳо аст. Ӯ кадом бозигареро, ки дид, “тук-туки фалонӣ” гуфта, омада як чӯбчаро аз пиллаҷо ба дасташ мегирад. Ин чунин маъно дорад, ки даври он бачаи дастгиршуда сӯхт ва ӯ аз бозӣ хориҷ мешавад.

Ҳамин тавр ӯ бояд ҳамаи бозигаронро як-як пайдо кунад. Агар яке аз бозигарон чашми ҷӯяндаро хато карда, омада, бо пояш чӯбчаҳоро зада, ба хок яксон кунад, он гоҳ ин даври бозӣ бо бохти шахси ҷӯянда ба поён мерасад ва ӯ дар даври дигар боз чашмонашро мепӯшад. Дар ҳолати ҳамаи бачаҳоро пайдо кардани шахси ҷӯянда, навбати дигари бозӣ шурӯъ мегардад ва он бозигаре, ки нахустин шуда, ба даст афтодааст, чашмонашро дар пиллаҷо мепӯшад.

Чӯбакбозӣ Чӯбакбозӣ, ё чӯбчабозӣ, яке аз бозиҳои анъанавии бачагони ноҳияи Мастчоҳ буда, ба бозии баландибарояк монанд мебошад. Дар ин бозӣ аз чор бештари шумораи бозигарон иштирок мекунанд.

Бачаҳо дар даст якчанд чӯбчаи 20-30 см ё тахтачае ба ҳамин дарозӣ мегиранд. Як нафар аз бачаҳо «рӯбанда» интихоб мешавад, ки дигаронро бояд дастгир кунад.

Бачаҳои дигар бояд пойҳояшон ба замин нарасанд, барои ҳамин дар таги пойҳо чӯбчаҳо ё тахтачаро гузошта, болои онҳо мебароянд.

Вақте ки рӯбанда ба бачаҳо наздик шуд, онҳо кӯшиш мекунанд, ки болои чӯбчаву тахтача бароянд ва пояшон дар замин нарасанд. Кадом бозигаре, ки ҳадди ақал як пояш дар замин бошад, бачаи рӯбанда ӯро дастгир мекунад ва дар даври навбатӣ он бозигар вазифаи рӯбандаро иҷро мекунад.

Ҷав чанд ман?

Бачаҳо дар майдонча ё боғчае ҷамъ омада, ба ду даста тақсим мешаванд ва ду нафарро сармир интихоб менамоянд. Дастаҳо дар ду тарафи майдон саф кашида, сармирҳо дар мобайни майдон бо ҳам машварат мекунанд, ки ҷавро чанд ман гӯянд. Ниҳоят ба як хулоса меоянд, масалан, ҷавро ҳашт ман қарор мекунанд. Сармирҳо бо навбат аз аъзои дастаи худ чанд ман будани ҷавро мепурсанд:

Сармир: Ёрон, ёрони мо!

Бачаҳо: Даҳӣ дар миёни мо.

Сармир: Ҷав чанд ман?

Бачаҳо рақамҳоро гуфтан мегиранд ва дар охир шумораи пинҳонкардаи сармирҳоро меёбанд. Кадом дастае, ки чанд ман будани ҷавро дарёфт ғолиб ҳисоб мешавад. Бачаҳои мағлуб ғолибонро ба пушти худ бардошта, майдонро як бор гирд мегарданд ва боз навбати дигари бозӣ шурӯъ мешавад.

Ҷавлон-ҷавлон Бозии ҷавлон-ҷавлон дар байни бачагони Рашту Дарвоз маъмул буд. Бачаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуда, якнафариро сардор ё сармир интихоб менамуданд.

Бозигарони ҳар ду даста давра карда, дар замин менишастанд ва сармирҳо дар мобайни давра ҷой мегирифтанд. Сармирҳо пешакӣ бо ҳам маслиҳат карда, номи ягон гулро интихоб мекарданд ва аз ҳар як иштирокчӣ онро мепурсиданд. Бозигаре, ки он номи гулро меёфт, рӯймоли миёнбанди худро тоб дода, дурра месохт ва бачаҳои дигарро таъқиб мекард. Бачаҳо, ба ҷуз аз сармирҳо, ба ҳар тараф мегурехтанд.

Пас аз чанд лаҳзаи суросурӣ сармирҳо “ҷавлонҷавлон” гуфта, дод мезаданд. Бозигари рӯймолчадор ин фармонро шунида, зуд бояд худро ба назди сармирҳо мерасонид. Агар кадом бозигаре ӯро то расиданаш ба назди сармирҳо дастгир кунад, бо дастҳо чашмони ӯро мепӯшонид. Вақте ки бачаи дуррадор халос хӯрда, худро ба назди сармирҳо мерасонид, онҳо аз вай мепурсиданд:

Сармирҳо: Ай куҷо омадӣ?

Бозигар: Ай Лахш.

Сармирҳо: Чӣ овардӣ?

Бозигар: Як линга ҳаром, як линга ҳалол.

Сармирҳо: Ҳаромаш пеши кӣ, ҳалолаш пеши кӣ?

Бозигар: Ҳалолаш пеши саймиро, ҳаромаш пеши бачаҳо.

пешина
аз 12
навбатӣ