Ҷавпазак - Бахтёри Муртазо

Маҷмӯаи ҳикояҳо, қиссаҳо ва очеркҳои нависанда Бахтёри Муртазо хислатҳои пок ва нек, одамияти баланд, ростқавлӣ, заҳматписандӣ, ватанпарастӣ, хоксорию фурӯтании шахсони наҷибро ситоиш менамояд. Итминон дорем, ки китоби адиб писанди табъи хонандагони арҷманд хоҳад шуд.
Барномасоз · 15 сентябри 2026 · 29 саҳифа
ҶӮИ НАВДИЗ
Қутбия-бибӣ кадушӯрборо дар назди ҳамсараш болои сандалӣ гузошт. Солеҳ – бобо пораи нони зағораро дар оби шӯрбо тар карда, ба даҳони бедандонаш бурду ҷониби тиреза нигарист.
– Хонаҳалок имрӯз ҳам намемондагӣ барин-а. Дар соли ҷанг хунук сахт мешуд, ҳоло-ку як сол боз ҷанг ба охир расид. Ин касрати ҷанг-да, касрати ҷанг. Касраташ ҳоло давом мекунад, дарди бедаво барин... Кампир ба суханони пирамард чизе нагуфта, офтобаи дар байни қӯри дегдонбударо ҷунбонда монд. Оби офтоба қариб ба ҷӯшомада будааст, ки он оҳиста-оҳиста садо мебаровард.
– Барги чинор танга барин кушода шуду ҳоло ҳам барф меборад-е,-гуфт боз мӯйсафед ва дар деҳаи Чорбоғ хеле камшумор мондани чорворо донад ҳам, илова кард:
– Ин барф офати мол. Охир мо, бандаҳо чӣ ҳам мекардем, мулки худаш. Дар бадали чор-панҷ сол оғили мардум аз чорво холӣ шуд. Ҳоло аз понздаҳ-бист бунаи деҳаи хурдакаки Чорбоғ танҳо дар ҳавлии Солеҳ-бобо як ғуноҷин буду дар хонаи зани Ҳидоят як сар буз. Ҳама ба коми ҷанг фурӯ рафт: ҳам мардон, ҳам чорво... «Аз дигар тараф барф ин файзу баракати осмонӣ,
– ҳанӯз аз тиреза чашм намеканд пирамард, – агар баҳор нағз ояд, ҳосил мӯл мешавад. Ҳа-а! Лекин Ҷӯи Навдиз-чӣ?» Чолу кампир хомӯшона кадушӯрбо мехӯрданд, ки дарвоза ғиҷиррос зада кушода шуду аз паси он сари урёни писараке намоён гашт. Мӯи бача жӯлида ва баланд расида буд.
– Очам гуфт, ки камтар лахча...
– Э, биё, Иноят, биё, ҷони бобо, биё,
– суханони бачаро бурид мӯйсафед. Чашмони сиёҳи гирдаи писарак дар чеҳраи рангпарида, коста ва лоғари ӯ калон-калон метофтанд. Иноят хушҳолона ба хона ворид шуд. Ӯ ба ҷомаи дарози кӯҳнае печида буду дар пойҳояш калӯшҳои бебинии пахолпур дошт. Бача сатили барои лахча овардаашро дар остона ниҳода, дар гӯшаи сандалӣ нишаст ва дастонашро зери кӯрпа андохт. Чашмони ӯ ба чеҳраи пирамард дӯхта шуданд. Солеҳ-бобо як пора нони зағора ва кадуро ба назди Иноят болои дастархон гузошт.
– Бо дадояш як себи ду тақсим-е, – ба кампираш нигарист пирамард.
– Ҳа, – ҷавоб дод Қутбия-бибӣ,
– Ҳидоят ҷавони хушқаду қомат буд. Писарак табассум кард ва дандонҳои садаф барин сафеди худро нишон дода, ба нону кадухӯрӣ даромад. Соли аввали ҷанг, вақте ки Ҳидоят-тракторчӣ бо ҳамқишлоқиҳои худ Файзулло, Неъматулло, Қурбон ва Нурмат ба муҳориба рафт, писараш Иноят чорсола буд. Ӯ дар ду-се соли охир зуд қад кашида, мактабхон шуд. «Азобу кулфати ҷанг дарҳол хурдонро калон, калонсолонро пир мекардааст»,
– аз дил гузаронд Солеҳ-бобо. Пирамард ҳамашро дар ёд дошт. Ин панҷ мард, ки сокинони деҳа онҳоро ситораи панҷгӯша меномиданд, ҳамин зимистон дар остонаи Москва ҷангиданд. Баъди як моҳ аз чор нафарашон хати сиёҳ омад. Лекин Ҳидоят ба ӯ мунтазам мактуб навишта меистод, аз ҳолу аҳволи деҳотиён мепурсид. Риштаи хаёлоти Солеҳ-боборо садои кӯҳнасатили Иноят, ки ба он Қутбия-бибӣ лахча мегузошт, канда кард. Кампир ба бағали писарак як порча нони зағора андохта, «ба укоят деҳ» гуфт. Писарак боз дарвозаро ғиҷиррос занонда кушоду берун баромад. «Эҳ, Ҳидоят-е, Ҳидоят-е,
– хаёл мекард марди солхӯрда,
– дар дилат чӣ орзуҳои нек буданд...» Солеҳ-бобо, ки фарзанд надошт, ба Ҳидоят чун падар меҳр баста буд. Ҳидоят ҳам ба хонаводааш, ҳам ба Солеҳ-бобо нома менавишт. Пирамард мактубҳои ӯро интизор мешуд, гаштаю баргашта мехонд. Номаҳои сегӯшаи аскар, ки бо мӯҳри почтаи майдони ҷанг меомаданд, ба марди солхӯрда қувваю дармон мебахшиданд. Мана, як мактуби вай, ки аз сарзамини Полша омада буд. «Имрӯз Варшаваро аз фашистон озод кардем,
– навишта буд Ҳидоят,
– ба қарибӣ лонаи онҳо
– Берлинро ҳам мегирем! Ҳамин ки ба деҳа баргаштам, бачаҳоро ҷамъ карда, саргаҳи Ҷӯи Навдизро меканем. Агар харсангҳо ҷӯйро баста бошанд, ҳамроҳи худ доруи тарканда мебарам. Харсангҳоро мисли танкҳои фашисттон майда-майда карда, ҳатман обро сар медиҳем. Боз замин шодобу ғалла фаровон мешавад. Сару тани ятимон обод, ишкамашон аз нон сер мегардад».
– Ҳа, – мегуфт мӯйсафед,
– Ҳидоят фарзанди падараш Ноҳид, ки дар дастаи Ӯта-командир хизмат мекард. Ӯ нағз медонист, ки Ноҳид хеле шуҷоъ буд, ғосибон ба рӯи синааш мили таппонча, дами теғро рост карда бошанд ҳам, буздилию безардагӣ карда, сирри ҳамяроқони худро фош насохту чун марди майдон рост истода ҳалок шуд. «Бале, писари чунин инсони мард мард мешавад, дар ғами дигарон месӯзад»,
– хаёл дошт Солеҳ-бобо. Дар муҳорибаи душманон, ки падари Ҳидоят қатл гардид, ба пои Солеҳ ҳам тир расид, бинобар ин ӯ иллатӣ шуда аз ҳамон рӯз боз лангон-лангон роҳ мегашт. Соли ҷанг магар соли кабиса буд, ки аз аввали баҳор селобаи шадиде аз кӯҳ шорид. Ин селоб саргаҳи Ҷӯи Навдизро, ки аз дараи Дандоншикан мегузашт, бо лою санги зиёд пур кард. Акнун оби Кофарниҳон ба Ҷӯи Навдиз ҷорӣ намешуд.
Ҷӯи Навдиз як осиё об дошт. Сокинони деҳаи Чорбоғ гандумзор, полизҳои харбуза ва кишти ҷувории худро аз он об медоданд... Солеҳ-бобо дар вақташ аз падари солхӯрдаи худ шунида буд, ки аз замонҳои қадим мардуми деҳа дар соҳили ҳамин рӯд Наврӯзро ҷашн мегирифтаанд. Одамон дар ду лаби ҷӯйбор хаймаҳои сурху сафед зада, ба чорсайр мебаромадаанд. Оби ҷӯй аз бари кӯҳнақалъае ҷорӣ шавад ҳам, онро «Навдиз», яъне қалъаи нав мегуфтанд. Солеҳ-бобо аз хушкидани Ҷӯи Навдиз хеле ғамгин шуда буд, ҳамон вақт ҳатто мисли одамони дардманд бемадору хастаҳол мегашт.
«Нависам ё нанависам, охир, бе ин ҳам дар ҷанг ғаму кулфаташ басанда»,
– гӯён хаёл карда гашту оқибат дарди дилашро ба Ҳидоят баён намуд. «Гирмони хонаҳалокро қир карда биё,
– бо ҳарфҳои каҷу килеби лотиниаш навишта буд Солеҳбобо, – сонӣ ҳардуямон саргаҳи Ҷӯи Навдизро тоза мекунем. Аз кӯҳ як дунё сангу хок ба дара, ба дамгаҳи Ҷӯи Навдиз рехт.
Мани ланг бо ин бачаҳои сағира ва занони беваи камқувват ҳеч кор карда наметавонам. Ба ин занони бечора кори колхозу ташвиши хона ҳам бас...»
Солеҳ-бобо хати сегӯшаи Ҳидоятро гирифта, ба ҳар як ҳавлӣ рафта, ҳамқишлоқиҳои худро тасаллӣ дода буд: «Ғам нахӯред, аскарони мо очаи зори душманҳоро ба чашмашон нишон медиҳанд. Ҳидоят-тракторчӣ меояд, дигар бачаҳо ҳам меоянд, ба Ҷӯи Навдиз об сар медиҳем. Нон мӯл мешавад». Рӯзи Ғалаба пирамард нишони сипаршакли Ҷумҳурии Халқии Бухороро, ки солҳои бистум аз дасти Ӯта-командир мукофот гирифта буд, ба рӯи синааш насб карда, ба маркази ноҳия рафт. Мӯйсафед умедвор буд, ки Ҳидоятро пешвоз мегирад. Вале он рӯз Ҳидоят наомад, аз ҳеч каси дигар ҳам хату хабаре набуд.
Минбаъд Солеҳ-бобо дар бораи тоза кардани Ҷӯи Навдиз бисёр андеша мекард. Аксар вақт дар гирду атрофи саргаҳ мегашт, чизеро худ ба худ муҳокима мекард, қаду бари ҷӯйро бо қадамҳояш ҳисоб менамуд. Боре, Солеҳ-бобо тамоми минтақаи бандшудаи ҷӯйро бо қадам чен карду ба ҳавлиаш баргашта, ба оғил даромад. Ғуноҷин хошоки охурро хӯрда, акнун ба соҳибаш нигариста кавша мекард ва гӯё «ҳоло зимистон дароз, ба ман боз чӣ медиҳӣ?» гуфта пурсиданӣ мешуд.
«Эҳ, ғуноҷинам, ғуноҷин, – мегуфт пирамард,
– агар Ҳидоят баъди ғалаба бармегашт, ба Ҷӯи Навдиз обро равон мекардем. Вай йигити девкор буд, тракторашро меоварду дар як дам тоза мекард, ё ягон роҳашро меёфт. Лекин дидӣ, чӣ шуд, вай наомад, дигар Худо медонад, ки меояд ё не? Ҳа, ин хонаҳалоки Гирмон...» ва Солеҳ-бобо як дашноми дастабиринҷӣ дода каме андешаманд шуд.
– Ё аз ҳамқишлоқиҳо қарз гирам. Вале ҳолу аҳволи ҳама ба ман маълум. Охир дар ҷои хурдакак ягон чизро пинҳон кардан мумкин нест: на бадбахтӣ, на дороӣ, на хурсандиро... Бузи зани Ҳидоят ҳаст ва ғуноҷини ман. Буз ба онҳо зарур, ба бачаҳояш шир медиҳад. Як сари қоқи ману кампирам бо як илоҷ мегузарад-дия. Акнун ман дигар роҳ надорам. Аз ман хафа нашав, азизам. Туро бояд ба бозор бурда фурӯшаму ба пулат дусе касро киро карда, банди дамгаҳро бардорам.
Ман аз номи Ҳидоят ба одамон ваъда додаам. Боз ягон кас дар бораи вай нагӯяд, ки ваъдаашро иҷро накард. Барои ҳамин ба аҳд истоданам ҳам қарзу ҳам фарз. Ман бояд дар назди аскарбача қарзи худро адо кунам. Имсол аз файзи осмон замин фарбеҳ шуд, лекин дар моҳҳои ҷавзою асаду саратон оби Ҷӯи Навдиз ба киштзор нӯшдору аст, нӯшдору. Медонам, ту розӣ ҳастӣ, ба ту фарқ надорад, аммо кампирро чӣ тавр розӣ кунонам, ба вай чӣ тавр фаҳмонам?» Солеҳ-бобо бо ҳамин фикру андешаҳо аз оғил баромада, дар саҳни ҳавлӣ кампирашро дид, ки ӯбадиҳои кӯҳнакӯрпаро дар рӯи бӯрё густурда сабадчӯб мезад.
– Ба ман нигар, – гуфт пирамард ва бо шиддат ба сӯи кампир омадан гирифт. Вале ду-се қадам ниҳода, роҳгардиашро суст карду «Ҳа, хонаҳалоки Гирмон»-гӯён аз раъяш гашт ва аз ҳавлӣ баромад. Қутбия-бибӣ ин бесаранҷомии ҳамсарашро дида, аз қафои вай мутаҳайирона нигоҳ карда монд. Бегоҳӣ сӯҳбатро Қутбия-бибӣ кушод.
– Ин қадар безобита ҳастед? – ба рӯи Солеҳ-бобо назар афканд.
– Хуб шуд, ки кампир, гапро худат кушодӣ, – лаб боз кард Солеҳ-бобо. – Ту аз ҳама чиз бохабар ҳастӣ. Ман дар пеши аскарбачаҳо ҳамаи қарзҳоямро адо кардам, чор-панҷ зимистони ҷанг барфи бомашонро тоза кардам, аз обу ҳезуми аёлу атфолашон хабардор шуда истодам, ғаллаашонро дар дастос орд кашидам, хуллас, ҳар чи метавонистам, кардам. Акнун солам рафтааст, аъзои баданам суст шудааст. Лекин як қарзам мондагӣ, як қарзам аз Ҳидоят-тракторчӣ. Ҳамон қарз ба қиёмат намонад, нағз не, саргаҳи Ҷӯи Навдизро кушоданам даркор, – медонӣ? То ҷорӣ шудани обро бо чашмам набинам, ором намегирам. Агар ҳамин корро буд карда натавониста мурам, як дастам аз гӯр боло мемонад.
– Пирамард дар ин ҷо каме хомӯш монду сонӣ илова кард:
– Барои ҳамин фикр карда-фикр карда, дигар илоҷ наёфтам. Намедонам, ту чӣ мегӯӣ? Хаёлам, ҳамин ғуноҷинро нафурӯшам, намешавад. Инро шунида кампир якбора сарашро хам кард.
– Охир бо чашми умед нигоҳ карда шиштаем, ки кай гӯсола мезояд. Як қошуқ шир медиҳад. Қутбия-бибӣ дигар чизе ба забон наоварду сиришки дидагон ба чеҳраи пурчин рехтан гирифт. Кампир бо нӯги қарс оби чашмонашро пок мекард. Ӯ медонист, ки пирамард дигар аз райъаш намегардад.
– Шуд-шуд, – дар ҷояш хеста нишаст Солеҳ-бобо, – мақсадамро мефаҳмӣ гуфта, гапро аз дур сар кардам. Набошад, чизе намегуфтаму мефурӯхтам, вассалом. Хонаҳалоки Гирмон намешуд, чунин рӯз дар сарамон намеборид, албатта. Сонӣ, ин корамон, охир ба нияти хайр аст, барои серию пулӣ, ободии ҷамоа.
– Ихтиёратон, ин тарафашро ҳам қатори халқ дидан мегирем,
– розӣ шуд Қутбия-хола.
– Ин тарафаш ободию фаровонӣ, кампир, хавотир нашав, – табассум намуд мӯйсафед.
...Саҳаргоҳ Солеҳ-бобо ғуноҷинашро ба бозори маркази ноҳия бурд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё