Ҷавпазак - Бахтёри Муртазо

Маҷмӯаи ҳикояҳо, қиссаҳо ва очеркҳои нависанда Бахтёри Муртазо хислатҳои пок ва нек, одамияти баланд, ростқавлӣ, заҳматписандӣ, ватанпарастӣ, хоксорию фурӯтании шахсони наҷибро ситоиш менамояд. Итминон дорем, ки китоби адиб писанди табъи хонандагони арҷманд хоҳад шуд.
Барномасоз · 15 сентябри 2026 · 29 саҳифа
ДАРАХТИ ПУДА
Олими ҷавон Фозил Мурод дар назди даромадгоҳи институт як гурӯҳ ҳамкорони худро дид. Онҳо пеш аз оғози кор ба лавҳаи эълонҳо чашм дӯхта, чизеро байни худ гарму ҷӯшон муҳокима мекарданд. Фозил низ сигарети дасташро ба қуттии пеши зина партофта, бар лавҳа назар афканд. Ӯ ба эълоннома чашм давонда, аз дил мегузаронд, ки ба ин таъҷилӣ даъват шудани маҷлиси истеҳсолӣ чӣ маънӣ дошта бошад?
Охир, ба қарибӣ маҷлис шуда буд-ку? Зимнан ду-се рӯзи охир кормандони солхӯрдаи институт барпо шудани як маҷлиси пурғавғоеро чашмдор буданд. «Халил Ибронович ҳоло ходимони навашро аз чиғири худ нагузарондааст», мегуфтанд онон маънидор. «Вай дурустакак ҳаллоҷӣ мекунад, меҷинҷонад. Нағмаю усулҳояш бисёр!» Ходимони нави илмӣ дар озмоишгоҳи Халил Ибронович шарикдарсон Фозилу Давлат буданд, ки ҳар ду ҳам дар соҳаи физика рисолаи номзадиро дар шаҳри Дубнаи кишвари Русия ҳимоя намуда, ҳоло шаш моҳ боз ба тадқиқот шуғл доштанд.
Онҳо дар Дубна соҳиби вазифа, ҷою макон буданд, вале ин ҳамаро партофта, барои тараққиёти илми ҷумҳурии худ камар баста, роҳи Душанберо пеш гирифтаанд. Номзади илми физикаю математика Халил Ибронович даҳ сол мешавад, ки мудири озмоишгоҳ аст. Дар бадали ҳамин даҳ сол ҳаждаҳ нафар муҳаққиқон яке паи дигар бо мудир созгорӣ накарда, аз вазифа рафтаанд... Фозил дар долон қадам мезад, ки аз ақиб овози Холиқро шунид. Ӯ чашмони маккоронаи бозингаре дошт. Ходимони институт дар бораи ин ҷавон, ки хеле сертану тӯш буд. «Холиқи Гупсар аз шогирдони бовафои Халил Ибронович» мегуфтанд.»
– Ба ту ҳаёт диҳад, – баъд аз вохӯрӣ ва ба коргоҳи Фозил даромадан гуфт Холиқи гупсар, – мо аз ихлосмандонат. Умуман аз ту барин олимони ояндадор ибрат мегирем-дия, коми туро охир дар маркази физика бардошта шах кардаанд.
– Ташаккур, бародар. Мо ба ин таърифҳо сазовор нестем. Мегӯянд, ки худи ту ҳам ба қарибӣ ҳимоя мекардаӣ.
– Бо мадади дӯстон, ҳаёт диҳад. Ту барин олимон як дуои нек диҳанд, ҳеч боке не. – Қуръаи фоламон ҳам нек мешавад,хушкаломӣ мекард Холиқи Гупсар. – Хоҳ бовар кунӣ, хоҳ не, ба ту эътиқоди ман калон. Ҳа, дониста мон, дар институт ба ту ҳасад мебурдагӣ ҳам кам не. Худат шояд пайхас кардаӣ.
– Ҳадафатро нафаҳмидам, – сигарет даргиронда гуфт Фозил, ки мехост, мусоҳибаш ҳарчи зудтар ба сари мақсад ояд.
– Ҳеч ҳадаф-падаф надорам, ба ту ҳаёт диҳад. Ҳаминро гуфтаниям, ки ту дар синну сол аз ман хурдтар бошӣ ҳам, дар институт мавқеи хос дорӣ. Ана ҳамин мавқеъро дар пеши назари ҳасудон мустаҳкам кардан даркор. – Холиқи Гупсар ин суханонро гуфта, чашмони худро бозӣ доронда ба чеҳраи Фозил нигарист: «Ку, ин гуфтаҳо чӣ акси таъсире доранд?» Фозил мехост, ки ба ин суханони Холиқи Гупсар беэътиноии худро нишон диҳад, лекин дили вайро фаҳмиданӣ шуд.
– Дар пеши кадом ҳасудон?
– Ту эҳтимол бовар накунӣ, ҳаёт диҳад, ҳасудон бисёр ҳастанд. Хайр, дур намеравем, мана, яктоаш ҳамин шарикдарси худат.
– Давлат?
– Бале.
– Вай ба кадом ҷоҳу ҷалоли ман ҳасад мебурдааст. Ҳол он ки вазифаи ҳардуямон баробар, сонӣ падари вай дар ноҳия роҳбари хоҷагии калону падари ман як деҳқони оддӣ, ки ба қарибӣ ба нафақа мебарояд. Холиқи Гупсар боз чашм бозӣ доронда, ба чеҳраи Фозил нигарист ва як диқиқа хомӯш монд.
– Эҳтимол, мавқею эътибори ту дар институт маъқул набошад,
– сонӣ илова намуд ӯ. – Чаро ман нею Фозил эътибор ёфтааст, гӯяд.
– Шояд, – бо андеша гуфт Фозил, – ҳасад яке аз зиштиҳои сиришти одамист. – Ва хаёл карда, «чаро ман инро дар табиати Давлат пай набурдаам», – аз дил гузаронд.
– Агар мавқеи худро мустаҳкам накунӣ, – ба ҳамлаи дигар гузашт Холиқи Гупсар,-аз ҳамин кору дастгоҳ ҳам мемонӣ. Аммо ту бояд пеш равӣ. Шунидам, ки пагоҳ-фардо Халил Ибронович ба вазифаи дигар мегузаштааст. Ҳоло аз ҳама беҳтар кӣ ба ҷои вай лоиқ , ту. Ман дар ин кор аз ту лоиқтарро намебинам. Ту мудири таппа-тайёр, олими пухта, метавонӣ мустақилона ба озмоишгоҳ роҳбарӣ кунӣ, инро медонӣ?! Вале дар лаҳзаи мувофиқ гӯлӣ накарда, барои ин бояд замина тайёр кунӣ, за-ми-на-и маъ-на-вӣ! – Ду калимаи охиронро ба таъкиди махсус талаффуз кард вай. Дар миён фурсате сукунат ба амал омад. Холиқи Гупсар мақсади худро анҷом ёфта пиндошт. Зеро вай аз зумраи он одамони худбовару худбин буд, ки чизҳои саросема тахмину тасаввур кардаашонро ҳақиқат мешумурданд. Гупсар дар хусуси дигарон аз назари худ ақида дошт: онҳо дар шууру ҷаҳонбинӣ аз ӯ пасттаранд ё шояд ками дар кам баробар бошанд, вале ба ҳеч ваҷҳ бартар нестанд.
– Пас ман чӣ тавр заминаи маънавӣ тайёр мекунам?
– Наход ки ман ба ту фаҳмонам, – пешонӣ пурчин кард Холиқи Гупсар. – Хабар дорӣ, имрӯз, соати ҳафти бегоҳ маҷлис мешавад.
– Эълонро хондам.
– Ана, дар ҳамин маҷлис...
– Холиқи Гупсар бо азоб калимаҳоро талаффуз мекард,
– ту бояд маърӯзаи ходими калони илмӣ Нодириро қувват диҳӣ, умуман мувофиқи оҳанги гуфтори вай гап занӣ. Бо ҳамин бояд нишон диҳӣ, ки ту аз Давлат болотар ҳастӣ. Олимӣ-ку, ба ту чӣ тавр гап заданро ёд додани ман лозим набудагист. Фаромӯш накун, Халил Ибронович пеш аз рафтан туро дар ҷои худ пешниҳод карданист. Ман одами вай, инро нағз медонам. Фозил сонияе чанд андешид ва пас ба Гупсар рӯй овард.
– Хуб шудааст, ман гап мезанам. Ин ҷо Холиқи Гупсар аз чӣ бошад, ки ба сӯи Фозил назари шубҳаноке партофт.
– Хотирҷамъ бош, гап – якто, – шубҳаи ӯро бартараф кард Фозил, – ҳамоҳанг мешавам.
– Ин тавр бошад, маслиҳатамон пухт, – аз ҷояш хест Холиқи Гупсар. Вале дар остонаи дарвоза бозистод ва бори дигар ба тарафи Фозил озмоишкорона назар афканд. Ин одам бо дилу ҷон мехост, ки ба Фозил бовар кунад.
– Ҳушёр бош, ман ба ту таҳдид намекунам, лекин агар ягон найрангбозие кунӣ, ҳамаи бало ба сари худат меафтад, – ва аз коргоҳи Фозил бадар рафт. Аслан ҷумлаи охирини Холиқи Гупсар таҳдиди сахте буд ба Фозил. Азбаски дигар ҳамкорон ҳанӯз наомада буданд, Фозил дар коргоҳ танҳо нишаста хеле хаёл кард. Тамоми ибораю ишораҳои Холиқи Гупсарро дар маҳаки ақл санҷид, бо он суханоне, ки пештар аз дигар кормандони институт шунида буд, муқоиса намуд. «Нағмаю усули Халил Ибронович бисёр» гуфтани коргарони институтро ёд овард.
Халил Ибронович дар дигар муассисаҳои илмӣ низ кор кардааст. Ӯ дар ҳама ҷо як усули тағйирнопазир доштааст. Худ ба ягон кори илмӣ машғул нашуда, (ба ин ҳавсала, маърифат ва ҷаҳонбинии казоӣ ҳам надоштааст), аммо мувофиқи ривояте, ба тайёраш баковул мешудааст. Чанде пеш Давлат тадқиқоти худро дар боби муайян кардани вақти пайдоиши моддаҳои кӯҳӣ ба анҷом расонида, мақолаашро дар маҷаллаи соҳавӣ дарҷ кард. Дар болои имзои Давлат, бале, маҳз дар боло – имзои мубораки Халил Ибронович ба назар нарасид. Инро вай бо воситаи Холиқи Гупсар хоста буд. Аммо дар маҷалла зери мақола ному насаби худро надид.
«Бо инаш ҳам қӯрчамон набаромад, гуфт баъди ин воқеа Халил Ибронович ба Холиқи Гупсар, – бо Фозил гапзанон карда, ба тарафи худамон майл кунон. Дар миёни ҳамдигар як дафъа носозгор шаванд, баъд масъала ҳал шуд, гуфтан гир. Ин ҷавонони шаккоки ёғиро бо дасти худашон бартараф накунем, дигар илоҷ нест». Халил Ибронович ба ҷабини ҳар ходими илмие, ки дар озмоишгоҳ ба ӯ гардан намефаровард, ҳамин тамғаи худро насб мекард: «шаккоки ёғӣ!» Ҳаждаҳ нафар корманди илмӣ бо ҳамин тамғаи мудири озмоишгоҳ маҷбуран ҷои худро иваз намуда буданд... Мудир ба ривоҷи илму фарҳанг асло коре надошт. Зеро худ аз он фарсангҳо дур буд. «Ман, албатта, дар маҷлис сухан мегӯям, аз ҳалқаи хаёлот раст Фозил. Аммо бартарии ман аз Давлат ҳеч маъние надорад. Мо бояд бо Халил Ибронович часпу талош кунем. Охир, ин то ба кай бояд давом ёбад? Бигзор ман нуздаҳум бошам!»
...Мудири озмоишгоҳ Халил Ибронович дар ҳайати раёсати маҷлис ҷои садрнишинро ишғол намуда буд. Дар гирду атрофи ӯ ҳамагон одамони худӣ нишастаанд, ин дафъа ба маҷлис бегонаҳо даъват нашудаанд. Башараи носареҳи худро ба одамони ғайр нишон додан чӣ зарур? Раиси иттифоқи касабаи институт, ҷонишини мудири озмоишгоҳ, ходими калони илмӣ Нодирӣ маърӯза кард. Ин мӯйсафеди муррук, ки маърӯзаи дигарон навиштаро пеш аз маҷлис як бор аз назар нагузаронда будааст, матнро дармондадармонда мехонд.
Қисса мекарданд, ки Нодирӣ зоҳиран бо касе кордор набуда, дар озмоишгоҳ ба таҳқиқи микроэлементҳои хоки минтақаи кӯҳдоман машғул аст. Вале солҳои зиёд боз касе намедонист, ки ин кораш ягон самара дорад ё не? Ӯ нотиқу гапдони забардасте ҳам набуд, вале аҷоибаш ин ки ягон касро танқид карданӣ шаванд, ҳатман вай маърӯзачӣ мешуд. Нодирӣ ҳам нею нестон накарда, бо овози якнавохту хираи худ маърӯза мехонд: мувофиқи супориш як касро таъриф мекарду каси дигарро танқид. Баъзан агар вазъият тағйир ёфта, маҷлис мувофиқи нақшаи қаблӣ нагузараду танқидҳо ғалат ва ҷазоҳои додашуда беасос бароянд ҳам, касе аз Нодирии ҳалими беозор хафа намешуд. Гунаҳгорони дигарро меҷустанд ва боз Нодирӣ ба минбар баромада, гӯё чун ҳаками холис гунаҳгорону бегуноҳонро муайян мекард. Нодирӣ дар ин маҷлис ҳам овози худро пасту баланд накарда, арз менамуд, ки олими ҷавон Давлат бо мудири озмоишгоҳ Ибронов баҳсҳои ноҷояи илмӣ мекунад. Илова бар ин Давлат дар муносибат бо атрофиён дағал аст, ҳатто фалонӣ ва бисмадониро бо алфози қабеҳ дашном додааст. Вақте бо одамон гап задан дар миёни ду ангушташ сигарет мегирад, охир, ин беҳурматист ва ғайра ва ҳоказо. Ҳозирон аз ин ёвагӯиҳо дилгир шуда, хамёза мекашиданд. Ходими калони илмӣ аз паи як хулосаи мантиқӣ бо ҳамон оҳанги беэътиноӣ хулосаи мантиқии дигареро арз менамуд. Фозил андеша дошт, ки Нодирӣ дар оилаи худ бо наздиконаш чӣ хел муносибат мекарда бошад? Оё ягон касро дӯст медорад? Чаро вай соҳиби обрӯю эътибор аст, барои чӣ ҳоло дигарон ба суханонаш ором гӯш мекунанд, шӯру қиём намебардоранд?
Ва аз ҳама аҷибтар он ки одамон ҳар саҳар бо вай рӯ ба рӯ шуда, чаро ба даҳшат намеоянд? Чаро?! Охир, вай ҳар як касро бо ҳамин дилсардӣ, беэътиноӣ, мантиқи сохтаю бофта маҳкум карда метавонад. Не, ба даҳшат намеоянд. Агар ба даҳшат меомаданд, пас дар ин маҷлис карахтӣ ва беҳиссии вай ба ҳозирон сироят намекард. Чашмони Фозил ба афту башараи Холиқи Гупсар намерасид. Холиқи Гупсар дар қафо нишаста, қиёфаи вай дар паноҳи шахсони навча нопадид буд. Фозил дидан мехост, ки ин гумоштаи Халил Ибронович ҳоло чӣ тантанае дорад. Нодирӣ маърӯзаи худро анҷом дод. Касе дар поёни маърӯза кафкӯбӣ накард, балки маҷлисгоҳро як хомӯшие фаро гирифт, хомӯшии ноҳинҷоре. Нодирӣ гӯё кори муҳим ва начандон осонеро анҷом дода бошад, ду-се бор сулфида ба ҳозирон бо виқор нигарист ва айнакашро аз болои бинӣ гирифта, аз сари минбар рафту ба паси мизи ҳайати раёсат нишаст. Ӯро низ ба ҳамон ҷо интихоб карда буданд. Холиқи Гупсар аввалин шуда ба музокира баромад. Ӯ дар нутқчаи худ «ҳаёт диҳад, ҳаёт диҳад»-гӯён эҳтироми устодонро таъкид намуда, Давлат барин шогирдони «кӯрнамак»-ро сахт маҳкум кард. «Ҳа, бале», – кинояомез андешид Фозил, – қандата зан нотиқ.
– Навбати сухан ба Фозил Мурод, – бо тантана эълон кард садри маҷлис Халил Ибронович. Маҷлисгоҳ андаке ба ҷунбиш омад. Ҳамагон бесаброна интизор буданд, ки акнун рафиқи наздики Давлат чӣ мегуфта бошад? Ҳамон Давлате, ки имрӯз Халил Ибронович ба майдони тӯҳматолуди муҳокима кашидааст. Фозил пеш аз суханронӣ лаҳзае ба рӯи Халил Ибронович нигарист. Ин як лаҳза кофӣ буд, ки Фозил аз чеҳраи мудир бисёр чизҳоро бихонад: оре, ба Халил Ибронович гуфтаанд, ки Фозил ба муқобили Давлат мебарояд, ин аз қаноатмандӣ ва бо эътимод нишастани мудир равшан буд, яъне ҳамааш мувофиқи нақша ҷараён дорад. Сонӣ Фозил ба аҳли маҷлис муроҷиат кард:
– Аввал, рафиқон, ман дар бораи он нақл карданиям, ки барои хиёнат ба дӯст чӣ тавр бо ман корсозӣ карданд. Маҷлисгоҳро якбора хомӯшии комиле фаро гирифт. Ранги рӯи Халил Ибронович парид, дастонаш ларзиданд ва барои он ки ин ҳолати ӯ аён нашавад, панҷаҳои ҳар ду дасташро қуфлу калид карда менишаст.
– Бо воситаи шахсе, ки пеш аз ман, – давом дод Фозил, – аз минбар гап зад, ба ивази хиёнат ба дӯст вазифаи баландтарро ваъдаам кардаанд. Хушбахтона, ман метавонам, бори дигар номи вайро ба забон нагирам... Ин ҷо Фозил таваққуф намуда, ба толор хаёлангез нигарист. Сипас ба оҳанги устувор гуфт: – Лекин ҳоло чизи дигареро мушоҳида кардам!.. Фозил ба мизи ҳайати раёсати маҷлис назар намуд. Дар паси он Халил Ибронович, Нодирӣ ва дигарон нишаста буданд.
– Мӯҳтарам Нодирӣ! Лутфан бигӯед, ба ин суханоне, ки дар бадали чилу панҷ – панҷоҳ дақиқа ба мо гуфтед, худатон ҳам бовар доред? Ларзишу беқарории Халил Ибронович афзун шуд. Вай гӯё дар рӯи як курсӣ ҳам ҷои мувофиқтаре меҷуст. Пирамард Нодирӣ ба аъзои ҳайати раёсат як-як нигоҳи имдодҷӯёна мефиканд. Вале аз касе бӯи имдоде наёфта, дар рӯи миз хам шуд. Дар ин ҳолат ҷуссаяки фартути вай боз оҷизтар метофт.
– Яъне чӣ тавр? –гуфт сонӣ ӯ.
– Ҳамин тавр, – ба гапҳоятон худатон бовар доред ё не, мегӯям?
– Ҳа...албатта...ҳа...-канда-канда ҷавоб дод Нодирӣ ва дигар машғулият наёфта, бо нӯги галстуки худ айнакашро пок кардан гирифт.
– Аз рӯи виҷдон бори дигар як фикр кунед, олими мӯҳтарам, ақаллан дар пиронсолӣ гапи ҳақ гӯед. Магар бо ин сари сафед ба шумо айб нест, ки ҳамкори худро беасос маҳкум мекунед. Фардо бо кадом рӯй ба вай менигаред? Шумо ба ҳамаи мо ҳукми устодӣ доред. Оё сабақи шумо ба мо ҳамин аст?! Дар маҷлисгоҳ пичир-пичири нишастагон бештар шуд. Сонӣ ногаҳон дар толор овози Холиқи Гупсар паҳн гардид.
– Дурӯғ! Бӯҳтон!
– Эътироз мекунӣ, дасисабоз? – гуфт ба ӯ Фозил бо пичинги талх аз сари минбар. – Лекин ман медонам, ту ҳам бовар надорӣ, на ба суханони худат, на ба суханони Нодирӣ. Вале ба ин ҳеч вақт иқрор намешавӣ.
– Бӯҳтон! Ҳозирон ба ғалоғула даромаданд. Халил Ибронович ҳамчун мурғи нимбисмил дар талвоса афтода буд.
– Дуруст! Фозил рост мегӯяд. Ҳеҷ кас бовар надорад! – Аз ҳар кунҷу канори маҷлисгоҳ овозҳо шунида мешуданд. Халил Ибронович қаламеро аз бағалкиссаи кастюмаш бароварда, барои ором кардани ҳозирон ба суроҳии рӯи миз задан гирифт.
– Ҳамин тавр, рафиқон, – давом дод Фозил, аҳли маҷлис хомӯш гашта, суханони ӯро гӯш мекарданд. – Олими мӯҳтарам Нодирӣ ин ҷо гапҳои бисёре гуфтанд, вале худашон ба ягон нуктаи гуфтаашон бовар надоранд. Аз рӯи шунидам чунин ҳолат пештар ҳам рӯй медодааст. Ба ҷои он ки Давлат барин олимони ҳақиқиро ҳимоя кунанд, Халил Ибронович, Холиқи Гупсар барин шахсони тасодуфан ба илмомадаро дастгирӣ менамоянд... Боғбонон як ҳикмате доранд, ки мегӯянд: агар дарахт пуда шавад, аз ҳосил мемонад. Ин хел дарахт барои аловӣ ҳам кор намеояд, чунки лахчааш ҳарорат надорад. Нағз мешуд, ки олими мӯҳтарам ҳаминро ёд меоварданд. Фозил суханрониро ба охир расонд. Дар байни ғалоғулаи нишастагон боз овози Холиқи Гупсар шунида шуд.
– Ман гап дорам, ду-се даҳан гап дорам! Ӯ ба иҷозати садри маҷлис маътал нашуда, аз курсӣ хест. Вале Холиқи Гупсар дар мобайни маҷлисгоҳ дар ҷояш шах шуд. Минбар аллакай банд шуда буд, аз паси он сари сафеди Нодирии миҷморуқ метофт.
– Суханони Фозил Мурод ҳақ буданд. Бале, рафиқон, ҳаққанд. Ин ҷавон ба ман дарс дод, дарси фаромӯшнашаванда... Вале афсӯс, ки хеле дер... Агар тавонед, рафиқон, маро бубахшед... Илтимос, рафиқони аз ин ҷо рафта ҳам маро бубахшанд... аммо, мана, ин ҷавон!.. Нодирӣ мушти пажмурдаю хушкидаи худро ба сӯи Холиқи Гупсар равона кард. Баробари ин мушт сарҳои ҳамаи ҳозирон ба ҷониби Холиқи Гупсар, ки ҳоло ҳам дар байни маҷлисгоҳ мисли хӯсаи миёни полез карахт меистод, тофта шуданд. – Не, ҷавон не, ин ноҷавон, борҳо сари маро гаранг карда буд, ин ноҷавон бо устози шайтанатпешааш дар байни мо тухми нифоқ мекорад. Фозил дар бораи инҳо хеле баҷо гуфт: дарахти пуда!.. Кафкӯбии баланди аҳли маҷлис суханони Нодириро қатъ кард. Дар байни шӯру мағали ҳозирон Фозил гуфтугӯи касеро шунид: «Дандони мудир ба нуздаҳумаш нағӯтид...».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё