Ҷавпазак - Бахтёри Муртазо

Маҷмӯаи ҳикояҳо, қиссаҳо ва очеркҳои нависанда Бахтёри Муртазо хислатҳои пок ва нек, одамияти баланд, ростқавлӣ, заҳматписандӣ, ватанпарастӣ, хоксорию фурӯтании шахсони наҷибро ситоиш менамояд. Итминон дорем, ки китоби адиб писанди табъи хонандагони арҷманд хоҳад шуд.
Барномасоз · 15 сентябри 2026 · 29 саҳифа
Дар соли дуюми роҳбарии Раҳматулло колхози «50-солагии СССР» дар вилоят аввалин шуда, нақшаи пахтасупориро анҷом дод. Дар соли сеюм ҳам хоҷагӣ дар вилоят дар сафи аввал буда, ҳаҷми умумии пахтаро ба панҷ ҳазор тонна расонид. Ғайр аз ин деҳқонон нақшаҳои пиллапарварӣ, меваю ангур, сабзавот, ғалларо барзиёд иҷро карданд. Ин ҳама пирӯзиҳо ба шарофати ҷонбозиҳо ва часпу талошҳои Раҳматулло-раис ва камолоти кордонию маҳорати ӯ ва ҳаммаслаконаш муяссар гардиданд. Дар хоҷагӣ майдони боғ ва кишти шолӣ боз ҳам васеъ карда шуда, соҳаи чорводорӣ, ки дар давраи беназмиҳо ба тороҷ расида буд, аз нав ташкил гардид. Ҳамчунин дар ин давра дар хоҷагӣ навгоние ба амал омад. Чи тавре ки дар боло зикр намуда будем, солҳои пешин хоҷагии «50-солагии СССР» дар ҷумҳурӣ аз ҷумлаи хоҷагиҳои хеле калон ҳисоб меёфт. Дар давраи беназмиҳо иддае мансабхоҳони ҳарис зуҳур карда, бо роҳи аризабозӣ ва мағалсозӣ ба ифротгароӣ даст заданд ва аз ҳайати колхози «50-солагии СССР» баъзе минтақаҳоро ҷудо карда, колхозҳои «Дӯстӣ», ба номи Давлат Валиев ва ба номи Саидназар Худойқуловро ташкил намуданд.
Ҳолдонон ҳикоят мекунанд, ки дар ҷаласаи ташкилии раёсати хоҷагии ба номи Давлат Валиев раиси нави он нидо дардодааст, ки «колхози мо дар ҷумҳурӣ баландовоза ва шӯҳратманду номвар мешавад». Кошкӣ, ин колхозҳо мувофиқи шиори бебунёду бемасъулият эроднамудаи раиси навҷома ғанӣ, тавоно ва дар саросари кишвар машҳур мегардиданд. Не, ин тавр нашуд, балки ягон сол ҳам нақшаи ҳеч кадом навъи истеҳсолоти кишоварзиро иҷро карда натавониста, ба қарзҳои гарони зиллатовар ғӯтавар гардиданд. Ононе ки дар ин хоҷагиҳо бо ҳадафҳои ботили худ курсиҳои раёсат ва гирду атрофи онро банд карда буданд, молу мулки халқро бераҳмона талаю тороҷ намуданд. Чорворо куштаю фурӯхта, ба ҷиғилдони бетаҳи худ фурӯ бурданд, биноҳои идораю анборҳо, бошишгоҳҳои саҳроӣ, фермаҳо, кӯдакистону яслиҳоро вайрону валангор намуда, чӯбу тахта, дару тиреза, шиферу фанер... ҳамаро ба яғмо бурданд.
Деҳқонон, ки ин ҳама бо меҳнати онҳо обод шуда буд, бе маош, қарздор ва дар фақру бенавоӣ ҳайрону парешон монданд. Рӯзе аъзои раёсати яке аз ин колхозҳо бо ариза ба назди Раҳматулло-раис омада, чунин изҳор намуданд:
– Раиси хоҷагии мо ҳамаро ғорат карда, ба ким-куҷое ғайб задаст. Аз шумо илтимос дорем, ба мо ёрӣ расонед, масъалаи муттаҳид кардани колхози моро ба ҳайати колхозатон муҳокима намоед. Аҳволи халқ вазнин, дар анбори хоҷагӣ як кило ҳам ғалла нест.
– Шумо ҳамсоя, дӯсту бародари мо ҳастед, – ҷавоб дод Раҳматулло-раис, – ман аз аҳволи шумо хабардорам, лекин роҳбаратон дар вақташ барои бо мо маслиҳат кардан гарданаш ёрӣ надод. Ҳол он ки мо роҳи дуруст нишон медодем. Замину об як асту офтоби болои сарамон як хел гармӣ дорад, одамони ҳар ду колхоз ҳам дар кори деҳқонӣ ба якдигар монанд ҳастанд, содиқона кор мекунанд, фақат дили онҳоро ба меҳнат гарм намудан даркор аст. Шахсан ман тарафдори онам, ки хоҷагиҳои мо муттаҳид шаванд, қудрату тавоноӣ ҳам дар ваҳдату ягонагист.
Албатта, ин масъала дар маҷлиси умумии колхозчиён муҳокима карда мешавад. Ман ҳозирам, ки ҳамчун дӯст ва бародар ба шумо ёрӣ расонам. Чунончӣ, Шайх Саъдии бузургвор фармудааст: Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст, Дар парешонҳолию дармондагӣ. Лекин дар кори шумо як мушкилӣ ҳаст, ки ин масъалаи қарздории колхози шумост. Ва онро пеш аз ҳама ба ҳукумати ноҳия маълум кардан зарур аст. Ҳайати ҳукумати ноҳия сабабҳои қарздории хоҷагиатонро муайян намояд, баъд аризаи шуморо дар ҷаласаи умумии колхозчиён баррасӣ мекунем... Аъзои раёсат мувофиқи маслиҳати Раҳматулло-раис ба ҳукумати ноҳия муроҷиат намуданд. Пас аз таҳқиқи ҳайати тафтишоти ҳукумати ноҳия ва муайян гардидани иллатҳою миқдори қарздории хоҷагии мазкур масъалаи муттаҳид намудани он бо колхози «50-солагии СССР» муҳокима карда шуд.
Ҳаммаслакони Раҳматулло-раис бо ҳиссиёти баланди бародарӣ, инсонпарварӣ ва одамият хоҷагиҳои ҳамсояро яке пайи дигар ба колхози худ ҳамроҳ намуданд. Раис хуб медонад, ки меҳнати оқилона, содиқона ва холисона ҳам шахси алоҳида, ҳам ҷамоатро ба мақсад мерасонад. Воқеан, пас аз ду сол қарзҳои собиқ хоҷагиҳои «Дӯстӣ», ба номи С.Худойқулов ва ба номи Д.Валиев бо ҳамдастию мадади деҳқонони шарофатманди колхози «50солагии СССР» адо шуданд. Беҳуда нагуфтаанд, ки: Як гули мақсуд дар ин бӯстон, Чида нашуд бе мадади дӯстон. Раҳматулло-раис солҳои охир ду воқеаро дар ҳаёти худ хеле муҳим меҳисобад. Аввалан, ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба колхози «50солагии СССР».
– Ба хоҷагии мо омадани Сардори давлатамонро ба мо ҳеч кас хабар надода буд. Бинобар ин ҳеч тайёрӣ ҳам надоштем. Он кас баъди ба ноҳия омадан хостаанд, ки хоҷагии моро дида, аз ҳолу аҳволи гурезаҳо хабардор шаванд. Чоштгоҳ буд, ман сифати коркарди пахтазорро аз назар мегузарондам. Ногаҳ мошинҳои бисёре ба тарафи мо тоб хӯрданд. Ба пешвоз баромадам ва Эмомалӣ Раҳмони азизу мӯҳтарамро дида, моту мабҳут гардидам.
Он кас бо ман оғӯш кушода, вохӯрдӣ намуданд. Рости гап, аз ин лутфу марҳамати шахсияти бузургу вологуҳар сарам ба осмонҳо расид. Дарҳол аз ҳоли гурезаҳо пурсон шуданд ва ба роҳбарони вилояту ноҳия супориш доданд, ки вақти зарурат ба гурезаҳо ёрӣ расонанд. Баъд ба вазъияти ҳосили пахта мароқ зоҳир намуданд. Ман гуфтам, ки дар ҷумҳурӣ намедонам, лекин иншоаллоҳ, дар вилоят аввалин шуда нақшаро иҷро хоҳем кард. Бо мамнуният дастамро фишурданд. Ман роҳбари давлатамон ва ҳамроҳонашонро ба бошишгоҳ таклиф намудам.
Дар дастархонамон нони гирдача, якчанд коса ҷурғот ва мева доштем. Ҷаноби Олӣ меҳрубонӣ карда, гуфтанд, ки гирдача болаззат будааст, нони модарамро ба хотир овард. Баъд мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳолу аҳволи сокинони деҳаҳои Ҷарқӯрғон, Болшевик, Калинин дидан карда, бо фаъолияти корхонаи хайрияи «Каритас» ошноӣ пайдо намуданд. Зеро ин корхона маҳз бо ташаббус ва ҳидояти Ҷаноби Олӣ дар ин ҷо сохта шуда, барои сохтмони биноҳои бошандагони деҳоти ноҳияи Қубодиён ёрӣ мерасонад. Ин мулоқот бо мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳеч гоҳ аз ёдам фаромӯш намешавад.
Толеъи халқи тоҷик баландӣ карду Худои бузургвор ба Сарварии ҷумҳурии азизамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро лоиқ донист. Чунин шахсияти бузург ва вологуҳар дар арзи ҳазорсолаҳо як бор зуҳур менамояд. Иншоаллоҳ, Тоҷикистони маҳбуби мо таҳти роҳбарии мудаббиронаи мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гул-гул шукуфта, ба авҷи аълои тараққиёти худ хоҳад расид. Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падари маънавии миллат аст, ӯ халқу Ватани моро аз ҳалокат наҷот дод. Ман бо чунин роҳбари давлатамон ифтихор дорам... Раҳматулло-раис бо мукофоти ҳукуматӣ сарфароз гардидани худро низ чунин воқеаи фаромӯшнашаванда меҳисобад.
– Сардори давлатамон меҳнати хоксоронаи маро қадршиносӣ намуданд, – ҳикоя мекунад ӯ, – мукофоти олӣ – медали «Барои меҳнати шоиста»-ро бо дастони мубораки худашон супурданд. Ин мукофоти аввалинест, ки аз дасти роҳбари давлат гирифтаам.
Инро қадршиносии бузург меҳисобам, мукофоти давлат маро як умр дар назди халқу ҷамъият қарздор менамояд. Дар сӯҳбати марди наҷиб Боре аз Раҳматулло-раис пурсидаанд, ки шумо бо собиқ Раиси Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон ва ҷонишини Раиси Президиуми Совети Олии СССР равоншод Маҳмадулло Холов чӣ тавр муносибати дӯстона пайдо намудаед?
– Ошноии ман бо ин шахси бузургу наҷиб – Маҳмадулло Холов, – ҳикоят мекунад Раҳматулло-раис, – тавассути хусурам Неъмат Раҳматов ба вуқӯъ пайваст. Гап дар сари он ки хусурам бо Холов дар як деҳа ба дунё омада, ҳамсоя ва дӯсту бародари ҷонӣ будаанд ва даврони ҷавониро якҷоя сипарӣ намудаанд. Пас аз он ки ман соли 1964 издивоҷ кардам ва азбаски он вақтҳо касби ронандагӣ доштам, хусурамро гоҳ-гоҳе ба хонаи Холов ба меҳмонӣ мебурдам.
Онҳо муносибати наздики дӯстию бародариро то охир давом дода, бо ҳамдигар хешу табор ҳам шуданд, додарарӯсам Фахриддин Неъматов ба духтари Холов – Кибриё хонадор гардида, риштаи қисматро ба ҳам пайвастанд. Ҳар дафъа чун хусурамро ба мулоқоти Холов меовардам, худам ба хонаи ин шахси бузург ҷуръати даромадан надоштам. Боре Холов ба гусели дӯсташ баромада, дар беруни ҳавлӣ бо ман вохӯрдӣ намуд ва самимона пурсупос кард. Баъди он ки аз хусурам дар бораи ман маълумот гирифт, чеҳраи нуронӣ ва зебояш боз ҳам кушода гардида, ба ман таъкид намуд: «Минбаъд бо ҳамин меҳмони овардаат ба хона биё.
Ту, ки домоди дӯсти ман бошӣ, барои ман ҳам мисли фарзанд ҳастӣ». Дар ин мулоқоти нахустинам бо Холов дарёфтам, ки ин шахс бо вуҷуди соҳиби мартабаи олии давлатӣ будан ва дар байни халқи ҷумҳурӣ обрӯю эътибори баланд доштанаш ниҳоят хоксор ва самимию заминӣ будааст. Ин суханон бароям мисли мифтоҳе гардиданд ва ҳар дафъа чун хусурамро ба Душанбе бубарам, ҳамроҳи ӯ вориди хонадони ин марди накӯном ва наҷиб мешудам.
Хусусан баъди хонадор шудани Фахриддин ба духтари Холов ман гӯё сафири ин ду хонадон, пайвандгару маслиҳатгари онон шудам. Муносибатам бо ин марди покниҳод чунон наздик ва самимӣ шуд, ки ман доимо дар хонаи вай болонишин будам. Ӯ маро даъват менамуд ва мо рӯзҳои шанбею якшанбе барои истироҳат ба бӯстонсаро мерафтем, сӯҳбатҳои тӯлонӣ мекардем, мусиқӣ мешунидем. М. Холов ҳамчун ҷонишини Раиси Президиуми Совети Олии СССР дар давраҳои муайян ба Маскав даъват шуда, вазифаи худро дар он ҷо низ иҷро менамуд. Ҳангоми иҷрои ин вазифа дар вақтҳои гуногун ман ду маротиба ба Кремл, ба хабаргирии ӯ рафта будам ва тавассути Холов бо роҳбарони олирутбаи Ҳукумати Шӯравӣ – Косигин ва Кириленко шинос шудам.
Муносибати наздик ва самимии мо солҳои тӯлонӣ, то фавти ин инсони шариф идома ёфт. Зимнан ман бо фарзандони Холов низ то ҳол ҳамин муносибатро нигоҳ медорам. Дар давраи дуру дарози дӯстию бародариамон ман Холовро ҳамчун шахси ниҳоят поксиришт, некӯкор, дурандеш донистам. Боре ҳам назари ғаразу тамаъи ӯро ба ягон чизею шахсе мушоҳида накардаам. Бинобар ин вайро чун авлиё пок медонам ва қадр менамоям.
Холов хеле марди хирадманд буда, воқеаҳои дар оянда ба вуқӯъпайвастаро пешакӣ бехато муайян карда метавонист. Масалан, вақте ки Брежнев вафот намуд, Холов бисёр зиқ шуда гуфт: «Дар давраи Брежнев мамлакат тинҷ буд, баъди ӯ бисёр нотинҷӣ мешавад. Акнун давлати Советӣ вайрониҳоро мебинад». Холов бо К.У.Черненко ва А.И.Лукянов ҷӯраи ҷонӣ буд. Черненко хоҳиш доштааст, ки пас аз марги Расулов ба вазифаи котиби якуми кумитаи марказии ҳизби коммунисти ҷумҳурӣ Холовро пешбарӣ намояд. Холов бо сабаби пиронсолӣ инро рад намуда, таъкид кардааст, ки «Расулов ва ман ба ин вазифа Р.Набиевро тарбия намудаем». «Ака, чаро ин пешниҳодро рад кардӣ, охир худи Черненко бо асо рост меистоду лекин вазифаро ишғол намуд», гуфтам сонитар ба ӯ. Вақте ки Р.Набиев барои сӯҳбат ба Маскав меравад, Черненко ба ӯ гуфтааст: «Худи Холов метавонист, ки ба ин вазифа довталаб бошад, лекин вай шуморо тавсия намуд».
Ҳамин тавр, Холов бо маоши раисиаш ва имтиёзҳои узви бюрои КМ ба нафақа баромад. Ӯ баъди ба нафақа баромадан ҳам доимо бо халқ ва дар ғами халқ буда, то дами вопасинаш дар ҷӯшу хурӯши ҳаёт қадам мезад. Хушбахтам, ки бо ӯ дӯст будам, лаззати ҳаётро бо вай чашидаам. Дар зиёфатҳои бисёре бо ӯ иштирок намудаам. Холов дар тантанаҳои олитарин ҳам аз сад грамм зиёдтар шароб нанӯшидааст, биноан вайро ягон вақт сархуш надидаам.
Ба ман низ фақат нӯшидани пиворо иҷозат додаст, ки ман ҳам инро доим риоя менамоям. Холов дар кору зиндагӣ ҳамеша ба заковати халқ такя менамуд ва бо намояндагони халқ маслиҳату машварат мекард, зеро ки ӯ фарзанди содиқи халқ ва тарбиятдидаи мактаби ҳаёт буд. Ин хислатҳои фарзонаи Холов дар фаъолияти ҳаррӯзаи ман ба кор меоянд. Ман ҳар як кору сухани худро хаёлан бо омолу рафтору гуфтори ин марди хирад муқоиса менамоям. Зиндагӣ арсаи набард аст Инак, Раҳматулло Абдуллоев ҳамчун раиси хоҷагии иҷоравии «50-солагии СССР», ҳоло «Авасто»-и ноҳияи Қубодиён рисолати худро анҷом медиҳад ва тӯли фаъолияташ ман бо раис борҳо вохӯрдааму сӯҳбатҳо кардаам.
Ин мулоқотҳои мо дар дафтари кори ӯ, дар минтақаҳои гуногуни киштзори хоҷагӣ, дар ҷаласаю тӯйҳо, маҳфилҳои фарҳангӣ, дар масҷидҳо ҳангоми ҷанозаҳои хешу таборон, дӯстону шиносон ва дигар ҷойҳо ба вуқӯъ омадаанд. Ҳамчунин ман чандин вақт дар минтақаҳои хоҷагӣ сафар намуда, дар пахтазорону боғистонҳо, бошишгоҳҳои саҳроӣ, дар хонаҳои деҳқонон, механизаторон, зиёиён, собиқадорони меҳнату ҷанг меҳмон шудаам ва бо одамон танҳо ба танҳо сӯҳбатҳо кардаам.
Аз сӯҳбатҳо дарёфтам, ки аксари одамон дар кор ҷиддияту қатъияти Раҳматулло-раисро қайд менамоянду ин суханонро бо як меҳру муҳаббати самимие ба забон меоранд, ҳамчунон ки фарзандон дар хусуси падари оилаи калоне ҳарф мезада бошанд. Албатта, бештар дар бораи ғамхорию меҳрубониҳои раис бисёр мисолҳо меоваранд, тавре ки дар ёди ҳар як фарзанд ин фазилатҳои фарзонаи падари бузургвор абадӣ нақш мебанданд.
Одамон ҳикоят мекунанду ман тасаввур доштам, ки Раҳматулло-раиси қоматбаланд ва лоғарандом хастагинопазир буда, дар чашмони андешамандаш оташи қатъият барқ мезанаду ҳамеша дар такопӯю тараддуд аст, ки душвориҳои бисёрро баҳри расидан ба ҳадафи воло бартараф намояд. Ҳадафи волои Раҳматулло-раис аз нав баргардонидани шӯҳрату номи неки собиқи хоҷагӣ ва эҳё намудани он, тақвият бахшидани эҳсосоти умеду боварӣ ва эътиқоду эътимоди деҳқонон ба кору зиндагӣ мебошад.
Вақте ки Раҳматулло-раис дар рӯзҳои аввали роҳбарияш тамоми деҳаҳои зебою ранҷдида ва киштзорони ангораи колхозро муоина мекард, ба хонаҳои сӯхтаю вайрона, бошишгоҳҳои шикаста, фермаҳои ғоратшуда, кӯпруку маъбарҳои валангор бо дард менигарист ва ин нигоҳаш бо меҳру муҳаббат омезиш дошт. Зеро раис дар роҳу пайроҳаҳои ҳаёт обутоб ёфта буд ва бо мушкилиҳо мубориза бурдану бартараф намудани онҳоро медонист. Аз ҳама муҳимаш сарвари хоҷагӣ ба одамон боварию эътимод дошт.
«Одамон метавонанд, ки хоҷагӣ ва раисро ба арши аъло бардоранд ва худи онҳо ба фарш ҳам мефароранд», гуфт зимни як сӯҳбат. Раис ин фикри пурқиматро рӯҳан ва қалбан мадрак карда, доимо ба ҳамин одамон такя намуд. Сарвароне, ки дар давраҳои беназмӣ бо яғмогарию ишкамчаронӣ машғул гардида, боварию эътиқоди халқро рахнадору халалпазир карда буданд, барояш мероси наҳсе гузоштанд. Раҳматулло-раис дар вақташ санади қабул намудани колхозро имзо намуд, ки дар он чизи казоӣ зикр наёфта буд: идораи ба тороҷ расида, чанд адад трактори беҳаракати «таракагашта» ва анборҳи холӣ, ки дар онҳо ба истилоҳ калламушҳо сайр мекарданд. Лекин раис дар паси санади қабули колхоз одамони қавиирода, меҳнатдӯст, сарбаланд, баору номус, некхоҳ, саховатманд, меҳмондӯст, ғамхорро тасаввур менамуд, ки мутаассифона он вақт умуман ба сарвари хоҷагӣ бовариро гум карда буданд.
Ва ин, албатта, сабаб дошт ва сабабаш ҳам маълум буд. Дар чунин вазъият Раҳматулло-раис шикастарӯҳ нашуд. Ҳамон рӯз, ки чанд адад васоити техникии нимкораро таъмир намудан лозим буд, ӯ ба халқ муроҷиат кард. Раҳматулло-раис ба чашмони одамон рост нигоҳ карда, бо қатъият гуфт: «Имрӯз шумо ба колхоз ёрӣ расонед, фардо колхоз ҳатман ба шумо бармегардонад».
Одамон ба ин суханони Раҳматулло бовар карданд ва молу чизи охирини худро, ки доштанд, барои пешбурди кори колхоз дар миёна гузоштанд. Мушкилот ба осонӣ бартараф намешуд, аммо одамон мушоҳида намуданд, ки Раҳматулло-раис аз кори шахсии худ дида, ба кори колхоз бештар дилсӯзӣ дорад. Агар ҳадаферо интихоб кунад, то ба даст овардани он ором намешавад ва қабл аз ҳама дар ғами одамон аст. Бинобар ин ба вай бовар карданд. Пас аз сипарӣ гардидани соли аввали роҳбарии Раҳматулло-раис, ки он соли хеле душвор буд, ба хоҷагӣ муваффақияти чандон зиёде наомада бошад ҳам, мисли собиқ колхозчиёнро ба созмони воҳиду муттаҳид ҷамъ овард ва онон ба хоҷагии дастҷамъонаю раиси худ эътимоду эътиқод намуданд. Чунин ваҳдату муттаҳидии деҳқонон ба анҷоми кору вазифаҳои бузург ҳидоят карда метавонистанд.
Ҳадафи Раҳматулло-раис низ ҳамин буд. Барои кори ҷамъият Раҳматулло-раис борҳо бо марг рӯ ба рӯ шуда бошад ҳам, мисли ҳамқавми худ Аҳмадшоҳи Масъуд натарсиду роҳи шуҷоату мардонагии худро далерона давом дод. Соли наваду панҷум, ки давраи ибтидои роҳбарии ӯ буд, механизаторони хоҷагӣ хабар оварданд, ки се адад васоити техникии колхоз дар маркази ноҳияи Шаҳритус воқеъ аст. Инҳоро гӯё фармондеҳи ҳамонвақтаи яке аз қисмҳои низомӣ соҳибӣ кардааст. Скрепери К-700, булдозер ва трактори ҷуфткунандаи хоҷагӣ дар дасти он фармондеҳ буд.
Раҳматулло ба идораҳои қудратии ноҳия муроҷиат намуд, вале ҳамон вақт аз он идораҳо сару садое набаромад. Ин тракторҳо барои пешбурди корҳои хоҷагӣ ниҳоят зарур буданд. Пас раис бо ду-се нафар ҳамкорони худ тасмим гирифт, ки тракторҳоро кашола карда, ба устохонаи хоҷагӣ биёрад. Вақте ки раис бо ҳуҷҷатҳои тракторҳо ба ҳудуди қисми низомӣ омад, хушбахтона ҳамон рӯз фармондеҳ набудааст. Раис ҳам бо шарикон тракторҳоро ба сӯйи хоҷагии худ кашола намуд... Баъди ду рӯз фармондеҳ омада, огаҳ мешавад, ки тракторҳоро бурдаанд. Вай аз ин дар ғазаб шуда, бонг мезанад: «Дар ҳар ҷо ки Раҳматуллоро бубинам, фавран мепарронам!» Хушбахтона, раис ба ин мири ғазаб дигар вонахӯрд...
Бале, чунин беназмию қонуншиканиҳо хеле зиёд буданд... Боре ду-се нафар силоҳдорон ба коргоҳи раис бе иҷозат ворид шуданд. Яке аз онҳо силоҳашро намоишкорона дар рӯйи миз гузошт ва ду нафари дигар калашниковҳои худро дар даст омода нигоҳ медоштанд. Оне, ки силоҳашро болои миз гузошта буд, бидуни муқаддима ва чуноне ки аз бом тарошае афтода бошад, ба раис беибо гуфт:
– Ба мо пул ва маҳсулот бидеҳ!
– Бародарон, ман ҳоло аз колхоз ягон чиз нагирифтаам, – ҷавоб дод раис, – дуним сол мешавад, ки зиндагиро аз ҳисоби фарзандонам пеш бурда истодаам. Ғалла ва дигар маҳсулоти хоҷагиамон ба сағираҳо ва беваю бечораҳо базӯр мерасад. Бинобар ин ҳоло имкон надорем, ҳар вақте ки имкон шуд, ёрӣ мерасонем. Силоҳдорон дандон гиз карда, берун мебароянду дарун медароянд...
Пас раис аз паи иҷрои коре ба тарафи гараж меравад. Силоҳдорон аз ақиби ӯ тир мепарронанд, толеъи раис баландӣ мекунаду тирҳои ғосибон хато мехӯранд... Ин воқеа бошад, аввалҳои соли наваду шаш ба вуқӯъ омадааст. Соат қариби дувоздаҳи шаб буд, ки дарвозаи раисро сахт кӯфтанд. Вақте ки Раҳматулло садо дод, силоҳдорон амр намуданд, то зудтар либос пӯшад, ки фармондеҳ талаб дорад. Раис ба мошини онҳо савор шуд ва мошин ба ҳаракат даромад. Роҳи дуру дарозеро паймуданд, гӯё саросари ноҳияро тай карданд. Раис аз миш-миши онҳо хавф бурда гуфт:
– Додаро, маро ба куҷо мебаред? Аз авзоятон мебинам, ки ягон супориш доред.
– Хомӯш бош, мо туро ба назди фармондеҳ мебарем.
– Агар супориши парондани маро дошта бошед, шумо ҳам мусулмонед, коратонро дар ҳамин ҷо иҷро кунеду ба ҷасади ман таҳқир нанамоед. Онҳо хомӯш буданду байни худ пичирос мезаданд. Оқибат дар як каноре таваққуф намуданд.
– Раис, гап ҳамин, – гуфт яке аз силоҳдорон, – ба ту се соат мӯҳлат, дар ҳамин вақт ба мо се ҳазор доллар ёфта медиҳӣ, агане корат чатоқ мешад, маълумоти аниқ дорем, ту фалонӣ ва фалониро аз қафояш дашном додаӣ! Онҳо одамони калонанд.
– Ин тӯҳмати маҳз аст, ман касеро дашном надодаам, – ҷавоб дод раис.
– Мо маълумот дорем, форад, нафорад – ҳамин, се ҳазор! Раис чун дид, ки ба инҳо гап фаҳмонидан кори беҳуда аст, ба қавли Саъдии бузургвор амал намуд, ки фармудааст: «Носазоеро чу бинӣ бахтёр, оқилон таслим карданд ихтиёр»...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё