Зеҳн
Ҷавпазак - Бахтёри Муртазо

Маҷмӯаи ҳикояҳо, қиссаҳо ва очеркҳои нависанда Бахтёри Муртазо хислатҳои пок ва нек, одамияти баланд, ростқавлӣ, заҳматписандӣ, ватанпарастӣ, хоксорию фурӯтании шахсони наҷибро ситоиш менамояд. Итминон дорем, ки китоби адиб писанди табъи хонандагони арҷманд хоҳад шуд.

Барномасоз · 15 сентябри 2026 · 29 саҳифа

ҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

– Барои нангу номуси халқ ман ин корро то охир давом медиҳам, – ҷавоб дод Раҳматулло-раис. (Баъди чанд сол қабурғаҳои бар асари зарбу латҳои муштзӯрон осебдида зардоб гирифтанд ва ба Раҳматулло-раис зарур шуд, ки дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Душанбе ҷарроҳии ҷиддиеро аз сар гузаронад...) Раҳматулло бо рӯҳи қавӣ ва иродаи матин хизмати халқу ҷамъиятро покдилона иҷро карда, ҳамон сол дар мавсими ғунучини ҳосил ба чинакчиёни хоҷагӣ як саду ҳафтод миллион сӯм пул дод. Азобу маҳрумиятҳо ва меҳнати ҳалолу пурмашаққати тамоми аҳли колхоз бо роҳбарии Раҳматулло-раис ба ҳадар нарафтанд. Худованди бахшоянда ҳосили соли аввали роҳбарии Раҳматуллоро пурфайзу бобаракат намуд.

Колхозчиён дар баробари гирифтани маҳсулот маоши худро низ ҳар моҳ мунтазам дастрас менамуданд. Ҳосили фаровони пахта ҳам бо мошин, ҳам ба таври дастӣ ҷамъоварӣ карда шуд. Раҳматулло-раис дар ҷараёни маъракаи ғунучини ҳосил ба ҳавасмандии моддӣ аҳамияти махсус дода, ба муҳосибон фармуд, ки ҳаққи чинакчиёни «тилои сафед»-ро ҳар бегоҳӣ дар сари тарозу ҳисобӣ намоянд. Ин усули кор ба ҷамъоварии ҳосил такони кироӣ ва калоне бахшид.

Колхоз нақшаи пахтасупориро барзиёд иҷро намуд, ба давлат зиёда аз чор ҳазор тонна ганҷи пурқимат супурда шуд. Бояд зикр кард, ки ин пахтаи аълосифатро, ки деҳқонони хоҷагӣ бо роҳбарии Раҳматулло-раис дар давраи душвортарин бо меҳру муҳаббати хоса парвариш намуда буданд, ба ҷисму ҷони бар асари даргириҳо пурзахм гардидаи Ватани азиз ҳамчун дорую дармон ҳисобида мешуд. Хоҷагӣ аз қарзҳо халос шуд ва ба савдои музоядаи мошини Раҳматулло-раис ва фурӯхтани ангуштариву гӯшвораҳои аҳли оилаи ӯ низ зарурат намонд. Вале олиҳимматӣ, соҳибтадбирӣ ва кордонию ҷавонмардии ӯ дар роҳи хизмати халқ раиси бонкро як умр мафтуну мутаҳаййир намуд.

– Ин воқеаро ба одамон ҳикоя кунам, асло бовар намекунанд,

– гуфт раиси бонк ба Раҳматулло, вақте ки ӯ мошинашро аз гаражи бонк мегирифт.

– Бародар, беҳтараш он аст, ки ин воқеаро ба ҳеч кас нагӯед, зеро ин ягон қаҳрамонӣ нест, ки вирди забонҳо шавад. Ман дар он лаҳза ноилоҷ, ки будам чунин иқдом намудам. Чунки халқ маро бо умед сарвари худ интихоб намуда буд. Ба фикри ман, мард он аст, ки умеди умедворонро зинда дорад.

Лекин онро ба кадом роҳ анҷом медиҳад, инро Худо медонаду худаш. Ин амали ман поку холисона буд, зеро пеш аз ҳама ба манфиати сағираҳо, беваю бечораҳо, пиронсолон ва барҷомондагон равона гашта буд, бинобар ин аз даргоҳи Парвардигор кушоишро умедвор будам, бесабаб нест, ки гуфтаанд: Худованд аҷри музди некӯкоронро зоеъ нахоҳад кард!.. Ба шумо ташаккур, ки он пешниҳоди ғайриоддии маро қабул намудеду ба кори мо ёрӣ расондед, ин ҳам аз тарафи шумо некӯкорӣ аст, саломат бошед, – Раҳматуллораис дастфишорӣ намуд. Пас аз ҷамъоварии ҳосил дар колхоз аввалин хурсандиҳо барпо шуданд, зеро ҳаёти лоязолӣ бояд идома дошта бошад. Ҷавонон ба рӯзгори мустақилона қадам ниҳоданд.

Ҳаваскорони санъати хоҷагӣ дар хонаи фарҳанг ба муносибати саодату хушбахтии наврӯзгорон суруду таронаҳои махсус тақдим доштанд. Раҳматулло-раис бошад, аз душворию печидагиҳои соли аввали сарварии худ сабақҳои муҳим гирифта, дар андешаи он шуд, ки ин мушкилотро бо кадом роҳҳо бартараф намояд, то дар оянда низ боиси талафоти ҳосил нагардад ва ризқу рӯзии мардум ба даст ояд. Ӯ ҳамчун сарвар ва иқтисодшиноси давраи иқтисоди бозаргонӣ пас аз мушоҳидаю мутолеот ва ҳисобу китоби дақиқ ба хулосаи саҳеҳ омад, ки Наҳри Калонро ҳамчун як ҷузъи минтақаи кор бояд ба ҳисоби хоҷагии худ бигирад.

Раҳматулло-раис пеш аз ҳама ба он ваҷҳ ба ин ақида омад, ки муассисаи оби ноҳия аз ӯҳдаи саришта кардан ва бо меъёру мизони зарурӣ ба истифодаи хоҷагиҳо гузоштани Наҳри Калон намебарояд. Роҳбарони хоҷагии оби ноҳия ҳар сол иваз мешаванд ва ноӯҳдабарою ноогоҳ буда, аз ҳар ҷо меоянд ва бо усулҳои тасодуфӣ ба ин кор машғул мегарданд. Ҳаллу фасли ин масъала комилан ба манфиати тамоми хоҷагиҳои ноҳия хоҳад буд. Наҳри Калон аз замонҳои бунёд гардиданаш ҳар сол ба тӯли ду моҳ хушк мешавад.

Дар ин муддат деҳқонони ноҳия ба ҳашари умумӣ баромада, рӯди дӯстдоштаашонро, ки ризқу рӯзирасонашон аст, бо белу каланд тоза мекунанд. Аз давраҳои пешин расму оини халқи мо буд, ки падару модарон фарзандони худро дар рӯҳияи муқаддас нигоҳ доштани об тарбия менамуданд. Ба об туф андохтан ва партофтани ахлоту дигар нопокиҳо қатъиян мамнӯъ буд, обро муқаддас меҳисобиданд. Ҳолиё, ба иллати коста гардидани маънавиёт наҳри муқаддас ҷойи ахлотпартоӣ шудааст. Занон хасрӯбаҳои пеши ҷорӯбро ба оби Наҳри Калон мепартоянд. Баъзеҳо ҳатто чорвои ҳароммурдаро ба ин об меафкананду гӯё бо ҳамин ҷонро халос мекунанд. Ба мушоҳида расидааст, ки иддае ҳатто ташнобро дар лаби Наҳри Калон месозанд, ки ин гуноҳи нобахшиданӣ аст.

Ва аз ҳамин об одамон менӯшанд, ба чорво медиҳанду дар парвариши зироат истифода менамоянд. Вақтҳои хушкшавӣ аз наҳр чархҳои кӯҳнаи мошину тракторҳо ва ҳар навъ оҳанпораҳо низ ёфт мешаванд. Магар ин ҳама ба пайдоиши ҳар гуна бемориҳои хавфнок ва сирояткунанда сабаб намешавад? Албатта, мешавад! Дар фарҷоми он ҷону моли одамони бисёре талаф мегардаду ба хасорат дучор хоҳад шуд. Дар сурати дар сатҳи ноҳия ва вилоят ба таври расмӣ мусбат ҳал гардидани ин масъала Раҳматулло-раис ният дорад, ки қабл аз ҳама дар боби таъмини об хоҷагиҳо шартнома баста, мутобиқи он об тақсим шавад.

Дар шартнома миқдори зарури об қайд мегардад ва хоҷагӣ мувофиқи он об мегирад. Албатта, қабл аз ҳама сарбандҳои Наҳри Калон ба тартиб оварда шуда, дар онҳо дарвозаҳои оҳанин насб карда мешаванд ва ин рӯди ҳаётбахш аз боло то поён таҳти нигоҳубини доимӣ ва назорати қатъӣ гирифта хоҳад шуд. Аслан Раҳматулло-раис ташнаи он нест, ки Наҳри Калонро ба ҳисоби хоҷагии худ бигираду зери итоат дошта бошад, не, бе ин ҳам ташвишҳои ӯ хеле зиёданд. Агар роҳбари ягон хоҷагии дигар хоҳиш дошта бошаду ӯҳда карда тавонад, бигузор ба ҳисоби хоҷагиаш бигирад, ӯ ба ҳеч ваҷҳ муқобил нест. Муҳим он аст, ки манбаи асосии ҳаёт ва ҳосили киштзорони ноҳия – Наҳри Калон бо мақсади пок будан таҳти назорати қатъӣ гирифта шавад ва ба ҳамаи хоҷагиҳо аз боло то ба поён ба як мизону тартиб қатраҳои софу ҷонбахши худро ҳадя намояд.

Азбаски то ҳол роҳбари ягон хоҷагӣ дар ин хусус андеша накардаасту ба ташвиш ҳам наомадааст, Раҳматулло-раис, ки аз об танқисии калон дидаю азияти зиёд кашида, хоҷагии ӯ дар як сол аз нарасидани об ҳазор тонна «тилои сафед»-ро талаф додааст, чунин ибтикорро матраҳ кардааст. Ва дар бораи ин муаммои пургиреҳ пешниҳоди муфассал ва ҳисобу китоби худро ба идораҳои салоҳиятдор тақдим доштааст. Ҳаллу фасли оқилонаи ин масъала ва ба танзим даровардани фаъолияти обрасонии Наҳри Калон ба манфиати тамоми хоҷагиҳои ҷамъиятию шахсии ноҳия ва ҳифзи саломатии сокинон, чорвою ҷонварони воқеъ дар ҳавзаи ин рӯд хоҳад буд...

Раҳматулло-раис ҳақиқатан ҳам роҳбари ҳозиразамони хоҷагӣ буда, аз ҳар қадами зиндагӣ ва гардишу муомилаи истеҳсолот панду андарзи муфид касб менамояд. Барои тоза кардани чор ҳазор тонна пахтаи соли аввали роҳбариаш, ки дар корхонаи пахтатозакунии ноҳияи Шаҳритус анҷом ёфт, ду саду панҷоҳу як ҳазор доллари америкоӣ масраф гардид. Ин маблағи калонест барои хоҷагӣ. Аз ҳамин муомила андарз омӯхта, дар сараш фикри сохтани корхонаи пахтаи худи хоҷагӣ пайдо гардид. Ӯ табиатан инсонест, ки ба омӯзиш ва ҷустуҷӯи ҷабҳаҳои нав ба нави кор мепардозад ва бозёфтҳои тоза ҳам ба даст меоварад.

– Дар ҳудуди хоҷагии мо имконияти сохтани корхонаи пахтатозакунӣ мавҷуд аст, – изҳор менамояд Раҳматулло-раис, – зеро пеш аз ҳама дувоздаҳ гектар майдон омода аст, ки панҷ гектари он аллакай асфалтпӯш карда шудааст. Аз дигар чизҳои барои завод заруртарин тарозуи бисту панҷтоннагӣ ва ёздаҳ дар бинои анборҳо мавҷуданд. Агар фарз кардем, ки ба пули ду мавсими ба корхона пардохтшаванда ҳам корхонаи хоҷагиамонро бисозем, масрафи дигар солҳо мекардаамон ба фоидаи колхоз мемонад, ки аз он рӯзгори деҳқонон боз ободтар мешавад. Ман иқтисодшинос ҳастам, бинобар ин ба рақамҳо аҳамият медиҳам. Агар хоҷагӣ корхонаи худӣ дошта бошад, аз чор ҳазор тонна пахта ду ҳазор тонна пунбадона, зиёда аз дусад тонна равғани пахта ва бештар аз як ҳазору шашсад тонна кунҷора ба фоидаи хоҷагӣ мемонад. Ғайр аз ин дар корхонаи худӣ барои чандин кас ҷойи кор пайдо мешавад.

Ва албатта, корхонаи хурди равғанкашӣ бунёд мегардад, ки ин ҳам бар нафъи деҳқонон хоҳад буд. Ба ноҳияи Шаҳритус бурдани чор ҳазор тонна пахтаро ба ҳисоб гирем, бо рафтуомадаш гӯё ҳашт тонна мешавад, бар замми ин рӯзи корӣ сарф мегардад, васоити техникӣ мавриди истифода қарор мегиранд, роҳи ду тараф бисту шаш километр аст. Агар ба корхонаи маркази ноҳияи худамон – Қубодиён бубарем, роҳ боз дуртар аст, як тараф чилу панҷ километр буда, бо рафтуомад навад километр хоҳад шуд. Ин рақамҳо далолат мекунанд, ки бунёд намудани корхонаи худи хоҷагӣ сирф ба манфиати деҳқонон анҷом меёбад. Дилгармии деҳқонон зиёд мешавад ва нахи бадастовардаро бо ихтиёри худ мефурӯшанд...

Аз муҳокимарониҳои Раҳматулло-раис аён мегардад, ки ӯ роҳбари ғамхор буда, диди нозуки иқтисодшиносӣ дорад ва доим дар андешаи он аст, ки сарвати халқ афзун шавад. Ин ғаму ташвиши сарвари хоҷагӣ бесабаб нест, зеро ӯ меҳнати хеле вазнини деҳқонро дар гармои мағзҷӯш нағз медонад. Устухони худи раис низ аз кӯдакӣ бо ҳамин гармои мағзҷӯш шах шудаасту коми ӯро ҳам бо ангушти меҳнат бардоштаанд. Раис эътиқодманд аст, ки агар хоҷагӣ корхонаи худро бунёд намояд, деҳқон аз маҳсулоти иловагии пахтаи дастранҷи хеш бештар манфиат дида, аз паст рафтани нархи пахта дар бозори ҷаҳон чандон дилсард намешавад. Солҳои пеш Ҷумҳурии Халқии Хитой пахтаи истеҳсоли худро коркард намуда, ба бозори ҷаҳон ба фурӯш намебаровард. Ҳоло ин кишвар нисбат ба пахтаи худ сиёсаташро тағйир дода, зиёда аз се миллион тонна нахро ба бозори ҷаҳонӣ баровард. Бо ин ваҷҳ нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ хеле паст фуромад.

Азбаски Иёлоти Муттаҳидаи Амрико давлати хеле сарватманд аст, ғами фермерон-деҳқонони худро хӯрда, ба пахтаи онҳо нархи шартномавиро месупорад. Вале давлати мо ҳоло иқтидори зиёди иқтисодӣ надорад, биноан ин корро анҷом дода наметавонад. Ба ақидаи Раҳматулло-раис усули фютчерӣ бар зарари деҳқон аст ва хоҷагиро гирифтори қарз намуда, заиф месозад. Дар замони ҳозира гузаштан ба иқтисоди бозаргонӣ ягона роҳи манфиатбахш аст.

Зимнан ин шакли муносибати иқтисодӣ низ дар давраи гузариш гаронӣ меорад. Бадбахтона дар давраи ин гузариш дар диёри мо ҷанги шаҳрвандӣ ба амал омада, душвориҳои давраи гузаришро дучанд намуд. Аз нуқтаи назари Раҳматулло-раис ҷиҳати хубии иқтисоди бозаргонӣ дар он аст, ки тамоми маҳсулот дар хоҷагӣ монда, ба ин ваҷҳ гармиаш ҳам ба деҳқон мерасад. Иқтисоди бозаргонӣ барои ривоҷи кори деҳқонӣ роҳи васеъ мекушояд. Халқи моро рӯҳи бузургон ва ҷаҳони боғановати маънавиамон дастгир шуд ва мо душвориҳои дучандони давраи гузаришро муваффақона сипарӣ намуда истодаем.

пешина
аз 29
навбатӣ