Зеҳн
ТАЪРИХИ БОНКҲО

Таърихи бонкҳо яке аз фанни ҳатмӣ барои омӯзиш дар ихтисосҳои бонкдори дар мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ ба ҳисоб рафта ва барои мустаҳкам намудани дониши иқтисодӣ пеш аз ҳама ба моҳияти фан ва усулҳои омӯзиши таърихи бонкҳо, таърихи бонкҳо дар дунёи Қадим, пайдоиши бонкҳо дар давлатҳои Аврупо, Осиё, Африқо, Амрико, таърихи пайдоиш ва инкишофи истифодаи кортҳои пластикӣ дар низоми босуботи бонкӣ, зарурият ва аҳамияти иноватсия дар бонкҳо бахшида шудаанд, ки аҳамияти таълимию илмӣ доранд, дарҷ гардидааст.

Зеҳн · 21 июли 2026 · 42 саҳифа

МолияИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Принсипҳои идоракунӣ бо фаъолияти инноватсионии бонк

Дар муддати 1–15 соли охир бонкҳои тиҷоратӣ инфрасохтори худро барои дастгирӣ намудани фаъолияти инноватсионӣ фаъолона инкишоф медиҳанд ва ҳолати муосири бозор, ки онҳо дар он қарор доранд, бениҳоят серамал буда, аз ҳар як бонк таъсири босуръат ва дақиқро ба тағйиротҳои ба вуҷудомада талаб мекунад. Як рӯз не як рӯз азнавташкилкунии тиҷорат ногузир хоҳад шуд, ва менеҷерони бонк бояд ба қароре оянд, ки бизнес-ҷараёни ҳозираро барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти бонк чи тавр тағйир диҳанд.

Комплекси инноватсионии бонк бояд ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири ҳамаи бонк, ҳамчун система ба қатори чунин элементҳо ба мисли зерсистемаи рушди инноватсионӣ, зерсистемаи идоракунӣ бо хавфу хатар, зерсистемаи идоракунӣ бо дороиҳо ва тааҳудҳо (бидеҳӣ) ва ғ. Ба таркиби комплекси инноватсионӣ банақшагирӣ ва бӯҷакунонии рушди инноватсионӣ, ҳавасмандкунии ҳайат, назорат аз рӯи татбиқи инноватсия, таъмини иттилоотии ҷараёни инноватсионӣ дохил карда мешавад. комплекси умумии муҳимтарини инноватсионӣ ин зерсистемаи рушди ташкилӣ- иқтисодӣ мебошад, ки хусусияташ дар он аст, ки аз як тараф, шароити ташкилӣ-иқтисодӣ заминаи зарурӣ барои татбиқи худи инноватсия мебошад, аз тарафи дигар бошад, рушди ташкилӣ- иқтисодӣ обекти алоҳидаи сиёсати инноватсионӣ мебошад.

Бонкро ҳамчун обекти ташкилоти системавӣ баррасӣ намуда, принсипҳои муносибати системавиро бо мақсади баназаргирии хусусияти тиҷорати бонкӣ ба куллӣ тағйир додан зарур аст, ки ба баланд бардоштани самаранокӣ ва тақвият додани мавқеи рақобатӣ равона карда шудааст.

Шафоффияти молиявӣ ва амалиётӣ дастрасӣ ва ошкоро будани ҳисоботи молиявии бонк, пешниҳоди маълумотҳои зарурӣ оид ба фаъолияти бонк, мониторинги портфели савдоӣ ва сармоягузории бонк; ба баландбардории шафоффият сармоягузорон, муштариён ва мақомотҳои танзимкунанда ҳавасманданд.

Принсипи робитаи дутарафа ва таъсири амалии ҷузъҳои система барои ташкилотҳои қарзӣ дар зарурияти ризоияти дороиҳо ва тааҳудҳои (пассивҳо) бонк аз рӯи мӯҳлат ва арзиш падидор мегарданд, ки ба устувории молиявии фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ таъсир мерасонад. Дар амал татбиқ намудани принсипи бисёрҷанба, мунтазамӣ, равонасозӣ ба натиҷаҳои ниҳоӣ самаранок бурдани фаъолияти инноватсиониро дар бонк таъмин мекунад.

Захираҳои комплекси инноватсионӣ инҳоанд: маблағгузорӣ дар шакли пул; иттилоот; мутахассисони бонк, миёнаравон, мушовирон; идоракунандагон-менеҷерҳо.

Натиҷаи фаъолияти комплекси инноватсионӣ технологияи нави бонкӣ, қарори ташкилӣ-иқтисодӣ, хизматрасониҳои ба муштариён пешниҳодшуда мебошанд, инчунин дигар инноватсияҳое, ки барои муҳити беруна муфиданд. Фаъолияти комплекси инноватсионии бонк метавонад он вақт самаранок бошад, вақте ки муносибати даромади маҷмӯӣ аз истифодаи инноватсия нисбати ҳаҷми захираҳо ба рушди инноватсионӣ ба андозаи мусбат бошад. Зимни ин бояд хароҷотҳо барои офаридани комплекси инноватсионӣ ба назар гирифта мешавад.

Ҳамаи ҷараёни инноватсионии дар бонк вуҷуд доштаро ба се гурӯҳи мантиқии ҷудо бояд намуд:

1.Ҷараёни инноватсионии оддии дохилиташкилотӣ, яъне ҷараёне, ки истифодаи инноватсияро дар доираи ҳамон бонк дар назар дорад. Дар он ҳолат навигарӣ шакли маҳсулоти нави бонкиро намегираду, танҳо технологияи истеҳсоли маҳсулоти аллакай вуҷуддошта ё кия гон технологияи хизматрасониро такомул медиҳад.

2. Ҷараёни оддии байниташкилотӣ, ки ташаккули маҳсулоти нави бонкиро дар назар дошта, барои дар бозор ба сифати предмети хариду фурӯш ҳаракат кардан таъин шудааст.

3. Ҷараёни инноватсионии муфассал, асосан бо ташаккули маҳсулоти комплексии бонкӣ алоқаманд аст, вақте ки бо офаридани вай бонк бо шарикони худ ҳамкорӣ намуда, бо ин ҷараёни инноватсиониро байни якчанд иштирокчӣ аз нав тақсим мекунад.

Хизматрасонии эквайринг, системаи идоракунии фосилавӣ бо ҳисоб, дастаи пешниҳоди хизмати суғуртавӣ ва ғ. мисоли ин шуда метавонад.

Куллан, ҳар як ҷараёни инноватсионӣ дар бонк хусусияти даврагӣ дорад. Фаъолияте, ки дар асоси худ ҷараёни инноватсионӣ дорад, мантиқан ба ҷузъҳои алоҳидаи аниқ ифодашуда пароканда мешавад. Сатҳан давраи ҷараёни инноватсионӣ ба тариқи зайл нишон дода мешавад.

Ба вуҷуд омадани фикру ақида ва гузоштани масъалаҳои дар пеш истодаи ҷараёни инноватсионӣ:

1. Тартиб додани нақшаи фаъолият ва тадбирҳое, ки барои ба даст овардани мақсад зарур аст.

2. Муайян намудани талабот дар захираҳо (кадрӣ, технологӣ, моддӣ), ки барои амаликунии ҷараёни инноватсионӣ зарур мебошад, гузоштани масъалаҳои маҳдуд дар назди иҷрокунандагон.

3. Аз ҷониби иҷрокунандагон (мутахассисони бонк, барои гузаронидани тадбирҳои инноватсионӣ ҷавобгӯ) гузаронидани амалиётҳое, ки бо амалишавии масъалаҳои гузошташуда алоқаманданд.

4. Назорат, таҳлил ва ислоҳи амалҳои гузарондашуда. Арзёбӣ намудани самаранокии лоиҳаи инноватсионӣ, қарорҳои инноватсионии идоракунанда, тадбирҳои иловагии таҳлилӣ барои татбиқи натиҷаҳои ҷараёни инноватсионӣ.

Маълумотҳоро дар бораи фаъолияти инноватсионии ташкилотҳои қарзӣ дар як ҷо ҷамъ менамоянд, инчунин ҷудо намудани қонунияти муайяни ба вуҷуд омадан ва амалишавии он зарур аст. Дар ин ҷо бояд қайд намуд, ки масъалаҳои идоракунии инноватсионӣ, ки дар давраҳои муайяни фаъолияти ташкилоти қарзӣ хеле актуалӣ мебошанд, бо масъалаҳои идоракунии стратегӣ зич алоқаманданд. Муносибати ин алоқамандиҳо ба баррасӣ намудани фаъолияти инноватсионии бонк дар ин ҷанба ҳамчун робитаи дутарафаи серамали панҷ ҷараёни идоракунанда имконият медиҳад: таҳлили муҳит, муайян намудани мақсадҳо, интихоби стратегия, иҷрои стратегия, баҳо ва назорати иҷрокунӣ. Ҷараёнҳои мазкур мантиқан идомаи якдигар мебошанд, зеро ки дар ибтидо, ҳангоми таъсиси ташкилоти қарзӣ онҳо таърихан муттасил ба вуҷуд меоянд. Аммо дар оянда дар ҷараёни амал кардани он онҳо доимо дар як вақт мегузаранд, мавҷуд будани робитаи дутарафаи байни онҳо бошад, боиси таъсири аниқ ифодашудаи ҳар яки ин ҷараёнҳо ба боқимондаи он ва ба ҳамаи онҳо мегардад. Сатҳан ин робитаҳоро дар намуди сохтори зерин пешниҳод намудан мумкин аст.

Таҳлили муҳит ҳама вақт ҳамчун ҷараёни идоракунанда дар назар дошта мешавад, ки дар рафти он заминаҳои фаъолияти минбаъда, нуқтаҳои асосӣ (фирист) барои интихоби супориши махсус ва муайян кардани мақсадҳо ташаккул меёбанд, инчунин тамоили бозор ва озуқавории ташкилотҳои қарзӣ ба вуҷуд меояд.

Бонк, ба мисли дигар система, бо муҳити беруна (аз ҷумла, бо муҳити бозор) фаъолона якҷоя амал намуда, вазифаи асосии он-нигоҳ доштан ва дастгирӣ намудани мувозинаи ин амалҳо мебошад. Хулосаи навбатӣ дар он аст, ки асосан бонк дар рафти муносибат намудан бо ҷузъҳои муҳити фаъолият бояд ба се ҷараёни асосӣ диққати махсус диҳад:

– гирифтани захира аз муҳити беруна (даромад);
– мубаддал шудани захира ба маҳсулот ( ислоҳот); –супоридани маҳсулоти ба вуҷудовардашуда ба муҳити беруна (баромад).
Ба вуҷуд овардани сохтори самараноки ташкилии идоракунӣ бо ҷараёнҳои инноватсионӣ дар бонк одатан бо якчанд усул мегузарад. Дар чунин ҳолат дар бонк қисми алоҳидаи сохторӣ ташаккул меёбад, ки мақсади асосии он коркарди инноватсия ва мувофиқкунонии ин ҷараён бо нақшаҳои дарозмуддати рушди бонк мебошад. Усули дуввум ҳамгироӣ ва ҳамоҳангии иқтидори инноватсионии ҳамаи қисмҳои бонк ва дар дохили он ба вуҷуд овардани механизмро дар назар дорад, ки ба эътимоднок гузаронидани коркард ва татбиқи навиҳо имконият медиҳад. Дар айни замон бонкҳо метавонанд мувофиқати ин усулҳои мазкури назоратро аз рӯи ҷараёни инноватсионӣ истифода баранд, ва бо ин афзалияти онҳоро аз рӯи зарурият иваз намоянд. Бо вуҷуди ин, ин ду усул исбот мекунанд, ки ҷараёни коркард ва татбиқи инноватсия дар фаъолияти бонкӣ на хусусияти тасодуфӣ, балки хусусияти системавӣ–ташкилӣ ва идорашаванда дорад.

пешина
аз 42
навбатӣ