ТАЪРИХИ БОНКҲО

Таърихи бонкҳо яке аз фанни ҳатмӣ барои омӯзиш дар ихтисосҳои бонкдори дар мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ ба ҳисоб рафта ва барои мустаҳкам намудани дониши иқтисодӣ пеш аз ҳама ба моҳияти фан ва усулҳои омӯзиши таърихи бонкҳо, таърихи бонкҳо дар дунёи Қадим, пайдоиши бонкҳо дар давлатҳои Аврупо, Осиё, Африқо, Амрико, таърихи пайдоиш ва инкишофи истифодаи кортҳои пластикӣ дар низоми босуботи бонкӣ, зарурият ва аҳамияти иноватсия дар бонкҳо бахшида шудаанд, ки аҳамияти таълимию илмӣ доранд, дарҷ гардидааст.
Зеҳн · 21 июли 2026 · 42 саҳифа
Ташкили фаъолияти навъовариҳо дар бонк
Инноватсияҳои бонкӣ пеш аз ҳама ба баландбардории сифати истифодабарӣ ва нишондиҳандаи самараноки маҳсулот ва хизматрасонии аллакай дар бозор маъмулгашта равона карда шудааст.
Мисоли классикии чунин намуди навиҳо амаликунии маҳсулоти чандтарафа шуда метавонад, масалан, ҳар намуди қарздиҳӣ якҷоя бо дигар намуди хизматрасонӣ, аз азал бо якдигар алоқаманд набуда. Мафҳуми қарз кайҳо боз маъмул аст, вале баъдтар пайдо шудани хизматрасонӣ оиди факторинг ва лизинг (иҷозатнома), бевосита бо додани корт мушоиатнакарда, дар асоси худ қарзи пардапӯш доранд.
Таснифоти инноватсияи бонкӣ аз рӯи хусусияти талаботи қонеъшуда инноватсияҳое, ки бо қонеъгардонии талаботи вучуддошта алоқаманданд ва инноватсияҳое, ки барои ба вуҷуд овардани талаботҳои нав равона карда шудаанд, ҷудо мекунад. Оммаи асосии навиҳо, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба амал меоянд, ба қонеъ намудани талаботи мавҷудбуда равона карда шудаанд.
Зарурияти мизоҷҳои ба воситаҳои қарз пайдошуда бонкҳоро водор месозад, ки нақшаҳои гуногуни қарздиҳиро такмил диҳанд, вусъатдиҳии фаъолияти савдои хориҷӣ боиси афзоиши пешниҳоди нақшаҳои гуногуни ҳисобборориҳои байналхалқӣ мегардад. Аксар вақт ташаббуси ягон ислоҳоти инноватсионӣ дар ин ҳолат аз муштариёни ташкилоти қарзӣ асос меёбанд, ки талаботҳои худро ҳаммонанд намуда, ба бонк муроҷиат менамоянд ва ба такмили технологияи муайяни хизматрасонӣ ё ки маҳсулоти нав роҳ медиҳанд.
Навоварӣ – мувофиқи стандартҳои байналхалқӣ, ҳамчун натиҷаи ниҳоии фаъолияти навоварӣ, ки дар маҳсулоти нав ё такмилдодашуда ва ба бозор пешниҳодшуда, ҷараёни технологии нав ё ташкилунонидашудаи дар амал истифодашаванда, ё ки равияи нави истифодаи хизматҳои иҷтимоӣ муайян карда мешавад. Хусусиятҳои асосии навоварӣ навигарии илмию техникии истифода, истеҳсол ва бафурӯшравии он мебошад.
Инноватсияҳое, ки ба офаридан талаботи нав равона карда шудаанд, бениҳоят камёбанд, зеро ки аз бонк иқтидори муйяни эҷодӣ ва сармоягузорӣ талаб менамоянд, ки бо натиҷаҳои таҳқиқоти сотсиологӣ ва ҷиддию маркетингӣ тақвият дода шудаанд. Ба ғайр аз ин ин гурӯҳчаи инноватсия хавфу хатари нобарории тадбирҳои гузарондаро дар ҳолати мукаммалии нокифояи маълумот дар бар мегирад, ки ин маълумотҳо дар натиҷаи таҳқиқи бозор ва хато будани қарори қабули роҳбарикунанда гирифта шудааст.
Дар ин маврид тасвир намудани қисми инноватсияи бонкӣ нисбати такмилгар зарур аст. На ҳама бонк дар сохтори худ тақсимкуниро дорад, ки тавонад бо таҳқиқотҳои маркетингӣ, таҳлили маълумоти воридшуда, инчунин коркард ва пешниҳоди маҳсулоти нави бонкӣ ё ки ҷараёни технологӣ касбан машғул бошад. Шумораи кофии корхонаҳо ва ширкатҳо вуҷуд доранд, ки фаъолияти касбии онҳо бо пешниҳоди хизматрасониҳо оиди таҳлили системавӣ дар асоси натиҷаҳои таҳқиқотҳои гузарондашуда ва генератсияи фикру андешаҳо доир ба офаридани шакли нави хизматрасонӣ, технологияи амалиётҳои бонкӣ ва ғ алоқаманд аст.
Хизматрасониҳои чунин ташкилотҳоро истифода бурда, бонкҳо мавҷудияти ду гурӯҳи навгониҳо муайян мекунанд: навгониҳое, ки бо қувваи худ омода шудаанд, ва навиҳое, ки аз такмилгари беруна ба даст омадааст, навии «фармуда».
Маҳз дар натиҷаи мавҷуд будани иқтидори хусусӣ дар ташкилоти қарзӣ барои коркард ва татбиқи инноватсия, инчунин омехтагии кифояткунандаи инноватсияи бозор ва маҳсулот зарурияти ҷудо намудани навовариҳо аз рӯи вақти пайдоиш ба вуҷуд меояд:
– инноватсияҳо-сарварон, яъне инноватсияҳое, ки аз ҷониби бонк мустақилона татбиқ шуда, танҳо нишондиҳандаи хеле ноаниқ, ҳисобӣ нобарорӣ доранд. Ин шакли инноватсия барои соҳаи татбиқкунӣ навиҳоикомил доранд, ки дар ҳолати коркарди бобарор метавонад боиси дар бонк пайдо шудани афзалиятҳои муайяни рақобатӣ гардад.
– инноватсияҳо-пайравон, ё ки навовариҳое, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ бо лаги муайян дар вақт баъди татбиқи гурӯҳи пешинаи инноватсия хоҳиши нигоҳ доштани афзалиятҳои рақобатӣ ба амал меоянд. Чунин инноватсияҳо хусусияти хатарнок доранд, зеро ки таъсири бозор ба онҳо аллакай падидор шуда буд.
Бештар бо гурӯҳҳои таснифшуда, тақсимкунии инноватсия аз рӯи амиқии тағйиротҳои дар ҷараёни фаъолият даровардашуда дар шакли зайл вуҷуд дорад:
Инноватсияи сифрӣ, ба таҷдид ва нигоҳ доштани сифати система таалуқдошат (ивази намояндагони алоҳидаи ҳайати ташкилоти қарзӣ, обектҳои алоҳидаи базаи моддию техникӣ барои нигоҳ доштани вазифаи бонк дар сатҳи аввалиндараҷа);
Инноватсияи якум, тағйиротҳои миқдории ба система даровардашударо дар бар мегирад (вусъатдиҳии ин ё он қисми ташкилоти қарзӣ барои беҳтарсозии сифати хизматрасонӣ аз ҳисоби афзоиши «иқтидори истеҳсолӣ»);
Инноватсияи дуввум, ки дар ҷараёни онҳо аз нав гурӯҳбандии қисми таркибии система ба вуҷуд меояд (тағйиротҳои сохторӣ дар доираи як ташкилоти қарзӣ, якшавии қисмҳои алоҳидаи сохторӣ, ҷудо намудани қисмҳои нав бо мақсади баландбардории натиҷаи функсионалӣ);
Инноватсияи севвум-тағйироти ҷузъҳои сохтории адаптатсионӣ, ки барои беҳтарсозии таъсири амалии қисмҳои алоҳидаи ташкилотҳои қарзӣ бо якдигар, аз нав тақсимкунии вазифаҳо байни онҳо;
Инноватсияи чорум, нигоҳ доштани сифати ибтидоии сохторро ҳангоми гузаронидани тағйиротҳои босифати оддӣ дар бар мегирад, ки аз доираи тағйироти адаптивӣ баромадаанд (масалан, ивазшавии комплекси дастгоҳию барномавии бонк, гузариш ба системаи нави бонкии автоматонӣ);
Инноватсияи пнҷум, нигоҳдории сохтори базавии ташкилоти қарзӣ, дастрасонданашударо дар назар дорад, вале бо даровардани тағйиротҳо ба сифати система (ивазшавии қисми коллективи корӣ ва роҳбарияти звенои миёна бо мақсади тағйир додани тавсифи сифатии кори бонк);
Инноватсияи шашум–тағйири босифати хусусияти ибтидоии ташкилоти қарзӣ, ивазшавии бахшҳои системабавуҷудоварандаи муштариёни аз ҷониби бонк хизматрасонӣ карда шуда;
Инноватсияи ҳафтум, тағйироти олиро дар хусусияти функсионалии ташкилоти қарзӣ ифода мекунад (ивазшавии «тахассуси» бонк, тағйири ҳамаи спектри хизматрасониҳо, гузариш ба бозори нав ва истифодаи принсипҳои нави интихоб ва хизматрасонии базаи муштариён).
Ҳамин тавр, таснифоти дар боло овардашудаи инноватсияи бонкӣ ба падидор намудани баъзе қонуниятҳо дар пайдоиш ва гузаштани ҷараёни инноватсионӣ дар ташкилотҳои қарзӣ имконият медиҳад. Гап дар ин ки афзалияти ин ё он шакли инноватсия шакл ва ҷиҳати стратегияи инноватсионии бонкро муайян мекунад (яъне, иҷро намудани «мутобиқати» шаклҳои нави инноватсия ба шаклҳои муайяни стратегияи инноватсионӣ). Дар навбати худ, типологияи инноватсияҳои бонкӣ ба ташкил кардани механизмҳои иқтисодӣ ва идоракунанда имконият медиҳад, зеро ки онҳо маҳз бо шакли инноватсияи татбиқшаванда ва стратегияи инноватсионии интихобшуда муайян карда мешаванд. Бо вуҷуди ин ҳар як бонк дар ҷараёни амаликунии муносибати системавӣ нисбати муайян намудани стратегияи инноватсионии худ, фаъолияти инноватсионии худро бо назардошти принсипҳои номбурда ва ҷанбаҳои таснифот баррасӣ намуда, ба мушаххас ҷой гирифтан дар бозор, муайян намудани шаклҳои ҳаракат ва амаликунии коркардҳои худ ва маҳсулот дар бозор имконият ба даст меорад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё