Зеҳн
ТАЪРИХИ БОНКҲО

Таърихи бонкҳо яке аз фанни ҳатмӣ барои омӯзиш дар ихтисосҳои бонкдори дар мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ ба ҳисоб рафта ва барои мустаҳкам намудани дониши иқтисодӣ пеш аз ҳама ба моҳияти фан ва усулҳои омӯзиши таърихи бонкҳо, таърихи бонкҳо дар дунёи Қадим, пайдоиши бонкҳо дар давлатҳои Аврупо, Осиё, Африқо, Амрико, таърихи пайдоиш ва инкишофи истифодаи кортҳои пластикӣ дар низоми босуботи бонкӣ, зарурият ва аҳамияти иноватсия дар бонкҳо бахшида шудаанд, ки аҳамияти таълимию илмӣ доранд, дарҷ гардидааст.

Зеҳн · 21 июли 2026 · 42 саҳифа

МолияИқтисодиёт
Аз аввал хондан

6.Бонки савдо ва рушди Баҳри Сиёҳ – соли 1997 созишнома барои таъсисёбиаш аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид иҷозатнома гирифдааст. 11 давлат аъзои он мебошад.Қароргоҳи он дар Юнон ҷойгир мебошад.

7. Бонки Осиёи сармоягузориҳои инфрасохторӣ – соли 2014 аз ҷониби 21 мамлакат таъсис ёфтааст. Мақсади асосӣ БОИС ҳавасмандгардонии ҳамкориҳои молиявӣ дар минтақаҳои Осиёии Уқёнуси Ором, маблағгузории лоиҳаҳои инфросохторӣ дар Осиё, сар карда аз сохтмони фурудгоҳҳо то антеннаҳои алоқа ва биноҳои истиқоматии сатҳи баланд мебошад.

8. Бонки Осиёи Марказии ҳамкорию рушд – (Centralasian Bank for Cooperation and Development) соли 1995 аз ҷониби кишварҳои Қазоқистону Ӯзбекистон таъсис дода шудааст. Мақсади ташкили он татбиқи барномаҳои калони моҳияти минтақавидошта мебошад. Қароргоҳи бонк дар шаҳри Алма-атаи Қазоқистон ҷойгир аст.

9. Бонки аврупоии сармоягузорӣ – (European Investment Bank) муассисаи молиявии Иттиҳоди Аврупо буда соли 1957 аз тарафи мамлакатҳои аврупо таъсис дода шудааст. Мақсади асосии барои дастгирии рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо мебошад.

10. Иттиҳодияи байналхалқи молиявӣ – (International Finance Corporation) соли 1956 таъсис дода шудааст. Мақсади асосиаш дастгирӣ ва ҳавасмандгардони рушди сектори ғайридавлатии иқтисодиёт дар кишварҳои мутараққӣ мебошад.

11. Иттиҳоди байналхалқии рушд – (International Development Association) соли 1956 таъсис ёфтааст. Мақсади асосии он ёрӣ ба мамлакатҳои қафомондае мебошад, ки имконияти гирифтани қарз аз Бонки байналхалқии бозсозӣ ва рушдро надоранд. Кишварҳое, ки даромади солонаи аҳолияшон камтар аз 865 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ба гурӯҳи мамалакатҳои қафомонда дохил мешаванд. Иттиҳод ба онҳо қарзҳои бефоиз ва дарозмуддат ба муҳлати аз 30 сол то 40 сол медиҳад.

12. Маркази байналхалқии танзими даъвоҳо оид ба сармоягузорӣ – (International Сentre for Settement of Investment Disputes) соли 1996 таъсис дода шудааст. Мақсади асосиаш оиди ҳалли даъвоҳо байни ҳукуматҳо сармоягузорони хориҷӣ маслиҳатҳои ҳуқуқӣ мебошад.

13. Агентии бисёрҷониба оид ба гарави сармоягузорӣ – (Multilateral Investmen Guarantee Agency) соли 1980 таъсис дода шудааст. Мақсади асосиаш дастгири намудани давлатҳои қафомонда оид ба ҷалби сармояи хориҷӣ мебошад.

14. Ассосиатсияи байналхалқи рушд – соли 1944 таъсис дода шудааст. Мақсади асосиаш дастгири намудани мамалакати ҷангзада ва инкишофи тарақиёти онҳо мебошад.

пешина
аз 42
навбатӣ