ТАЪРИХИ БОНКҲО

Таърихи бонкҳо яке аз фанни ҳатмӣ барои омӯзиш дар ихтисосҳои бонкдори дар мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ ба ҳисоб рафта ва барои мустаҳкам намудани дониши иқтисодӣ пеш аз ҳама ба моҳияти фан ва усулҳои омӯзиши таърихи бонкҳо, таърихи бонкҳо дар дунёи Қадим, пайдоиши бонкҳо дар давлатҳои Аврупо, Осиё, Африқо, Амрико, таърихи пайдоиш ва инкишофи истифодаи кортҳои пластикӣ дар низоми босуботи бонкӣ, зарурият ва аҳамияти иноватсия дар бонкҳо бахшида шудаанд, ки аҳамияти таълимию илмӣ доранд, дарҷ гардидааст.
Зеҳн · 21 июли 2026 · 42 саҳифа
Пайдоиши бонкҳои рушд
Ташкилотҳои молиявии минтақавӣ низ ташкилотҳои асъорию қарзие мебошад, ки дар асоси шартномаҳои байнидавлатӣ ва бо роҳи муттаҳид кардани захираҳои асъории мамлакатҳои минтақаи муайян ташкил шуданд. Мақсади ташкили онҳо ҷамъи захираҳои озод ва истифодаи онҳо барои пешрафти иқтисодёти минтақа ва ҳалли масъалаҳои умумӣ дар соҳаи муносибатҳои асъорӣ мебошад.
1. Бонки аврупои бозсозӣ ва рушд – (European Bank for Reconstraction and Development) соли 1991 бо мақсади ёрӣ ба мамлакатҳои соҳибистиқлолшуда таъсис дода шудааст. Қароргоҳи бонк дар шаҳри Лондони (Британияи Кабир) ҷойгир аст.
2. Бонки осиёии рушд – (Asian Development Bank) соли 1966 аз ҷониби кишварҳои осиёии Чин,Ҷопон, Корея, Филиппин ташкил карда шудааст. Мақсади бонк беҳтар намудани шароити зисти мардуми минтақаро вазифаии асоси худ дониста, онро бо роҳҳои зерин амалӣ мегардонад:
– додани қарзҳои имтиёзнок;
– ёрии техникӣ, грантҳо;
– гаравномаҳо барои қарзҳо аз кишвару
молиявии дигар;
– гирифташуда;
ташкилотҳои
– Қароргоҳи бонк дар шаҳри Манилаи (Филипин) ҷойгир аст.
3. Бонки африкои рушд – (African Development Bank) соли 1964 аз ҷониби мамалакатҳои Африко бо мақсади мусоидат ба пешрафти иқтисодиёти кшварҳои африкоӣ таъсис дода шудааст.
4. Бонки байниамрикоии рушд – (Inter American Development Bank) соли 1959 бо мақсади дастгирии рушди иқтисодиёти кишварҳои Амрикои Лотини таъсис дода шудааст. Қароргоҳи банк дар шаҳри Вашингтони ИМА ҷойгир аст.
5. Бонки исломии рушд – (Islamic Development Bank) соли 1973 аз ҷониби кишварҳои исломӣ таъсис дода шудааст. Мақсади бонк мусоидат ба рушди иқтисодиёти кишварҳои аъзои он ва ҷаҳони исломӣ мутобиқ ба қоидаҳои шариат мебошад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё