ТАЪРИХИ БОНКҲО

Таърихи бонкҳо яке аз фанни ҳатмӣ барои омӯзиш дар ихтисосҳои бонкдори дар мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ ба ҳисоб рафта ва барои мустаҳкам намудани дониши иқтисодӣ пеш аз ҳама ба моҳияти фан ва усулҳои омӯзиши таърихи бонкҳо, таърихи бонкҳо дар дунёи Қадим, пайдоиши бонкҳо дар давлатҳои Аврупо, Осиё, Африқо, Амрико, таърихи пайдоиш ва инкишофи истифодаи кортҳои пластикӣ дар низоми босуботи бонкӣ, зарурият ва аҳамияти иноватсия дар бонкҳо бахшида шудаанд, ки аҳамияти таълимию илмӣ доранд, дарҷ гардидааст.
Зеҳн · 21 июли 2026 · 42 саҳифа
Соли 1994 Бонки тиҷоратии “Эсхата”, Бонки тиҷоратии кооперативию универсалии “Айём” ва дар соли 1995 – Бонки тиҷоратии “Текстинвестбонк”, Бонки саҳомию тиҷоратии таҷдид ва инкишофи саноати Тоҷикистон “Тоҷпромбонк” таъсис дода шуданд, ҳамин тавр таъсисдиҳии бонкҳо давом ёфта, дар солҳои 1996–1997 боз бонкҳои нав созмон дода шуданд ва дар ин сол ба низоми бонкии кишвар Бонки универсалии саҳомию тиҷоратии тараққиёти савдо ва хӯроки умумӣ “Торибонк”, Бонки тиҷоратии “Душанбе”, Бонки тиҷоратии “Ришта”, Бонки тиҷоратии “Зироат”, Бонки муштараки Люксембургу Тоҷикистон “ИСТ-кредитбонк” ва Бонки саҳомию тиҷоратии “Илҳом” ҳамроҳ гардиданд. Соли 2003 боз ду бонки тиҷоратӣ: Бонки муштараки Тоҷикистону- Баҳрайн “СТБ инвестбонк” дар ш. Хуҷанд ва нахустин Бонки маблағгузории хурд дар ш. Душанбе ифтитоҳ гардида фаъолият карданд.
Қобили тазаккур аст, ки фаъолият намудан дар шароити иқтисоди бозорӣ, талаб менамояд, ки бонк бояд барои ҳаматарафа дар ин бозор фаъолият намудан тайёр бошад. Мутаассифона, баъзе аз бонкҳои навташкил аз ӯҳдаи дар иқтисоди бозорӣ амал кардан баромада натавонистанд, меъёрҳои иқтисодии аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон муқарраршударо риоя накарданд ва дар натиҷа қисме аз онҳо ба бонкҳои дигар ҳамроҳ шуданд ва қисми дигарашон барҳам дода шуданд. Ҳоло низ барҳам додани теъдоди бонкҳои тиҷоратие, ки барои фаъолият намудан сармояи кофӣ надоранд давом дорад ва дар оянда ҳамон бонкҳое амал карда метавонанд, ки ба талаботи иқтисоди бозорӣ ҷавобгӯ мебошанд. Фаъолияти Бонки саҳомию тиҷоратии тараққиёти иҷтимоиёт ва соҳибкории “Тоҷикбонкбизнес” бинобар суст шудани вазъи молиявиаш аз 15 сентябри соли 2000 қатъ гардид.
Низоми (системаи) бонкии ҳар мамлакат бояд тавре фаъолият намояд, ки болоравии сатҳи истеҳсолот, даромади миллӣ ва дараҷаи баланди зиндагонии мардум таъмин карда шавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё