ТАЪРИХИ БОНКҲО

Таърихи бонкҳо яке аз фанни ҳатмӣ барои омӯзиш дар ихтисосҳои бонкдори дар мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ ба ҳисоб рафта ва барои мустаҳкам намудани дониши иқтисодӣ пеш аз ҳама ба моҳияти фан ва усулҳои омӯзиши таърихи бонкҳо, таърихи бонкҳо дар дунёи Қадим, пайдоиши бонкҳо дар давлатҳои Аврупо, Осиё, Африқо, Амрико, таърихи пайдоиш ва инкишофи истифодаи кортҳои пластикӣ дар низоми босуботи бонкӣ, зарурият ва аҳамияти иноватсия дар бонкҳо бахшида шудаанд, ки аҳамияти таълимию илмӣ доранд, дарҷ гардидааст.
Зеҳн · 21 июли 2026 · 42 саҳифа
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Низоми бонкӣ дар қаламрави Тоҷикистони имрӯза баъд аз таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон оғоз ёфтааст. Нахустин муассисаи бонкии Тоҷикистон-Намояндагии Бонки давлатии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ (ИҶШС) дар шаҳри Душанбе моҳи июни соли 1925 ташкил гардид, ки ба Идораи дар Осиёи Миёна будаи Бонки давлатии ИҶШС дар шаҳри Тошканд тобеъ буд. Моҳи декабри ҳамон сол намояндагии Бонки давлатии ИҶШС дар шаҳри Душанбе ба Идораи Бонки давлатии Тоҷикистонии ИҶШС дар ш.Душанбе табдил дода шуд. Моҳи октябри соли 1934 Идораи Бонки давлатии Тоҷикистонии ИҶШС дар ш.Душанбе ба тобеъияти бевоситаи Бонки давлатии ИҶШС гузашт ва ба худ номи Идораи Тоҷикистонии Бонки давлатии ИҶШС-ро гирифт. Соли 1935 бо 24 бахш (филиал) ба корхонаю шахсони ҷудогона хизмати бонкӣ мерасонд. Бахшҳои Бонки давлатӣ дар ноҳияҳои зерин фаъолият менамуданд: Қурғонтеппа, Кӯлоб, Ғарм, Панҷакент, Хуҷанд, Уротеппа, Конибодом, Хоруғ, Исфара, Обигарм, Бауманобод, Шаҳринав, Янгибозор (ҳозира Кофарниҳон), Ҷилликӯл, Кӯйбишев (ҳозира Хоҷамастон), Шахритус, Муъминобод, Кангурт, Фархор, Нов, Ашт, Кагановичобод (ҳозира Колхозобод), Кӯктош, Ҳисор. Дар соли 1942 филиалҳои Бонки давлатии Тоҷикистон то ба 42 ва дар соли 1987 бошад то ба 59 адад расид.
Аз соли 1959 то соли 1987 дар Ҷумхурии Тоҷикистон асосан се бонк, яъне Идораи Тоҷикистонии Бонки давлатии ИҶШС, Идораи Тоҷикистонии сохтмони ИҶСШ ва Идораи бонки Тоҷикистонии амонатгузорӣ фаъолият мекарданд.
Соли 1987 дар асоси Қарори Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ ва Шӯрои Вазирони ИҶШС тахти No821 аз 17 июли соли 1987 дар Иттиҳоди Шӯравӣ ислоҳоти бонкӣ гузаронида шуд ва дар асоси ин қарор низоми (системаи) бонкии зерин ташкил карда шуд:
Бонки давлатии ИҶШС;
Бонки фаъолияти иқтисодии хориҷии ИҶШС;
Бонки саноату сохтмони ИҶШС;
Бонки агросаноатии ИҶШС;
Бонки хоҷагии манзилу коммуналӣ ва рушди иҷтимоии
ИҶШС;
Бонки амонатгузорӣ ва қарздиҳӣ ба аҳолии ИҶШС.
Баъдан бо Қарори Шӯрои Вазирони ИҶШС таҳти No1118 аз
6 октябри соли 1987 муайян карда шуд, ки дар ҷумҳуриҳо, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон бонкҳои ҷумҳуриявии зерин ташкил карда шаванд:
Идораи Тоҷикистонии ҷумҳуриявии Бонки давлатии ИҶШС;
Идораи Тоҷикистонии ҷумҳуриявии Бонки саноату сохтмони ИҶШС;
Идораи Тоҷикистонии ҷумҳуриявии Бонки рушди манзилию иҷтимоии ИҶШС;
Идораи Тоҷикистонии ҷумҳуриявии Бонки амонатгузории ИҶШС.
Аз сабаби он, ки ба тамоми аҳолию субъектҳои хоҷагидорӣ Бонки давлатӣ, Бонки сохтмон ва Бонки амонатгузорӣ хизмат мерасониданд, баъд аз ташкил шудани бонкҳои нави дар боло зикр гардида, вазифаи бонкҳои амалкунанда, байни ҳамаи бонкҳои навтаъсис тақсим карда шуданд.
Дар ин давра Бонки давлатии ИҶШС низоми (системаи) пулию қарзиро тавассути идораҳои дар ҷумҳуриҳо мавҷудбуда идора намуда, сиёсати ягонаи пулию қарзии мамлакатро тартиб медод, фаъолияти бонкҳои дигарро назорат ва танзим мекард. Баъдтар, яъне соли 1991, Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, бо Қарори худ аз 28 июни соли 1991 рақами 332, дар асоси Идораи Тоҷикистонии ҷумхуриявии ИҶШС, Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис дод. Баъдан дар асоси таҳрири нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мувофиқи Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1996 таҳти No 384 номи Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Бонки миллии Тоҷикистон табдил дода шуд. Ҳоло Бонки миллии Тоҷикистон ба сифати бонки марказӣ фаъолият намуда, сиёсати пулию қарзӣ ва асъории мамлакатро бо супориши Ҳукумат тартиб медиҳад, талаботҳои онро амалӣ мегардонад ва фаъолияти бонкҳои тиҷоратиро танзим менамояд.
Ҳар мамлакати мустақил, ки бо усулҳои иқтисоди бозорӣ амал менамояд ё ба ин бозор дохил шуда истодааст, бояд низоми инкишофёфтаи бонкӣ дошта бошад. Зеро барои фаъолият намудан дар шароити иқтисоди бозорӣ бонкҳо нақши асосиро иҷро менамоянд.
Бонкҳо на танҳо амонат ва пасандозҳоро қабул менамоянд, балки тавассути бонкҳо тамоми пардохтҳои пулӣ амали мегарданд.
Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун бонки марказӣ ва теъдоди зиёди бонкҳои саҳомию тичоратӣ фаъолият менамоянд.
Бонки миллии Тоҷикистон, тавре ки дар боло зикр гардид, дар заминаи Бонки давлатии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 таъсис дода шудааст. Бонкҳои соҳавие, ки вуҷуд доштанд аз 1 январи соли 1992 ба бонкҳои саҳомию тиҷоратӣ табдил гаштанд ва бонкҳои тиҷоратӣ ва саҳомию тиҷоратии зерин фаъолият мекарданд:
Бонки Саҳомию тиҷоратии кушодаи “Ориёнбонк”;
Бонки саҳомию тиҷоратии кушодаи “Агроинвестбонк”; Бонки саҳомию тиҷоратии тараққиёти иҷтимоиёт ва
соҳибкорӣ “'Тоҷикбонкбизнес”;
Бонки давлатӣ “Амонатбонк”.
Вазъи молиявии Бонки саҳомию тиҷоратии тараққиёти
иҷтимоиёт “Тоҷикбонкбизнес” дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои доду ситоди қарз бисёр коҳиш ёфт ва теъдоди зиёди муштариёни он ҳисобҳои худро аз ин бонк гирифта, дар бонкҳои дигар ифтитоҳ намуданд ва дар охир ин бонк имконияти фаъолият карданро аз даст дод ва аз моҳи июни соли 1999 ҷиҳати барҳам додани он Бонки миллии Тоҷикистон қарор қабул кард.
Соли 1990 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯъбаи Бонки фаъолияти иқтисоди берунии ИҶШС ташкил дода шуда буд ва моҳи марти соли 1992 ба Бонки давлатию саҳомии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Тоҷиксодиротбонк” табдил дода шуд.
Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1992 дар асоси шӯъбаи Тоҷикистонии ҷумҳуриявии Бонки амонатгузории собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ташкил карда шуд. Баъдтар мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти No1123 аз 26 ноябри соли 1998 “Дар бораи азнавтаъсисдиҳии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон” ин бонк ба “Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон” табдил дода шуд.
Ташкилёбии бонкҳои саҳомию тиҷоратии мустақил дар кишварамон аз соли 1992 оғоз гардид. Дар соли 1992 бонкҳои зерин таъсис дода шуданд, монанди: Бонки саҳомию тиҷоратии “Тоҷбонк”, Бонки тиҷоратии “Фонон”, Бонки тиҷоратии “Хуҷанд”. Соли 1993 бонки тиҳоратии “Сомонбонк”, Бонки саҳомию тиҷоратии “Ганҷина”, Бонки саҳомию тиҷоратии “Акбарбонк”, Бонки кооперативию колхозии “Деҳқонбонк” таъсис ёфтанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё