ТАЪРИХИ БОНКҲО

Таърихи бонкҳо яке аз фанни ҳатмӣ барои омӯзиш дар ихтисосҳои бонкдори дар мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ ба ҳисоб рафта ва барои мустаҳкам намудани дониши иқтисодӣ пеш аз ҳама ба моҳияти фан ва усулҳои омӯзиши таърихи бонкҳо, таърихи бонкҳо дар дунёи Қадим, пайдоиши бонкҳо дар давлатҳои Аврупо, Осиё, Африқо, Амрико, таърихи пайдоиш ва инкишофи истифодаи кортҳои пластикӣ дар низоми босуботи бонкӣ, зарурият ва аҳамияти иноватсия дар бонкҳо бахшида шудаанд, ки аҳамияти таълимию илмӣ доранд, дарҷ гардидааст.
Зеҳн · 21 июли 2026 · 42 саҳифа
Руссия
Бонки қарзии ашрофон – аввалин бонк дар Руссия мебошад, ки бо фармони малика Илизавета Петровна бо мақсади пешниҳод намудани қарзҳо ба табақаи ашрофон таъсис дода шуд. Соли 1786 ба Бонки давлатии қарзӣ табдил дода шуд. Дар аввал бонк бо маблағи то 10 ҳазор рубл қарз пешниҳод мекард. Дар аввал сармояаш аз 750 ҳазор рубл иборат буд. Ин маблағ дар даврони ҳукмронии Екатеринаи 2 ба 6 миллион рубл расид.
Соли 1769 сармояи Бонки заёмии ашрофон аз тарафи Бонки ассигнатсионӣ ба маблағи 300 ҳазор рубл сармоягузорӣ шуд. Дар оянда низ Бонки ассигнатсионӣ сармоягузориро давом дод. Аз соли 1770 бонк қабули амонатҳоро бо 5%-и солона ба роҳ монд.
Бонки заёмии ашрофон соли 1786 бекор карда шуда, сармояи он ба Бонки заёмии давлатӣ гузаронида шуд.
Чин
Пиянои таърихӣ маркази савдо ва тиҷорат ба ҳисоб мерафт. Соли 1824 дар ин ҷо аввалин бонки Чин – Жи Шен Чан(Rishengchang) кушода шуд, ки бинояш то имрӯз побарҷост. Кушодашавии бонки мазкур ибтидои ташаккул ва рушди тиҷоратӣ бонкии Чин ба ҳисоб меравад. Тадриҷан филлиалҳои бонки мазкур дар вилоятҳои Тсянсу, Шандун, Хэнан ва Ляони пайдо шуданд. Дар нимаи дуввуми асри XIX ва аввали асри XX бонки мазкур дар вилояти Пиано зиёда аз 20 филлиали худро кушода буд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё