Зеҳн
ТАЪРИХИ БОНКҲО

Таърихи бонкҳо яке аз фанни ҳатмӣ барои омӯзиш дар ихтисосҳои бонкдори дар мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ ба ҳисоб рафта ва барои мустаҳкам намудани дониши иқтисодӣ пеш аз ҳама ба моҳияти фан ва усулҳои омӯзиши таърихи бонкҳо, таърихи бонкҳо дар дунёи Қадим, пайдоиши бонкҳо дар давлатҳои Аврупо, Осиё, Африқо, Амрико, таърихи пайдоиш ва инкишофи истифодаи кортҳои пластикӣ дар низоми босуботи бонкӣ, зарурият ва аҳамияти иноватсия дар бонкҳо бахшида шудаанд, ки аҳамияти таълимию илмӣ доранд, дарҷ гардидааст.

Зеҳн · 21 июли 2026 · 42 саҳифа

МолияИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Фаронса

Аввалин бонк дар Фаронса 18 январи соли 1800 аз ҷониби консули Наполеон сохта шуд. Бонки марказии Фаронса ососи коркарди низоми бонкиро дар Руссия муҳайё сохт. Аллакай, соли 1803 бонк тавонист низомномаи расмӣ, ки бонки мазкур имконияти иҷроиши пули эмиссиониро дар Париж дорад, ба даст овард. Аз солҳои 1808 то 1836 Бонки марказӣ дар тамоми манотиқи Фаронса филиалҳои худро кушод. Баъди ғалабаи Ҷабҳаи халқӣ соли 1936 масъалаи ба давлат дахл доштани Бонки марказӣ ҳал гардид. Бо чунин тарз, дар ин давра раванди милликунонии бонкҳо авҷ гирифт. Соли 1973 низомномаи Бонки миллии Фаронса тасдиқ гардид. Аллакай дар соли 1993 яке аз масъалаҳои муҳим дар низоми бонкдории Фаронса ин ба институти мустақили молиявӣ табдил додани Бонки марказӣ гардид, ки бояд мустаҳкамии нархро дар Фаронса таъмин мекард ва ҳатман ба сиёсати давлат вобаста буд. Соли 1998 бонки Фаронса ба низоми аврупоии бонкҳои марказӣ гузашт.

Испания

Бонки марказии Испания – (исп. Banco de España). Соли 1782 дар Мадрирд ҳангоми ҳукмронии Карли III таъсис ёфт ва дар айни замон узви Низоми аврупоии бонкҳои марказӣ мебошад.

Бонк бо номи Banco Nacional de San Carlos ташкил шуда, аввалин директори он бонкдори фаронсавӣ Франсиско Кабарюс буд.

Баъди силсилаҷангҳои аз соли 1793 то соли 1814 Бонк дар хазинаи ҳукумат 300 млн. реал дошт, ки Ҳукумати Испания дар ин давра мушкилоти сахти молиявиро аз сар мегузаронид. Вазири Казначей (номи мақомоти давлатӣ) Луис Лопес Балестерос соли 1829 фонд барои ӯҳдадориҳои Бонк дар ҳаҷми 40 млн реал ташкил кард ва дар ҳамон сол бонк номи Banco Espanol de San Fernando-ро гирифт. Соли 1950 Бонк доираи фаъолияти худро то шаҳрҳои Аликант ва Валенсия васеъ кард ва номи худро ба Бонки Испания иваз кард, ки то имрӯз бо ҳамин ном аст.

Соли 1946 баъди анҷомёбии ҷанги шаҳрвандӣ ҳукумати генерал Франсиско Франко назорати сахти давлатиро аз болои Бонк гузаронид. Соли 1962 бонк миллӣ гардонида шуд. Баъди барқарор гардидани демократия дар охири солҳои 1970 дар Бонк ислоҳоти сохторӣ ва ӯҳдадорӣ гузаронида шуд.

Соли 1994 баъди дохил шудани Испания ба Иттиҳоди пули Аврупо Бонки Испания узви Низоми аврупоии бонкҳои марказӣ гардид.

Португалия

Бонки марказии Ҷумҳурии Португалия – (порт. Banco de Portugal). 19 ноябри соли 1846 мувофиқи фармони шоҳи ҳамчун бонки тиҷорӣ ва бонк-эмитент таъсис ёфт. Бонк ҳамчун воситаи пардохти қонунии пул, ҳамчун муайянкунандаи асъори миллӣ – реал то соли 1911, эскудо аз соли 1911 то соли 1998 ва евро аз соли 1999 то ин ҷониб фаъолият дорад.

Баъди миллигардонӣ соли 1974 Қонун дар бораи мақомот бонк аввалин бор уҳдадори назорати низоми бонкӣ гашт. Ин бонк узви ҷудонопазири Низоми аврупоии бонкҳои марказӣ аст. Бинои марказиаш дар шаҳри Лиссабон, дар шаҳри Порту филиал, дар минтақаҳои худмухтори Азор ва Мадейра ва агентии минтақавиашон дар шаҳрҳои Браг, Визеу, Коимбре, Каштелу –Бранку, Эворе ва Фар мавҷуд аст. Роҳбари генералии он аз соли 2010 Карлуш да Силва Кошта мебошад.

пешина
аз 42
навбатӣ