Драмаи «Говгум»

Алексей Дударев яке аз драмнависони машҳури шўравӣ ва имрўз аст, ки тавассути дарку баёни дилраси мавзўъҳои мубрами замон маҳбуби хонандагони китобу бинандагони театр шудааст. Асарҳои ўро бисёр театрҳои ҷаҳон рўи саҳна овардаанд. Аз ҷумла, ду пйесааш дар театрҳои Тоҷикистон манзури тамошобин шудааст.
Китобдор · 28 ноябри 2024 · 9 саҳифа
Меравад. Леонов, назди ҷевонча омада, ба кат мешинад ва ба тасвири Модар-Худо чашм медўзад. София меояд.
София. Салом, дада.
Леонов. Салом.
София. Очаам куҷост?
Леонов. Ҳозирак баромад.
София. Барои чӣ тайёр нашудаед? Ман микроавтобус овардам…
Леонов. Кӣ гуфт биёр?
София. Дада…
Леонов. Мо ҳеҷ ҷо намеравем…
София. Дар ин хусус аллакай тамоми шаҳр медонад…
Дўстонам аз МИД занг заданд… Хоҳиш доранд, ки волидонро ба гап дарорам… Дадаҷон, дадаҷон, илтимос, биё, равем… Дар ин бино дигар ҷонзоде нест, дар он ҷо бароятон ҳама чиз муҳайё, дар котеҷи алоҳида зиндагӣ мекунед, автобус интизор… Барои чӣ якравӣ мекунӣ? Чӣ даркор ин спектакли беақлона? Хайр, Хонаи
Қаҳрамонон буд, мешавад хонаи дигарон… Замона тағйир ёфт, ҳама чиз тағйир меёбад, ту чаро дигар намешавӣ?
Леонов. Наметавонам… буду шудамонро рабудед шумо…
Буду шудамонро…
София. Ягон кас ягон чизатонро нарабудааст… Тақозои замон аст ин…
Леонов. Бало занад ин хел замонро… замони говгумро…
София. Говгум натанҳо аз шабу торикӣ, балки аз рўзи нав, яъне, аз рўшноӣ ҳам пайғом меорад, дада… барои ҳар кас ҳар хел…
Леонов. Ба дўстонат бигў, кӣ ташвиш нашаванд… на худсўзӣ мекунаму на гушнашинӣ. Хотирҷамъ бош - ҷанҷоли байналхалқӣ намешавад. Ману модарат ҳамин идро мегузаронему тарк мекунем ин ҷоро… Боз ОМОН ҷеғ назананд…
София. То ид дар хонаи ман ҳам зиндагӣ карда метавонед.
Леонов. Не…
София. Хуб,хуб! Хонаи ман, ки ҳарром бошад, марҳамат - меҳмонхона, ҳуҷраи алоҳида мегирам бароятон.
Леонов. Идро дар Хонаи Қаҳрамонон мегузаронем… Баъд - ба
Қабристонҷо меравем.
София. Дада… Мумкин… рўзи ид ин ҷо… наздатон биёям?
(Фосила.) Натарс, чизе намеорам…
Фосила.
Леонов. Арақ биёр… Даникро ҳам …
София. Хуб… (фосила.) Дада…
Леонов. Чӣ мегўӣ?
София. Медонӣ, чӣ андарзе хондам ба қарибӣ: «Марям оворае буду муқаддас шуд, Яҳудо шогирди ҳазрати Исо буду хоин шуд».
Леонов. Чӣ дахл дорад ин ба суҳбати мо?
София. Ҳамту гуфтам…
Меравад. Леонов, беҳаракат шишта, чашм аз шамъаки фурўзон намеканад. Баъд дасташро бардошта, ба пешонӣ мебарад. Вале дасташ беихтиёр рўи зону меафтад. Старсев медарояд.
Старсев. Эҳ-ҳе! Намоз мехонӣ-чӣ?
Леонов. Мегирям…
Саҳна торик мешавад.
Ҳамон ҳуҷра, ки дар арафаи ид ороста шудааст. Дар девор парчам овезон аст. Мария ва София миз меороянд. Аз кўча садои болғаю путкҳо ба гўш мерасад.
Мария. мекарданд…
София. онҳо - ҳеҷ! мекунанд?
София. Ҳавз месозанд…
Мария. Худоё!
София. Ақаллан дар ҳамин рўзи ид тақу туқашонро бас
Ин рўз барои шумо… яъне, барои мо ид аст, барои
Мария (ба берун нигарон). Лавҳаи Шарафро барои чӣ вайрон
Оча, ишқатон ба падарам аз чӣ сар шуда буд?
Мария. Э-э-э… Аз як торсакӣ… Ҳангоми як ҳуҷуми ҳавоӣ контузия шуд ў. Дар паҳлуяш бомба таркидааст. Бомбапораҳо нарасидандаш, лекин сахт контузия шуд…
София. Контузияаш чӣ?
Мария. Ҷунбидани мағзи сар. Омадам, ки лейтенантаки ҷавони барф барине беҳушу беёд хоб аст. Кўшидам ба худ биёрамаш. Тугмаи гимнастёркаашро кушодам, чакаҳояшро молидам, ба рухсораҳояш тап-тап задам. Лавандона чашм кушоду… ба ман часпид ва бўсиданам гирифт! Акнун ман контузия шудам! Охир, ҷавон будам ҳанўз, нобўсида будам… Сарам чарх зад, ҷон аз дасту поям баромад, телааш ҳам карда наметавонам… Ў бошад, мебўсаду мебўсад. Илоҷе карда, халос шудаму чунон ба баногўшаш фуровардам, ки… Боз аз ҳуш рафт. Ман бошам, талхакаф шудам, Худо мегуфтам, ки ягон бало нашавадаш… Аз ҳамин сар шуд ҳамааш. Баъд нақл кард, ки дар ҳоли рўъёӣ будааст: гўё фариштае ба рўяш хам шуда, бўсааш кардааст ва ў низ, ҳа гуфта, фариштаро бўсидааст… Баъди он ҳодиса як ҳафта лабонам дар мегирифтанд гўё…
София. Бо падарам зистан осон набуд…
Мария. Ошиқ шавӣ, мефаҳмӣ… Ду чиз ҳаст дар дунё дастнорасу шикастнопазир: марг ва ишқ…
София. Беҳтараш - ишқ ва марг…
Мария. Мумкин…
София. Касеро дўст надоштаам ман… ва дўст ҳам нахоҳам дошт… Ба гумони ман, мардонро… танҳо кор фармудан мумкин…
Дўст доштан бошад… кўдаконро дўст доштан даркор… Метарсам ман аз ишқ…
Мария. Аз ишқ тарсидан аз зиндагӣ тарсидан аст… Ва ҳар касе, ки аз зиндагӣ метарсад, ниммурда аст.
София. Яъне, ки ман зинда нестам…
Мария. Ҷавонӣ ту ҳанўз…
София. Оча, ба назарам метобад, ки умри сад касро аз сар гузарондаам… Ва дар ин сад умр на дуруст дўст дошта тавонистаму на дуруст нафрат карда… дилам аз муҳаббат ҳам тиҳисту аз нафрат ҳам… аз бетафовутӣ пур аст дилам… Бе-та-фо-ву-тӣ… Содалавҳона аст умри туву падарам… Бубахш, ки ҳамин хел аст… Лекин, аҷиб, ки чӣ хел самимона бад дида метавонистед шумову чӣ хел самимона дўст дошта… Мо бошем… Муҳаббатамон ҳам бетафовут асту нафратамон ҳам.
Леонов, дасти Данкаро гирифта, медарояд.
Леонов. Он шўълаи саркашро бинед - чизе месўзад ё бояд ҳамин хел бошад?
Мария. Ваҳ, пирог сўхт! (Ба София.) Гуфтам туро, ки аловашро бикуш!
София. Аз ёдам баромадааст!
Мария. Мараз!
Марияву София бошитоб мебароянд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё