Зеҳн
Драмаи «Говгум»

Алексей Дударев яке аз драмнависони машҳури шўравӣ ва имрўз аст, ки тавассути дарку баёни дилраси мавзўъҳои мубрами замон маҳбуби хонандагони китобу бинандагони театр шудааст. Асарҳои ўро бисёр театрҳои ҷаҳон рўи саҳна овардаанд. Аз ҷумла, ду пйесааш дар театрҳои Тоҷикистон манзури тамошобин шудааст.

Китобдор · 28 ноябри 2024 · 9 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Менўшанд.

Леонов. Ба ягон кас бигўӣ, бовар намекунад. Арақи соли чилуяк-е…

Старсев. Нўшокии ҷовидона! Панҷоҳ сол гузаштаасту гумон мекунӣ, ки дина додаанд. Хаёлам, ки панҷоҳ сол ҷавон шудам. Ту соли чилуяк чандсола будӣ?

Леонов. Ҳабдаҳсола. Соли чилуду ба фронт рафтам.

Старсев. Бача будаӣ! Ман - аз оғоз то анҷом. Дар куҷо тамом кардӣ ҷанга?

Леонов. Дар Берлин. Байрақи Ғалабаро задем…

Старсев. Оҳо-ҳо! Ман - дар Югославия… Хандаам мегирад - дар рўзи Ғалаба як тири дайду биёяду ба сари синаам занад, мешавад? Ду соли дароз госпитал ба госпитал гаштам. Ва то ҳол - танҳои танҳоям.

Леонов. Ягон кас надорӣ?

Старев. Ягон кас. Ватанам - кураи арз. Аз дилу ҷон зиндагиамро бо ту иваз мекардам, Леонов. Иваз мекунӣ? Касе, ки бошад, чӣ хеле ки бошад, ҷон-ҷон гуфта сўи духтарам мешитофтам, набераамро мактаб мебурдам, сатили ахлот мепартофтам, бегоҳӣ дар рўи ҳавлӣ домино мезадаму рўзҳои ид то хекиртак менўшидам… Беҳуда ту ба саф баргаштан мехоҳӣ,

Леонов. Хонаи Қаҳрамонон айнан ҳамон казарма асту ман - аскари як умр дар хизмат: на ҷои рафтане дораму на дастгире. На ҳақон ҳастанду на ноҳақон, Леонов… Бадбахтанд ҳама. Ана, мерос! Аз алам ба як нимошнои ҳамхонааш васият карда, чунки касеяш несту ворисе надорад. Биё, бинўшем, Леонов, ба хотираи ў. Месазад, ки ба ёдаш ҷуръае аз арақи соли чилу як бинўшем. «Шарафи абадӣ ба қаҳрамононе, ки дар набардҳо баҳри озодӣ ва истиқлолияти

Ватанамон ҳалок шудаанд.» Худоё!

Менўшад. Ҷомадонро кушода, патефонро мебарорад.

Ана, буду шуди мерос… Хуб даромад кардем, ҳа, Леонов…

Гўш мекунем.

Қарта монда, дастакашро тоб медиҳад. Гўш мекунад.

Рафта, рахти сафар мебандам. Сокини Хонаи ветеранҳои санъат хоҳам шуд! Чӣ гуфтӣ, Леонов, дар атрофам - актрисачаҳо, балеринаҳо… Беҳуда хун нарехтам… Ҳоло, ана, ҳамин арақро, якқатрагӣ ба ҳамаи ҳамсояҳо мерезам… Бигзор, рўҳи бечора аскарро ёд кунанд. (Ба патефон ишора карда.) Дороии ман…

Меравад. Мария меояд.

Леонов. Барои чӣ нагуфтӣ, ки касе мурдааст?

Мария. Нахостам, ки ба ин аҳвол, кашола шуда, қабристон биравӣ…

Леонов. Чандсола будааст?

Мария. Ҳамсоли худамон.

Леонов. Фамилияаш - Тёркин?

Мария. Тёркин мегуфтанд, лекин фамилияаш дигар буд…

Патефон аз куҷо пайдо шуд?

Леонов. Патефони Тёркин аст, ба Старсев васият кардааст…

Ту куҷо шудӣ?

Мария. Леонов. Мария. Ҳеҷ ҷо не… Ҳамин ҷо будам…

Набошад, барои чӣ нигоҳ медуздонӣ?

Ҳеҷ чиз намедуздонам, аз пеши худат набоф.

Леонов. Ман кайҳост, ки пайхас кардаам - ту ҳар якшанбе ба куҷое ғайб мезанӣ! Ҳамин ки баргаштӣ, хона то бегоҳ аз бўи чизе пур мешавад…

Мария. Хушдор ёфтаам.

Леонов. Бешўхӣ мегўям ман…

Мария. Коля, ман ба ту ҳама ҳаётамро бахшидам, тамоми умр ба ту саҷда кардам, ту сўзан будиву ман чун ришта аз пайат рафтам… Чизеро, ки писандидӣ, писандидам, чизеро, ки рад кардӣ, рад кардам… Ҳеҷ гоҳ хато намекардӣ ту, ҳамеша ҳақ будӣ…

Дар ин ҳаёти тўлонӣ ҳаргиз ғалат накардӣ ту… Ту ҳеҷ фикр кардаӣ, ки дигарон шояд тарзе набинанд, ки ту мебинӣ, он гуна нашнаванд, ки ту мешунавӣ, тавре эҳсос накунанд, ки дили ту эҳсос мекунад…

Фикр кардаӣ боре, ки ҳатто ман ту нестам… Ҳазор ки дўстат бидорам, ҳазор ки хидмататро баҷо биёрам, ҳазор ки дар ту ҳал шавам, боз ҳам соҳиби вуҷуди хешам, вуҷуде, ки беш аз ту бояд эҳтиёташ кунам…

Леонов. Барвақт инро фаҳмидӣ?

Мария. Барвақт… Ман дер боз ба калисо меравам, Коля…

Леонов. Ку… куҷо?

Мария. Калисо. Ва дер боз, он қадар ки метавонам, тоату ибодат мекунам… Рост, ки пинҳон аз ту, дуздида… Гўё ки мамнўъ коре мекарда бошам… Боз ҳам барои он ки туро хафа накунам, зеро то ҳол беш аз вуҷуди худам дўстат медорам. Иконачаамро зери болишт пинҳон кардаам. Ҳам боиси қоҳ-қоҳ, ҳам мўъҷиби гуноҳ.

Икончаро бароварда, рўи ҷевонча мемонад. Шамъ гиронда, салиб мекашад.

Леонов (бо алам). Ту ҳам…

Мария. Боз кӣ?

Леонов. Нафратам меояд, Маша! Нафратам меояд, ки даҳриҳои динагӣ ба дастбўсии муллоҳо мешитобанд! Маъбадҳо месозанд! Дар калисо шамъ мегиронанд! Ҳама якбора насронӣ шудаанд! Диндор шудаанд! Дилам мешўрад аз ин манзараҳо! Аз ҳад зиёд хуб медонам, охир, ман инҳоро! Даркор шавад, хатна ҳам мекунанд худро, салла ҳам мебанданд!

Мария. Коля! Ману ту ҳамеша ҷавобгарии ҳамаи одамон, кулли дунё, тамоми мамлакат ва ҷамъиятро ба гардан мегирифтем… Лекин набояд ин хел бошад - ҳар кас бояд як ҷои покиза ёфта, худаш бишинад… Ҳаволаи дигарон - ба Худо.

Леонов. Ана, ин - хушбахтӣ! Дар охири умр ҳамдами бибихалифа ҳам шудем! Боз мегўям - ман тамоми умр эътиқод надоштам ва ҳоло ҳам дурўягӣ намекунам… Барои ман Худо вуҷуд надорад! Вуҷуд надорад!

Мария. Не, барои ту худо вуҷуд дошт. Ва якто ҳам не.

Леонов. Чӣ гуфтаниӣ ту?

Мария. Чизе, ки гуфтам. Тайёрии роҳро бинем, беҳтар…

Медонӣ, имрўз дар калисо чӣ фикр кардам? Аз дилам гузашт, ки ману ту як умр хонае бино кардем. Бо, ана, ҳамин дастони худ, бо заҳмати тоқатшикан, бе фароғату истироҳат, гушнаву ташна, дар гармову сармо… аз ғарамҳои зиёди масолеҳи мухталиф… Ва оқибат онро сохтем… гўё айёме фаро расид, ки бояд бўрёкўбон кунем дар он ва ба фарзандон меросаш бимонем… Вале баногоҳ, маълум шуд, ки он… он… хобу хаёле… саробе беш набудааст…

Леонов. Ҳа, ман дар умрам ба ту чизе дода натавонистам…

Ман инро иқрор мекунам…

Мария. Ин хел нагў… Ту меҳру муҳаббататро бахшидӣ ба ман. Кўдаквор эҳтиётам кардӣ, ғамхору меҳрубонам будӣ.

Леонов. Ин кофӣ набуд. Иқрор мекунам.

Мария. Ҳа, барои зан, барои модар, аз афти кор, кам аст ин…

Леонов. Бубахш маро…

Мария. Ин хел нагў… Биё, тайёр шавем… Қариб вақти рафтани автобуси Қабристонҷо шуд. Меравем. То ид ҷову поямонро мегирем, одат мекунем.

Леонов. Идро дар ин ҷо мегузаронем.

Мария. Пагоҳ гармиро қатъ мекунанд.

Леонов. Бало ба пасашон. Ях намекардагистем.

Мария. Ошхона баста мешавад.

Леонов. Нони қоқ мехўрем.

Мария (пеши тиреза рафта). Бин, чӣ қадар техника омадааст…

Коргаронро бин, чӣ хел озода, комбинезонҳошон гулгун-а…

Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо, як шавед!

Леонов. Гумашон кун! Гуфтам-ку: идро дар ҳамин ҷо мегузаронем. Ҳамин ҷо, вассалом!

Мария. Хуб. Ман рафта ягон хўрданӣ мекобам.

пешина
аз 9
навбатӣ