«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.
Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа
ПАНҶАКЕНТ
Аҷаб пири ҷавонбахтӣ,
Ки уммед ҷавон дорӣ,
Агар розе ту бикшудӣ,
Ҳазорон дар ниҳон дорӣ,
Саразмат гарчи хомўш аст,
Ту аз Қайнар забон дорӣ.
Ту бо лабҳои Деваштич
Такаллум бо замон дорӣ.
Диёри номдори ман–
Панҷакент!
Баҳори гулнисори ман–
Панҷакент!
Зи Рўдак Рўдакӣ бархост,
Ҷаҳони шеър пайдо шуд,
Сухан то ҷони Лоиқ сўхт,
Чароғи роҳи фардо шуд,
Талоши равшани мардум
Шукуфту ҳусни саҳро шуд,
Зарафшону зари нобаш
Зи нав машҳури дунё шуд.
Диёри номдори ман–
Панҷакент!
Баҳори гулнисори ман–
Панҷакент!
Агар имрўзи ту зебост,
Бувад фардот зеботар,
Агар имрўзи ту пайдост,
Бувад фардот пайдотар,
Чу бо пириву бо тадбир,
Шавӣ ҳар лаҳза барнотар.
Суруди ифтихори ту
Расад шевою гўётар.
Диёри номдори ман–
Панҷакент!
Баҳори гулнисори ман–
Панҷакент!
ШУКРОНА
Ассалом, эй аслу эй бунёди ман,
Ассалом, эй хонаи аҷдоди ман,
Гар замоне дур афтодам зи ту,
Дур н-афтодӣ даме аз ёди ман.
Шукри номат, эй Ватан, сад шукри ту,
Маънии ҳастии ман, сад шукри ту.
Бе ту ҷонам дар тани ман ҷон набуд,
Нони бе ту хўрдаи ман нон набуд,
Сўйи ту буд дидаи уммеди ман,
Ғайри армони туам армон набуд.
Шукри номат, эй Ватан, сад шукри ту,
Маънии ҳастии ман, сад шукри ту.
Дар ба дар гаштам, дари бахтам нашуд,
Дасти лутфе бар сари сахтам нашуд.
Хоби роҳатро надидам зери чарх,
То ки хору санги ту рахтам нашуд.
Шукри номат, эй Ватан, сад шукри ту,
Маънии ҳастии ман, сад шукри ту.
Рўйи ту дидам, ғамам бигзашту рафт,
Ҳасрати бешу камам бигзашту рафт,
Аз аҷал парво надорам баъд аз ин,
Ҳаҷри ту аз оламам бигзашту рафт.
Шукри номат, эй Ватан, сад шукри ту,
Маънии ҳастии ман, сад шукри ту.
ЗИНДА БОШ
Зиндагиро пурнаво кардӣ, ташаккур,
Синаҳоро пурсафо кардӣ, ташаккур,
Аз дигар моро ту мо кардӣ, ташаккур,
Дар раҳи меҳру вафо кардӣ, ташаккур.
Зинда бошу зиндагӣ омўз моро,
Ҳамчу хуршеди саҳар афрўз моро.
Хандаи тифлон бубину гулфишон бош,
Бо ҷавонон ошиқӣ кун, навҷавон бош,
Зери чархи давргардон бехазон бош,
Бо ҷаҳон бошу азизи сад ҷаҳон бош.
Зинда бошу зиндагӣ омўз моро,
Ҳамчу хуршеди саҳар афрўз моро.
Миллати моро сари боло сазовор,
Ақли равшан, дидаи бино сазовор,
Эътибору иззати дунё сазовор,
Ифтихору шўҳрати фардо сазовор.
Зинда бошу зиндагӣ омўз моро,
Ҳамчу хуршеди саҳар афрўз моро.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё