«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.
Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа
Қутбӣ КИРОМ
ОБОД МЕШАВАМ
Аз як дами саҳар, хуршеди зарравар,
Бинам башорат ар аз шавкати башар,
Обод мешавам!
Гар мўри хўшачин, чун хатти дилнишин,
Дар дафтари замин, бикшод болу пар,
Обод мешавам!
Мавҷи ситораро, мисли шарораҳо
Бар дида карда ҷо бо шамсу бо қамар,
Обод мешавам!
Аз як нигоҳи гарм, з-атри ҳаёву шарм,
В-аз ними ҳарфи нарм бўсида баҳрубар,
Обод мешавам!
Ҳар барги лолае, чун ҳаждасолае,
Орад пиёлае бо лаълии саҳар,
Обод мешавам!
Ҳамсоядухтарон, бо рўи арғувон,
Чун села кафтарон боло шаванд агар,
Обод мешавам!
Ранҷида ёри ман, боғу баҳори ман,
Дар шоми тори ман ояд маро ба дар,
Обод мешавам!
Рақси Саидаро, он нури дидаро,
Бо сад умедҳо оварда бар назар,
Обод мешавам!
Дар мавҷи бисмилам, сар то ба по дилам,
Сайёду соилам, пурсӣ зи ман хабар,
Обод мешавам!
Ҳар тору пуди ман, буду набуди ман,
Чархи кабуди ман сўи ту раҳнигар,
Обод мешавам!
ИСТИҚЛОЛ
Оби истиқлол хун шуд,
Ошиқиҳоям ҷунун шуд.
Аспи мастам роҳгум зад,
Шаҳсавори ман забун шуд.
Орзу аз дил бадар рафт,
Нолаҳои ман дарун шуд.
Кам гирифтам қарзи ёрон,
Дарду доғи ман фузун шуд.
Дўст то бар сар нишондам,
Душмани ман сарнагун шуд.
ЭЙ, КАМОНБАРДАСТ
Эй, камонбардаст,
Камонабрўи ту дар хона гирён.
Осмону ҷониби ў чашми ҳайрон.
Қомати ў чун камон хамгашта,
Бингар,
Он камони хеш бигзор.
Рав, камонабрўи худ бар дида бардор!
ДАРДИ МИЛЛАТ
Худоё, тоҷиконатро амон бахшо зи худхоӣ,
Дилам садпора шуд аз маншаи «инҷоӣ»- «онҷоӣ».
Суханнодон, суханнодидаҳо имрўз пурҳарфанд,
Дареғо, нуктадоне, нуктасанҷе, нуктафармое.
Ба ҳар кӣ бингарам теғи забонаш қатл мехоҳад,
Дареғо, шарбате, нуқле, наботе, мағзу ҳалвое.
Зи чашми мардуме ҷои муҳаббат кина мерезад,
Дареғо, наргису бодому оҳуеву ҷодуе.
Сари як мўй меистанд қавми номуросое,
Дареғо, хатти Аттореву тори меҳри Мавлое.
Касе аз баҳри миллат сўхт, ё худро ба об афганд!
Дареғо, Ғўриё ё Маздаке, фарзанди Саққое.
Сари як барг буда рўдавиданҳои мо, мардум
Дареғо, Шаҳри Сабзу Шоҳи Сабзу шеъри Сабзоӣ.
Ба по ночида хоре, «шоирони миллат» афзуданд,
Дареғо, Туғрале, Айнулқузоте, шайх Саҳбое.
Бухороӣ матои хешро аз гумруке ҷўяд,
Намепурсад куҷо шуд сад вагон тиллои бобоӣ.
Чу тухми ҳиммати мо аз замини мо нашуд боло,
Дареғо, Балъамӣ, шоир Ҳисомӣ…
Бахяпартоӣ…
ГУЛНАЗАР ЧАНД ТАРОНА
НОЗИШ
Хорро гулзор кардӣ, зинда бош,
Муштро хирвор кардӣ, зинда бош,
Хобро бедор кардӣ, зинда бош,
Бо ту менозад ватан, ту бо ватан.
Ту хазонро навбаҳор омўхтӣ,
Мустамандиро виқор омўхтӣ,
Нобарориро барор омўхтӣ,
Бо ту менозад ватан, ту бо ватан.
Чун гираҳ раҳро кушодӣ сў ба сў,
Об гаштиву бирафтӣ ҷў ба ҷў,
Муждаи сабзиш расондӣ кў ба кў,
Бо ту менозад ватан, ту бо ватан.
Буда эъҷози ту эъҷози ватан,
Авҷи парвози ту парвози ватан,
Мавҷи овози ту овози ватан,
Бо ту менозад ватан, ту бо ватан.
Тоҷикистон сарбаланд асту ту низ,
Кишвари оламписанд асту ту низ.
Зери гардун бегазанд асту ту низ,
Бо ту менозад ватан, ту бо ватан.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё