Зеҳн
Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Набурд каъбаам аз хотир ин таманноро,
Ки қиблагоҳ кунам хаймагоҳи Салморо.5


Шуд саҳар қоиди иқбол мани шайдоро,
Оташи онаса мин ҷониби Тӯрин норо.6


Худо хайр диҳод он ҷавони раъноро,
Ки во раҳонд ба пиронасар зи мо моро,7

ки ӯ дар пайравии ин ғазали машҳури мансуб ба Рӯдакӣ сурудааст:

Зиҳӣ, фузуда ҷамоли ту зебу ороро,
Шикаста сунбули зулфи ту мушки сороро.
Қасам бар он дили оҳан хурам, ки аз сахтӣ
Ҳазор тарҳ ниҳода-ст санги хороро.
Ки аз ту ҳеҷ мурувват тамаъ намедорам,
Ки кас надида зи сангиндилон мудороро.
Ҳазор бор Худоро шафеъ меорам,
Вале чӣ суд, чу ту нашнавӣ «худоро»-ро?!
Ту Рӯдакӣ ба ғуломӣ қабул агар бикунӣ,
Ба бандагӣ написандад ҳазор Дороро.8

Тавре ки маълум аст, Рӯдакӣ сардафтари адабиёти мо шинохта шудааст, зеро ӯ аввалкасест, ки соҳиби девон аст ва дар ағлаби анвои шеърии роиҷи замонаш ашъори хубу марғуб гуфтааст ва ҳам осораш нисбат ба ҳамрӯзгоронаш зиёдтар ба мо расидааст. Дигар, вай бисёре аз вожагону таркибот, мавзӯъ ва мазмунҳои шеърӣ, зарбулмасалу мақол, сувари хаёл ва ороишоти адабиро бори аввал дар шеъраш истифода намудааст ва минбаъд дар ашъори шоирони баъдина мавриди корбурди густарда қарор гирифта ва тамкилу тағйир ёфтаанд. Агарчи дар бораи корбурди мустақими мафоҳим, мазомин, вожагону таркиботи шеърӣ, сувари хаёлу аносири тазйинии шеър, мазмуну мавзӯъ ва ғоя, зарбулмасалу мақоли шеъри Рӯдакӣ дар шеъри шоирон, аз ҷумла Ҷомӣ, сухани қатъӣ гуфтан мушкил аст, аммо, далелҳои мавҷуд, ки дар байни осори гӯяндагони баъд ба чашм мерасанд, ба ҳар ҳол, ба мо маҷол медиҳанд, ки аз ташобуҳ ва ҳаммонандиҳои шеъри эшон бо шеъри Рӯдакӣ сухан дар миён биёварем ва аз ҳузури афкору орои падари шеъри форсии тоҷикӣ дар давраҳои мухталифи таърихӣ дарак бидиҳем. Рӯи ҳамин асос, мо кӯшидем, ки ин гуна ҳамсониҳову ҳамрангиҳоро дар ҳавзаҳои мухталифи шеъри устод Рӯдакӣ ва Ҷомӣ низ мавриди таҳқиқ, татбиқ ва муқоиса қарор бидиҳем ва аз таъсирпазирии Ҷомӣ аз Рӯдакӣ дар ин заминаҳо ба хонандагон хабар бидиҳем:

Аз Рӯдакӣ:
Ҳам ба чанбар гузор хоҳад буд,
Ин расанро, агарчи ҳаст дароз.9
Аз Ҷомӣ:
Агар шаҳ в-агар камтарин чокар аст,
Гузораш дар охир бар ин чанбар аст.10
Аз Рӯдакӣ:
Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,
Не бад-он чашм к-андар ӯ нигарӣ.11
Аз Ҷомӣ:
Ба чашми хирад нозири вақт бош,
Ба ҳусни амал ҳозири вақт бош.12
Аз Рӯдакӣ:
Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.13
Аз Ҷомӣ:
Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.14
Аз Рӯдакӣ:
Омад ин навбаҳори тавбашикан,
Парниён гашт боғу барзану кӯй.15

пешина
аз 86
навбатӣ