Зеҳн
Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Албатта, роҷеъ ба таъсири осори Ҷомӣ ба гӯяндагони пасин на танҳо муаллифони китобҳои таърихи адабиёт ва донишмандон дар пажӯҳишу ҷусторҳои хеш ишора кардаанд, балки мақолаҳои алоҳида низ навиштаанд. Мақолаҳои Аълохон Афсаҳзод- «Ғазалиёти Ҷомӣ ва ғазалнависии шоирони нимаи дуюми асри 15»13, Абубакр Зуҳуриддинов- «Муқоисаи маснавии «Юсуф ва Зулайхо»-и Ҷомӣ бо «Юсуф ва Зулайхо»-и Нозим»14, Субҳон Амирқулов- «Муқоисаи достонҳои «Юсуф ва Зулайхо»-и Ҳозиқ ва Ҷомӣ»15, Султон Воҳидов- «Ҷомӣ ва Навоӣ»16, М. Шукуров-«Ҷомӣ ва адабиёти советии тоҷик»17 ва ғайра ба ҳамин мавзӯъ бахшида шудаанд, лиҳозо, мо ба қадри имкон кӯшидем, ки дар ин мавзӯъ дигаронро такрор накунем, балки иртиботи Ҷомиро ба шоироне нишон бидиҳем, ки то ҳол ковида нашудаанд.

Рисолаи мо аз се боб иборат буда, боби аввал таъсирпазирии Ҷомиро аз Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ фаро мегирад. Дар боби дувум оид ба таъсири Ҷомӣ ба Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ ва дар боби севум дар хусуси шеъри Ҷомӣ ва нақши он дар осори Иқбол, Айнӣ ва Турсунзода изҳори назар шудааст. Он ба 600-солагии шоир бахшида мешавад, шоире, ки осораш марзу бумҳои мухталифро дарнавардида ва ба дили мардумони олам роҳ ёфта. Тавре ки шоири озарӣ Мубориз Ализода гуфтааст:

Манам дилдодаи халқе, ки Ҷомӣ буда аз онаш,
Ба олам нур пошида чароғи илму ирфонаш.
Бинозам миллатеро, к-ӯ насаб аз Рӯдакӣ дорад,
Ки бошад гавҳари пурарҷ ҳар байте зи девонаш…
Дар он даврони торикӣ таваллуд ёфта Ҷомӣ,
Ки модар дода шири маърифат аз нуки пистонаш.
Низомивор сар зад аз бисоти хиргаҳи шоҳон,
Чу Хоқонӣ ду нон нагрифт ӯ аз дасти дунонаш.
Манам туркизабон нисбат ба Озарбойҷон дорам,
Шудам дар лафзи тоҷику дарӣ акнун санохонаш.18

ПАЙНАВИШТҲО:

  1. Шерхони Лудӣ. Миръот-ул-хаёл. Бомбай, 1324, с. 73.
  2. К. Биноӣ. Ҳикоёт ва тамсилот. Нашр. давл. Тоҷ., Сталинобод, 1963, с. 40-42.
  3. Аълохон Афсаҳзод. Ҷомӣ-адиб ва мутафаккир. Душанбе, Ирфон, 1989, с. 221-222.
  4. Ҳамон ҷо, с. 258.
  5. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 7, Душанбе, Адиб, 1989, с. 332.
  6. Низомии Арӯзии Самарқандӣ. Чаҳор мақола. Душанбе, Ирфон, 1986, с. 55.
  7. Муҳаммадали Фурӯғӣ. Сайри ҳикмат дар Урупо. Нашри Албурз. Теҳрон, 1375, с. 109.
  8. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 2, Душанбе, Ирфон, 1987, с. 415.
  9. Аълохон Афсаҳзод. Ҷомӣ-шоири ғазалсаро. Душанбе, Маориф, 1989, с. 169.
  10. Ҷашнномаи Ҳофиз. Душанбе, Дониш, 1971, с. 138-149.
  11. Абдураҳмони Ҷомӣ. Маҷмӯаи мақолаҳо. Душанбе, Ирфон, 1965, с. 137-146.
  12. Абдунабӣ Сатторзода. Афкори адабӣ ва эстетикии Абдураҳмони Ҷомӣ. Душанбе, Ирфон, 1975, с. 78-97.
  13. Аълохон Афсаҳзод. Ҷомӣ-шоири ғазалсаро, с. 229-256.
  14. Абдураҳмони Ҷомӣ. Маҷмӯаи мақолаҳо, с. 159-172.
  15. Ҷашнномаи Ҷомӣ. Ленинобод, Ирфон, 1969, с. 98-120.
  16. Ҳамон ҷо, с. 48-68.
  17. Абдураҳмони Ҷомӣ. Душанбе, Дониш, 1973, с. 36-44.
  18. Ҳамон ҷо, с. 220-221.
пешина
аз 86
навбатӣ