Зеҳн
Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Мири маҷлис ҳам ба аҳли маҷлис муттафиқ шуд. Ин фақир ҳеҷ чиз нагуфтам. Ҳозирони маҷлис ба фақир рӯ оварданд, ки «чаро ту дар ин фикр ба асҳоб мувофиқ нестӣ?»

Фақир гуфтам, ки:

-Ман дар ҷониби гӯяндаам, ки қоил адо кард, яъне «мисоли қатраи борон сиришки ман ҳама дур шуд» дуруст аст, балки ҳамин тавр бояд шавад.

Аксар ба фақир ҳуҷум карда, ғулув намуданд.

Фақир гуфтам, ки:

-Чун ҳамаи шумо якҷониб шудед, ман муддаои худро ба шумо наметавонам собит кунам. Агар касеро ба ҳакамӣ мусаллам доред, гарав мебандем.

Ҳама ба иттифоқ гуфтанд, ки «ҳазрати махдум ҳакам, балки ҳокими афозили олам мебошанд. Касе нест, ки он касро мусаллам надорад».

Фақир бо онҳо гарав баста, кайфияти маҷлис ва сабаби он баҳс ва дар он байт лафзи «хун» муносиб ё лафзи «дур» мувофиқ будан, яъне исноди мақсудро ҳамон замон навишта ба хизмати он ҳазрат фиристодам.

Пас аз андак вақт шахси фиристода бозомада ҷавоб овард ва он ҳазрат ин мисраъро навишта буданд:

«Сухан дур аст, тааллуқ ба гӯши шаҳ дорад».

Он ҷамоат мулзам шуданд. Тарбият ва мадади он кас ба фақир ҳамин тариқа расид.

Маълум нест, ки касе ба ягон суол чунин ҷавоби мухтасари муфид гуфта бошад. Фардои он рӯз ин гап дар миёни мардум шӯҳрат ёфта, ҳама дар маҷлисҳо нақл мекарданд».23

Ниҳоят, суннати пайравӣ ба шеъри Ҳасан на фақат дар асрҳои 14-15, балки дар асрҳои минбаъда низ идома меёбад ва шоирони зиёде ба пайравӣ аз вай ғазалҳои ҷавобия менависанд. Восифӣ ва Мушфиқӣ, ки дар асри 16 зиндагию эҷод кардаанд, аз ҳамин даста шоиронанд, ки дар эҷоди ғазал ба Ҳасан пайравӣ намудаанд:

Онон, ки соҳибони камоланд, Восифӣ,
Шеъри ту кай кунанд зи шеъри Ҳасан ҷудо?24
Восифӣ
Назми ту, Мушфиқӣ, ба камоли Ҳасан расид,
То гуфтаӣ, ки пайрави пири Хуҷандиям.25

ПАЙНАВИШТҲО:

  1. Камоли Хуҷандӣ. Девон. Душанбе, Адиб, 1995, с. 353.
  2. Ҳамон ҷо, с. 430.
  3. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 6, Душанбе, Адиб, 1988, с. 239.
  4. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 7, Душанбе, Адиб, 1989, с. 108.
  5. Ҳамон ҷо, с. 464.
  6. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 8, Душанбе, Адиб, 1990, с. 125-126.
  7. Давлатшоҳи Самарқандӣ. Тазкират-уш-шуаро. Душанбе, 1999, с. 90.
  8. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 6, с. 228.
  9. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 7, с. 99.
  10. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 1, Душанбе, Ирфон, 1986, с. 280.
  11. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 2, Душанбе, Ирфон, 1987, с. 249.
  12. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 6, с. 292.
  13. Ҳамон ҷо, с. 11-12.
  14. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 4, Душанбе, Адиб, 1988, с. 123-125.
  15. Ҳасани Деҳлавӣ. Мунтахабот. Душанбе, Ирфон, 1965, с. 265.
  16. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 2, с. 271.
  17. Ҳасани Деҳлави. Мунтахабот, с. 68.
  18. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 6, с. 120.
  19. Девони Амир Низомиддин Алишери Навоӣ (Фонӣ). Теҳрон, 1375, с. 265.
  20. Ҳамон ҷо, с. 282.
  21. Бадриддин Ҳилолӣ. Баргузидаи осор, Душанбе, Ирфон, 1985, с. 131.
  22. Камолуддин Биноӣ. Девони ашъор. Душанбе, 2012, с. 547.
  23. Алишери Навоӣ. Хамсат-ул-мутаҳайирин. Душанбе, 1989, с. 21- 22.
  24. Садриддин Айнӣ. Куллиёт, ҷ. 13, Душанбе, Ирфон, 1977, с. 208.
  25. Мушфиқӣ. Мунтахабот. Сталинобод, 1958, с. 54.
пешина
аз 86
навбатӣ