Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа
Гузаре кун дар ин баҳористон,
То бубинӣ дар ӯ гулистонҳо.
В-аз латоиф ба ҳар гулистоне
Раста гулҳо, дамида райҳонҳо.5
Бояд гуфт, ки Ҷомӣ на танҳо шоири илҳом, балки мутолиа ҳам будааст. Вай на фақат бисёре аз осори адабӣ, балки илмии пеш аз худ ва ҳамрӯзгоронашро хондаву аз онҳо суд ҷустааст. Танҳо зикри номҳои шуарову удабову уламо дар осори Ҷомӣ кофист бидонем, ки ӯ то чи ҳад аҳли мутолиа будааст ва дар фарогирии осори пешиниён, ба вижа давовину куллиёти ашъори гӯяндагон, пешдастӣ доштааст. Номҳои Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Унсурӣ, Аҳмади Ҷомӣ, Муиззӣ, Низомӣ, Анварӣ, Хоқонӣ, Саноӣ, Аттор, Мавлавӣ, Саъдӣ, Заҳир, Салмон, Камоли Исфаҳонӣ ва Хуҷандӣ, Хусрав ва Ҳасани Деҳлавӣ, Ҳофиз ва дигарон, ки дар ғазалу маснавию қасидаҳояш ба чашм мерасанд, аз вусъати назару огоҳӣ ва мутолиаи зиёдаш сареҳан хабар медиҳанд. Ҳамзамон, ӯ дар равзаи ҳафтуми «Баҳористон» ва «Нафаҳот-ул-унс» низ роҷеъ ба адибон маълумот медиҳад ва дар бораи шеъру мақомашон арзишдоварӣ менамояд ва бад-ин тартиб намояндаи як адабиёти бузург будани хештанро ба намоиш мегузорад.
Албатта, Ҷомӣ ба ҷуз ин адибон, ки дар осори мухталифаш аз эшон ёдоварию доварӣ намудааст, боз ба осори даҳҳо гӯяндагони дигари пеш аз худ низ ошно будааст ва аз каломашон баҳраҳо бардоштааст. Воқеан, барои як шоири хуб шудан, ба ғайр аз таҳсилоти адабиву илмӣ, бояд ногузир осори пешиниёнро бодиққат хонд, омӯхт ва аз бар кард. Ба қавли Низомии Арӯзии Самарқандӣ, «аммо шоир ба ин дараҷа нарасад, илло, ки дар унфавони шабобу дар рӯзгори ҷавонӣ бист ҳазор байт аз ашъори мутақаддимин ёд гирад ва даҳ ҳазор калима аз осори мутааххирон пеши чашм кунад. Ва пайваста давовини устодон ҳамехонаду ёд ҳамегирад, ки дар омадшуду беруншуди эшон аз мазоиқу дақоиқи сухан бар чӣ ваҷҳ будааст, то тариқу анвои шеър дар табъи ӯ муртасим шавад ва айбу ҳунари шеър бар сафҳаи хиради ӯ мунаққаш гардад, то суханаш рӯ дар тараққӣ дорад ва табъаш ба ҷониби улув майл кунад».6 Воқеан, «Франсис Бекон-файласуфи маъруфи инглисӣ, ки яке аз муҷидони равиши таҷрибӣ ба шумор меравад, улумро тибқи равиши илмӣ табақабандӣ карда ва ҳикмату ҳукаморо ба се даста тақсим мекунад ва марҳум Муҳаммадалии Фурӯғӣ дар мақоми ташбеҳ ҳукамои аввалро назири анкабут медонад, ки доиман аз мояи дарунии худ тор метанад ва пардаи сусти бе асос мебофад ва ҳукамои қисми дуюмро монанди мӯрча медонад, ки ҳамвора дона фароҳам мекунад ва тасарруфе наменамояд. Ва ҳол он ки ҳакими воқеӣ бояд монанди занбӯри асал бошад, яъне ҳамчунон ки занбӯр мояро аз гулу гиёҳ мегирад ва ба ҳунари худ аз он ангубин месозад, ҳаким ҳам бояд мояи илмро аз таҷриба ва мушоҳида гирифта, ба қувваи ақлӣ аз он ҳикмат бисозад».7 Ҷомӣ аз ҳамин гуна адибон аст, ки чун занбӯри асал бар гулу гиёҳ менишинад, яъне аз осори пешиниён меомӯзад ва бо ҳунари худ аз он ангубин-шеъри ноб месозад ва тақдими аҳли ҷомеа менамояд. Ба ин маънӣ, худи ӯ мегӯяд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор